Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№100 (3737) 22.08.2017

36598658136_4bd944b58a_o18 августи соли 2017 зимни сафари корӣ ба ноҳияи Панҷ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов ба сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 9 санги асос гузоштанд.

Он дорои 26 синфхона буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Дар ҷараёни шиносоӣ бо тарҳи бино Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва меъморону сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Муассисаи таҳсилот бо дастгириҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд дар доираи лоиҳаи «Сохтмон ва барқарорсозии иншооти соҳаи маориф аз тарафи гурӯҳи татбиқи лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмонии мактабҳои миёна» сохта мешавад. Маблағи умумии корҳои сохтмонӣ зиёда аз 15 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳудуди бинои муассисаи таълимӣ ду гектар ва майдони сохтмон 2 ҳазору 500 метри мураббаъро дар бар мегирад. Тибқи лоиҳа, бино аз 4 ошёна иборат буда, бо усули меъмории муосир бунёд карда мешавад. Дар он бунёди ошхона барои 140 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ барои 250 ҷой, толори варзишӣ бо 250 ҷойи нишаст, китобхона, синфхонаҳои компютерӣ, таълими меҳнат барои духтарон ва писарон, лингафонӣ ва кабинетҳои фаннӣ дар назар дошта шудааст. Корҳои сохтмонӣ пас аз ба имзо расидани Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оғоз мешаванд.

36506084121_9bdeeba7fb_oДар ноҳияи Панҷ, ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказиро ифтитоҳ намуданд.

Фармоишгари он Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Шаҳриёр»-и шаҳри Душанбе» мебошанд. Лоиҳаро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди САНИОСП таҳия кардааст.

Барои азнавсозӣ ва таҷҳизонидани варзишгоҳ 15 милллион сомонӣ маблағ сарф шудааст. Он барои 6000 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, макони хуби баргузории мусобиқаҳои варзишӣ ва чорабиниҳои оммавию фарҳангӣ мебошад. Дар варзишгоҳ чор нишастгоҳи росткунҷашакл ва бинои қабули меҳмонони олимақом бунёд шудааст. Масоҳати умумии иншоот аз рӯи лоиҳа 12 ҳазору 451 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Сохтмончиён дар вақти бунёди варзишгоҳ ба масъалаи таъмини инфрасохтори он аҳамияти аввалиндараҷа додаанд. Ҳамин аст, ки дар ин ҷо 4 ҷойи либосивазкунӣ, дас­турӯйшӯӣ, утоқи кории мураббиён, доварон ва толорҳои махсуси маҷлисгузаронӣ сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи варзишгоҳ дар ҳамон ҷо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳия мулоқот карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквории ноҳияи Панҷро аз назар гузарониданд.

Маҳсулоти нониву қаннодӣ, анвои ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, мева — ангуру олу, анор, нок, себ, шафтолу ва ғайра намоишгоҳро зеб медоданд. Гӯшае аз ин намоишгоҳро хушкмеваҳо — пиставу бодом, себу зардолуи хушк, олучаву нок, гиёҳҳои кӯҳӣ, алафҳои доруворӣ ва асал зеб медод.

Бояд гуфт, ки саноати хӯрокворӣ таи чанд соли охир дар ноҳия тамоюли афзоиш дорад. Истеҳсоли маҳсулоти консервашуда ва обҳои нӯшокии ташнашикан низ васеъ ба роҳ монда шудааст.

Имсол кишоварзони ноҳияи Панҷ дар ҳама шакли хоҷагидорӣ нишондодҳои назаррасро соҳиб шудаанд. Аз ҷумла, 30 ҳазор тонна ғалла, 13 ҳазор тонна картошка, 13640 тонна сабзавот ба даст овардаанд.

Ҳамчунин, дар ноҳия 11 ҳазор тонна полезӣ ва 657 тонна мева истеҳсол шудааст, ки мева 42 тонна ва полезиҳо қариб 2 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Баъд аз тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи кор дар хоҷагии деҳқонии «Абдулҳафиз» шинос шуда, ба маъракаи ҷамъоварии  ҳосили пахта оғоз бахшиданд.

 18 августи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Отряди сарҳадии «Панҷ» дар вазъияти тантанавӣ иншооти навбунёди онро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муҳайёгашта дар биноҳои нави замонавии Отряди сарҳадии «Панҷ», ки мутобиқ ба меъёрҳои меъмории замони имрӯз бо сатҳу сифати баланд сохта шудаанд, шинос гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳоро дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барои сарҳадбонон туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд.

Дар «Кохи ҷасорат» ба Сарвари давлат осорхонаи таърихӣ бо дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ муаррифӣ гардид.

Дар ин бино, ҳамчунин китобхона бо теъдоди зиёди адабиёти соҳавию бадеии чопӣ ва электронӣ ҷойгир шудааст, ки сарбозону афсарон метавонанд ба мутолиаи асарҳои илмию адабӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ машғул шаванд. Толори калону барҳавои кох дорои 350 ҷойи нишаст буда, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Зимни ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот бо мақсади таъмини сарбозону афсарони Отряди сарҳадии «Панҷ» бо  либоси низомӣ сохта шуда, дар он зиёда аз 30 нафар зан аз ҳисоби оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Таъкид шуд, ки дар коргоҳ бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ дар як моҳ ҳазор ҷуфт либоси ҳарбӣ ва наздик ба 10 ҳазор болопӯши рахти хоб ва дигар намуди либос омода карда мешавад. Дар асоси дас­туру супориши бевоситаи Сарвари давлат дар оянда дар ин коргоҳ дӯхти либосҳои мактабӣ низ ба роҳ монда хоҳад шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар ҳудуди Отряди сарҳадии «Панҷ» як боғчаи бачагонаро, ки дар он барои кӯдакони хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳолии атрофи он беҳтарин шароити таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Боғчаи бачагона барои таълиму тарбияи 150 кӯдак пешбинӣ гардидааст. Омӯзгорон ва мураббияҳо асосан аз ҳисоби оилаҳои хизматчиёни ҳарбии отряди мазкур интихоб шудаанд.

Ба таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас, аз ҷумла фароҳам овардани шароит барои фарзандони ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ менамояд ва бо дарки ин масъулияти бузург аз омӯзгорону мураббияҳо даъват карда шуд, ки кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ ба камол расонида, дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника аз хурдӣ ба омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят намоянд.

Ҳамчунин, дар боғчаи бачагона барои тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон маҳфилҳои гуногун амал намуда, бо истифода аз таҷрибаи пешқадам роҳу усулҳои нави таълим роҳандозӣ гардидаанд.

Бинои он дуошёна буда, аз синфхонаҳои таълимӣ, ҷойи гузаронидани машғулиятҳо, хобгоҳҳои замонавӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори муосири бозии кӯдаконаро аз назар гузаронида, бун­ёди онро дар ташаккули зеҳнӣ ва таъмини истироҳату фароғати насли наврас муҳим маънидод карданд.

Дар ҳавлии боғчаи бачагона як майдончаи муосири кӯдакона бунёд гардидааст, ки барои истироҳату фароғат ва ба бозиҳои гуногун машғул шудани тарбиятгирандагон нақши калон хоҳад дошт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди шаҳраки истиқоматии хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Панҷ» се майдончаи бозии кӯдакон, ҷойҳои истироҳату фароғат, айвонҳои болопӯшида, клуби тобистона, ҳавзи шиноварии замонавӣ, варзишгоҳ ва гулгаштҳои зебо ҳам бунёд гардидаанд.

Дар Отряди сарҳадии «Панҷ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ду бинои истиқоматии замонавӣ, ки барои хизматчиёни ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо пешбинӣ шудааст, иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода додани биноҳои истиқоматиро дар арафаи ҷашни муқаддаси миллӣ — Истиқлолияти давлатӣ барои афсарон, ки он рӯз соҳиби хона гардиданд, амали шоистаи башардӯстона арзёбӣ намуда, ба соҳибони хуштолеи манзилҳои нав дар вазъияти тантанавӣ шахсан калиди ҳуҷраҳоро супориданд.

Биноҳои истиқоматӣ чорошёна буда, ҳар кадом дорои 48 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ мебошанд, ки пурра бо ҷиҳози зарурии рӯзгор таъмин гардидаанд.

Оилаҳои афсарони Отряди сарҳадии «Панҷ» барои дастгирию ғамхориҳои пайваста, фароҳам овардани шароити арзандаи фаъолият ва зиндагӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карданд.

Сипас, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмааи ёдгории сарбозону афсарони тоҷику рус, ки зимни ҳифзи сарҳади давлатӣ сина сипар намуда, ҷони худро аз даст додаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.

Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони шуҷои Отряди сарҳадии «Панҷ», ки ба истиқболи меҳмони олимақом саф ороста буданд, баромад намуда, фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатиро ба онҳо ва кулли хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфтанд ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳо бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ, муҳимоти ҷангӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ҷиҳати беҳсозии хизмати марзбонон ва шароити зисту рӯзгори онҳо тавсеа мебахшад.

Баъди он ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати як қатор хизматчиёни ҳарбӣ ва сарбозон бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — медали «Ҷасорат», медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид, дар ҳузури Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки хизматчиёни ҳарбии Отряди сарҳадии «Панҷ» расми гузашти низомӣ доир шуд.

www.president.tj