Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус

№93 (3730) 05.08.2017

35964365790_0c84c47471_oСубҳи 4 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва рафти киштукор ба ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуси вилояти Хатлон сафар ­намуданд.

Сарвари давлатро сокинони меҳнатқарини ҳар ду ноҳия бо самимияти хоса ва муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо рафти корҳои саҳроӣ, аз ҷумла оғози ҷамъоварии ҳосили пахта ва парвариши сабзавот дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Ҳаваскори деҳоти «Тахти Сангин» шинос шуда, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзию чорводорӣ ва саноатии ноҳияро аз назар гузаронданд.

Соли равон кишоварзони ­ноҳияи Қубодиён аз кишти ғалладонагиҳо маҳсулоти дилхоҳ ба даст оварданд. Тибқи нишондод, то 1 июли соли равон барзгарон аз майдони умумии 2 ҳазору 300 гектар зиёда аз 10 ҳазор тонна маҳсулоти ғалладонагӣ рӯёнидаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, инчунин бо вазъи пахтакорӣ дар хоҷагии деҳқонии «Маҳмадӣ Полвон»-и деҳаи Ҳавас­кор шинос гардиданд. Меҳнаткашони хоҷагии мазкур соли равон дар майдони 6 гектар кишти пахтаи навъи «Тоҷикистон»-ро бо усули ҷадиди зери плёнка ба роҳ монданд. Истифодаи ин усул имкон дод, ки деҳқонони хоҷагӣ дар ноҳия аввалин шуда, ба ҷамъоварии ҳосили пахта шурӯъ намоянд.

Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи ­Қубодиён дар масоҳати 7 ҳазору 510 гектар пахта кишт шудааст. Тибқи мушоҳидаҳо, ­нашъунамои пахта хуб аст.

Сарвари давлат, инчунин бо рафти кишти такрорӣ дар хоҷагии деҳқонии «Мӯсобобо» — и деҳаи Ҳаваскор шинос гардиданд. Дар заминҳои ин хоҷагӣ, ки масоҳати 5 гектарро дар бар мегирад, кишти зироати барвақтӣ ба роҳ монда шудааст. Меҳнаткашони хоҷагии мазкур 80 дарсади корҳои вобаста ба кишти такрориро аллакай ба анҷом расонидаанд. Онҳо кишти зироати гуногун, ба монанди картошка, помидор, карам, пиёз, шолӣ ва навъҳои дигари сабзавотро дар маъракаи кишти такрорӣ ба роҳ монданд. Дар маҷмӯъ, дар ноҳия, дар майдони 2764 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки 92 дарсади иҷрои дурнаморо дар бар мегирад.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти тайёри саноатӣ пешниҳод гардид. Яке аз корхонаҳое, ки дар доираи барномаи давлатии рушди соҳибкорӣ дар ноҳияи Қубодиён фаъолият дорад, ҶДММ «Насими Раҳим» мебошад, ки дар намоишгоҳ 10 намуди консерва аз меваю сабзавотро ба намоиш гузошт.

Дар ноҳия истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ низ васеъ ба роҳ монда шудааст. ҶДММ «Ороиши диёр» аз ҷумлаи корхонаҳои истеҳсолие мебошад, ки аз семент ҳар гуна масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла тахтасангҳои ороишӣ тайёр мекунад. ҶСП «Аввалин» аз корхонаҳои бузургтарини ноҳияи Қубодиён ба шумор меравад, ки дар он ба воситаи коркарди решаи ширинбия доруҳои қиматбаҳои табобатӣ барои бемориҳои ҷигар ва кислотаи глисирринзин ҳосил менамояд. Корхонаи мазкур соли 2010 бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ таъсис ёфтааст. ҳоло дар он аз ­навъи гиёҳи ширинбия дору ва аз пасмон­даи он маҳсулоти сӯзишвории брикет истеҳсол карда мешавад.

Дигар самти хоҷагидорие, ки дар ноҳияи Қубодиён рушд кардааст, чорводорӣ мебошад. Дар ноҳия баробари чорвои калон парвариши моли майда ҳам ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои ноҳия гӯсфандҳои зоти қароқӯлӣ ва ҳисорӣ парвариш карда мешаванд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ноҳияи Қубодиён саршумори моли майда 32 ҳазор сарро ташкил медиҳад, ки ин шумора нисбат ба соли гузашта 816 сар зиёд мебошад. Саршумори чорвои калон дар миқёси ноҳия ба 1 ҳазору 769 сар расидааст. Иҷрои дурнамои солонаи соҳаи чорводорӣ дар ноҳия 120 дарсад таъмин шудааст.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки аз қадим кишоварзӣ пешаи боифтихор буда, соҳиби ин касб ризқофар ва ородиҳандаи дастурхони мардум ба ҳисоб мерафт. Имрӯз ҳам саҳми кишоварзону чорводорон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум назаррас ва боиси таҳсин мебошад.

36193833292_9100d7d3d1_oДар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои кишоварзии деҳоти ба номи Талбак Садриддинов ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши деҳқонон, ки дар парвариши сабзавоту полезӣ, пахта, боғдорӣ ва дигар намуди маҳсулот таҷрибаи ғанӣ доранд, шинос ­шуданд.

Зимни азназаргузаронии намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба натиҷаи фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди бахши кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ маънидод намуданд.

Дар ноҳияи Шаҳритус, ки беш аз 2 ҳазор хоҷагии кишоварзӣ амал менамоянд, соли равон дар майдони 8 ҳазору 532 гектар бо истифода аз таҷрибаи пешрафта кишти зироатҳои гуногунро ба роҳ мондаанд.

Соли ҷорӣ бо роҳи зиёд намудани майдони кишт истеҳсоли маҳсулот низ афзоиш ёфтааст.

Кишоварзони ноҳия 7 ҳазору 819 тонна ғалладонагӣ, 23 ҳазору 372 тонна сабзавот, 2 ҳазору 490 тонна картошка, 18 ҳазору 929 тонна полезӣ, 2 ҳазору 765 тонна мева ва 1 ҳазору 366 тонна ангур ҷамъоварӣ намудаанд.

Имрӯзҳо хоҷагидорон дар баробари таъмини бозори дохилӣ маҳсулоти кишоварзиро ба хориҷи кишвар низ содирот мекунанд. Аз аввали соли равон аз ноҳияи Шаҳритус беш аз 4 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, полезӣ, пиёз ва мева ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Дар ноҳия танҳо дар соли ҷорӣ 55 гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст, ки оянда ин тадбир дар афзун гардидани ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ нақши асосӣ хоҳад гузошт.

Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, шароит ва иқлими ноҳияи Шаҳритус барои аз як замин гирифтани то се ҳосил басо мувофиқ аст. Таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки хоҷагидорон аз ҳисоби кишти такрории дуюм ва сеюм, ҳамчунин дар як вақт кишт намудани ду-се навъи зироат дар як қитъа, аз лиҳози иқтисодӣ манфиати бештар ба даст оварданд.

Дар намоишгоҳ, ҳамчунин зотҳои гуногуни чорво ба тамошо гузошта шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани саршумори чорво, ки манбаи асосии таъмини аҳолии ноҳия бо гӯшту шир ба ҳисоб меравад, ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар хоҷагиҳои чорводории ноҳия 776 сар чорвои калон, 18 ҳазору 421 сар моли майда, 100 сар асп, 12 ҳазору 500 сар паранда ва 280 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст.

Зимни шиносоӣ бо заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии ба номи «Нарзуллобобо», «Алланазар» ва «Усто Муҳаммадӣ»-и ноҳияи Шаҳритус маълум гардид, ки кишоварзон баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла, полезӣ ва пиёз кишти такрории картошка, маккаи дон, сабзӣ, помидор ва бодирингро ба роҳ монда, дар парваришу нигоҳубини зироат, аз ҷумла риояи қоидаҳои агротехникӣ, тавсияҳои олимони соҳаро ба кор мебаранд.

Соли равон хоҷагидорони панҷ деҳоти ноҳия дар майдони 2 ҳазору 915 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мондаанд, ки 1386 гектари он ғалладонагӣ, 169 гектар сабзавот, 2 гектар картошка, 267 гектар полезӣ ва 143 гектар зироати техникӣ, аз қабили офтобпараст, кунҷит ва чормағзи заминиро ташкил медиҳанд. Дар ин самт фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Талбак Садриддинов назаррас аст.

Пахтакорӣ яке аз самтҳои асосии кори кишоварзони ноҳияи Шаҳритус ба ҳисоб меравад. Соли равон дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия дар майдони 5 ҳазору 250 гектар пахта кишт намудаанд ва мутахассисони соҳа ҳосили интизориро аз ҳар гектар 40 сентнерӣ пешгӯйӣ мекунанд. Хоҷагидорон аслан пахтаи навъҳои «Тоҷикистон», «Хатлон-2014», «Сор­бон», «Флеш», «Кармен» ва дигар намуди ба иқлими ноҳия тобовар ва ҳосилхезро кишт кардаанд, ки ҷамъоварии он дар минтақаи Айвоҷи ноҳия рӯзҳои наздик ва дар деҳоти дигари он баъди 15-20 рӯз оғоз меёбад.

4 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиёни вилояти Хатлон мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, талошу тадбирҳои Ҳукумати кишвар бобати беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум андешаронӣ карда, аз сатҳи рушди бонизоми иқтисодиёти ҷумҳурӣ, пешрафти соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Шаҳритус даҳҳо лоиҳа ба маблағи 55 миллион сомонӣ амалӣ гардида, қариб 70 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Аз соли 2006 барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он аз Буҷети давлатӣ 350 миллион сомонӣ ҷудо гардида, илова бар ин, 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 63 миллион сомонӣ татбиқ шудааст ва азхудкунии маблағҳо дар доираи 6 лоиҳаи дигар идома дорад.

Танҳо дар 10 соли охир аз  ҳисоби Буҷети давлатӣ барои таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Қубодиён қариб 450 миллион сомонӣ равона гардида, 8 ­лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ татбиқ шудааст ва 5 лоиҳаи дигар дар ҳоли амалисозӣ қарор дорад.

Илова бар ин, дар се соли оянда аз Буҷети давлатӣ барои соҳаҳои иҷтимоӣ, бахши кишоварзӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои дохилӣ ва дастгирии буҷети маҳаллӣ 184 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Қубодиён барои солҳои 2016-2020» амалисозии 103 лоиҳа ба маблағи 109 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба андешаи Сарвари давлат, бунёд гардидани корхонаҳои истеҳсолӣ, иншооти муосир, роҳу пулҳои нав ва муассисаҳои иҷтимоиву хизматрасонӣ далели рушди устувори ноҳия ва натиҷаи саъю талоши мардуми заҳматдӯсти он мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз таҷрибаи сокинони ноҳияҳои Шаҳритус ва Қубодиён дар соҳаи азхудкуниву истифодаи замин ва умуман, пешбурди соҳаи кишоварзӣ, хусусан, пахтакорӣ ёдовар шуда, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён бобати иҷрои босамари супоришҳои ҳукумат, татбиқи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ дастурҳои муфид доданд.

Зимни баромад сокинони ноҳияҳои Шаҳритусу Қубодиён ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирӣ ва талош­ҳои шабонарӯзӣ бобати фароҳам овардани шароити зиндагии ободу осоишта ва сазовор изҳори сипос карда, татбиқи қонунҳои миллии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро амри зарурӣ ва воқеӣ арзёбӣ намуданд.

 www.president.tj