Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара

№59 (4009) 25.05.2019

BB5A7096 — копия23 майи соли 2019 Асос­гузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо вазъи корҳои кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар намуданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нахуст аз намоишгоҳи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ки дар маркази савдои Каёнӯш баргузор гардид, дидан намуданд.

Бояд гуфт, ки ноҳияи Данғара дар гузашта ва имрӯз яке аз калонтарин ва пешқадамтарин ноҳияҳои аграрию саноатии кишвар ба шумор меравад. Хоҷагидорони он дар таъмини аҳолии кишвар бо ғалла, тухмии зироатҳо, хошок ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ саҳми сазовор мегузоранд. Дашту саҳрои фароху заминҳои нопайдоканори зироатҳои гуногун, иқлими мусоиди рушди соҳаҳои зироаткорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва таҷрибаи бойи андӯхтаи меҳнаткашон ноҳияро дар ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур кардааст.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти дастранҷи меҳнаткашони вилоят, сокинони ноҳия ва хоҷагиҳои деҳқонии он ба таври шоиста муаррифӣ карда шуд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳадафи Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ дар доираи стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ дастрасии бештари аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо маҳсулоти хушсифату арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад.

Ҳар сол кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин ва интихоби тухмии хушсифат майдони кишти зироати гуногун ва боғҳои содиротиро бештар намуда, баробари таъмини талаботи дохилӣ ба хориҷ аз кишвар ҳам дар ҳаҷми зиёд маҳсулот содир менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар чор моҳи соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳама бахши хоҷагидории вилояти Хатлон ба 797 миллиону 254 ҳазор сомонӣ расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 65 миллиону 508 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 109 дарсадро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 191 миллиону 630 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки суръати афзоиш 129,2 дарсадро дар бар мегирад ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаригардида 43 миллиону 258 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кишоварзон ҷиҳати боз ҳам афзоиш додани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Таъкид гардид, ки соли ҷорӣ заҳматкашони вилояти Хатлон дар майдони 308 ҳазору 124 гектар кишти зироати гуногунро ба роҳ мондаанд, ки 109 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Умуман, ин давра дар 129 ҳазору 906 гектар ғалладонагӣ, 130 ҳазору 898 гектар зироати техникӣ, аз ҷумла пахта, 19 ҳазору 19 гектар сабзавот, 6 ҳазору 526 гектар картошка, 11 ҳазору 627 гектар полезиҳо ва 10 ҳазору 148 гектар хӯроки чорво кишт карда шудааст.

Аз майдони 6 ҳазору 891 гектар сабзавот бошад, 186 ҳазору 302 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 71 ҳазору 210 тонна зиёд аст.

Аз майдони умумии зироати картошка ҳосили 1 ҳазору 396 гектари он ҷамъоварӣ ва 22 ҳазору 388 тонна ҳосил ба даст оварда шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 13 ҳазору 373 тонна зиёд мебошад.

Кишоварзони вилоят зикр карданд, ки соли равон бо мусоид омадани обу ҳаво ҳосили боғу киштзор нисбат ба солҳои қаблӣ бамаротиб афзуд ва заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилоят тавонистанд  дар баробари таъмини бозори дохилӣ раванди содиротро ба хориҷ аз кишвар ҳам суръат бахшанд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз майдони умумии боғҳои ҳосилдиҳандаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 3 ҳазору 388 тонна маҳсулот, аз ҷумла гелос, олу, шафтолу ва зардолу ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта 1 ҳазору 571 тонна зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии ҳосили боғҳо то 17 майи соли равон 13 ҳазору 113 тонна маҳсулот содирот шудааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 5 ҳазору 691 тонна зиёд мебошад. Аз ҷумла, 12 ҳазору 292 тонна пиёз ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Афғонистон ва Украина содирот гардидааст.

Дар намоишгоҳ намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гӯшт, ду намуд картошка, ду намуди помидору бодиринг, карам, гулкарам, сирпиёз, пиёз, каду, қаламфури булғорӣ, кабудиҳо, меваҳои гуногун — зардолу, гелос, себи пешпазак, шафтолу, олуболу, лимӯ, ҳандалак, қулфинай, лаблабуи сурх, 8 намуд ғалладонагӣ, асал, молу маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои саноатӣ пешкаш гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзону хоҷагидорон ҷиҳати самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замин маслиҳатҳои муфид доданд.

Тавре ба Сарвари давлат маълумот дода шуд, сол то сол бо амалӣ гардидани ҳадафҳо дар самти афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷ, сатҳи зиндагии хоҷагидорону кишоварзон беҳтар мегардад.

Рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ низ дар миқёси вилоят назаррас аст. Заҳматкашон ҳар сол бо афзун намудани шумораи оилаҳои он даҳҳо тонна асали аз ҷиҳати экологӣ тозаю серғизо ба даст меоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол шумораи оилаҳои занбӯри асал дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 60 ҳазору 950 оиларо дар бар мегирад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 860 оила зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, ҳамчунин, дар намоишгоҳ бо ҳунари нонпазии занону бонувон шинос шуда, онҳоро барои омӯзонидани нозукиҳои ин ҳунар ба ҷавондухтарон ҳидоят карданд.

23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз намоишгоҳи чорвои хушзоти хоҷагиҳои чорвопарварии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуданд.

Хоҷагиҳои зотпарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Маркази савдои Каёнуш намунаи чорвои хушзоти хурду калон, намудҳои гуногуни парандаю моҳӣ ва дигар дастовардҳоро ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар бораи навгониҳои озмоишгоҳи байторӣ ва дигар дастовардҳои Муассисаи давлатии «Бордоркунии сунъӣ» маълумот дода шуд.

Таъкид гардид, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ворид намудани таҷҳизоту дастгоҳҳои муосири бордоркунии сунъии чорво, ки бо мақсади хушзоткунӣ амалӣ карда мешавад, хоҷагиҳои чорвопарвар тайи солҳои охир ба пешрафти зиёд ноил гардидаанд.

Дар намоишгоҳ хоҷагиҳои чорвопарвари вилояти Хатлон зиёда аз 150 сар чорвои калони зотҳои шветсии зебумонанд, сиёҳало, сименталӣ, қазоқии сарсафед, абердин-ангус ва 630 сар моли майдаи зотҳои ҳисорӣ, қароқулӣ, тоҷикӣ, маҳинпашми дарвозӣ ва наздик ба 30 сар аспи зоти тоҷикиро ба тамошо гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки феълан дар вилояти Хатлон 13 хоҷагии давлатию ҷамъиятӣ оид ба парвариши чорвои калони зотӣ, 13 хоҷагӣ оид ба нигоҳубини чорвои майдаи зотӣ, 2 хоҷагӣ оид ба парвариши аспи тоҷикӣ, як хоҷагии моҳипарварии зотӣ ва дар маҷмӯъ, 29 хоҷагии зотпарварӣ фаъолият дорад, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати гӯшту шир мусоидат мекунанд.

Президенти мамлакат бо таваҷҷуҳи махсус ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят васеъ ба роҳ монда шавад.

Тавре иттилоъ доданд, дар ҳама бахши хоҷагидории вилояти Хатлон то 1 майи соли 2019 — ум 985 ҳазору 544 сар чорвои калони шохдор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19 ҳазору 263 сар зиёд мебошад. Ҳамчунин, саршумори моли майда ба 2 миллиону 435 ҳазор сар расидааст, ки нисбат ба соли 2018 — ум 75 ҳазор сар зиёд аст.

Ҳамин тариқ, чорвопарварони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон истеҳсоли маҳсулотро сол аз сол дар асоси иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзун намуда, кӯшиш карда истодаанд, ки дар таъмини ҳадафи стратегии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон  — амнияти озуқаворӣ саҳми назаррас дошта бошанд.

Танҳо дар 4 моҳи соли 2019 чорводорони вилоят истеҳсоли маҳсулотро ба 663 миллиону 905 ҳазор сомонӣ расондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 миллиону 383 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Дар маҷмӯъ, бино ба таъкиди масъулини соҳа, суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи зикршуда 109 дарсадро ташкил додааст.

Истеҳсоли гӯшт дар ҳама бахши хоҷагидории вилоят дар 4 моҳи соли равон ба 19 ҳазору 190 тонна, шир ба 94 ҳазору 542 тонна (нисбат ба соли гузашта 3 ҳазору 713 тонна бештар) расонида шуд.

Дар маъракаи имсолаи наслгирӣ чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 9 ҳазору 851 сар гӯсола, 176 ҳазору 740 сар барраю бузғола ва 2 ҳазору 269 сар тойча гирифтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи аспҳои хушзотро аз назар гузаронда, ба масъулин барои тараққӣ додани соҳаи асппарварӣ ва афзун намудани шумораи хоҷагиҳои соҳавӣ дастур доданд.

Таъкид гардид, ки саршумори асп то 1-уми майи соли равон дар вилоят ба 58 ҳазору 699 адад расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 244 сар зиёд мебошад.

Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Хатлон, баробари чорводорӣ ба парандапарварӣ ва моҳидорӣ низ таваҷҷуҳ зиёд шудааст. Теъдоди хоҷагиҳои моҳипарвар ва фабрикаҳои мурғпарварӣ низ сол аз сол афзун мегардад.

Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, намудҳои гуногуни паранда ба тамошо гузошта шуд. Зикр гардид, ки феълан дар бахшҳои ҷамъиятию хоҷагиҳои деҳқонӣ 11 фабрикаи парандапарварӣ бо фарогирии наздик ба ду миллион сар мурғ фаъолият доранд ва сол аз сол истеҳсоли тухму гӯшти парҳезӣ дар миқёси вилоят афзун мешавад.

Дар заминаи татбиқи барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои пешниҳодгардида, соли ҷорӣ парандапарварони вилоят 28 миллиону 587 ҳазор дона тухм истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 1 миллиону 798 ҳазор дона зиёд мебошад.

Дар ноҳияи Данғара ду корхонаи парандапарварӣ бо номи Кооперативи тиҷоратии ба номи «Раҳмонҷон» фаъолият дорад, ки танҳо дар 4 моҳи соли равон 120 тонна гӯшт ва 1 миллиону 200 ҳазор дона тухм истеҳсол ва пешниҳоди қисмҳои низомии мамлакат намудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар намоишгоҳ ба натиҷаҳои кори хоҷагиҳои давлатии моҳипарварии шаҳру ноҳияҳои вилоят таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.

Алҳол дар вилояти Хатлон 221 хоҷагии моҳипарварӣ дар  майдони 2 ҳазору 244 гектар кӯлу ҳавзҳо фаъолият доранд. Соли 2018 моҳипарварон 1625 тонна гӯшти парҳезӣ истеҳсол ва пешниҳоди сокинон намудаанд.

Дар як гӯшаи намоишгоҳ раванди тавлиди инкубатсионии моҳӣ ва кирминачамоҳиҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд. Моҳипарварон гуфтанд, ки соли равон бо зиёд намудани шумораи хоҷагиҳои моҳипарвар нақша доранд 1750 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ кунанд.

Чорводорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баргузории намоиши сатҳи баланди дастовардҳоро омили муҳим ва такондиҳанда ба пешрафт унвон намуда, таъкид доштанд, ки дар заминаи дас­турҳои Ҳукумати мамлакат талош хоҳанд варзид то дар татбиқи ҳадафҳои асосии «Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» саҳми бештар дошта бошанд.

BB5A7097 — копия23 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи деҳоти «Пушинг» бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингарди «Данғара – Пушинг» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки  деҳаҳои Пушинг, Алиҷон, Ғиҷовак ва Паркамичро бо маркази ноҳияи Данғара мепайвандад ва дарозии он 18 километрро ташкил медиҳад.

Он бо дастури бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои роҳсозӣ бунёд шуд.

Роҳсозон дар вақти сохтмон талаботи меъёриро ба инобат гирифта, корҳои бунёди роҳи пиёдагард, ҷӯйборҳои ду канори роҳ, қубурҳои обгузар, чароғонкунии қад-қади роҳро анҷом додаанд. Бари роҳ дар минтақаҳои гуногун аз 4,5 то 14 метрро дар бар мегирад. Барои чароғонкунии он дар маҳалҳои аҳолинишин 240 сутунпоя бо чароғҳо гузошта шудааст.

Қад — қади роҳ барои ҷавобгӯ намудан ба талабот даҳҳо адад аломати ишоратӣ насб гардидааст.

Дар ҷараёни сохтмон 50 нафар ба кор ҷалб шудаанд.

Сохтмончиён кӯшиш кардаанд, ки роҳро босифат созанд то он солҳои зиёд ба мардуми деҳот хизмат расонад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомдодаи онҳо баҳои арзанда доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти «Пушинг», ҳамчунин дигар иншоотро, ки аз тарафи сокинони ватанпарвари он сохта шудааст, ифтитоҳ бахшиданд.

Аз ҷумла, бинои нави мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №5, ки сохтмонаш соли 2016 оғоз гардида буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Масоҳати умумии он 2,5 гектарро ташкил дода, дар маркази деҳа сохта шудааст.

Мактаб, ки барои 1520 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, аз ду бинои алоҳида иборат ва се ошёна буда ва дорои 30 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ бо 25 компютер, химия, биология ва физика мебошад. Синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, мизу курсӣ ва асбобҳои аёнӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

Муассисаи тозабунёд дорои толори варзиш бо 300 ҷойи нишаст, майдончаи варзиш барои бозиҳои гуногун, толори маҷлис бо 250 ҷойи нишаст, ошхона бо 50 ҷой, буғхона барои гармидиҳӣ ба синф­хонаҳои мактаб, ҳавзи об барои таъмини оби ошомиданӣ бо ғунҷоиши 15 куб об ва анбори захираи ангишт мебошад.

Дар ҷараёни сохтмони мактаби нав 500 нафар сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин гаштаанд.

Дар деҳаи Пушинг қаблан мактаб бо 850 нафар ҷой фаъолият дошт, ки ба талабот ҷавобгӯ набуд.

DCIM100MEDIADJI_0042.JPGДар маркази деҳоти «Пушинг» бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шафати муассисаи нави таълимӣ бинои таваллудхонаи муосир ифтитоҳ ёфт.

Беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, даст­расӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирии бемориҳои гуногун, коҳиш додани хавфи фавти модару кӯдак ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Ба хотири ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти марказҳои саломатӣ, осон кардани мушкили мардум барои ташхису табобат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳиб­истиқлолӣ сохтмону муҷаҳҳазгардонии марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳот ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар деҳоти «Пушинг» қаблан ҳам бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекард, вале ба ҳама сокинон ба таври қонеъкунанда хизмат расонида наметавонист.

Аз ҷониби соҳибкорони деҳа маркази саломатии куҳна аз нав таъмиру таҷдид карда, дар назди он таваллудхонаи муосир сохта бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шуд.

Дар маркази саломатӣ ва таваллуд­хонаи нав 3 ҳуҷраи модару кӯдак, 1 ҳуҷраи хатна, 2 утоқи ташхис (узи) ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Солҳои пеш мардум барои ташхису табобат ба маркази ноҳия мерафтанд. Акнун ин мушкили онҳо ҳал гардид.

Сарвари давлат ба иқдоми шоистаи сокинони деҳа, соҳибкорони саховатманду ватандӯст барои бунёди таваллудхона  ва дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба маркази саломатии деҳаи Пушинг мошини ёрии таъҷилии тиббӣ тақдим карданд.

Дар назди таваллудхона ва мактаби навбунёд аз ҷониби соҳибкорони деҳа як мавзеи нообод ба сайргоҳи мардум  — Маркази фарҳангию фароғатии «Пушинг» табдил дода шуд.

Мавзеи фароғатӣ 0,70 гектарро ташкил медиҳад ва ба таври замонавӣ бо истифода аз таҷҳизоти равшанидиҳанда оро дода шудааст. Равшан шудани роҳравҳо, бо чароғҳои ранга кашидани суратҳои диққатҷалбкунанда, 2 суҳбаткада ва нишастгоҳҳо аз ҷумлаи ороишоти маркази истироҳату фароғат мебошанд.

Ҳамчунин, дар ин ҷо дарахтони гуногуни ороишӣ шинонида шудааст. Дар паҳлуи боғчаи фарҳангӣ варзишгоҳи хурд барои бозии кӯдакону наврасон мавқеъ гирифтааст.

Ҳадаф аз бунёди майдонча ҷалби насли оянда ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Дар як мавзеи хушбоду ҳавои деҳоти «Пушинг» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи навро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо сокинону фаъолони деҳа мулоқоти самимӣ доир карданд.

Иншооти арзандаи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки сокинони деҳоти «Пушинг» бунёд кардаанд, — Маҷмааи калони майдони Парчам, Нишони давлатӣ бо варзишгоҳ ва растаи ҳунармандон мебошад.

Дар ҳудуди майдони Парчам ва Нишон, ки 2,5 гектарро ташкил медиҳад, гулгашт, боғи фароғатӣ, варзишгоҳ бо 2500 ҷойи нишаст, дӯконҳо дар растаи ҳунармандон бунёд шудаанд. Баландии пояи Парчам 25 метр, бари матои он 5 ва дарозиаш 10 метр мебошад. Баландии пояи Нишони давлатӣ 17 метр аст.

Барои сайругашти мардум 20 сутун барои чароғонӣ гирдогирди майдон насб карда шудааст. Инчунин, дар ин ҷо барои ороиш ва хушбоду ҳаво гардонидани мавзеъ 1000 дона ниҳоли гуногуни ороишӣ ва сояафкан шинонидаанд.

Барои истифодаи пурсамари ҳар як ваҷаб замини Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ дар зери нишастгоҳҳои варзишгоҳ 18 дӯкони ҳунармандӣ дар растаи ҳунарҳои мардумӣ сохта шудааст.

Дӯконҳо ба ҳунармандони деҳоти «Пушинг» ройгон пешкаш гардидаанд, то ин ки устоҳои чӯбу оҳан, дӯзандаҳои моҳир дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз онҳо самаранок истифода бурда, сатҳи зиндагии худро беҳтар намоянд.

Ройгон пешкаш кардани дӯконҳо ба ҳунармандони деҳа аз ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат нисбат ба сокинони деҳоти «Пушинг» мебошад.

Зимни сохтмони Боғи Парчам ва Нишони давлатӣ зиёда аз 100 нафар бо кори муваққатӣ ва баъди ба истифода додани иншоот 30 кас ба кори доимӣ таъмин гардидаанд.

4 ҳайкали Шер рамзи тавоноии миллати тамаддунофари тоҷик дар назди Парчаму Нишон ва 1000 метри мураббаъ роҳи сафолакпӯш аз ороишоти дигари боғ мебошанд.

Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ ва шиносоӣ бо дастовардҳои мардум дар растаи ҳунармандон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сокинони ташаббускори деҳоти «Пушинг» суханронӣ карда, ифтитоҳи иншооти навро муборакбод гуфтанд.

Намояндагони сокинони деҳоти «Пушинг» зимни баромад ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаб­бусҳои созанда, ғамхории ҳамешагӣ ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос карданд.

Дар деҳоти «Пушинг» — и ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Лайло» шинос шуданд ва бо коргарон доир ба масъалаҳои истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, рушди боғпарварӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ суҳбати самимӣ доир карданд.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Лайло» яке аз хоҷагиҳои пешқадами деҳоти «Пушинг» ба ҳисоб меравад. Масоҳати умумии заминҳои он 30 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор замин дар майдони 0,40 га 12 гармхона бунёд шудааст, ки дар онҳо бо усули хос лимӯ, помидор, бодиринг, карам, гулкарам ва дигар сабзавот парвариш меёбанд.

Дар хоҷагӣ ба таври мавсимию доимӣ 30 нафар бо кор таъмин шудаанд.

Дар масоҳати 2 гектар хоҷагидорон токзор бунёд кардаанд ва ангурҳои ­навъи сиёҳ, сафед ва шоҳона парвариш мекунанд. Дар беш аз 25 гектари боқимонда дарахтони гуногуни мевадиҳанда — олуи сиёҳ, бодом, гелос, зардолу, себ, хурмо, шафтолу ва хуч шинонида шудааст, ки аллакай ба ҳосил даромадаанд.

Барои беталаф нигоҳ доштани ҳосили боғҳо дар назди заминҳои кишт бо ғунҷоиши 400 тонна маҳсулот сардхона сохта шудааст. Барои обёрии заминҳо ҳавзи об бо ғунҷоиши 400 куб бунёд гардидааст, ки ҳамзамон дар он парвариши моҳӣ ба роҳ монда шудааст.

Аъзои хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Лайло» аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар деҳаи Олучадараи деҳоти «Себистон» як бунгоҳи замонавӣ сохта, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва мизу курсиҳо муҷаҳҳаз гардондаанд.

Дар деҳоти «Пушинг» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи моҳипарвариро ифтитоҳ бахшиданд.

Боғи фарҳангию фароғатӣ ва ҳавзи калон ба ифтихори ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат оид ба ҳалли мушкилоти оби ошомиданӣ, аз ҷумла Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028», бо иқдоми дастаҷамъонаи мардум ва соҳибкорон дар давоми як сол азнавсозӣ шудааст. Масоҳати умумии он 6 гектарро ташкил медиҳад ва баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додан, дар он 10 нафар бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Барои мусоидат ба истироҳату фароғати мардум дар тамошогоҳи назди ҳавз 4 суҳбаткада, 4 кат ва 30 курсӣ гузоштаанд. Аз ду тарафи роҳравҳои ин мавзеи хушбоду ҳаво лавҳаҳои шеърӣ, шиору навиштаҷоти пур аз панди рӯзгор аз эҷодиёти классикони тоҷик ба назар мерасанд, ки барои тарбияи насли ҷавон аз манфиат холӣ нестанд.

Қаҳрамонони афсонавии бо оҳану чӯбҳо сохташуда бо ороиши гуногун диққати кӯдакону наврасонро ба худ ҷалб мекунанд.

Дар ҳавз моҳиҳои навъҳои сазан, амури сафед, карп ва пешонапаҳн парвариш карда мешаванд, ки дар як сол теъдоди онҳо ба садҳо ҳазор расидааст.Инчунин, 4 қаиқи гуногунҳачм дар хизмати истироҳаткунандагон қарор дорад.

Дар он ҷо барои дӯстдорони варзиш низ имкониятҳои мусоиди давидан ва обутоби бадан муҳайё гардидааст. Як километр роҳи атрофи ҳавз барои давидан мутобиқ карда, лавозимоти варзишӣ насб шудааст.

23 майи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи Ҷамоати деҳоти «Корез» бинои сеошёнаи Маркази хизматрасонии маишии ҶДММ «Файзи Карим» — ро, ки дар он намудҳои гуногуни либосҳои ҳарбӣ ва корӣ барои кормандони соҳаҳои гуногун, инчунин, сару либоси кӯдакона истеҳсол карда мешавад, дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифодабарӣ қарор доданд.

Коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Файзализода Сайфиддин Файзалӣ дар доираи эълони солҳои 2019 — 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо сатҳу сифати баланд бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ҷӯроб бо таҷҳизоти муосир, ошёнаи дуюм дӯхти либосҳои гуногун ба роҳ монда шудааст. Дар он ҷо беш аз 50 нафар зани хонашини деҳаи Ғарғара ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд.

Ба Сарвари давлат маълумот доданд, ки 25 адад таҷҳизоти истеҳсоли ҷӯроб ва 4 адад дастгоҳи истеҳсоли матои хоми коргоҳ, ки дар тагхонаи бино ҷойгиранд, аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид карда шудаанд, ки тавассути компютер идора мешаванд. ҶДММ «Файзи Карим» маҳсулоти хомро аз  корхонаи истеҳсолии «Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил», дастрас менамояд.

Бо таъсиси ин маркази хизматрасонӣ зиёда аз 70 нафар сокини деҳаи мазкур соҳиби ҷойи кор шудаанд, ки 80 дарсадашонро занону бонувон ташкил медиҳанд. Масоҳати умумии коргоҳ 15 садяк заминро ташкил медиҳад. Худи бино дар масоҳати 4 садяк қомат афрохтааст ва атрофаш бо гулу буттаҳои гуногун, дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст.

Дар як шабонарӯз корхона имкон дорад, ки 2000 метри мураббаъ матои нимтайёри нахи пахта ва 6 ҳазору 250 дона ҷӯроб истеҳсол намояд. Инчунин, бино дорои дигар иншооти ёрирасон, аз қабили мағоза, дорухона, нуқтаи хизматрасонии бонкӣ бо насби постерминал мебошад, ки сокинон ва меҳмонон метавонанд аз он самаранок истифода намоянд. Дар утоқҳои роҳбарият, муҳосибот, истироҳати кормандон, ки дар ошёнаи сеюм ба нақша гирифта шудаанд, тамоми шароит фароҳам аст. Пас аз ба кор даровардани коргоҳи мазкур ба Пешвои милллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинои иловагии сеошёнаи рангубори матоъҳои пахтагин муаррифӣ карда шуд. Иншооти сохташаванда дар доираи ҷашни умумимиллӣ — 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайян сохта, ба истифода дода мешавад. Баъди анҷоми пурраи корҳои бунёдӣ ва оғози фаъолият боз 30 нафар аз сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

47923754333_90f030760d_o24 май дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла, вазъи соҳаи кишоварзиро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба роҳбарону масъулон доир ба ҳалли мушкилоти мавҷуда ва бартараф кардани камбудиҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст масъалаи татбиқи «Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2016 — 2020» — ро натиҷагирӣ намуда, истифодаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати таъмин намудани рушди соҳаҳои афзалиятнок, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи дохиливу хориҷӣ, зиёд кардани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва афзоиш додани ҳаҷми содироти он, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ ва муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳои солҳои охир, вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он имконият ва иқтидорҳои худ­ро то ҳол пурра истифода накардаанд. Дар доираи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон» амалӣ намудани 279 лоиҳа пешбинӣ шудааст, вале то кунун дар 172 лоиҳа иҷрои корҳо таъмин нагардидааст.

Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки барои дарёфти сарчашмаҳои маблағгузории бандҳои иҷронагардидаи барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, оид ба иҷрои онҳо то охири соли 2019 ба Ҳукумати мамлакат ҳисоботи муфассал пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба иҷрои нақшаи даромади буҷет дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармояи мустақим, воридоти технологияи муосир, рушди раванди саноатикунонии мамлакат, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, вусъати корҳои саҳроӣ, истифодаи самараноки замин, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат, рушди корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, беҳдошти вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар андешаронӣ карда, ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он дастуру супоришҳо доданд.

Дар ҷараёни мулоқот раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул оид ба иҷрои корҳо дар давоми 5 моҳи соли ҷорӣ ҳисобот доданд.

24 майи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Лолазор» — и ноҳияи Данғара бо рафти корҳои кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироат, ҷамъоварӣ ва захираи хӯроки дурушти чорво шинос шуданд.

Айни замон бо истифода аз имкони мавҷуда дар ҳама шакли хоҷагидории ноҳия ҷамъоварии хӯроки чорво идома дорад.

Дар мавсими имсола чорводорони ноҳияи Данғара азм доранд, ки зиёда аз 100 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ намоянд. То 24 май кишоварзон дар ҳама шакли хоҷагидорӣ беш аз 20 ҳазор тонна хӯроки дурушти чорво ҷамъоварӣ карданд. Бо дарназардошти фаровонии хӯроки чорво, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро барои захираи дусолаи он вазифадор намуданд.

Кишоварзони ноҳияи Данғара, ки дар самти ҷамъоварии хӯроку парвариши чорво таҷрибаи ғанӣ доранд, солҳои зиёд аст дар қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо гӯшту шир нақши муҳим мегузоранд.

Данғара яке аз калонтарин ноҳияҳои аграрии вилояти Хатлон маҳсуб меёбад. Соли гузашта чорводорони он нақшаи ҷамъоварии хӯроки дурушти чорворо 105 фоиз иҷро намуда буданд. Меҳнати пайваста ва истифодаи дуруст аз имконоти мавҷуда буд, ки дар мавсими имсолаи наслгирӣ чорводорони ноҳия таҷрибаи намунавӣ нишон доданд. Аз ин рӯ, талош доранд, ки дар ҷумҳурӣ бо заминагузорӣ ба рушди минбаъдаи чорводорӣ дар зиёд кардани истеҳсоли гӯшту шир ва қонеъсозии талаботи бозори истеъмолӣ бо ин намуди маҳсулот нақши муҳим дошта бошанд.

Онҳо, дар баробари ҷамъоварии алафҳои худ­рӯй аз талу теппаҳои беканори ноҳия, дар майдони 660 гектар кишти зироати гуногун барои захираи хӯроки чорво гузарониданд.

Бисту чоруми майи соли равон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.

Дар баробари дигар маҳсулоти кишоварзӣ, хоҷагии мазкур дар масоҳати беш аз 10 гектар пиёз кишт намудааст, ки 6 гектараш барвақтӣ буда, ҳоло ҷамъоварии ҳосили он оғоз ёфтааст.

Хоҷагидорон барои парвариш роҳу усулҳои муосир ва техникаи соҳавиро истифода кардаанд. Фаровонии ҳосил хоҷагидоронро барои таъмини рушди минбаъдаи он ҳавасманд намудааст ва талош доранд ҳосили пухтарасидаро сари вақту беталаф ҷамъоварӣ намоянд. Онҳо итминони комил доранд, ки ҳосили  ҳар як гектар 500 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар идомаи сафар Пешвои миллат аз хоҷагии деҳқонии «Сангак Гулмурод» низ дидан намуданд. Он соли 2004 таъсис шуда, масоҳати заминҳояш 32 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон дар масоҳати 15 гектар пахта, 14 гектар гандум, 1 гектар қулфинай, 1,5 гектар полезӣ ва дар 50 садяк замин помидор кишт намудаанд. Дар хоҷагӣ 30 нафар ба шуғли доимӣ таъмин мебошанд.

Зимни шиносоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур доданд, ки бо истифода аз имконияти фароҳамоварда, баробари дигар намуди сабзавот, кишти сабзиро низ ба роҳ монда, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳми бештар гузоранд.

www.president.tj