Сафари кории Пешвои миллат ба Ҷумҳурии Қирғизистон

№92 (4042) 30.07.2019

48384941916_e380983acf_oТавре иттилоъ дода будем, нимаи дуюми 26 июли соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари корӣ намуданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқ-Кӯл меҳмони олиқадр — Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков самимона истиқбол гирифт.

27 июли соли 2019 дар шаҳри Чолпон — Отаи Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков доир гардид.

Сарони ду давлат натиҷаҳои музокиротро, ки қаблан дар шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои эътимоди комил, созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид, инчунин мулоқот бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро ҷамъбаст карданд.

Тарафҳо доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баррасӣ ва самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи онҳоро муайян намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати афзоиши гардиши мутақобилаи мол чораҳои зарурӣ андешида, ба роҳандозии робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории бузург ва миёнаву хурд, ки нишондиҳандаи сатҳи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, мусоидат намоянд.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи мавзӯъҳои минтақавӣ, байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн сурат гирифт ва фаъолияти муштараки минбаъда дар самти ҳамкориҳои бисёрҷониба муайян карда шуданд.

Масъалаҳои ҳамкории байни ду кишвар дар бахши обу энергетика низ мавриди баррасӣ қарор доштанд. Қайд гардид, ки ба кор андохтани иқтидорҳои гидроэнергетикии ҷонибҳо, бо дарназардошти манфиатҳои кишварҳои минтақа, барои Тоҷикистон ва Қирғизистон аҳамияти муҳим дорад. Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоқикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ба раванди расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор — 2030 ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии на танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки берун аз он такони мусбат хоҳад бахшид.

Аҳамияти таҳкими эътимод миёни мардуми Тоҷикистон ва Қирғизистон, бахусус, дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, ба таври хоса таъкид карда шуд. Зарурати мунтазам ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангии муштарак, иштироки ҷонибҳо дар консертҳо ва фестивалҳо дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ, ҳамчунин фаъол гардонидани ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, варзиш ва сайёҳӣ қайд гардид.

Бо мақсади фаъол гардонидани ҳамкориҳо миёни минтақаҳои ду кишвар тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои бародаршаҳриро миёни шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо барпо намоянд.

28 июл сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қирғизистон анҷом ёфт ва Сарвари давлат аз шаҳри Чолпон — Ота ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Иссиқ-Кӯл меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков гусел намуд.

www.president.tj