Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Турсунзода

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

50315727861_c9e5e385ca_o7 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ намуданд.

Дар он Президенти мамлакатро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, муовини Сарвазири мамлакат ва роҳбарони баъзе аз вазорату кумитаҳо ҳамроҳӣ карданд.

Ҳадаф аз сафар шиносоӣ бо рафти иҷроиши «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020», татбиқи амалии супоришҳои Президенти мамлакат оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти такрорӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, захираи зарурии хӯрокворӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозорҳои дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат маънидод гардид.

Бо дарназардошти имконоти васеи шаҳри саноатию аграрии Турсунзода, дар ҳузури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ, зимни боздид аз хоҷагиҳо, байни сохторҳои марбутаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Турсунзода барои дар давраи тирамоҳу зимистони дарпешистода мунтазам таъмин кардани бозорҳои истеъмолии пойтахт бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз қабили меваю сабзавоти хушсифат ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал, шартномаҳои дутарафаи ҳамкорӣ баста шуданд.

Мавриди зикр аст, ки тайи солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба хотири мутобиқ ба талабот таъмин кардани сокинон бо молу маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Аз ҷумла, бозорҳои пойтахт барои харид ва ба таври кофӣ захира кардани маҳсулоти хӯрокворӣ омода карда шудаанд. Дар пойтахти кишвар барои захира кардани меваю сабзавот ва дигар маҳсулот сардхонаву анборҳои ҳаҷмашон калон ва муосир бунёд карда, ба истифода дода шудаанд.

Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат ба хотири амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ, заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳоро обёрӣ карда, ба гардиши кишоварзӣ медарорад. Ин тадбирҳои судманд омили муҳими таъсиси садҳо ҷойи нави корӣ, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, фаровонии бозори истеъмолӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар мегардад.

Нахуст Сарвари давлат дар Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ», воқеъ дар деҳоти «Қаратоғ»- и шаҳри Турсунзода, ба чиниши пахта оғоз бахшида, бо хоҷагидорон вобаста ба мақсаднок истифода бурдани замин, гирифтани се — чор ҳосил ва захираи саривақтии маҳсулоти озуқаворӣ барои давраи зимистон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тибқи маълумот, дар тавозуни Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ» 709 гектар — 214 гектар замини корами табиии обёришаванда, беш аз 60 гектар замини корами тавассути пойгоҳи обкашӣ обёришаванда ва 433 гектар замини корами лалмӣ мавҷуд мебошад.

Соли ҷорӣ дар заминҳои хоҷагӣ кишти зироати кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки 199 гектари онро пахта ташкил медиҳад. Хоҷагидорон мутобиқ ба иқлим тухмии навъҳои «Фаровон», «Зироаткор», «Дӯстӣ», «Истиқлол» ва «Флеш»-ро кишт намудаанд. Ҳоло дар майдонҳои пахтазори хоҷагӣ ҳосил барои ҷамъоварии навбати аввал омода мебошад.

Хоҷагидорони Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ» дар парвариши дигар навъи зироати кишоварзӣ — ғалладонагиҳо, сабзавот, лӯбиёгиҳо, зироати техникӣ, инчунин, боғу токпарварӣ низ таҷрибаи ғанӣ доранд ва ҳар сол бо ба даст овардани ҳосили дилхоҳ дар фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳам дар заминҳои корами обӣ ва ҳам лалмӣ аз ҷониби саҳмдорони хоҷагӣ дар масоҳати зиёда аз 455 гектар ғалладонагиҳо, 3,43 гектар сабзавот, 3,40 гектар лӯбиёгиҳо, 29 гектар зағир ва дигар навъи зироат кишт шудааст. Хоҷагӣ дорои 75 гектар боғу токзор мебошад.

То 31 августи соли ҷорӣ, ҳосилнокии ғалладонагиҳо аз заминҳои корами обӣ 37,34 сентнер, заминҳои лалмӣ — 13,84, лӯбиёгиҳо — 4,34, зағир — 3,6, картошка — 307 ва сабзавот 312 сентнерро ташкил додааст. Аз ҳар гектари боғҳои мевадиҳанда бошад, ба ҳисоби миёна 16,4 сентнер ҳосил ҷамъоварӣ намудаанд.

Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ» 598 нафар саҳмдор ва 50 нафар коргари доимӣ дорад. Дар мавсими кишт, парвариш ва ҷамъоварии ҳосили зироати кишоварзӣ бошад, беш аз 300 нафар сокини маҳаллӣ ба корҳои саҳроӣ ҷалб мешаванд.

Ба хотири иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва бо мақсади саҳм гузоштан дар фаровонии маҳсулот хоҷагидорони Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ» кишти такрории зироатро ­вусъат бахшида, дар майдони қариб 25 гектар сабзавот ва хӯроки чорво кишт намудаанд.

Самти дигари фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ» тухмипарварӣ мебошад. Хоҷагидорон ҳар сол барои қонеъгардонии талабот, инчунин, дастрас намудан ба дигар хоҷагиҳои кишоварзӣ тухмиҳои хушсифати зироатро истеҳсол менамоянд. Тибқи маълумот, аз ҳосили пахтаи соли гузашта 70 тонна ва аз ғалладонагиҳо 102 тонна тухмӣ захира намуда, онро соли 2020 кишт карданд. Ба ғайр аз ин, хоҷагидорон ба дигар кишоварзони шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав тухмии хушсифат дастрас намуда, дар татбиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи тухмипарварӣ барои солҳои 2016-2020» саҳми арзишманд гузоштанд.

Дар дигар хоҷагиҳои шаҳр низ ҷамъоварии пахта оғоз гардидааст. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки имсол майдони умумии ин навъи зироати техникӣ дар шаҳри Турсунзода ба 1177 гектар баробар шудааст ва ҳосили миёнаи интизориро мутахассисони соҳа аз ҳар гектар 22 сентнер муайян намудаанд. Тибқи пешбиниҳо, имсол хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Турсунзода бояд 2590 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Кооперативи тиҷоратии «Дӯстӣ»-ро дар самти кишту парвариши зироати кишоварзӣ, истеҳсоли тухмии хушсифат ва саҳми арзанда гузоштан дар фаровонии бозори истеъмолӣ шоистаи таҳсин ҳисобида, таъкид доштанд, ки анҷоми корҳои назаррас, аз ҷумла, истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар ваҷаб замин ва гирифтани се — чор ҳосил дар як сол боис ба амалӣ шудани ҳадафи стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат мегардад.

 Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамъоварии шолӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҳақиқат»-и шаҳри Турсунзода оғоз бахшиданд.

50315795457_51b0145646_oХоҷагӣ дорои 887 гектар замин мебошад ва имсол саҳмдорони он дар масоҳати 45 гектар шолӣ кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб дорад.

Шолие, ки ҷамъоварии он бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт, кишти такрорӣ мебошад. Тибқи таҳлили мутахассисон, дар заминҳои хоҷагии «Ҳақиқат» ҳосили ин зироат аз 48 то ба 50 сентнерро бояд ташкил диҳад. Ҷамъоварии ҳосил бо истифода аз техникаҳои махсуси даравкунанда ба роҳ монда мешавад.

Иқлими шаҳри Турсунзода барои парвариши шолӣ ва истеҳсоли биринҷи хушсифат мувофиқ аст. Аз ин рӯ, кишоварзони шаҳр ба ин масъала бештар таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.

Имсол нақшаи шоликориро кишоварзони шаҳри Турсунзода дар кишти асосӣ 500 гектар ва дар кишти такрорӣ 2228 гектар муайян намуда буданд. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати васеъ намудани майдони кишти зироати кишоварзӣ ва захираи ҳар чӣ бештари маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин, ба хотири саҳм гузоштан дар фаровонии биринҷи хушсифати ватанӣ дар бозори истеъмолӣ, кишти асосии ин навъи зироатро дар ҳама шакли хоҷагидорӣ ба 745 гектар расонида, кишти такрориро ба 3245 гектар баробар намуданд.

Дар маҷмӯъ, майдони умумии кишти шолӣ дар шаҳри Турсунзода 4018 гектарро ташкил намудааст, ки ин нишондод боз­гӯи ҳавасмандии сокинон ва самараноку оқилона истифода гардидани ҳар ваҷаб замин мебошад. Ҷамъоварии шолӣ дар дигар хоҷагиҳои шаҳр низ оғоз гардид. Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил дар шаҳри Турсунзода 60 техникаи даравкунанда омодаи кор мебошад.

Инчунин, кишоварзони хоҷагии «Ҳақиқат» имсол дар 89 гектар заминҳои обӣ ва 139 гектар заминҳои лалмӣ гандум, дар беш аз 5 гектар сабзавот ва 210 гектар пахта кишт кардаанд.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ҳақиқат» 630 нафар коргари доимӣ дорад. Дар мавсими кишт, парвариш ва ҳосилғундорӣ боз беш аз 600 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки дар заминаи андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати вусъат бахшидани кишту парвариши зироат, инчунин, ҳавасмандии хоҷагидорон дар самти зиёд намудани майдони кишт сол то сол ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад.

Дар ҳафт моҳи соли 2020 дар ҳама шакли хоҷагидории шаҳр ба маблағи 322 млн. 622 ҳазор сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 млн. 579 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Имсол кишоварзони шаҳр дар майдони 14433 гектар ғалладонагӣ, 2961 гектар сабзавот, 827 гектар картошка, 1178 гектар пахта, 496 гектар зағир, 147 гектар полезӣ ва 36 гектар дигар намуд­ҳои зироати кишоварзӣ, дар маҷмӯъ, дар масоҳати 21204 гектар кишти зироат гузаронидаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошу заҳматҳои кишоварзони шаҳри Турсунзода ҷиҳати васеъ намудани майдони кишт, афзун бахшидан ба ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ, истифодаи мақсадноку самарабахши ҳар порча замин ва саҳм гузоштан дар фаровонии маҳсулоти кишоварзӣ баҳои баланд дода, фаъолияти онҳоро барои хоҷагидорони дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Равшан»- ро баъд аз таҷдид мавриди истифода қарор доданд.

defaultДар бинои танзим ва ҳимояи релегӣ нақшаи якхатаи зеристгоҳи мазкур, ки базаи асосии идораи таъминкунандаи неруи барқ маҳсуб мешавад, муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки шиддати зерист­гоҳи барқии «Равшан» то татбиқи лоиҳа, бо дарназардошти сохтори техникӣ, дар сатҳи 220/35/10 кВ фаъолият мекард. Дар заминаи васеъсозӣ ва насби дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ  иқтидори он ба 220/110/10 кВ табдил дода, тавоноии он аз 270 МВА ба 400 МВА баланд бардош­та шуд.

Бояд гуфт, ки зеристгоҳи барқии 220/110/35/10 кВ-и «Равшан» солҳои 60-уми асри гузашта сохта шудааст ва дастгоҳу таҷҳизоти он бо сабаби истифодабарии тӯлонӣ қисман фарсудаву корношоям гардида буданд. Аз ин хотир, бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи бомароми барномаҳои давлатӣ, зеристгоҳи барқии «Равшан» пурра навсозӣ гардид, ки даст­оварди беназир дар соҳаи энергетика ба ҳисоб меравад.

Маврид ба таъкид аст, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ — таъмини истиқлолияти энергетикӣ иқдоми бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд. Дар доираи он бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат неругоҳҳои хурду бузург бунёду навсозӣ ва зеристгоҳҳои барқӣ аз нав таҷдиду барқарорсозӣ шуданд ва сифати таъминоти неруи барқ ба аҳолӣ беҳтару хубтар гардид.

Вобаста ба талаботи муштариён миқдори истифодаи неруи барқ дар зеристгоҳ шабонарӯзӣ 550 мегаваттро ташкил медиҳад. Он дар баробари таъмини пурраи аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Турсунзода, ҳамчунин, қисман ноҳияи Шаҳринавро бо барқи сифатан хуби истеҳсоли ватанӣ таъмин менамояд.

Фармоишгари лоиҳа Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» мебошад. Корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизот аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба анҷом расонида шудааст.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи мақсадноки неруи барқ ва таъмини босифати он ба аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Таъмини доимии неруи барқ дар фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатӣ ва афзун гардидани ҳаҷми истеҳсолоти ватанӣ мусоидат менамояд. Зеристгоҳи барқии «Равшан» бо дарназардошти рушди ояндаи инфрасохтори шаҳр, яъне, бунёд гардидани боз даҳҳо иншооти таъиноти гуногун, аз нав таҷдид шуд, ки ин тадбир ба рушди минбаъдаи соҳаҳои муҳиму афзалиятнок заминаи мусоид мегузорад.

Дар доираи лоиҳа, тавассути васлу насби ду автотрансформатори иқтидорашон 125 МВА, ду трасформатори шиддаттанзимкунандаи 40 МВА, трансформатори шиддатбаландкунандаи 25 МВА, гурӯҳи васлакҳои элегазӣ ва ҷудокунакҳои барқӣ, равоқпояҳо, трансформаторҳои шиддат ва ҷараён, гурӯҳи реакторҳо, дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи 10 кВ ва дигар таҷҳизоти барқӣ ва бунёди бинои нави дастгоҳҳои тақсимкунандаю идоракунӣ азнавсозӣ гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи лоиҳа таҷдиду азнавсозии зеристгоҳи барқии 35/10 кВ-и «Минтақаи саноатӣ» дар шаҳри Турсунзода амалӣ гардид.

Дар зеристгоҳи мазкур ду трансформатори 25 МВА насб гардидааст. Зеристгоҳи барқии 35/10 кВ-и «Минтақаи саноатӣ» пас аз навсозӣ аз зеристгоҳи барқии 35/10 кВ тавассути васеъсозӣ ё бунёд намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ ба зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ табдил дода, тавоноии он аз 20 МВА ба 50 МВА баланд бардошта шуд.

Азнавсозии зеристгоҳҳо имкон фароҳам овард, ки шиддатнокӣ дар шабакаҳои барқии минтақа устувор, сарбории трансформаторҳо муътадил ва сатҳу сифати хизматрасонӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ гардонида шавад.

Маҷмӯи ноқилҳои барқӣ ва ноқилҳои таҷҳизоти баландшиддат дар ҳаҷми беш аз 24 тонна ба маблағи 659 ҳазор сомонӣ аз ҷониби корхонаи ватании Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ноқили Талко» истеҳсол шудааст.

Илова бар ин, хатти интиқоли барқи 35 кВ байни зеристгоҳҳо азнавсозӣ ва шиддати он аз 35 кВ то ба 110 кВ баланд бардошта шуд.

Дар доираи корҳои ободонӣ гирду атрофи зеристгоҳ пурра таъмиру навсозӣ ва барои зебову назаррабо гардидани он гулу буттаҳои ороишию мавсимӣ, дарахтони мевадиҳанда шинонида шудааст.

 Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази табобатии «Нури шифо»-ро дар кӯчаи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нури шифо», ки дар доираи иқдомҳои созанда ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани солгарди навбатии Истиқлолияти давлатӣ ва ҷавобгӯ сохтани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ҷурахон Хоҷамқулов ба маблағи беш аз 2 миллион сомонӣ сохта шуда, дорои шароити мусоиди кору хизматрасонӣ мебошад.

Сарвари давлат бо шароити замонавии  Маркази табобатии «Нури шифо», ки аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад шинос шуда, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоот, ки соли 2016 оғоз гардидааст, 30 нафар коргари маҳаллӣ бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Тибқи лоиҳа, марказ аз таҳхона, ҳуҷраҳои сӯзандармонӣ, ошхона бо 50 ҷои нишаст, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳаммом бо муосиртарин таҷҳизот ва дастгоҳҳои табобатӣ, ҳуҷраи ташхиси ултрасадо ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои вазифаҳои пур­масъул дар самти анҷоми хизматрасониҳои сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии намуд­ҳои гуногуни бемориҳо ба масъулон ва мутахассисони соҳа дастуру ҳидоятҳо дода, таъкид намуданд, ки солимии ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва маҳз бо ҳамин мақсад дар мамлакат иқдомҳои созанда дар ин самт амалӣ карда мешаванд.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюми Маркази табобатии «Нури шифо» барои табобат ва истироҳати сокинон шароити мусоид, аз ҷумла, 20 ҳуҷраи хоб  ва утоқҳои физиодармонӣ, кашиши сутунмуҳра, маҳси даст  ва ғайра муҳайё карда шудааст.

Барои ташхису муайян намудани бемориҳо, аз ҷумла, дақиқ муайян кардани кори системаи дилу рагҳо, узвҳои ҳозима, пешобрав, муоина ва табобати бемориҳои занона ва мардона, асаб ва дигар намуди бемориҳо 15 номгӯи таҷҳизоту дастгоҳи муосири баландсифати тиббӣ ворид карда шудааст, ки барои истифода ва дар хидмати ниёзмандон қарор додани онҳо 30 нафар мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ҷалб шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми пешгирифтаи соҳибкори ватанӣ — бунёди маркази зебову муосири табобатиро, ки дар шаҳри Турсунзода ягона мебошад, шоистаи таҳсин хонда, таъкид намуданд, ки дар мамлакат барои дастгирии соҳибкорон ва рушди бахши хусусӣ шароити мусоиди корӣ мавҷуд аст ва онҳо метавонанд бо истифода аз имконот дар бунёди иншооти таъиноти гуногун саҳми назаррас гузоранд.

Сокинон аз бунёди беморхонаи замонавии дорои имконияти зиёди хизматрасонӣ хушҳол гардида, самараи ин ҳама пешравиро дар мамлакат аз тинҷиву оромии Ватан ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба солимии ҷомеа арзёбӣ мекунанд.

Дар ошёнаи 3-юми бино, дар баробари анҷом додани дигар хизматрасониҳои тиббӣ, толори варзишӣ ташкил гардидааст, ки вобаста ба намуди беморӣ имкон аст дар он ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд. Аз рӯи тарҳ, як қисмати болои ошёнаи 4-уми Маркази табобатии «Нури шифо» кушода мебошад, ки барои истироҳат ва фароғати сокинон басо ҷои мувофиқ аст.

Ҳамчунин, мавзеи марказ бо бунёди гулгашту фаввора, ҳавзи тобистона, гулу буттаҳои рангоранг ва дигар марказҳои хурди хизматрасонӣ зебову назаррабо гардонида шудааст, ки ба табобатгирандагон рӯҳу таровати тоза мебахшад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар масоҳати 6 ҳазор метри мураббаъ бунёд гардидааст. Баландии пояи Парчам бо дарназардошти таҳкурсиаш, 50 метр ва андозаи матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад.

Майдони Парчами давлатӣ дар шаҳри Турсунзода яке аз иншооти ҷашнӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар рафти бунёди иншоот коргарони маҳаллӣ бо риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ майдони назди Парчамро ба макони зебои сайру саёҳати мардум табдил додаанд.

Атрофи Парчами давлатӣ бо сангҳои гуногун оро дода, роҳравҳо сафолакпӯш шудааст. Масоҳати гулгашти майдони Парчами давлатӣ беш аз 3 ҳазору 790 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳри Турсунзода, ҳамчунин, роҳҳои атрофи майдони Парчам дар масоҳати 1200 метри мураббаъ асфалтпӯш гардидааст, ки барои рафтуои бемамониати нақлиёт мусоидат мекунад.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёди беш аз 367 иншоот дар назар аст, ки то ҳол 182-тои он пурра ба истифода дода шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиеви шаҳри Турсунзода ба фаъолияти Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Сардор — 2008» оғози расмӣ бахшиданд.

50315010548_80ced04aa3_oСарвари давлат нахуст намоишгоҳи маҳсулоти коргоҳро аз назар гузаронда, ба сифати он баҳои баланд доданд.

Қобил ба зикр аст, ки корхона аз соли 2010 дар бинои иҷора фаъолият мекард ва шумораи кормандонаш 9 нафарро ташкил медод. Ҳоло бошад, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ташаббуси соҳибкори ватандӯст Шавкат Мадраҳимов бо бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти насли нав таъмин гардид ва ба ин васила шумораи кормандонаш ба 250 нафар расонида шуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона номгӯйи маҳсулот аз 1 намуди соли 2010 ба 6 намуд ва 30 навъ расонида шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли он низ ба 1 миллион сомонӣ ва ё 1 миллиону 300 ҳазор дона маҳсулоти тайёр баробар гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар корхонаи «Сардор-2008» моҳи январи соли 2018 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Масоҳати умумии корхона 2 гектарро ташкил медиҳад. Бинои он дар 9 ҳазору 220 метри мураббаъ доман густурдааст.

Дар корхона 6 сех, аз ҷумла, сехҳои истеҳсоли картошкаи қоқ, нони хушк, ғулачаҳои ширини ҷуворимакка, сақич, ҳалво, истеҳсоли донаҳои офтобпараст, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр, озмоишгоҳ ва бинои роҳбарият мавҷуд аст. Таҷҳизоте, ки дар он насб гардидааст, аз давлатҳои Туркия, Украина ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидаанд.

Пешвои миллат ба ташаббускории соҳибкор таҳсин гуфта, ба истифода додани бинои коргоҳи навро дар арафаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек маънидод намуданд.

Дар сехи истеҳсоли картошкаи қоқ, ки 25 нафар бону ба кор ҷалб гардидааст, 5 намуди маҳсулот истеҳсол мегардад. Кори асосии бонувон бандубасти маҳсулоти тайёр аст. Буришу ҷудокунӣ, хушккунии маҳсулоти хом, гармкунии равған, интиқоли картошкаи бирёншуда, хулоса, раванди кор ба тариқи автоматӣ иҷро мегардад.

Истеҳсоли нони хушк ҳам яке аз самтҳои асосии фаъолияти корхонаи «Сардор-2008» аст. Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, маҳсулоти сехи истеҳсоли нони хушк, ки дар ҷумҳурӣ яке аз аввалинҳо ба ҳисоб меравад, дар бозорҳои хориҷи кишвар харидор дорад.

Сехи коркарди ғулачаҳои ҷуворимакка низ бо дастгоҳҳои навтарин ҷиҳозонида, шумораи кормандонаш афзоиш дода шудааст. Дар он низ бештар бонувон ҷалб карда шудаанд. То ба кор шурӯъ кардан, бонувон дар курсҳои омӯзишӣ иштирок кардаанд. Кормандон дар ду баст фаъолиятро ба роҳ мондаанд.

Баробари ба фаъолият пардохтани бинои нави корхона, масъулини коргоҳ сехи истеҳсоли навъҳои сақичро низ мукаммал намуда, шумораи кормандонро афзоиш доданд. Дар ин ҷо раванди истеҳсолот дар алоҳидагӣ ба таври худидоракунӣ иҷро мегардад. Барои таъмини бозори ватанӣ бо сақич, хатти нави намуди борпечи коғазӣ ва болиштшакл ворид карда шудааст. Дизайни халтачаҳои ҳар як намуди сақич мутобиқи замон оро дода шудааст ва сифаташ ҳам баланд аст. Маҳсулоти корхона ба хориҷа низ содирот мешавад.

Донаҳои коркардшудаи офтобпараст низ як навъи маҳсулоти корхона мебошад. Ҷараёни кор, аз ҷумла, тозакунӣ, гурӯҳбандӣ ва дигар корҳои зарурӣ ба таври автоматӣ иҷро мегардад. Дар сехи коркарди донаҳои офтобпараст, ки бо брендҳои «Симба» ва «Ҳавас» маъруф аст, мутахассисони варзида раванди корро назорат менамоянд. Иттилоъ дода шуд, ки алҳол корхона бо истеҳсоли маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ мавқеи хоса пайдо кардааст. Аз ин ҷост, ки ҳар сол даҳҳо тонна маҳсулоти тайёр ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки ашёи хом барои истеҳсоли ҳама намуди маҳсулоти ин корхона аз дохили кишвар дастрас мегардад ва пеш аз коркард аз озмоишгоҳ гузаронида мешавад. Маҳсулоти тайёр ҳам санҷида, сипас ба бозору нуқтаҳои савдо интиқол дода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати корҳои таъмирию навсозӣ ва васлу насби таҷҳизотро қаноатбахш хонда, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд истеҳсол ва зиёд намудани номгӯйи маҳсулот дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Соҳибкор аз дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат ҷиҳати мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва дастгирии ин қишри ҷомеа изҳори сипос карда, ваъда дод, ки дар оянда барои рушди соҳаи саноат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ талош менамояд ва дар таъмини ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат ҳиссаи босазо мегузорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ба хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ташриф оварданд.

Дар он ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти тайёр намудани мавиз, ки бо усули махсус сурат мегирад, шинос гардиданд.

Тарзи хушк намудани ангур, ки дар ҳамкорӣ бо деҳқонони ботаҷрибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ба роҳ монда шудааст, дар кишвар таҷрибаи аввалин ба шумор меравад.

Нахуст дар оби ҷӯшомада маҳлули ишқор илова карда, баъд ду хӯшаи ангури бо ҳам пайваст ба муддати аз 2 то 3 дақиқа дар он нигоҳ дошта, сипас овезон карда мешавад.

Муҳлати тайёр шудани мавиз бо чунин усул аз 10 то 15 рӯзро дар бар мегирад ва нигоҳубини махсусро талаб мекунад. Пас аз сипарӣ шудани ин муддат донаҳои мавиз ҷудо карда, дар ҷойи муайян то хушк шуданаш бо усули хос нигоҳ дошта мешавад.

Бо дарназардошти таҷрибаи аввалин будан, деҳқонон имсол 10 тонна ангури навъи «сиёҳи бе дона» ва «чиликӣ» — ро дар масоҳати 1 гектару 31 садяк замин овезон намудаанд. Аз ин миқдор ангур 2 тонна мавизи хуштаъму босифат ҷамъоварӣ мегардад.

Ин навъи мавиз бо ду усул — офтобӣ ва соягӣ омода карда мешавад. Бо дарназардошти иқлим ва шароити мусоиди кишвар, заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» усули офтобиро интихоб намудаанд. Ба ақидаи онҳо, мавизи дар офтоб хушкшуда назар ба усули соягӣ зудтар омода мегардад ва хуштаъму босифат аст.

Ҳамчунин, маълумот дода шуд, ки ҳангоми тайёр намудани мавиз ягон маҳлули кимиёвӣ истифода намегардад ва он аз лиҳози экологӣ тозаву бе зарар буда, ҷавобгӯйи талаботи бозори ҷаҳонӣ аст.

Ҳадаф аз ба роҳ мондани хушкнамоии ангур бо чунин тарзу усул рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ ва роҳ ёфтан ба бозори ҷаҳонӣ мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз ҷараёни бо усули нав хушк намудани ангур дар хоҷагӣ, иқдоми соҳибкоронро шоистаи таҳсин хонда, баҳри тақвият додани он ва ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки 4 бародар аз оилаи Раҳматуллоевҳо бо маслиҳати падарашон ҷиҳати саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии Давлат ва Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ ба тайёр намудани мавиз бо чунин усул машғул гардидаанд.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» дорои 2 гектару 75 садяк замин мебошад, ки аз ин беш аз 1 гектару 30 садяк заминро масоҳати ангурбоғ ва боқимондаро кишти картошка, бодиринг ва помидор дар бар мегирад.

Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол» бо «Боғи Сомон» шинос шуданд.

50315915626_e37a226e01_o — копияОн, ки бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфтааст, 1100 нафар саҳмдор дорад ва яке аз калонтарин хоҷагиҳои ангурпарварии мамлакат ба шумор меравад. Кормандонаш таҷрибаи бойи нигоҳубини ток ва парвариши ангурро доранд.

Дар ҷамъбасти соли 2019 хоҷагӣ 4692 тонна маҳсулот ҷамъоварӣ намуда, дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо ангури хушсифат ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар саҳм гузошт.

Соли ҷорӣ низ ҳосил фаровон аст ва то ба ҳол аз токзор беш аз 700 тонна маҳсулот ба бозори истеъмолӣ бароварда шудааст.

Бояд гуфт, ки дар заминҳои хоҷагӣ ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ»-и сиёҳу сафед, «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиш»- и сиёҳу сафед ва ғайра парвариш карда мешавад.

Хоҷагӣ дорои сардхонаҳо мебошад, ки ғунҷоиши маҳсулот дар онҳо ба 2 ҳазор тонна мерасад. Бо истифода аз онҳо хоҷагидорон метавонанд қариб дар ҳама фасли сол бозорҳои кишварро бо меваю сабзавот таъмин намоянд.

Роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Камол»-ро Маҳмадамин Камолов — писари боғпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Камол Мадумаров ба уҳда дорад.

Хоҷагӣ, дар баробари парвариши намудҳои гуногуни ангур, ба чорводорӣ, аз ҷумла, парвариши чорвои калону майда, машғул аст. Айни ҳол зиёда аз 4800 сар чорвои хурд ва беш аз 60 сар чорвои калони шохдорро дар ихтиёр дорад.

Роҳбарияти хоҷагӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои хайр, аз ҷумла, дастгирии табақаи ниёзманд саҳми муносиб мегузоранд.

Ҷиҳати мубориза бар зидди бемории нави сироятии коронавирус аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ ба Фонди хайриявии Тоҷикистон 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ гузаронида, ба беморхонаи марказӣ мошини муосири «Ёрии таъҷилӣ» туҳфа карда шуд.

Саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти гуногуни иҷтимоӣ, аз ҷумла, мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ низ назаррас аст. Роҳбарияти хоҷагӣ сарпарастии омӯзгорони деҳаро ба уҳда доранд.

Бо дастгирии хоҷагӣ бо роҳи бунёди 3 чоҳи амудӣ 5 деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин шуда, сокинон ба таври ҳашар муассисаҳои таълимӣ ва роҳҳоро аз таъмир бароварданд.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти боғпарварон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари онҳо баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки боғдорони шаҳри Турсунзода Неъматҷон Усмонов ва шодравон Камол Мадумаров дар парвариши ангур мактаби махсус доранд. Онҳо Тоҷикистонро дар кишварҳои хориҷ дар ин соҳа муаррифӣ кардаанд. Аз ҷумла, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарони як қатор давлатҳои хориҷи дуру наздик ин боғҳоро аз назар гузарондаанд.

27 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтар,ам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода, дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, бо фаъолияти токпарварони номдору собиқадори хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ҳоҷӣ Камол» ошно шуда буданд.

Сарони давлатҳо зимни боздид аз майдонҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар онҳо навъҳои ангури хуштаъм бо санъати шоистаи касбӣ парвариш меёбанд ва дорои талабгорони зиёд дар бозорҳои минтақа мебошанд, ба кори токпарварон баҳои баланд доданд.

29 сентябри соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Турсунзода бо фаъолияти токпарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» ва «Ҳоҷӣ Камол» шинос шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба усули парвариши ин навъи меваи хуштаъм таваҷҷуҳ зоҳир намуда, роҳандозии ҳамкориро дар ин самт бо хоҷагиҳои деҳқонии Ҷумҳурии Беларус хостор шуд.

Дар шаҳри Турсунзода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои токзори хоҷагии деҳқонии «Ватан» шинос гардиданд.

50316116457_479dd35a75_oОн, ки соли 2008 таъсис ёфтааст, дорои 28 гектар замин мебошад. Аз ин ҳисоб 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад.

Дар токзори хоҷагӣ 10 намуд, асосан ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ»-и сиёҳу сафед, «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиш»-и сиёҳу сафед парвариш карда мешавад.

Соли ҷорӣ дар хоҷагӣ ҷамъоварии ҳосил беш аз 100 тоннаро ташкил додааст. Имсол парвариши навъи нави ангур — «Президент» ба роҳ монда шудааст.

Роҳбарии хоҷагии «Ватан»- ро деҳқони ботаҷриба ва токпарвари шинохтаи ҷумҳурӣ Неъматҷон Усмонов ба уҳда дорад. Ӯ муассиси хоҷагии деҳқонии «Неъмат Ҳоҷӣ» ва роҳбари хоҷагӣ писари ӯ Расул Неъматов мебошад.

Хоҷагии деҳқонии «Неъмат Ҳоҷӣ» дар майдони 105 гектар доман паҳн намудааст, ки 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад. Инчунин, дар майдони 4,8 гектар писта парвариш меёбад. Аҳли заҳмати он дар рӯёнидани ғалладонагию парвариши чорво низ таҷрибаи ғанӣ доранд.

Коргарони хоҷагӣ асосан ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиш»-и сиёҳу сафедро парвариш мекунанд.

Дар токзор, ҳамчунин, ба таври таҷрибавӣ навъҳои «Чиликӣ» ва «Кардинал», ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудаанд, парвариш меёбанд.

Соли ҷорӣ, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, хоҷагӣ беш аз 100 тонна маҳсулоти хушсифатро ба хориҷи кишвар содирот намудааст.

Дар хоҷагӣ барои беталаф нигоҳ дош­тани маҳсулот ва дар ҳама фасли сол ба мардум пешниҳод кардани ангури тару тоза сардхона бунёд шудааст, ки ғунҷоиши он беш аз 800 тоннаро ташкил медиҳад.

Коргарони хоҷагӣ, ҳамчунин, дар парваришу тайёр кардани ниҳолҳои гуногун таҷрибаи бой доранд. Ҳоло дар ниҳолхонаи хоҷагӣ беш аз 30 намуди ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш меёбад.

Роҳбарияти хоҷагиҳои «Ватан» ва «Неъмат Ҳоҷӣ» дар амалӣ кардани корҳои хайру савоб низ намунаи ибратанд.

Аз ҷумла, аз ҷониби роҳбари хоҷагии «Неъмат Ҳоҷӣ» ташкилоти хайриявии «Эҳсони Сомониён» таъсис ёфтааст, ки сарпарастии 45 нафар шахси ниёзмандро ба уҳда дорад. Сари ҳар вақт аз ҳисоби даромади хоҷагӣ ба ин табақаи ниёзманд хӯрокворӣ, сарулибос ва пойафзол дастрас карда мешавад.

Инчунин, хоҷагӣ дар бунёди роҳу пулҳо, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, ободонии маҳал ва чароғонкунии кӯчаҳо саҳмгузор аст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи кори боғдорон шинос шуда, барои парвариши ҳосили хуб, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии шаҳри Турсунзода, анҷоми корҳои хайр ва саҳм гузоштан дар ободонӣ ба роҳбарияти хоҷагӣ изҳори сипос карданд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, таҷрибаи бойи боғпарварии хоҷагӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба таври самаранок истифода мешавад, ки ин боис ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва таъсиси садҳо ҷойи кор дар кишвар мегардад.

www.president.tj