Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Ваҳдат

№125 (4231) 08.10.2020

8 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат сафари корӣ намуданд.

Пешвои миллатро сокинони шарафманду меҳнатқарини шаҳр гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии даҳошёнаро, ки бо тарҳи зебову муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшиданд. Бино аз 54 ҳуҷраи барҳаво иборат буда, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов бунёд гардидааст.

Дар ошёнаи якуми он коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи хӯрокворӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ ҷой дода шудаанд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ занону бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, зиёда аз 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Техникаю таҷҳизоти коргоҳ, ки истеҳсоли ширкатҳои кишварҳои пешрафтаи дунё мебошанд, барои дӯхти босифати сарулибоси гуногун пешбинӣ шудааст.

Корҳои сохтмонӣ дар он, ки моҳи ­декабри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида буданд, дар муддати ду сол ба анҷом расидааст.

Гирду атрофи иншоот дар масоҳати 750 метри мураббаъ сафолакпӯш карда, дар шафати бинои истиқоматӣ майдончаи бозии кӯдакона сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ташкили коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нави кор изҳори сипос карданд.

(Идома дорад)

www.president.tj