Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ҳисор

№115 (4221) 19.09.2020

18 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Султон Раҷабови шаҳри Ҳисор коргоҳи дӯзандагӣ ва бинои истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50354210833_24f78689aa_oКоргоҳи дӯзандагӣ дар ошёнаи якуми бинои истиқоматӣ ҷойгир буда, 40 нафар занону духтаронро бо кори доимӣ фаро гирифтааст, ки барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва қонеъ намудани талаботи сокинон сарулибос омода мекунанд. Масъулон дар бунёди иншоот ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ҷавобгӯ намудани он ба талаботи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, биноро дар муҳлати муайяншуда ба истифода супориданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти коргоҳ шинос шуда, барои фароҳам сохтани имкони созгори касбомӯзӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор баҳои баланд ва барои таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо сарулибоси шинаму зебо дастур доданд.

Бинои истиқоматӣ аз таҳхона ва 9 ошёна иборат буда, дорои 88 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошад. Мувофиқи лоиҳа, дар ошёнаи якум коргоҳи дӯзандагӣ, мағоза ва дигар марказҳои хизматрасонӣ ҷойгир буда, дар маҷмӯъ, дар он наздики 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ба хотири ободу зебо гардонидани муҳит дар гирду атрофи бино ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ шинонида шуда, майдончаи бозии кӯдакона ва таваққуфгоҳ низ бунёд гардидааст. Бинои истиқоматӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Камрок Интернешнл» сохта шудааст.

Ҳамчунин, дар назди бино ба Пешвои миллат лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор муаррифӣ карда шуд. Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақшаи нави генералӣ танҳо дар шаҳраки Ҳисор 30 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдою хизматрасонӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд мегардад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ ва дигар тадбирҳои мушаххас ҷиҳати бунёди иншооти банақшагирифта ҷараён доранд.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Ҳисор дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохтмони 767 иншоот ба нақша гирифта шуд, ки аз он соли 2018-ум 47, соли 2019-ум 157 ва аз аввали соли 2020 то ҳол 157 иншоот сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи нақшаи генералии шаҳри Ҳисор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, иншоотро бо риояи унсурҳои хоси миллӣ ҷавобгӯ ба талаботи муосир бунёд намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳр бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии «Кабӯтар»-ро барои 250 кӯдак дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Қаблан дар маҳалла кӯдакистони замонавӣ  мавҷуд набуд. Бинои кӯдакистон аз ду ошёна, 11 синфхонаи барҳавои таълимӣ, ошхона, толори алоҳида барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангию варзиши сабук ва утоқҳои корӣ иборат мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар он моҳи марти соли 2019 бо ҷалби беш аз 100 мутахассису коргари маҳаллӣ оғоз ёфта, дар тӯли як сол ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити синф­хонаҳои таълимӣ ва дигар инфрасохтори бинои нави кӯдакистон, ки дорои таҷҳизоту лавозимоти муосир мебошанд, шинос шуда, бо кӯдакони хуштолеи даврони истиқлолият, ки дар заминаи татбиқи иқдомҳои созандаи Ҳукумати мамлакат соҳиби бинои муосири таълимӣ шуданд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Кӯдакистони хусусии «Кабӯтар» дар маркази шаҳри Ҳисор дар доираи иқдомҳои маорифпарваронаи Президенти мамлакат ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи бомароми «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ» аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Акрам Саидов ва Абдуразоқ Саидов бунёд гардида, 30 сокини маҳаллиро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.

Ба ҳар як хонандае, ки дар маросими ифтитоҳи бинои нави кӯдакистон иштирок намуданд, аз номи Пешвои миллат шириниҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуд. Таълимгирандагони даргоҳ ба Пешвои миллат, ки пайваста барои беҳтар шудани сифати таълиму тарбия тадбирҳои бетаъхир меандешанд, изҳори миннатдорӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти синфхонаҳои барҳаво, хобгоҳ ва толору утоқҳои корӣ ҷиҳати дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли ояндасози мамлакат, беҳтар сохтани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, инкишофи зеҳнии кӯдакон, забондонӣ ва дигар самтҳои муҳиму мавриди таваҷҷуҳ ба масъулон дастурҳои мушаххас доданд.

Синфхонаи мусиқӣ, утоқҳои корию тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла мизу курсӣ, ҷевонҳои либоснигоҳдорӣ ва ашёву лавозимоти зарурӣ таъмин мебошад. Барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани хонандагони аз 1,5-то 6-сола мураббиёни ботаҷрибаи соҳимаълумот ҷалб шуда, таҳсил дар ду баст бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар доираи корҳои ободонӣ роҳравҳои гирду атрофи бинои кӯдакистон сафолакпӯш гардидааст. Дар масоҳати умумии 780 метри мураббаъ майдончаи бозӣ ва истироҳат барои кӯдакон сохта шудааст, ки дорои чор айвон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад. Барои зебо гардидани саҳни бино гулу буттаҳои рангоранг ва дарахтони ороишӣ шинонида шуда, деворҳои атрофи он бо тасвирҳои зебову диққатҷалбкунанда оро ёфтааст. Чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ, ки барои зебо гардидани намои шабонаи бино амалӣ шудааст, ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Бояд ёдовар шуд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати мамлакат, саҳми соҳибкорон ва амалишавии «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ» дар марказ ва деҳоти шаҳри Ҳисор 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1 ҳазору 603 хонанда сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор ба фаъолияти маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Маркази калони байналмилалии савдо ва хизматрасонии «Ҳисор» дар кӯчаи Уроқ Аловиддинов ҷойгир буда, бо тарҳи зебо ва замонавӣ бунёд шудааст. Он аз се ошёна иборат буда, дар масоҳати умумии 16 ҳазор метри мураббаъ сохта ва барои идомаи фаъолияти соҳибкорӣ, рушди минбаъдаи соҳаи саноат дар мамлакат макони мусоиди корию хизматрасонӣ ба ҳисоб меравад.

Маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии «Ҳисор» дар доираи тадбирҳои ободонӣ баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ сохтани сифати савдою хизматрасонӣ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена» сохта, ба истифода дода шуда, дар доираи ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратӣ хати истеҳсолии беш аз 60 корхонаи бонуфузи вилояти Сичуани Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда мешавад, ки ин раванд ба рушди ояндаи соҳаи саноати мамлакат такони ҷиддӣ мебахшад.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири байналмилалӣ дар доираи ҳамкориҳои судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи мамлакат, ташкили ҷойҳои нави кор ва рушди иқтисодиёти миллӣ, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, бунёд гардида, ояндаи наздик бо амалишавии ҳадафҳо беш аз 800 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд.

Инчунин, дар он барои дастрасии аҳолӣ ва дар доираи ҳамкориҳои муштарак ба роҳ мондани содироти техникаву механизмҳои кишоварзии истеҳсоли ватанӣ ба кишварҳои ҳамсоя, ки феълан 30 намуди он дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Агротехсервис»-и шаҳри Ҳисор насб карда мешаванд, шароити мусоиди намоиш ва фурӯши тракторҳо муҳайё гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки марҳилаи аввали Корхонаи муштараки Тоҷикис­тону Беларус 16 майи соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко мавриди истифода қарор гирифта, дар он асосан васлу насби трактор ва таҷҳизоти соҳаи кишоварзӣ анҷом дода мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ҳашт моҳи соли 2020 ба маблағи 9,4 миллион сомонӣ техникаи кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз шароити муосири маркази байналмилалӣ, ки дар мамлакат яке аз аввалинҳо ба шумор меравад, шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватанӣ Комил Холиқовро ҷиҳати бунёди бинои боҳашамати дорои имкониятҳои васеи хизматрасонӣ ва ҷалби шарикони рушд, ки ба пешрафти соҳаи савдою саноат заминаи мусоид мегузорад, намунаи ибрат хонданд.

Дар Маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии «Ҳисор» ба Президенти мамлакат ҳамчунин, намунаи зиёди маҳсулоти саноатии корхонаҳои истеҳсолии шаҳри Ҳисор, ки дар ошёнаи сеюми бино ҷойгир аст, муаррифӣ гардид. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи 30 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла, маҳсулоти корхонаҳои «Авитсена», «Висол», «Корвони аср», «Истеҳсоли қубур ва профилҳои тоҷик», «Файзи истиқлол» ва дигар ширкатҳое, ки айни ҳол фаъолияти пурсамар доранд, намоиш дода шуд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ соҳаи саноати шаҳри Ҳисор ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, бо бунёду навсозии 69 коргоҳу корхонаи саноатӣ 1 ҳазору 208 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Тавре таъкид гардид, аз соли 2018 дар доираи иқдомҳои созанда ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави кор, қонеъ сохтани талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва содироти маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба хориҷи мамлакат 14 корхонаи нави саноатӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд, ки маблағи умумии истеҳсоли маҳсулот дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби маҷмӯи корхонаҳо 144 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳоло бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми соҳибкорон корҳои сохтмонӣ дар ҳашт корхонаи нави саноатӣ ­вусъат ёфта, бештари онҳо соли 2021 мавриди истифода қарор мегиранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ва масъулони корхонаҳои истеҳсолӣ, ки дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат саҳми назаррас доранд, ҷиҳати зиёд намудани иқтидори истеҳсолии маҳсулоти хушсифати ватанӣ, тақвияти ҳамкориҳои судманд бо шарикони рушд ва ба роҳ мондани содироти он ба хориҷи кишвар, ки ба рушди иқтисодиёти мамлакат ва сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид мегузорад, дастурҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор Маркази ташхисӣ — табобатии «Нури Сино»-ро ифтитоҳ карданд.

50355188851_eb8b4fd0d8_oОн дар Маркази хизматрасонии «Ҳисор плаза» ҷойгир буда, аз зумраи иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фаррух» Иззатулло Розиқов бунёд гардида, дорои шароити пешрафтаи ташхису табобат мебошад. Дар он дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ насб шуда, барои фаъолият мутахассисони соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд.

Дар маркази ташхисӣ-табобатии нав гӯшаи гиёҳдармонӣ, дандондармонӣ, дорухона, озмоишгоҳ, утоқҳои махсуси ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии дил, ҳуҷраҳои безараргардонӣ, ташхису муолиҷаи бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ амал мекунанд.

Дар Маркази хизматрасонии «Ҳисор плаза» Сарвари давлат ба фаъолияти толори муҳташаму зебои варзишӣ, ки бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ сохта, ба истифода дода шуд, шинос гардиданд. Дар он, ки бо воситаҳои муосири машқварзӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ҷавонон ба тамрин фаро гирифта мешаванд. Толор имкон дорад, ки то 300 нафар ҷавону наврасро ба омӯзиши намудҳои гуногуни варзиш фаро бигирад.

Президенти мамлакат зимни суҳбат бо варзишгарон таъкид доштанд, ки аз шароити фароҳамшуда мақсаднок истифода баранд ва бо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳои варзишии минтақавию ҷаҳонӣ номбардори миллат бошанд.

Дар дохили Маркази хизматрасонии «Ҳисор плаза», инчунин ҳавзи муосири болопӯшида барои шиноварӣ, ҳаммоми туркӣ, буғҳои тару хушк низ ба фаъолият оғоз карданд, ки аз рӯи стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд гардида, барои қабули муштариён омодааст.

Ҳамчунин, дар марказ сартарошхона, кошонаи ҳусн, мағоза, дорухона ва дигар муассисаҳои хизматрасонии маишӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ошёнаи сеюми бино маркази дилхӯшии кӯдакон сохта шуд. Дар маҷмӯъ, бо бунёди Маркази хизматрасонии «Ҳисор плаза» 70 нафар сокинон соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб шуданд.

Ҳамчунин, соҳибкор Иззатулло Розиқов тасмим дорад, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи дуюми сохтмони Маркази хизматрасонии «Ҳисор плаза»-ро ба анҷом расонида, дар ошёнаи чоруми он дар доираи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ороиши хос ба урфу одат ва расму оини сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар меҳмонхонаи муосирро ба истифода диҳад.

Инчунин, дар заминаи мақсадҳо қарор аст, аквапарки муосири кӯдакона барои намудҳои гуногуни варзиши обӣ бунёд гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов дар маъракаи ҷамъоварии пахта ва кишти тирамоҳии ғалладона иштирок карданд.

50355206886_28e01e670d_oМавсими ҷорӣ хоҷагидорони кооператив бо роҳандозии тадбирҳои иловагии коркарди агротехникии зироат, истифодаи тухмиҳои хушсифати маҳалливу хориҷӣ ба нишондодҳои баланди истеҳсолӣ, аз ҷумла дар самти ҷамъоварии ҳосили пахта ноил хоҳанд шуд, зеро ба тахмини хоҷагидорон соли равон аз ҳар гектар бо ҳисоби миёна тахминан беш аз 35-сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳанд овард.

Хоҷагӣ серсоҳа буда, дорои 1147 гектар замини корами обӣ ва лалмӣ мебошад. Имсол аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёрдошта хоҷагидорон дар масоҳати 250 гектари он навъҳои пунбадонаи «Дӯстӣ», «Филеш», «Флора» ва «Хуҷанд-67» кишт карданд. Ба иттилои мутахассисон, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили минтақа барои парвариши навъҳои пахта мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба даст меояд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти хоҷагиро бобати бештар ҳавасманд сохтани чинакчиён ва дигар саҳмдорон вазифадор намуда, таъкид карданд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода бурда шавад, то ҳосили бо сад ранҷ парваридаи марди деҳқон саривақт ҷамъоварӣ гардад.

Дар Кооперативи тиҷоратии Латиф Муродови шаҳри Ҳисор Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар маъракаи кишти тирамоҳии зироат иштирок карданд. Дар он дар майдони бештар аз 32 гектар замине, ки аз ҳосили кишти асосиву такрорӣ холӣ гардидааст, кишти тирамоҳии гандум гузаронида шуд. Инчунин, дар масоҳати бештар аз 160 гектар кишти тирамоҳии ғалладонагиҳо гузаронида мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон гузаронидани тадбирҳои муҳими агротехникӣ, аз ҷумла шудгори босифат ва истифодаи тухмиҳои серҳосили минтақабобро махсус таъкид карда, масъулони соҳаро вазифадор сохтанд, ки ба масъалаи гузаронидани кишти тирамоҳии зироат диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Гузаронидани шудгор ва кишти зироат махсусан дар ҳамин айём фоидаовар мебошад.

Яке аз самтҳои фаъолияти Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов, тухмипарварӣ буда, ин раванд дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз соли 2008 ба роҳ монда шудааст ва ҳар сол хоҷагидорон аз 300 то 400 тонна тухмӣ захира карда, ба фурӯш мегузоранд.

Дар ҳамин мавзеъ, инчунин намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва намунаҳои  чорво баргузор гардид. Кормандони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзӣ, аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов, хоҷагии таҷрибавии зироаткорӣ ва хоҷагии таҷрибавии «Зарнисор» навъу намудҳои гуногуни тухмии зироат, меваҳои шаҳдбор, сабзавот, полезӣ ва ғайраро ба маъраз гузоштанд. Ҳамчунин, намунаҳои чорвои хушзот, ки дар хоҷагиҳои чорводории шаҳри Ҳисор парвариш меёбанд, ба намоиш гузошта шуд.

Маълум гардид, ки ҳоло шумораи чорвои калони шохдор дар ҳама шакли хоҷагидории шаҳри Ҳисор ба зиёда аз 69 ҳазор сар мерасад, шумораи чорвои хурд бошад, бештар 120 ҳазор сарро ташкил медиҳад.

Самти дигари фаъолияти Кооперативи тиҷоратии ба номи Латиф Муродов чорводорист, ки намунаҳои беҳтарини он аз зотҳои сиёҳало ва сементал ба намоиш гузошта шуд. Айни замон дар фермаи хоҷагӣ қариб 800 сар чорвои калони шохдор ва 2,5 ҳазор сар чорвои майда парвариш мешавад. Аз шумораи умумии чорвои калони шохдори хоҷагӣ зиёда аз 350 сар ширдеҳ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба инкишоф ва зарфиятҳои соҳаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор масъулонро муваззаф карданд, ки истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу заминро самаранок ба роҳ монда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ бештар ҳисса гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи «Ҷавонон»-и шаҳри Ҳисор корхонаи коркарди маҳсулоти хӯроквории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситабр – Агро»-ро ифтитоҳ карданд.

Он, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Холиқов бо мақсади дар амал татбиқ кардани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамар аз иқтидорҳои мавҷуда сохта шуда, бо хатҳои технологии муосир таъмин мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи ноябри соли 2018 дар доираи нақша — чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар рафти корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ таъмин буданд. Фаъолияти корхона мавсимӣ буда, дар он зиёда аз 30 сокинони маҳаллӣ, аксаран духтарони хонашин пас аз омӯзиш бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Самти фаъолияти корхона ба коркард ва бандубасти ҷуворимакка равона гардида, дар асоси нақша оянда бо васеъсозии фаъолият имкони таъсиси ҷойҳои нави кор ва роҳандозии дигар раванди истеҳсолот ба роҳ монда хоҳад шуд.

Соҳибкори ватанӣ дар асоси дас­туру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша дорад, ки бо мақсади ғановати бозори истеъмолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор ояндаи наздик коркард ва истеҳсоли лаблабу, сабзӣ, каду ва дигар навъи сабзавотро низ ба роҳ монад.

Дастгоҳу таҷҳизот ва дигар хатҳои технологии корхонаи навтаъсис аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Туркия ворид шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 24 тонна маккаи дон буда, коркард ва истеҳсоли маҳсулот бидуни истифода аз маҳлулҳои кимиёвӣ сурат мегирад. Истеҳсолоти корхона зери тамғаи «Бомазза» дар бастаҳои 285 ва 450 — грамма дар бозори дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, бо ҳамин ном содироти он низ роҳандозӣ гардидааст. Маҳсулоти корхона аз ҷиҳати экологӣ тоза ва муҳлати истифодабарии он то 18 моҳ муайян карда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону кормандон ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру ивазкунандаи воридот ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат, инчунин таъсиси ҷойҳои нави кор изҳори сипос намуда, барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз имконот дастурҳои мушаххас доданд.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Ҳисор ҳар сол кишоварзон зимни кишти такрорӣ, баробари дигар анвои зироати ба обу иқлими минтақа мувофиқ, майдони ҷуворимаккаро низ васеъ мекунанд. Аҳли заҳмати шаҳр соли равон низ майдони маккаи донро васеъ ба роҳ монданд, ки аз ин ҳисоб ҳосили фаровонро интизоранд. Зимнан, ба фаъолият оғоз кардани корхонаи коркард ва бандубасти ҷуворимакка дар шаҳр имкон медиҳад, ки аз талафоти ҳосили маккаи дон пешгирӣ ва дар боло бардоштани иқтисоди хоҷагидорон саҳми бештар гузошта шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи «Ҷавонон»-и шаҳри Ҳисор ба фаъолияти Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена» оғоз бахшиданд.

50354530678_ed04eec803_oДар он истеҳсоли зиёда аз 35 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла қаймоқ, творог, кефир, ҷурғот, панир, ёгурт, кефири мевагӣ, дӯғу дӯғоб, маска ва дигар навъи маҳсулоти ширӣ ба роҳ монда шудааст. Корхона дар заминаи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Сарвари давлат аз тарафи ширкати «Авитсена» бо мақсади таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар сохта шудааст.

Корҳои сохтмонӣ моҳи майи соли 2017 оғоз шуда, таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолии корхонаи саноатӣ аз кишварҳои Олмон, Россия ва Туркия ворид гардидаанд. Дар корхона барои коркард ва зихира намудани маҳсулот дегҳои аз 1 то 10 — тоннагӣ мавҷуд мебошад.

Он дорои анбори ҷавобгӯ ба талаботи нигоҳдории маҳсулоти ширӣ буда, истеҳсолот тавассути се воситаи нақлиёти махсусгардонидашуда ба нуқтаҳои фурӯш дастрас мешавад. Баъди ифтитоҳи корхона 48 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд. Иқтидори истеҳсолии он 40 тонна дар як шабонарӯз ва дар як моҳ то 1200 тонна маҳсулоти шири аз ҷиҳати экологӣ тозаю хушсифат мебошад. Маҳсулоти корхона таҳти номи «Авитсена Милк» дар зарфҳои 200, 250, 350, 450 ва 500 - грамма дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуда, сипас тариқи шартномаҳои тарафайн ба кишварҳои ҳамсоя содирот мегардад.

Дар назди Корхонаи коркарди маҳсулоти шири Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена» сехи истеҳсоли зарфи маҳсулоти ширӣ низ ба роҳ монда шуда, бо шакл ва андозаҳои гуногун бароварда мешавад. Барои истеҳсоли зарфҳо ашёи хом аз кишварҳои хориҷ дастрас мешавад.

Феълан шири корхона аз фермаи моли худӣ дастрас шуда, дар назар аст, ки барои фаъолияти мунтазам бо сокинони маҳаллӣ низ шартнома баста шавад. Маҳсулоти дастрасшуда қабл аз коркард дар озмоишгоҳ, ки мувофиқ ба талаботу меъёрҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз шудааст, мавриди санҷиш қарор дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ ба раванди истеҳсолот аз гӯшаи намоиши маҳсулоти истеҳсолии корхона дидан карданд. Дар он  маҳсулоти ширии корхона, ки бо сифати баланд истеҳсол ва барои пешниҳод ба бозори истеъмолӣ омода мегардад, муаррифӣ гардид.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолии корхона барои риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми коркарди шир ва бандубасти он дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Ҳисор мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисорро шиносоӣ бо шароити зиндагии мардум, вазъи корҳои саҳроӣ ва ободкориву созандагӣ маънидод намуда, таъкид карданд, ки аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолкардаи кишоварзон ва фаъолияти корхонаву коргоҳҳои шаҳри Ҳисор бори дигар эътимод ҳосил намуданд, ки мардуми заҳматпешаву созанда барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлатамон содиқона заҳмат мекашанд.

Таъкид гардид, ки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои мухталифи ҷаҳонӣ, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои дунёро мураккаб гардонидааст, Ҳукумати Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафи олӣ — баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар ҳама имкониятро истифода бурда, тадбирҳои барномавиро пайгирона амалӣ намуда истодааст.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ шаҳри Ҳисор хеле рушд карда, дар он даҳҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва марказҳои савдо бунёд гардида, соҳаҳои дигари он, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ рӯ ба пешрафт ниҳоданд. Ҳукумати мамлакат барои обод кардани шаҳри Ҳисор ва таъмин намудани рушди бомароми он дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат беш аз якуним миллиард сомонӣ равона кардааст. Илова ба маблағҳои зикршуда, 22 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 800 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло панҷ лоиҳаи дигари сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст.

Иқдомҳои Ҳукумати мамлакат барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва, пеш аз ҳама, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, таъминот бо барқ, таҷдиди роҳҳои мошингард ва рушди деҳот нигаронида шуда, боиси беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ гардидаанд.

Ҳоло дар шаҳри Ҳисор 69 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар онҳо тайи ҳафт моҳи соли равон ба маблағи 124 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки 106 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Зикр гардид, ки Ҳисор дорои захираи ғании ашёи хом, махсусан, сабзавот ва меваю ангур буда, дар он тавассути бунёд кардани корхонаҳои истеҳсолӣ ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллиро бо ҷойҳои нави кор таъмин намудан ва воридоти маблағҳои иловагиро ба буҷет ба роҳ мондан мумкин аст.

Бинобар ин, Сарвари давлат роҳбарияти шаҳрро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин, роҳбарони корхонаҳои истеҳсолӣ ва соҳибкорон бояд барои истифодаи пурра аз захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ, махсусан, маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами корхонаҳои амалкунанда, истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, ташкили коргоҳҳои нав ва ба ин васила зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои ҳаётан муҳими шаҳри Ҳисорро таҳлилу баррасӣ карда, барои мусоидат ба рушди онҳо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва дигар сохторҳои давлатӣ дастуру супоришҳо доданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми сарбаланду заҳматқарини  шаҳри бостонии Ҳисор минбаъд низ бо кору фаъолияти созанда барои ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони шаҳри Ҳисор, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла варзишгар Муниса Исматова, омӯзгор Бахтинисои Аъзам, соҳибкор Комил Холиқов ва табиб Зарина Мардонова бо изҳори сипосу миннатдорӣ нисбат ба талошҳову тадбирҳои созандаи Пешвои миллат баромад карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар шаҳри Ҳисор Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистонаи «Шаршара»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятим мулоқот намуданд.

50355408272_4242c1d58f_oЗимни боздид иттилоъ дода шуд, ки иншоот дорои 700 ҷойи нишаст буда, барои баргузории тӯю маъракаҳо ва ҳамоишу чорабиниҳои гуногун пешибинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар он ҷиҳати қабули сайёҳону истироҳати шаҳрвандон шароити мусоид фароҳам омадааст. Иншоот дорои боғи муҳташами зимистона буда, дар он гулу буттаҳо ва дарахтони ҳамешасабз, аз ҷумла беш аз 7000 дарахти нодир, ки аз кишварҳои аврупоӣ ворид гардидаанд, шинонида шудааст. Гирду атрофи боғ бо зиёда аз 4500 бех дарахти сояафкан оро ёфта, ҳамчунин иншоотро 105 ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ зебу зинат медиҳанд. Сокинону меҳмонон бо истифода аз имконоти фароҳамома­да ҳама фасли сол метавонанд дар иҳотаи табиати зебову сабз истироҳати хубу хотирмон дошта бошанд. Дохили боғи зимистона бо мизу курсӣ таъмин буда, ҳамчунин роҳраву гӯшаҳои он бо санъати баланди меъморӣ ва шаклу намои муосир оро ёфтааст.

Дар Боғи фарҳангӣ — фароғатии зимистонаи «Шаршара» барои хурдсолон низ толорҳои алоҳидаи бозӣ бо дастгоҳҳои дилхушӣ ташкил гардидааст.

Тибқи маълумот, дар иншоот 65 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Дар он бо санъати баланд барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ хӯрокҳои миллӣ омода гардида, ҳамчунин мизоҷон метавонанд мувофиқи хоҳиш таомҳои аврупоӣ низ фармоиш диҳанд.

Барои гузаронидани чорабинӣ ва тӯю маъракаҳо дар маҷмаа ду толори барҳаво бо ҷой барои 160 ва 65 нафар бунёд ёфтааст. Дар саҳни маҷмаа шаршараи муҳташам ва фаввораи зебо бунёд ёфта, барои фароғати мизоҷон суҳбаткада ва нишастгоҳҳо насб шудааст. Дар дохили боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, ҳамчунин майдончаи варзишӣ барои дӯстдорони волейболу футбол сохта шудааст. Иншооти нав дорои таваққуфгоҳ бо 150 ҷой буда, роҳрав ва гирду атрофи он пурра сафолакпӯш гардидааст.

Хусусан, шомгоҳон ин мавзеъ ҳусни нотакрор дорад. Ҳангоми таҳияи лоиҳа ба намои берунаи он дар вақти шомгоҳон диққати хоса зоҳир гардида, дар ин доира бо истифода аз санъати баланди меъмориву шаҳрсозӣ маҷмаа бо чароғакҳои ранга зебу оро ёфтааст.

Бояд зикр кард, ки Боғи фарҳангӣ-фароғатии зимистонаи «Шаршара» дар доираи Нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ба татбиқи ҳадафҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» низ мусоидат хоҳад кард. Он бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз имтиёзҳои фароҳамшуда дар бахши сайёҳӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Авитсена» бунёд гардида, масоҳати умумии он 3,5 гектарро дар бар мегирад.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ятими кулл аз шаҳри Ҳисор мулоқот намуда, ба онҳо сарулибос ва дигар ҷиҳози хониш ҳадя карданд. Аснони суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат пуштибон ва ғамхори ятимон, шахсони яккаву танҳо ва нафарони барҷомонда буда, ҳамин тавр минбаъд низ тадбирҳо амалӣ мегарданд, то ин ки чунин нафарон дар зиндагӣ ба мушкилӣ дучор нашаванд.

Роҳбари давлат ба кӯдакон маслиҳат доданд, ки бо истифода аз шароити фароҳамшуда барои сайқали донишу малака саъй намуда, ҳамчун шахсони боистеъдоди пешбарандаи бахшҳои гуногуни мамлакат ба воя расанд.

www.president.tj