Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон

№109 (3746) 13.09.2017

36384170123_d8e525580c_o13- уми сентябри соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои бунёдкориву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолон ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва сокинони сарбаланду меҳнатқарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо самимияти хоса ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нафъи давлату миллат истиқбол гирифтанд.

Дар деҳоти «Шӯрообод» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ бинои маъмурии шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Аснои шиносоӣ бо бинои маъмурии навбунёд ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонии ин иншоот моҳи марти соли 2014 -ум оғоз гардида буд. Бино бо харҷи як миллиону 700 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

Пешвои миллат бинои навро, ки дар он шароити хуби корӣ фароҳам оварда шудааст, дар рӯзҳои таҷлил аз 26 — солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда барои кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин арзёбӣ карданд ва онҳоро ба хизмати софдилонаву содиқона ба нафъи халқу Ватан ва таъмини амнияту оромӣ ҳидоят намуданд.

Бинои мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои 6 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва дигар иншооти зарурӣ мебошад.

Дар бинои навсохт, ҳамчунин барои кормандони шуъба манзилҳои истиқоматӣ бунёд карда шудааст, ки шароити хуби зист доранд. Дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳа калиди хонаҳои таъмин бо ашёи рӯзгорро тақдим намуданд.

Фармоишгари иншоот Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабр» мебошанд.

Масоҳати умумии бино ва ҳавлии шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 0,29 гектарро ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи ҷавонони деҳоти «Шӯрообод» бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди меваю сабзавот оғози расмӣ бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи саноатӣ соли равон оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур асосан мутахассисони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Бинои дуошёнаи корхонаи саноатӣ, ки бо фармоиши Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабку услуби муосири меъморӣ қомат афрохтааст, ба ин гӯшаи зебои кишвар ҳусни дигар зам намудааст.

Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгоҳу технологияи муосири корхона ва басту банди маҳсулоти ватанӣ шинос гардида, бо кормандон суҳбати озоду самимӣ доир карданд.

Корхона имкон дорад дар як шабонарӯз 1 тоннаву 500 килограмм маҳсулоти боғдоронро коркард ва басту банд намояд.Дар назди ин коргоҳ сардхона низ ҷойгир мебошад, ки дар он 200 тонна маҳсулоти боғпарваронро захира мекунанд.

Тавре зикр гардид, барои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизонидани иншоот бо технологияи пешрафта 6 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Бино дар майдони 0,48 садяк замин сохта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки таҷҳизоти Корхонаи давлатии дӯзандагӣ ва коркарди мева аз Германия ворид карда шуда, аз ҷониби мутахассисони ватанию хориҷӣ васлу насб гардидаанд.

Пешвои миллат дар ошёнаи дуюми бино бо чеварони коргоҳи дӯзандагӣ суҳбати самимӣ доир намуданд.

Занону духтарони хонашин дар ин коргоҳ бо мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин шуда, ба омода намудани либосҳои гуногун машғуланд.

Чеварони ин коргоҳ назди худ мақсад гузоштаанд, ки дар оянда ҷиҳати таъмини хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо либосҳои ягонаи мактабӣ саҳми худро гузоранд. Бинои номбурда дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи корӣ, 3 толор ва 5 ҳуҷра бо масоҳати умумии 782 метри мураб­баъ мебошад.

Бо ифтитоҳи иншооти нав 22 нафар дар корхонаи коркарди меваю сабзавот ва 130 нафар дар коргоҳи дӯзандагӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб, дар маҷмӯъ 160 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба сохтмони варзишгоҳ барои 6000 ҷойи нишаст санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи варзишгоҳ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масоҳати қитъаи замини барои сохтмон пешбинигардида 4,00 гектар буда, аз чор минбари мунаққаш иборат мебошад.

Варзишгоҳ дар тарҳ шакли чоркунҷаро доро буда, минбари ғарбӣ аз ду ошёна иборат мебошад ва дар он толори VIP низ ҷойгир карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таваҷҷуҳи мутахассисону лоиҳакашонро ба сифати корҳои сохтмонӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва масолеҳи аълосифати ватанӣ ҷалб намуданд.

Пешвои миллат дар ҳамин мавзеъ бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бино ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки арзиши корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 8 миллиону 272 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Масоҳати умумии қитъаи замини ҷудогардида барои бунёди Қасри фарҳанг 0,55 гектар ва масоҳати умумии бино 1 ҳазору 247,6 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар ошёнаи аввали бино толори фарҳангӣ барои 500 ҷойи нишаст ва дар қабати дуюм миёнсарой, ҳуҷраҳои корӣ, техникӣ ва утоқҳои санъаткорон ҷойгир мебошанд.

Фармоишгари бинои Қасри фарҳанг Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи биноро Ҷамъияти саҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмӣ- лоиҳакашию ҷустуҷӯйи «САНИИОСП» омода намудааст.

Паймонкории ин иншоотро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ» ба уҳда дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулини соҳаро барои бо сифати баланд ба анҷом расондани корҳо ҷалб намуда, иброз доштанд, ки Қасри фарҳанг бояд солҳои дароз ба мардум хизмат намояд.

Тибқи лоиҳа оғози корҳои сохтмонии Қасри фарҳанг соли 2018-ум ба нақша гирифта шудааст.

Дар маҳаллаи Синои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як меҳмонхонаи замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Иншооти мазкур аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохта шуда, барои қабули 26 нафар меҳмон  дар як шабонарӯз пешбинӣ гардидааст.

Меҳмонхона аз 15 ҳуҷраи як ва дунафара, ошхона, ҳуҷраҳо барои ҳайати кормандон, нигоҳдории асбобҳои мусиқӣ, нигоҳдории таҷҳизот ва даҳлез иборат буда, ба маблағи 7 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Дар маҷмӯъ, масоҳати умумии бино 6 440 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо шароиту имконияти меҳмонхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба масъулину кормандон дастур доданд.

Фармоишгари иншоот Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон-Орзу» мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд ва барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани меҳмонхона ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.

Бинои меҳмонхона аз 3 ошёна иборат буда, дар асоси тарҳи муосир бо назардошти сохти меъмории замонавӣ сохта шудааст.

37008189706_f6e13d4b32_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Навободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 расман оғоз бахшиданд.

Муассисаи таълимии мазкур, ки барои 760 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст, дорои шароити муосири таълимист. Сохтмони иншооти мазкур соли 2015 оғоз ёфта буд ва дар зарфи ду сол бо назардошти талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар майдони 2 гектар ба истифода дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сифати корҳои анҷомёфта ошно гардида, ба кори сохтмончиён баҳои баланд доданд. Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки таълимгоҳ аз чор бино иборат буда, дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, утоқҳои муосир барои омӯзгорон, ҳуҷраҳои инкишофи кӯдак, ҳамшираи шафқат, муҳосибот, синфхонаҳо барои дарсҳои иловагӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Ҳамчунин, барои толибилмон толори варзишии муосир бо 200 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ бо 214 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷой ва китобхона бо 32 нишастгоҳ бунёд ёфтааст.

Синфхонаҳои муассиса аз тариқи буғхона, ки бо технологияи ҳозиразамон сохта шуда,  бо ангишт фаъолият мекунад,  гарм карда мешаванд.

Фармоишгари бинои таълимӣ Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳа — «Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо» мебошад. Лоиҳаи муассисаи таълимӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Панасиа ЛТД»  таҳия шудааст.

Иншооти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд бо харҷи  15,5 миллион сомонӣ  бунёд ёфтааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро аз назар гузаронданд.

Деҳқонони ноҳия маҳсули дастранҷи худро, ки иборат аз меваҳои тару тоза, зироат ва  сабзавот буд, ба намоиш гузош­та буданд.

Занони ҳунарманди ноҳия низ дар ин рӯз маҳсули дастранҷи худро ба намоиш гузоштанд, ки аз анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ иборат буд.

Намоишгоҳи имрӯза аз кори пурмаҳсули деҳқонони ноҳия, истифодаи дурусту оқилонаи ҳар порча замин ва дар маҷмӯъ, рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин шаҳодат медод.

Пас аз боздид аз намоишгоҳи кишоварзӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо фаъолону сокинон мулоқоти самимиву судманд баргузор намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар бо гузоштани санги асос ба бунёду навсозии қитъаи Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳини роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаихумб оғози расмӣ бахшиданд.

Ин қитъаи роҳ 32 километрро ташкил дода, бо харҷи зиёда аз 51 миллион доллар мавриди таҷдиду азнавсозӣ қарор мегирад.

Дар асоси лоиҳа, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 39 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 40 ҳазор метр, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ дар масофаи 10 ҳазор метр, 2 пули мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Кӯлоб-Шамсиддин Шоҳин ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ин қитъаи роҳ, ки ҷузъи асосии роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаихумб ба ҳисоб меравад, бо таҷдиду навсозии он рафтуомади доимии сокинон дар тамоми фасли сол таъмин гардида, интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

Баъди оғози расмии корҳои сохтмонӣ дар қитъаи Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо директори Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар қитъаи Шӯрообод-Шоҳони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумбро дар фазои тантанавӣ мариди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масофаи роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаихумб, қитъаи Шӯрообод  — Шоҳон 40 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Исломии Рушд, Фонди Рушди Саудӣ, Фонди Кувейтии Рушди Иқтисодии Араб, Фонди Абу — Даби ва Фонди ОПЕК бо харҷи қариб 93 миллион доллар куллан навсозӣ шудааст. Корҳои сохтмониро асосан дар ин масир коргарону мутахассисони Ширкати муштараки «Комбайнд групп Контрактинг — Текар Лимитед» ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расониданд.

Хотиррасон мешавем, ки ба сохтмони роҳи мошингарди Шӯрообод — Шоҳон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2011 расман оғоз бахшида буданд.

Дар асоси лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб», қитъаи Шӯрообод — Шоҳон 10 пули мошингузар, ки ҷамъ 1 ҳазору 121 метрро ташкил медиҳанд, бунёд гардидааст. Бузургтарини онҳо пули Шӯробак бо дарозии 306 метр, Хутхам 297 метр ва Оби Ниёб 265 метр мебошад.

Ҳамзамон, дар ин масир 85 қубури обгузар насб гардида, 50 ҳазор метр ҷӯйборҳои бетонӣ, 8 ҳазору 834 метр пойдеворҳои муҳофизатӣ бунёд карда шудааст, ки дар пешгирӣ аз вайроншавии роҳ нақши басо созгор доранд.

Мутобиқи талабот дар қитъаи Шӯрообод — Шоҳони роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаихумб, ҳамчунин зиёда аз 1600 адад аломати роҳ насб гардидааст.

Қисмати роҳи Шӯрообод — Шоҳон идомаи бунёди шоҳроҳи мошингард ба самти шарқии мамлакат буда, дорои аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва стратегӣ мебошад.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу пулҳо шоҳрагҳои рушди минбаъдаи мамлакат буда, бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.

Дар асоси лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб», қитъаи Шӯрообод — Шоҳон чароғонкунии маркази ноҳия ва маҳаллаҳои аҳолинишин амалӣ гардида, истгоҳҳои замонавӣ низ бунёд карда шудаанд.

Ҳамчунин, барои корҳои таъмирию азнанавсозӣ ва равшаннамоии роҳҳои марказии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2018 ҷудо намудани 3 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Дар рафти таҷдиду азнавсозии қитъаи Шӯрообод — Шоҳон 1000 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин мегарданд.

www.president.tj