Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

№47 - 48 (3997 - 98 ) 30.04.2019

40744374053_7cccdf87b9_o25 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Форуми дувуми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд-як роҳ» ва намоишгоҳи «ЕХРО-2019» ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Хитой сафар карданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи андоз, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро дар Фуруд­гоҳи байналмилалии Пекин намояндагони воломақоми Ҳукумати Хитой самимона истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» ба ин кишвар ташриф оварданд.

Дар форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарони давлат ва ҳукумати 40 кишвари олам, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок менамоянд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Форум иштирок ва суханронӣ карда, бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ва сарони як қатор кишварҳо ба хотири рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд.

26 апрели соли 2019 дар Маркази ҳамоиши миллии Хитой, воқеъ дар шаҳри Пекин, Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» оғоз гардид.

Онро бо сухани муқаддимавӣ Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин ифтитоҳ намуда, иштирокчиёнро хайра мақдам гуфт.

Дар оғоз Дабири кулли СММ ва роҳбарони як қатор кишварҳои олам суханронӣ карданд.

26 апрел дар Маркази ҳамоиши миллии Хитой Ҷаласаи дуюми сатҳи баланд идома ёфт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва ба ҷониби Хитой барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор кардани ҳамоиш изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат таъкид карданд, ки ҷаҳони муосир ва башарият рӯ ба рӯи мушкилоти глобалӣ, аз қабили таъсири буҳронҳо ба иқтисоди кишварҳо, муноқишаҳо, тағйирёбии иқлим ва нобаробарии иҷтимоӣ дар бисёр минтақаҳо гардидааст.

Барои ҳалли ин мушкилот пешниҳоди ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» вокуниши саривақтӣ ба шумор меравад ва он манфиатҳои иқтисодии бисёр давлатҳоро дар худ муттаҳид месозад.

Таъкид гардид, ки Тоҷикис­тон аз қадим дар чорроҳаи машҳури роҳҳои тиҷорати Шарқу Ғарб қарор дошт ва дар тиҷорати ҷаҳонӣ барои рушди муносиботи бисёрасраи кишварҳои АвруОсиё бо мавқеи хоса хизмати шоиста кардааст.

Президенти мамлакат иброз доштанд, ки Тоҷикистону Хитойро сарҳадоти умумӣ, муносиботи неки ҳамҷаворӣ ва дӯстӣ, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад, муттаҳид месозад.

Кишвари мо «Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030» — ро татбиқ карда истодааст, ки он аз ҳадафҳои дарозмуҳлати стратегӣ ва рушди афзалиятноки мамлакат иборат мебошад.

Бо итминон изҳор дошта шуд, ки кишварҳои иштирокчии ташаб­буси «Як камарбанд — як роҳ» метавонанд аз таҷриба, имкониятҳои технологӣ, инноватсионӣ — сармоягузорӣ баҳри татбиқи лоиҳаҳои ояндадори истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ истифода баранд.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузург барои таҳияи лоиҳаҳои аҳамияти минтақави­дошта дар соҳаҳои гидроэнергетика, рушди инфрасохтор, коммуникатсия, саноат, бахши кишоварзӣ ва туризм, мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар бораи ташаббусҳои ояндадори Тоҷикис­тон бар нафъи минтақа, истифодаи имконоти кишвар оид ба канданиҳои фоиданок ва дар ин замина рушд додани соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ андешаронӣ карданд.

Дар охир, бо итминон изҳор дош­танд, ки кишварҳои иштирокчии ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» талоши худро баҳри расидан ба ҳадафҳои таҳкими муносиботи дӯстӣ ва боварию эътимоди байниҳамдигарӣ равона месозанд.

26 апрел дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мулоқот карданд, ки дар он масъалаҳои марбут ба робитаҳои феълӣ ва дурнамои ҳамкории кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз сатҳи муносибатҳои сиёсии Тоҷикис­тон ва Покистон, ки бар асоси принсипҳои ҳусни тафоҳуму эътимод дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои татбиқи санадҳои муҳими байни Тоҷикистон ва Покистон имзошуда, ки муносибати кишварҳоро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, сайёҳӣ, алоқаи ҳавоӣ ва ҳамкории амниятӣ танзим менамоянд, иброз доштанд.

Барои рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ идомаи фаъолияти самарабахш, тавсеаи кори Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, баргузории ҷаласаҳои Шӯрои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Покистон, гурӯҳҳои кории муштарак оид ба нефту газ, масъалаҳои энергетика ва зерсохтор муҳим шумурда шуд.

Татбиқи лоиҳаи таърихии CASA-1000 намунаи барҷастаи робитаҳои дуҷониба унвон гардид.

Тарафҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкориро дар арсаи амният, таҳкими сулҳу суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдидҳои ҷаҳонӣ — терроризм, ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, пурзӯр кардани ҳифзи марзи давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ намуданд.

Ҳар ду ҷониб тарафдории худро барои таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ иброз доштанд.

Изҳори итминон карда шуд, ки иштироки ҷониби Покистон дар Саммити 5-уми давлатҳои аъзои Машваратҳои ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба ҳамкории муштарак дар таъмини сулҳу субот, амният, татбиқи тадбирҳои эътимод дар минтақаи Осиё ва дарёфти роҳҳои нави таҳкими ҳамкории созанда мусоидат хоҳад кард.

26 апрели соли 2019 дар вохӯрии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер масъалаҳои гус­тариши ҳамкории созанда дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, татбиқи муштараки лоиҳаҳои соҳавӣ, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, илм, фарҳанг, маориф ва сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз сатҳи соҳаи муҳимтарини равобити Тоҷикистону Швейтсария — ҳамкорӣ баҳри рушд изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер изҳор дошт, ки онҳо бо Тоҷикистон ҳамчун кишвари калидӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ доранд ва оянда ҳам кӯшиш мекунанд онро бар нафъи мардум идома диҳанд.

Ҷонибҳо дар бораи фаъолсозии муколамаи сатҳи олии сиёсӣ, нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд, пурзӯр кардани низоми бонкӣ, барқарорсозии алоқаи мустақими ҳавоӣ байни Тоҷикистону Швейтсария ҳамчун омили муҳими тавсеаи ҳамкорӣ баҳри густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, таҳкими робитаҳо дар арсаи байналмилалӣ дар доираи ташкилотҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳонӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, табодули андеша карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Конфедератсияи Швейтсария даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оранд.

26 апрел дар мулоқоти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» сурат гирифт, робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту транзит, кишоварзӣ, таъминоти сӯзишворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо ба раванди татбиқи санадҳои қаблан баимзорасида ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Сарони давлатҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаи дарёфти роҳҳои нави таҳкими муносибатҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.

26 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуд, ки зимни он муносибатҳои ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ, мавқеъ ва иштироки фаъоли кишварҳо дар ҳамоишҳои сатҳи баланд, аз қабили Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо оид ба рушди робитаҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои ҳамҷаворӣ табодули андеша карданд.

Ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ — СASA-1000 таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Халтмаагийн Баттулга масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии ду кишвар баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон имкони мусоиди мулоқоту баррасии масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳошияи Форуми дуюми сатҳи байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» омили муҳими таҳкими робитаҳо арзёбӣ карда, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши онҳо иброз доштанд.

Тоҷикистону Муғулистонро ҳамгироӣ дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, ба ҳам муттаҳид месозад, ки сарони давлатҳо аз сатҳи онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири таҳкими муносиботи дуҷониба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо истифода аз имкону захираҳо ҷоннок карда шавад.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар ­масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ гардиданд.

27 апрел дар шаҳри Пекин Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд – як роҳ» идома ёфт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаҳои якум, дуюм ва сеюми суҳбати гирди миз, дар доираи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» ба Маркази ҳамоиши байналмилалии Хуайроу ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳоро дар майдони Ҳанчу Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин истиқбол гирифт.

Дар «Боғи тобистона» сарони давлатҳои Тоҷикистону Хитой муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин барои хотира аксбардорӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми суҳбати гирди миз таҳти унвони «Тавсеаи имкониятҳои ҳамкорӣ барои омӯзиши манбаъҳои рушд» нутқи пурмуҳтаво карданд.

Президенти мамлакат таъкид ­доштанд, ки Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафмандонаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» аҳамияти хоса медиҳад ва омодааст бо тамоми кишварҳо дар доираи ин тарҳ ҳамкории судмандро ба роҳ монад.

Таъкид гардид, ки ин ташаббус метавонад барои Тоҷикистон манбаи иловагии захираҳои молиявӣ дар роҳи татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» ҷиҳати ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор гардад. Иштироки Тоҷикистон дар ин ташаббус ҳамчун кишваре, ки ба баҳр баромад надорад, барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва рушди иқтидори транзитӣ мусоидат мекунад. Ҳамчунин, бо амалӣ кардани ин ташаб­бус имкон фароҳам меояд, ки Тоҷикистон ба бозорҳои нав роҳ ёбад ва тавассути долонҳои нав корхонаҳои нави истеҳсолӣ таъсис диҳад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки мақсад аз рушди соҳаи нақлиётӣ-транзитӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои хатсайрҳои байналмилалии нақлиётӣ дар роҳҳои мошингард, ҳавоӣ ва роҳи оҳан байни кишварҳо мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки шоҳроҳҳои мошингарди «Хитой — Тоҷикистон — Ӯзбекис­тон» ва «Хитой — Тоҷикистон — Афғонис­тон» ба тарҳи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ворид карда шавад.

- Мо, ҳамчунин, лоиҳаи роҳи оҳани «Хитой-Қирғизистон-Ӯзбекистон»-ро дастгирӣ мекунем ва ҷонибдори ба он ворид шудани кишварамон мебошем, — таъкид карданд Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон.

Ба андешаи Президенти мамлакат, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон, канданиҳои фоиданок, рушди саноати кӯҳӣ, металлургияи ранга, истеҳсоли маҳсулоти сохтмон ва бахшҳои ояндадори кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрока метавонанд аз самтҳои дигари ҳамкорӣ дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» бошанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз ­доштанд, ки дар доираи татбиқи ин ташаббус метавон рушди умумӣ ва сатҳи зиндагии мардумро таъмин намуд.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин, ки раисии ҷаласаи якуми суҳбати гирди мизи Форумро ба уҳда дошт, аз хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи аҳли башар, талошу тадбирҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла, иқдомҳои шоистаи ҳалли мушкилоти норасоии об, ҷонибдории ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ёдовар шуда, ба саҳми арзандаи Пешвои миллат баҳои баланд дод.

47720942831_40f4e8dbb9_o28 апрел дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин мулоқот карданд, ки зимни он маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории шарикии стратегӣ ва муносиботи дӯстию ҳамҷавории Тоҷикистону Хитой мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Ҳукумати кишвари мизбон барои истиқболи самимӣ, даъват ҷиҳати иштирок дар кори Форум изҳори сипос карда, ба ташкили кори ҳамоиши сатҳи баланд баҳои арзанда доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вохӯрии сатҳи олӣ  ҷиҳати баррасии масоили кунунӣ, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои робитаҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Хитой муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитариро дар сатҳи баланд ба роҳ мондаанд ва ин имкони татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомадаро фарохтар месозад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нақши Хитойро дар рушду тараққиёт, дастгирии татбиқи лоиҳаҳо бо ворид кардани сармоя, афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, рушди иқтисоди миллӣ, иҷрои самараноки стратегияи миллии рушд, саноатикунонии кишвар ва дигар самтҳои барои ҳар ду ҷониб судовар махсус таъкид карданд. Сарони давлатҳо таҳкими ­ҳамгироии пурсамарро дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» ба манфиати кишварҳо зарур шумурданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои воридоти маҳсулоти хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Хитой, ҷалби сармояи хитойӣ барои рушди соҳаҳои саноати кӯҳӣ, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ, зарурати таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикис­тону Хитой ҷиҳати дастгирии молиявии лоиҳаҳои хурду миёнаи индустриалӣ, ҳамкорӣ дар бахши нақлиётию транзитӣ бо бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маъданро баррасӣ намуданд.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буд.

Ҳамчунин, густариши муносибатҳои ҳамкорӣ дар доираи ташкилотҳои бонуфуз, аз қабили СММ, СҲШ ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, баррасӣ карда шуд. Ҳар ду ҷониб омодагиро барои идомаи тадбирҳои муштарак дар роҳи мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир – терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар иброз доштанд.

Барои таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла, бо дарназардошти фаъол гардидани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонис­тон, таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт зарур шумурда шуд.

Чун имсол Ҷумҳурии Халқии Хитой 70 — солагии таъсисёбиашро таҷлил менамояд, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат ба кишвари дӯсту ҳамсоя шукуфоии беш аз пешро орзу намуданд.

28 апрел дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван Тсишан мулоқот намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарият ва Ҳукумати Хитой барои даъват ҷиҳати иштирок дар кори Форум ва истиқболи самимӣ изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои барои Тоҷикистону Хитой судманд, аз ҷумла, татбиқи муштараки иқдому ташаббусҳои «Як камарбанд — як роҳ», «Роҳи иқтисодии Абрешим», иштироки Хитой дар рушду пешрафти кишвари мо ва сармоягузории лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавиро баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Хитой — дӯстони нек, ҳамсояҳои хуб ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои то соли 2030» ва ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» барои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун заминаҳои мусоид фароҳам меоранд. Ин ду стратегияи муҳим вазифаҳои монандро дар бар мегиранд ва татбиқи онҳо муносибатҳои Тоҷикистону Хитойро таҳкиму густариш хоҳанд бахшид.

28 апрел дар шаҳри Пекин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи илмҳои ҷамъиятии Хитой ташриф оварда, бо роҳбарият ва аъзои он мулоқот карданд.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Халқии Хитой Сие Фучжан мулоқот карданд.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Халқии Хитой дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф, таваҷҷуҳи хос дорад.

Тақвиятбахшии раванди ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, доир намудани конфронсу форумҳои илмию назариявӣ, ҳамчунин, омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷику хитойӣ махсус таъкид гардид.

Президенти мамлакат аз нашри китоби пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва рӯнамоии он дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Хитой ҷиҳати муаррифии боз ҳам бештари давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Хитой минбаъд низ дар ҳама самт ба нафъи мардумони ҳар ду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбад.

28 апрели соли 2019 дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Хитой мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони он баргузор гардид.

Дар ҳузури Сарвари давлат муаррифии китоби арзишманди «Тоҷикон дар оинаи таърих» доир шуд.

Зимни муаррифии китоб президенти Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Хитой Сие Фучжан — мудири кулли маҷмааи нашриёти «Ренмин» ва таърихнигори шинохтаи хитойӣ оид ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Хитой, таҳкими дӯстии халқҳои ду кишвар ва нақши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» андешаҳои ҷолиб баён кард.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон саҳми Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии Хитойро дар ҳаёти илмиву ҷамъиятии ин кишвар ва берун аз он ҳамчун яке аз марказҳои калидии таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат таъкид доштанд, ки мо ҳамсояи бузургамон — Хитойро дӯсти боэътимоду шарики самимӣ меҳисобем ва аз рушди устувори он изҳори хушнудӣ менамоем. Мо шоҳиди пешрафти босуръати Хитой дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳаёти ҷомеа, таҳкиму тақвияти обрӯ ва нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мебошем.

Дар суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи навини Тоҷикистон, раванди барқарорсозии сулҳу ваҳдат ва амнияти сартосарии сарзамин, ҳамкории дуҷониба бо кишвари ҳамсоя — Хитой ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ карданд.

Барои чопи китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба нафароне, ки дар ин кор саҳм гузоштаанд, изҳори сипос намуданд. Мавриди зикр аст, ки дар тарҷума ва чопи китоб нашрияи «Ренмин» саҳми шоиста дорад.

Изҳори умед карда шуд, ки китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» ба хонандагони хитойӣ имкон фароҳам меорад, то дар бораи таърихи мардуми куҳанбунёди тоҷик маълумоти бештару беҳтар пайдо намоянд.

28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Янчини Ҷумҳурии Халқии Хитой Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо-2019»-ро тамошо карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, бо намояндагони хитойӣ гӯшаи Тоҷикистон таҳти унвони «Боғдорӣ ва рушди деҳот» — ро, ки дар намоишгоҳ бо фарогирии 100 метри мураббаъ мақоми хоса дошт, аз назар гузаронданд.

Дар он ҷо бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ба хотири муаррифии арзандаи неъматҳои моддию маънавии ҷумҳурӣ намояндагони сохторҳои марбутаи соҳаҳои боғдорӣ, тиҷорату саёҳат ва ширкатҳои ватанӣ номгӯйи зиёди молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон ва маълумот доир ба имкониятҳои сайёҳии кишварро ба тамошо гузошта буданд. Дар намоишгоҳ акси қуллаи баландтарини Тоҷикистон — Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр ба чашм менамуд.

Тарҳи НБО нишоне аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар буд.

Тоҷикистон яке аз давлатҳои асосии содироткунандаи меваҳои хушк мебошад ва маҳсулоти ин навъи неъматҳо дар намоишгоҳ мавқеи хос дошт. Меваҳои хушки кишвар бо тозагии экологӣ, таъми нотакрор дар ҷаҳон машҳур аст ва харидор дорад.

Дар намоишгоҳ намудҳои гуногуни обҳои ташнагишикани корхонаҳои ҷумҳурӣ, аз қабили «Оби зулол», «Зода», «Субҳи Ватан» ва «Комбинати хӯроквории Бохтар», маҳсулоти боғдорӣ, аз қабили меваҳои тозаву чормағз аз тарафи вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, КВД «Хӯрокворӣ», Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ, Палатаи саноат ва савдо, корхонаҳои «Асали тоҷик», «Интермед», «Абрикос компания», «Оро Исфара», «Баракати Исфара», «Исфарафрут», «Меваи Канд Экофрут Исфара», «Аввалин», ширкати «Амирӣ» ва «Ширин», ба маъраз гузошта шуда буд.

Ҳамчунин, туҳфаҳо аз сангҳои қиматбаҳои корхонаҳои «Рухом» ва «Асрори Санг» низ ба назар мерасиданд.

Гӯшаи Тоҷикистон аз рӯи хусусиятҳои хоси табиати кишвар — кӯҳҳо, обҳои мусаффо, имкониятҳои сайёҳӣ ва иншооти таърихӣ сохта шудааст.

Хонаи асал, катҳои чӯбини кандакоришуда, боғҳои ангур, кӯрпаву кӯрпачаҳои миллӣ, қолинҳо ва кашидадӯзиҳои тоҷикӣ диққати сайёҳонро бештар ба худ ҷалб мекарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди тамошои гӯшаи Тоҷикис­тон дар намоишгоҳи Пекин ба он баҳои баланд доданд ва ба намояндагони корхонаҳои кишвар, шахсони масъули вазорату идораҳои марбутаи мамлакат арзи сипос намуданд.

Нимаи дуюми 28 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо роҳбарони давлатҳои иштирокчии Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии «Як камарбанд — як роҳ» Намоишгоҳи байналмилалии боғдории Пекин «Экспо 2019»-ро тамошо карданд.

«ЭКСПО-и ҷаҳонии боғдории Пекин-2019» таҳти унвони «Ҳаёти сабз-манзили зебо» 162 рӯз идома меёбад ва интизор меравад, ки 16 млн. нафар аз он дидан менамоянд. Дар ЭКСПО 110 сохтори намоишдиҳандаи байналмилалӣ ва 120 намоишдиҳандаи ғайрирасмӣ иштирок хоҳанд кард, ки дар таърихи баргузории ЭКСПО нишондоди рекордӣ аст.

Масоҳати макони баргузории ин маъракаи боғдорӣ 503 гектар буда, дар канори дарёи Гуйшуй дар масофаи 10 км аз девори бузурги Хитой ҷойгир аст. Аз ин хотир, онро «Намоиши боғдории зери девори бузурги Хитой» низ ном мебаранд. Майдони баргузории ЭКСПО аз толори Хитой, толори байналмилалӣ, озмоишгоҳи ҳаётӣ, толори гулу гиёҳ ва маркази ҳунарнамоӣ иборат аст.

94 чатри бари ҳам қоматафрохта толори байналмилалии ЭКСПО-ро ташкил медиҳанд.

Аз рӯи тарҳҳои пешниҳодшуда аз ҷониби кишварҳои хориҷ, маълум мегардад, ки дар ЭКСПО боғҳо бо фарҳанги боғдориву тарзи ҳаёти мардуми кишварҳо сохта мешаванд.

Барои тамошобинон дар ЭКСПО толори васеи тамошои фарҳанги боғдорӣ ва гулу гиёҳҳои рангоранг пешбинӣ шудааст. Онҳо имкон доранд бо зиёда аз 1200 навъи гулу гиёҳ, дарахту рустанӣ шинос шаванд. Ҳамчунин, сайёҳон метавонанд бо санъати меъмории кишварҳои гуногун, фарҳанги пурғановати мамлакатҳо ошно гарданд.

«ЭКСПО — 2019» саҳнаи ба ҳам омадани тамоми навоварии соҳаи боғдории ҷаҳон аст. Ҳарчанд тарҳи иморатҳо, намуди гулу гиёҳ аз ҳам фарқ мекунанд, аммо ҷонибҳои иштирокчӣ мехоҳанд ҳаёти сабзи тахайюлоташонро муаррифӣ ва майлу хоҳиши худро дар робита ба ҳифзи табиат ва экология ифода намоянд.

www.president.tj

АМИТ «Ховар»