Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қирғизистон

№91 (4041) 27.07.2019

26 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ ба вилояти Суғд ва боздид аз шаҳри Исфара ба Ҷумҳурии Қирғизис­тон сафари корӣ намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ ­Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.

www.president.tj