Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№131 (4393), 132 (4394) 26.10.2021

51613432503_78bcc4b236_o21 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи иншооти навбунёд ва мулоқот бо сокинон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Роҳбарият ва мардуми меҳмоннавози ноҳия Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро самимона истиқбол гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар ноҳияи Темурмалик бинои Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар деҳоти «Кангурт»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ёфта, аз се ошёна иборат аст. Муассиса дорои 36 синфхонаи таълимиву лабораторӣ, 5 кафедра, 14 синфхона, 6 озмоишгоҳ, китобхона барои 30 ҷой, ошхона барои 60 ҷой ва инчунин, толори маҷлисӣ барои 240 ҷойи нишаст буда, 250 донишҷӯро ба таҳсил фаро гирифта метавонад.

Масоҳати умумии он 10 ҳазор метри мураббаъ буда, масоҳати зери сохтмон 1125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Кушодашавии бинои нави Муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ» боиси фараҳмандии хурду калони ноҳия гардида, нишонаи возеҳи ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба илмомӯзии ҷавонон маънидод шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Кангурт» баъд аз таъмиру навсозӣ Боғчаи кӯдаконаи «Бону» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шуд.

Таъмиру навсозии он бо маб­лағи беш аз 3,5 миллион сомонӣ аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло сурат гирифт.

Боғчаи кӯдаконаи «Бону» аз ду ошёна иборат буда, дар он имконияти фарогирии то 200 кӯдак ба таълим ва тарбия мавҷуд мебошад. Барои тарбияи атфол 5 мураббӣ ҷалб шудааст.

Давоми корҳои сохтмонӣ ҳуҷраҳои бино аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо рахти наву замонавӣ, мизу ҷевон, бозичаҳо барои кӯдакон ва ошхона бо лавозимот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин гардид.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт»-ро мавриди истифода қарор доданд, ки аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чарм» бунёд ёфтааст.

Бинои сеошёнаи корхона дар масоҳати 786 метри мураббаъ дар асоси супоришҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили корхонаҳои ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, хусусан дар деҳоти кишвар, сохта шудааст.

Дар ошёнаи якум коргоҳи дӯзандагӣ фаъолият мекунад, ки бо 30 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизот барои дӯхтани сарулибоси занонаву мардона ва либосҳои ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи дӯзандагӣ 40 нафар зан ва ҷавондухтари маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Зикр шуд, ки дар коргоҳи дӯзандагӣ давоми 1 сол то 27 ҳазор либоси занонаву мардона ва сарулибоси низомӣ дӯхта мешавад.

Дар ошёнаи дуюм истеҳсоли пойафзол, асосан пойафзоли чармӣ ба роҳ монда шудааст. Вобаста ба талабот, кормандони коргоҳ пойаф­золро барои наврасону калонсолон ва низомиён низ пешниҳод мекунанд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як рӯз 300 — 500 адад пойафзол буда, роҳбарият нақша доранд, ки дар оянда истеҳсолро афзун намоянд.

Дар иншооти навбунёд, дар маҷмӯъ, наздики 100 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардид.

Дар қабати сеюм меҳмонхонаи замонавӣ бо ҳуҷраҳои муосир, катҳои хоб ва иншооти ёрирасон ҷойгир шудааст.

Дар иншоот, ҳамчунин, толори намоиши маҳсулоти Корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» бунёд ёфтааст. Дар қисми дигари корхона мағоза сохта шуда, маҳсулоти истеҳсолшуда ба фурӯш бароварда мешавад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсулоти коргоҳҳои он таваҷҷуҳ зоҳир карда, бобати афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва саҳм гузоштан дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик Корхонаи истеҳсоли мебелро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фаридун Мухаков ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар, таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ­сохта шудааст.

Корхона бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз буда, самти асосии фаъолияти онро истеҳсоли мизу курсӣ барои муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ, ошхона, меҳмонхона ва дигар корхонаҳо ташкил медиҳад.

Коргоҳи истеҳсоли мебел аз толори истеҳсолот, ҳуҷраҳои кор, ошхона, маркази хизматрасонӣ, нуқтаи фурӯши мебел, ашёи рӯзгор, мағозаи хӯрокворӣ ва дорухона иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат дар самти бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинони маҳаллӣ, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Корхонаи истеҳсоли мебел 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик бинои истиқоматии ҳаштошёнаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки дар он бахши Маркази ташхисию табобатии «Мадади Акбар» низ ҷойгир аст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо имкониятҳои бахши Маркази ташхисию табобатии «Мадади Акбар», ки дар таҳхона ва ошёнаи аввали бинои нав ҷой дода шудааст, шинос гардиданд.

Зикр шуд, ки дар маркази нав барои ташхис ва табобати нафарони ниёзманд имконоти муосиру замонавӣ, аз ҷумла, ташхисгоҳ бо ҳуҷраи ултрасадоӣ, озмоишгоҳ, ҳамчунин, бахши ёрирасонӣ бо ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, варзишӣ ва маҳсдармонӣ фароҳам оварда шудааст.

Маркази ташхисию табобатии «Мадади Акбар», ҳамчунин, дорои ҳуҷраи бақайдгирӣ буда, дар он барои ташхису табобати чашм, гӯш, гулӯву бинӣ, дандон, дил ва асаб шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Марказ дорои ҳуҷраи ҷарроҳӣ буда, барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳии таъҷилӣ дар он шароит муҳайёст. Ҳамчунин, дар марказ ҳуҷраҳои алоҳида барои машварат ба ниёзмандон ва хатнаи кӯдакон сохта шудааст.

Барои ба табобат фаро гирифтани беморон 12 кати хоб ташкил шуда, ҳуҷраҳои табобат ва ташхис бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ, кардиомонитор, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадоӣ, оксигенераторҳо муҳайё шудаанд. Табобат бо усули гиёҳдармонӣ низ роҳандозӣ шудааст.

Зимни боздид иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав 45 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд. Нафароне, ки аз минтақаҳои нисбатан дуртар ба кор меоянд, дар ошёнаҳои болоии бино бо манзили истиқоматии хизматӣ таъмин мешаванд. Ҳамчунин, кормандони Корхонаи дӯзандагии «Меҳри модар» низ дар бинои 8-ошёна бо манзил таъмин гардида, боқимондаи хонаҳо барои фурӯш ба аҳолӣ пешниҳод мегардад.

Иброз гардид, ки дар маҷмӯъ, бинои истиқоматӣ дорои 42 ҳуҷра буда, дар он шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Иншоот дорои хонаҳои 1, 2 ва 3 ҳуҷрагӣ мебошад ва дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бунёд шудааст.

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллиро шоистаи таҳсин арзёбӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти «Кангурт» Маркази табобати дандонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дорои шароити муосири хизматрасонӣ буда, табибони соҳибмалака ба кор ҷалб гардидаанд. Барои хизматрасонӣ ба ниёзмандон дар иншоот дастгоҳҳои муосири тиббӣ насб гардида, дар як вақт дар ду ҳуҷраи корӣ ба ниёзмандон хизмат расонида мешавад.

Дар марказ ташхиси ултра­садоии дандон, гирифтани қолаб барои омодасозии дандон ва муоинаи решаву вазъи дандон роҳандозӣ шудааст. Ҳамчунин, минбаъд кандани дандон, шинонидани дандони нав, тозакуниву табобати бемориҳои гуногуни вобаста ба дандон амалӣ карда мешавад.

Зикр гардид, ки дар Маркази нави табобати дандон 5 нафар соҳиби ҷойи кор гардида, дар ошёнаи дуюм барои табибон манзили истиқомат фароҳам оварда шудааст.

Марказ дар пайравӣ аз иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Манучеҳр Шарифов сохта шудааст.

Аснои боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандон дастур доданд, ки ба сокинони ноҳияву дигар ниёзмандон бо сифати баланд ва бо дарназардошти қоидаҳои санитарӣ хизмат расонида, имконоти фароҳамшударо самаранок истифода баранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти «Кангурт», ҳамчунин, ба корҳои сохтмонии варзишгоҳ ва майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони варзишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои 5000 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Варзишгоҳ дар майдони наз­дики 13 ҳазор метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби Дирексияи сохт­мони ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд ва аз ду минбар — ғарбӣ ва шарқӣ иборат мебошад.

Ҳамчунин, варзишгоҳ аз ҳуҷраҳои мураббӣ, назоратчӣ, ҷойи либосивазкунӣ, назорати допингӣ, нуқтаи тиббӣ, техникӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, мувофиқи нақша дар муҳлати кӯтоҳ бунёд мегардад.

Аснои шиносоии лоиҳаи иншоот Пешвои миллат ба сохтмончиён дастур доданд, ки ба раванди корҳои бунёдӣ диққати ҷиддӣ дода, аз масолеҳи сохтмонии навъи аъло истифода намоянд, то ин ки варзишгоҳ солҳои дароз ба мардум хизмат расонад.

Ҳангоми муаррифии Майдони Парчами давлатӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бунёд мегардад, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо риояи талаботи муосири меъморӣ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб хоҳанд шуд.

Парчами давлатӣ дар масоҳати 40 садяк замин сохта шуда, баландии он якҷо бо сутунпоя 40 метрро ташкил медиҳад. Андозаи матои Парчам бошад, 14 ба 7 метр хоҳад буд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бунёди Парчами давлатиро дар маркази деҳоти «Кангурт» нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ хонда, қомат афрохтани онро дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯс­тию меҳанпарастӣ муҳим маънидод намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Кангурти деҳоти «Кангурт» бинои хуштарҳу замонавии Кохи фарҳангро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо иқдоми соҳибкори ватанӣ  Раҷабалӣ Пиров бо харҷи 14 миллиону 800 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

Дар бинои дуошёнаи Кохи фарҳанг шароити муосир барои фаъолият ва баргузории дигар чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ фароҳам мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар он соли 2017 оғоз гардида, бо ҷалби 400 нафар бинокори ватанӣ бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд. Майдони умумии замини иншоот 5500 метри мураббаъро дар бар гирифта, бино дар масоҳати 900 метри мураббаъ қомат афрохтааст.

Кохи фарҳанг аз толори кинову консерт бо беш аз 500 ҷойи нишаст, толори хурд барои 50 ҷой, китобхона, 10 ҳуҷраи кору хизматрасонӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Толори асосии иншоот бо истифода аз санъати наққошӣ, гаҷкорӣ, кандакорӣ, гулкорӣ ва оинабандӣ оро дода шудааст.

Толори кинову консерт бо дастгоҳҳои намунаи беҳтарини намоиш, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшанидиҳии замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва пардозгарии кормандони Кохи фарҳанг ва дигар иншооти ёрирасон дар ошёнаи якуми бино ҷойгир буда, бо шароити зарурӣ таъминанд.

Сутунҳо ва деворҳои бино дар асоси санъати хоси меъмории миллӣ дар омезиш бо меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд ёфтааст.

Дар девору сутунҳои бино нақши «Коса», «Рубоб», «Шабпарак», «Ова» ва  «Каҷак» дар асоси омӯзиши чакандӯзиҳои сокинони маҳаллӣ бо усули гаҷкорӣ ҳаккокӣ гардидааст.

Дар девори оинабандии Кохи муосири фарҳанг нақшу нигори миллӣ ба мисли қасри «Ситорамоҳи Хоса», ки дар Бухоро аввали асри XX сохта шуда буд, бо усули боз ҳам беҳтару рангин гаҷкорӣ шудааст.

Кори рассомон низ бо офаридани беҳтарин нигораҳои «Кундал», расми гӯшаҳои табиати афсункори Ватан, акси абармардони сиёсат ва фарҳанги миллат  дар роҳравҳои бино мавқеи хос дорад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муосири кору фаъолияти аҳли фарҳанг дар бино ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба соҳибкори ватанӣ ҷиҳати дастгирӣ аз сиёсати муваффақи фарҳангии Ҳукумати мамлакат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар ошёнаи дуюми бинои Кохи фарҳанг ду ҳуҷраи кор ва як толор бо 50 ҷойи нишаст барои фаъолияти ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва китобхона таъсис дода шудааст, ки беш аз 10 ҳазор нусха адабиёти гуногуни соҳавӣ ва бадеӣ дорад.

Дар китобхона, ҳамчунин, гӯшаи асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нави фарҳангӣ 15 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони кохи навбунёди фарҳанг суҳбати самимӣ анҷом дода, барои фаъолияти беҳтару хубтар ва пешниҳоди барномаҳои фарҳангӣ бо сатҳу мазмуни нав ва диди тоза ба онҳо 30 асбоби гуногуни мусиқӣ туҳфа карданд.

defaultСарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Кангурт» -и ноҳияи Темурмалик баъди ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқоти судманд доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ватандӯст ва меҳмоннавози ноҳияи Темурмаликро ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, барои истиқболи самимӣ ва ба соҳибкорони ватандӯст ҷиҳати дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён карданд.

Таъкид гардид, ки диёри бостонии Кангурт аз баракати истиқлолият аз нав ҷавон, зебо ва басо дилкашу ҷолиб шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз сарзамини бостонӣ ва қадима будани ин мавзеи дилнишин ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки мувофиқи маълумоти таърихиву бостоншиносӣ, Кангурт дар маданияти поёнии Кангуртут 5500 — сола ва маданияти болоии он ки дар аҳди биринҷӣ ташаккул ёфтааст, 4700 — сола мебошад. Номи Кангурт аз вожаҳои қадимаи бохтариву суғдӣ таркиб ёфта, маънои «диёри паҳлавонон»-ро дорад. Мувофиқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва асарҳои муҳаққиқон, Кангурт аз калимаҳои «кант», яъне шаҳр ва «гурт», яъне «паҳлавон» ё «бузург» таркиб ёфтааст.

Номи Кангурт бори аввал соли 1221 дар солномаи таърихнигор Атомалики Ҷувайнӣ «Таърихи ҷаҳонкушой» зикр гардида, муаллифи ин сарчашма аз далериву қаҳрамонии мардуми ин куҳандиёр, ки ба муқобили аҷнабиён, яъне Чингизхон то вопасин нафас барои хоки Ватан истодагарӣ ва ҷоннисорӣ кардаанд, маълумот додааст.

Ин воқеаи таърихӣ далели қаҳрамонии сокинони ин гӯшаи диёр бар зидди истилогарон буда, қаҳрамонии мардуми онро дар таърихи миллат сабт намудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ба ин санаи таърихӣ дар соли ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ расо 800 сол пур мешавад.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сокинони номбардори ин диёр, аз ҷумла олимону орифон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки фарзандони маъруфи Кангурт, аз қабили шоир ва орифи бузург Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ, шоири халқӣ Бобоюнус Худойдодзода дар адабиёти охири асри XIX ва ибтидои садаи XX, Карими Шуш, Фаттоҳ Одина ва даҳҳо нафари дигар дар рушду пешрафти адабиёт ва мусиқиву овозхонии халқиву касбӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти фарҳангии халқ саҳми арзишманд гузоштаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки бо шарофати даврони соҳибис­тиқлолии кишвар ҳоло Кангурт дорои роҳҳои замонавӣ, биноҳои баландошёна, иншооти зиёди хизматрасонӣ, бозори муосир, беморхонаи ноҳиявӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки бояд аз имкониятҳои табиӣ, аз ҷумла тавассути бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва ба роҳ мондани муаррифии ин водии зебоманзари кишвар васеъ истифода бурда шавад.

Моҳи апрели соли 2015 бо дархости занону духтарони Кангурт Сарвари давлат ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки дар ин ҷо Коллеҷи тиббӣ бунёд карда, ба истифода дода шавад. Хушбахтона, ҳоло бинои навбунёди коллеҷ барои 250 нафар ифтитоҳ гардид. Инчунин, корҳои таъмиру навсозии бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 ва Боғчаи кӯдаконаи рақами 2 ба маблағи 4 миллион сомонӣ пурра ба анҷом расонида шуд.

Дар маҷмӯъ, дар деҳоти «Кангурт» аз 48 иншооти бо дарназардошти иншооту биноҳои иловатан банақшагирифташуда 43 иншоот ба маблағи умумии зиёда аз 52 миллион сомонӣ ба истифода дода шуда, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмон дар ҳолати анҷом­ёбӣ қарор доранд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки раванди неки ободии Кангурти бостонӣ минбаъд низ идома меёбад ва соҳибкорону сармоягузорон бо ташкили коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ барои пешрафти диёр ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор боз ҳам бештар саъю талош мекунанд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, Сарвари давлат­ро ба ноҳияи Темурмалик хайра мақдам гуфта, ҷиҳати таъмини сулҳу суботи пойдор ва фароҳам сохтани зиндагии шоиста изҳори сипос намуданд.

21 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Корез» нахуст Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба истифода супориданд, ки дар доираи тантанаҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати умумии 2,8 гектар замин бо тарҳи зебо бунёд гардида, барои қабули 760 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Он аз 6 ошёна, 39 синфхонаи барҳавои техникӣ ва электронӣ муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири дарсӣ, китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёди адабиёти илмӣ-бадеӣ ва китобҳои соҳавӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, 25 ҳуҷраи кор, хобгоҳ барои омӯзгорону курсантон, толори варзишӣ, маҷлисгоҳи васеъ барои баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ, таваққуфгоҳ, мавзеи кушод барои гузаронидани машқҳои тактикӣ, бозиҳои футболи хурд, баскетбол, волейбол ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад.

Муассиса аввалин таълимгоҳи махсуси давлатӣ дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи бехатарӣ аз сӯхтор ва тайёр кардани кадрҳои соҳаи энергетика дар иншооти хоҷагии халқ ва неругоҳҳои барқи обии мамлакат маҳсуб мешавад. То ин вақт мутахассисони ин соҳа бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта мешуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муассисаи навбунёд ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорону курсантон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати истифодаи шароиту имкониятҳои мусоиди таълимӣ ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хизмат мерасонад.

Дар шафати он бинои Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара сохта шудааст, ки дорои шароити арзанда барои кору хизматрасонӣ мебошад. Бинои панҷ­ошёна 15 ҳуҷраи кор дорад.

Дар ошёнаи якуми бино қисми нав­батдорӣ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст. Инчунин, дар бинои хуштарҳу замонавӣ хобгоҳ барои 100 нафар ҳайати шахсии қисми оташнишонии ноҳия сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди истифода қарор доданд, ки ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти даввлатӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар кардани шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд бунёд ёфтааст.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2020 бо ҷалби 80 коргару мутахассиси маҳаллӣ оғоз гардида, он дар муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои навбунёд дар масоҳати умумии беш аз 2 ҳазор метри мураббаъ бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо лавозимоти зарурии кор бунёд ёфта, аз 24 ҳуҷраи кор, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона, китобхона, бойгонӣ барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, осорхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Он аз 6 ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум китобхонаи замонавӣ ва дар қисми дигар равзанаи ягона ҷиҳати қабул ва сари вақт анҷом додани хизмат­расониҳо ба аҳолӣ ташкил гардидааст.

Бино бо системаи гармидиҳӣ таъмин буда, дар фасли зимистон тавассути ангишт гарм карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингарди «Данғара — Леваканд — Бохтар» марҳилаи якум «Данғара — Оқмазор» шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи сохтмон ва азнавсозӣ се марҳиларо дар бар мегирад. Марҳилаи якум 28,7 километр, дуюм — 30,7 ва марҳилаи сеюм 9,7 километрро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи якум пас аз таъмиру навсозӣ ба категорияи сеюми роҳсозӣ мутобиқ гардонида мешавад. Тибқи лоиҳа, паҳноии хати ҳаракат 3,5 метр ва паҳноии мумфарши роҳ аз 7 то 8,4 метрро дар бар мегирад.

Дар иншоот 5 пул бо дарозии 75 метр, 37 қубур, 23 истгоҳи замонавӣ, равшаннамоии маҳаллаҳои аҳолинишин ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба нақша гирифта шудааст.

Лоиҳаи сохтмон ва навсозӣ бо саҳми Ҳукумати мамлакат якҷо бо шарикони рушд татбиқ карда мешавад.

Дар ояндаи наздик бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат роҳи мошингарди «Данғара — Леваканд — Бохтар» тавассути ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавӣ ва техникаву механизми муосири роҳсозӣ ба талаботи замон мутобиқ гардонида шуда, сокинон аз хизматрасонии сатҳи баланди роҳу нақлиёт баҳравар мегарданд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон ва навсозии роҳи мошингард Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохт­мончиёнро вазифадор намуданд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, иншоотро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯи талабот бунёд намуда, ба истифода диҳанд.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Корхонаи коркарди «Шири Хуррамзамин»-ро ифтитоҳ бахшиданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти кории хатҳои истеҳсолӣ дар коргоҳи коркарди шир, ки бо истифода аз технологияи муосир якчанд навъи маҳсулот истеҳсол мекунад, шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои таъмини бехатарӣ ва бо сифати баланд пешниҳод намудани маҳсулоти тайёр ба аҳолӣ нахуст маҳсулоти ширӣ дар ташхисгоҳи корхона, ки дорои дастгоҳҳои махсус мебошад, санҷида мешавад.

«Шири Хуррамзамин» бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Саидакбар Сиддиқов дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи комбинати «Шири Душанбе» ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда, дар он 30 нафар сокини деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шариф бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз коркарди 5 тонна шир мебошад.

Дар қисми дигари корхона коргоҳҳои хурди истеҳсоли панир ва яхмос ­бунёд гардида, ҳар рӯз то 2,5 тонна шир коркард мешавад ва 10 нафар сокини маҳаллӣ баъд аз омӯзиши нозукиҳои технологияи муосир соҳиби ҷойи кор гардиданд.

Маҳсулоти асосӣ — шир тавассути мошинҳои махсус аз хоҷагиҳои чорводорӣ ва сокинони ноҳияи Данғара ҷамъоварӣ ва ба корхона дастрас карда мешавад. Дар корхона барои нигоҳдории маҳсулот се сардхона ва гармхона бунёд гардидааст.

Дар саҳни корхонаи навтаъсис ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти корхона муаррифӣ гардид. Бо истифода аз технологияи муосир маҳсулоти тайёр, аз ҷумла сметана, қаймоқ, ҷурғот, панир, дӯғоб, творог, яхмос, ки маҷмӯан беш аз 50 навъро ташкил медиҳад, истеҳсол гардида, сифатнокии он кафолат дода мешавад.

Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Боғи Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки онро сохтмончиёни маҳаллӣ бо маблағгузории соҳибкор Саидакбар Султонзода дар масоҳати як гектар замин ­бунёд намудаанд.

Боғи Парчами давлатӣ дар доираи нақша — чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шуда, дорои шароити хуб барои истироҳату фароғат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро партавафшон намуданд. Баландии пояи Парчам 30 метрро ташкил медиҳад. Матои он 7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.

Дар боғ ду фаввора бо усули муосир бунёд гардида, ҳамчунин, зиёда аз 500 бех ниҳоли дарахтони нодири ороишӣ ва гулу буттаҳои ҳамешасабз шинонида шудааст. Барои мунтазам бо об таъмин намудани гулу дарахтони мавҷуда ва майдони сабзазор чоҳи амудӣ ва обанбор бо ғунҷоиши 70 метри мукааб об сохта шуда, боғ тавассути обпошакҳои худкор обёрӣ мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ҷиҳати бунёд намудани иншооти замонавӣ изҳори сипос намуда, иқдоми созандаи ӯро намунаи ибрат ва шоистаи таҳсин хонданд.

Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд, ки аз ду ошёна иборат буда, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Он дорои 11 ҳуҷраи кории муҷаҳҳаз бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ буда, аз китобхона ва толори маҷлис бо 70 ҷойи нишаст иборат мебошад ва бо зиёда аз 2 ҳазор китоби бадеиву соҳавӣ таъмин гаштааст.

Сохтмони бинои он соли 2020 оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо саҳми соҳибкор Саидакбар Султонзода бо сифати баланд бунёд гардид.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамгардида дар он баҳои баланд доданд.

Саҳн ва атрофи бинои маъмурии деҳот бо шинонидани ниҳоли дарахтони сояафкану ­ҳамешасабз, гулу буттаҳои нодири ороишӣ, навсозии роҳравҳо ва насби 20 сутунпояи чароғ ободу зебо гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шариф Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзаминро баъди навсозӣ ба истифода доданд.

Он солҳои 50-уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт ва дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Суҳроб Таваралиев бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ нав­созӣ шуд.

Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ду ошёна иборат буда, дорои 220 ҷойи нишаст мебошад, ки дар он барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам аст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон саҳми соҳибкори маҳаллиро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва навсозии иншооти фарҳангӣ нишонаи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд.

Ба кормандони Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созҳои мусиқӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти овоз тақдим гардид.

Дар деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузарониданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки имсол кишоварзони ноҳия дар майдони 38 419 гектар замин кишти зироат гузаронида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро то 1 октябри соли равон ба 1 миллиарду 99 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда 22 фоиз ба соҳаи чорводорӣ ва 78 фоиз ба рустанипарварӣ рост меояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз ҳолати кунунии ҷаҳон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ кишоварзонро дар асоси таҷрибаи муосири кишту парвариши зироат барои аз як қитъа гирифтани 3-4 ҳосил ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани самаранокии замин вазифадор намуданд.

Соли равон меҳнаткашони ноҳияи Данғара дар майдони 4 680 гектар замин кишти пахта гузаронида, то 20 октябри соли равон 10195 тонна пахта ҷамъоварӣ намуданд, ки аз дурнамо 1127 тонна зиёд аст.

Дар ин давра аз ноҳия ба дигар давлатҳо 3 миллиону 575 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 548 тонна зиёд мебошад.

Зимни пешниҳоди маҳсулоти нонӣ, анвои гуногуни таомҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ бонувон маҳорати баланди ҳунармандиро муаррифӣ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара бинои иловагии муас­сисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-ро ифтитоҳ намуданд.

Он аз 9 синфхонаи барҳаво иборат буда, барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудааст ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи соҳибкорон, бо дарназардошти фароҳам овардани шароити замонавии таълим барои наврасон сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз шароити фароҳамшуда омӯзгоронро барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва омӯзиши донишҳои муосир тарбия намудани наврасон вазифадор карданд.

Дар маҷмӯъ, дар иншоот 288 нафар дар ду баст ба таълим фаро гирифта мешаванд.

Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 дар доираи амалишавии яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат — таъмини пешрафти соҳаи маориф ва дар ҳамин замина фароҳам овардани шароити муосир барои омӯзиш бунёд шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара майдони варзиширо, ки барои 2500 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати умумии он ду гектар заминро ташкил намуда, дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Миралӣ Мирзоев мутобиқ ба меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд шудааст.

Масоҳати майдон барои бозии футбол ба андозаи 102 метр ба 70 метр буда, пурра майсазор карда шудааст. Ҳамчунин, дар атрофи он баҳри ба варзиши сабук машғул шудани сокинон шароит фароҳам аст.

Дар ошёнаи якуми иншоот ҳуҷра барои кормандон, варзишгарон, мураббиён, назорати допингӣ, таҷҳизоти варзишӣ, техникӣ, либосивазкунӣ, ошхона ва ғайра ҷойгир аст. Дар ошёнаи дуюм ҳуҷра барои меҳмонон, истироҳат, ҳуҷраҳои санитарӣ, толори саққобозӣ ва варзишӣ сохта шудааст.

Варзишгоҳ аз ду минбари нишастгоҳ ва макони махсус барои меҳмонони олиқадр иборат мебошад.

Соҳибкори ватанӣ дар доираи тадбирҳои ободонӣ дар шафати майдони варзишӣ қаҳвахона низ бунёд намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 15-уми деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ бинои шуъбаи Хадамоти «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба истифода супориданд.

Он панҷошёна буда, дорои 40 ҳуҷраи кор барои кормандон, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда, афсарон, шуъбаи назорати ташкилӣ, техникию муҳандисӣ, китобхона, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, анбори сарулибос ва дигар лавозимоти низомӣ аст. Дар ошёнаи чоруми иншоот 4 ҳуҷра барои меҳмонон ва ошхона ҷойгир шудааст.

Дар назди бинои навбунёд таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёти хизматӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона, суҳбаткада ва дигар иншооти ёрирасон низ бунёд ёфтааст.

Ба хотири фароҳамсозии имконияти мусоиди кору фаъолият, ҳамчунин, сис­темаи гармидиҳӣ, ки тавассути ангишт фаъолият менамояд, насб гардидааст.

Бунёди иншооти замонавӣ, дастрас намудани технологияи муосир ва фароҳам сохтани дигар шароити зарурӣ ба ҷоннок намудани фаъолияти ҳайати шахсии шуъбаи Хадамоти «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара замина хоҳад гузошт.

Зимни ифтитоҳи иншоот ва мулоқот бо ҳайати шахсии шуъбаи Хадамоти «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини имкони кору фаъолият, зиндагӣ ва қадршиносии кормандони сохторҳои қудратӣ ёдовар шуда, ба онҳо барои бо ҳисси баланду худшиносӣ хизмат намудан ба нафъи давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пойдории сулҳу субот дастуру ҳидоят доданд.

www.president.tj