Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№32 - 33 (3982 - 3983) 28.03.2019

47446298231_2aafb8b5d2_oБисту сеюми марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооти дорои таъиноти гуногун ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар роҳбарияти вилояти Хатлон истиқбол гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Хатлон аз калонтарин вилоятҳои мамлакат буда, дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои зиёд дар ҳама бахш ноил гардидааст. Алҳол фазои идонаи наврӯзӣ дар шаҳру ноҳияҳои он танинандоз буда, сокинон бо шукргузорӣ аз сулҳу оромии Ватан ҷашни ҷаҳониро бо дастовардҳои меҳнатӣ дар ҳама бахш истиқбол мегиранд.

23 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо сафари корӣ ба ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ташриф оварда, дар деҳоти «Бӯстон — Қалъа» ба фаъолияти бузургтарин корхонаи равғанбарорӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ», ки аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар майдони як гектар сохта шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Он бо харҷи беш аз 8,5 миллион сомонӣ бунёд гардида,  иқтидори солонааш коркарди 35 ҳазор тонна офтобпарасту зағир ва рапсу масҳар, истеҳсоли 10 ҳазор тонна равғани растанӣ ва 21 ҳазор тонна кунҷора  мебошад. Дар ин ҷо 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Барои истеҳсоли равғани растанӣ аз Федератсияи Россия ва Чехия пешрафтатарин технология оварда, васлу насб карда шудааст, ки айни замон назираш дар кишварҳои минтақа вуҷуд надорад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» раванди истеҳсолот аз якчанд марҳила, ба монанди ҷабиши сард, софкунӣ, безараргардонӣ, ширинкунӣ ва бандубасти зарфҳои гуногунҳаҷми равған, ки аз ду то панҷ литрро дар бар мегирад, иборат буда, маҳсулоти тавлидшуда аз лиҳози сифат ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷовобгӯ мебошад. Ҷиҳати беҳтар намудани сифат ва мониторинги ҳаррӯзаи он дар дохили корхона озмоишгоҳи замонавӣ низ фаъолият дорад, ки мутахассисон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба мутобиқат ва бехатарии маҳсулот ҳар рӯз баҳои воқеӣ медиҳанд.

Ёдовар мешавем,ки растании зағир, рапс, масҳар ва офтобпараст дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои мамлакат парвариш ва истеҳсол карда мешавад, аммо аз ин ҳисоб наметавон талаботи корхонаро қонеъ кард. Бо мақсади таъмини фаъолият қисми бештари ашёи хом аз Ҷумҳурии Қазоқистон оварда шуда, мавриди коркард қарор мегирад. Дар корхона дар як вақт имконияти захираи 2,5 ҳазор тонна ашёи хом мавҷуд мебошад.

Аснои шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони корхона барои афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо равғани растанӣ, ки бештар аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад, маслиҳатҳои муфид доданд. Ба таъкиди Сарвари давлат бо таъсиси чунин корхонаҳо имконияти қонеъ намудани талаботи аҳолӣ бо равғани растанӣ мавҷуд аст ва соҳибкорон метавонанд бо истифода аз имтиёзҳои пешбининамудаи Ҳукумати мамлакат хатҳои нави технологиро ворид намуда, истеҳсолоти ватаниро тақвият бахшанд. Ба роҳбарияти вилояти Хатлон барои васеъ ба роҳ мондани кишти растаниҳои равғандиҳанда низ дас­туру супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар робита ба ин, роҳбарияти корхона ҳам бобати харидории растаниҳои равғандиҳанда аз хоҷагидорон ҳавасманд мебошанд ва омодаанд, ки  ҷиҳати зиёд кардани кишти зироатҳои зикршуда ба кишоварзон кумаки молиявӣ расонанд. Дар оянда бо таъмин намудани бозори дохилӣ равғани растанӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои минтақа содирот мешавад.

Мутахассисони соҳа изҳор медоранд, ки ба кор оғоз намудани корхона норасоии хӯроки парандаро низ дар кишвар то андозае барҳам мезанад, зеро кунҷораи истеҳсолшуда, ки дар таркибаш беш аз 6 фоиз равған дорад, ба корхонаҳои соҳаи парандапарварӣ бо нархи нисбатан арзон пешниҳод мешавад. Дар ин ҷо барои бунёди корхонаи истеҳсоли собун низ нақшаҳо тарҳрезӣ шудаанд.

Ҳамчунин, роҳбарияти ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» уҳдадор шуданд, ки дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ корхонаҳои равғанбарорӣ бунёд намуда, дар амалӣ гаштани ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат саҳм гузоранд.

Баъди ба истифода додани ҶДММ «Корхонаи истеҳсолии Ганҷ» Президенти мамлакат бо намунаи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон, ки ба намоиш гузошта шуд, шинос шуданд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 512 коргоҳу корхона ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул буда, дар таъмини бозори дохилӣ саҳмгузоранд. Дар шаҳру ноҳияҳо асосан корхонаҳои азими коркарди пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, қаннодӣ, консерваи меваю сабзавот, равғани растанӣ, ранг, мебел, риштаи абрешимӣ, атлас, гӯшти мурғ ва ғайра фаъолият доранд, ки молу маҳсулоташон ба Федератсияи Россия, Хитой, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркия, Афғонистон ва даҳҳо кишвари дигар содирот мешавад.

Зикр шуд, ки соли 2018 корхонаҳои саноатии вилояти Хатлон ба маблағи қариб 7,5 миллиард сомонӣ молу маҳсулот истеҳсол карданд. Ҳамчунин, соли гузашта 74 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуда,  зиёда аз ҳазор нафар сокин бо ҷойи кор таъмин шуданд. То ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон беш аз 230 коргоҳу корхонаи нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Бисту сеюми марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо гузоштани санги асос ба бунёди терминали автомобилии мусофиркашӣ дар масоҳати се гектар оғози расмӣ бахшида, бо Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон шинос гардиданд.

Аснои муаррифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки маблағи умумии иншоот бештар аз 10 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад ва он дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд татбиқ хоҳад гардид. Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ ва наздишаҳрӣ бо истифода аз автобусҳои наву замонавӣ барои аҳолӣ ва меҳмонони шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Кӯшониёну Вахш, баланд бардоштани сифати хизматрасонии мусофиркашӣ, коҳиш додани ҳолати танбашавии нақлиёт дар роҳҳои мошингард ва беҳтар намудани вазъи экологӣ арзёбӣ карда шуд.

Терминали автомобилии мусофиркашӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Бохтар, дар шоҳроҳи Бохтар – Кӯлоб сохта мешавад, ки дар танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва осону сода гардидани рафтуомади сокинону меҳмонон ба шаҳру ноҳияҳои атроф мусоидат хоҳад кард.

Тавре зикр гардид, бо иҷрои лоиҳаи мазкур ва бунёду мавриди истифода қарор гирифтани терминали замонавии автомобилии мусофиркашӣ дар маркази вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар имкон даст хоҳад дод, ки 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти сокинону меҳмонони шаҳр хатсайрҳои нави ҳаракати воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ба роҳ монда шавад.

Дар шаҳри Бохтар феълан панҷ муассиса дар соҳаи нақлиёт амал намуда, шумораи умумии воситаҳои нақлиёт 5522 ададро дар бар мегирад ва ҳар рӯз аз роҳҳои он садҳо нафар ронандагони автомошинаҳои гуногунтамға истифода мекунанд. Иброз шуд, ки ворид намудани қариб 50 автобуси наву замонавӣ, ҷорӣ кардани низоми ҳамгироишудаи хариду фурӯши электронии билетҳою кортҳои мусофирбарӣ, ки дар самти беҳтар гардидани сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонон заминаи беҳтарин дониста мешаванд, аз қисматҳои асосии Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон мебошанд. Зимни муаррифии Лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки феълан дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ идома дошта, барои танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт шароити беҳтар фароҳам оварда мешавад.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 марти соли 2019 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, дар маросими мавриди истифода қарор додани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ иштирок намуданд. Пешвои миллат­ро донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таҳсил дар бинои нави таълимӣ шинос шуда, бо донишҷӯён суҳбати гарму самимӣ анҷом доданд. Хабар дода шуд, ки ин бинои муҷаҳҳази таълимӣ тавассути маблағҳои Донишгоҳи давлатии Бохтар бунёд ва бо шароити муосири таълимиву таҷҳизоти замонавӣ таъмин карда шуд. Барои сохтмону ҷиҳозонидани бинои чорошёнаи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бештар аз 6 миллион сомонӣ харҷ шуда, он дар муҳлати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» яке аз калонтарин таълимгоҳҳои олии касбӣ дар вилояти Хатлон буда, байни дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мақоми хоса дорад. Ҳоло дар он 6340 нафар аз тариқи буҷетӣ,  10420 нафар шартномавӣ ва 586 донишҷӯ тибқи Квотаи президентӣ, ҳамчунин, 111 донишҷӯи хориҷӣ, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Туркманис­тон таҳсил менамоянд.

Донишгоҳи давлатии Бохтар тӯли панҷ соли охири фаъолият бештар аз 19 ҳазор нафар мутахассиси соҳаҳои гуногун омода намудааст, ки дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он кору фаъолият доранд. Он дорои пойгоҳи мустаҳками моддию таълимии муосир, иқтидори пурқуввати илмию омӯзгорӣ ва таҳқиқотию инноватсионӣ, парки технологӣ, маркази озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замонавии таълим мебошад. Муассиса бо зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олии мамолики хориҷӣ ҳамкорӣ дошта, дар панҷ соли охир беш аз 30 нафар донишҷӯи донишгоҳ ғолиб ва ҷоизадори озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гардиданд. Донишгоҳ дорои ҳашт бинои таълимӣ, 29 озмоишгоҳ, ду  кабинети лингофонӣ, ду толори варзишӣ, ҳамчунин, ду майдонча ва як маҷмааи варзишӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни донишгоҳ ба зиёда аз 40 нафар донишҷӯёни ятим туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи варзишии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро бо чор ҳазор ҷойи нишаст ба истифода доданд. Дар он пайроҳаҳои давидан бо масофаҳои гуногун, паридан ба баландӣ, майдонҳои футболу волейбол, майдончаи хурди қадамзанӣ, бо шумули майдони варзишии ҳозиразамон бо масоҳати  як гектар, мавҷуд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар ин иншоот барои тамоми намуди варзиш шароити зарурӣ муҳайёст.

Инчунин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав суханронӣ карда, онҳоро ба фаро расидани Наврӯзи некпай таҳният гуфтанд ва иншооти мавриди баҳрабардорӣ қароргирифтаро туҳфаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳассилини ин муассисаи олии таълимӣ арзёбӣ карданд.

Намоиши барномаи фарҳангии аҳли ҳунар ба муносибати ҷашни аҷдодии Наврӯз, ки басо ҷолибу диданӣ буд, анҷомбахши боздиди кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гардид.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кишту парвариши зироати кишоварзӣ, аз ҷумла картошкаи барвақтӣ, дар Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ» — и ноҳияи Кӯшониён шинос шуданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки кооперативи мазкур соли 2009 ҳамчун субъекти хоҷагидор таъсис шуда, майдони умумии заминҳои кишти он беш аз 21 гектарро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон қариб ҳама намуди зироати кишоварзиро кишту парвариш мекунанд ва саҳми онҳо дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза назаррас аст.

Гуфта шуд, ки дар гармхонаи хоҷагӣ картошкаи навъи «Шукрона», ки ҳосилнокии баланд дорад,  моҳи декабри соли гузашта кишт гардида, аввали моҳи апрел ҳосили он ҷамъоварӣ мешавад. Соли сеюм аст, ки дар ноҳияи Кӯшониён кишту парвариши картошкаи барвақтӣ дар гармхона ба роҳ монда шуда, ин усул ба иқлими ноҳия мутобиқ мебошад.

Айни замон ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ аз гармхонаҳои ноҳия идома дорад ва ба миқдори 160 тонна картошка ба бозор бароварда шудааст. Дар гармхонаи дигари Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ» асосан лимӯ парвариш меёбад. Шумораи дарахтони лимӯ 90 бехро ташкил медиҳад. Соли гузашта хоҷагидорон 2,6 тонна лимӯ ҷамъоварӣ намуданд ва дар назар аст имсол ҳосили он то 3 тонна расад. Барои самаранок истифода бурдани замин дар гармхонаҳо, дар қатори дарахтони лимӯ, помидор ва ҷӯяки картошка, бодиринг шинонида шудааст.

Дар Кооперативи тиҷоратии «Беҳбудӣ» 35 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин буда, дар вақти ҷамъоварии ҳосил зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд.   «Беҳбудӣ», ҳамчунин, дорои корхонаи коркарди меваю сабзавот буда, иқтидори истеҳсолии он ба 200 тонна баробар аст.

Дар ин ҷо, ҳамчунин, намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии кишоварзон ташкил карда шуд, ки Пешвои миллат аз он дидан намуданд. Дар намоишгоҳ  маҳсулоти тару тоза, аз қабили картошка, пиёз, сабзӣ, помидору бодиринг, қулфинай, сирпиёз, мевагиҳо ва ғайра, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияи Кӯшониён истеҳсол шудааст, ба маъраз гузошта шуд.

Ноҳияи Кӯшониён дар ҷумҳурӣ аз калонтарин ноҳияҳои аграрӣ маҳсуб ёфта, шуғли асосии сокинон кишт ва парвариши зироатҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ мебошад. Иқлими ноҳия барои кишту парвариши ҳама намуди зироати кишоварзӣ мусоид аст. Хоҷагидорон ҳар сол бо истифодаи самараноку оқилонаи замин ба нишондодҳои назаррас ноил мегарданд. Дар ноҳия майдони умумии заминҳои корами обии киштшаванда барои ҳосили соли 2019 — ум 15632 гектарро ташкил медиҳад ва то ҳол аз тарафи хоҷагидорон дар масоҳати 5700  гектар кишт гузаронида шудааст.

Зимни суҳбат бо хоҷагидорон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани фаъолият, хоса кишти картошкаи барвақтӣ дар гармхона, ба кори хоҷагидорон баҳои баланд доданд.

Дар доираи сафари кории худ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бӯс­тон-2010»-и ноҳияи Вахш ба кишти пахта оғоз бахшиданд.

Ҷамъияти мазкур имсол  аз масоҳати умумии заминҳои дар ихтиёрдоштааш дар 26 гектари он чигит мекорад, зеро ба иттилои масъулин, боду ҳаво ва заминҳои серҳосили минтақа барои парвариши ин навъи зироат мувофиқу муносиб буда, ҳосили дилхоҳ ба бор меорад.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки аз ҳар гектар замин имконияти аз 35 то 40 сентнер гирифтани ҳосил мавҷуд буда, имсол дар заминҳои ҷамъият парвариши навъи пахтаи «Хатлон-2014» ба роҳ монда мешавад. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бӯстон-2010» 35,5 гектар замини корам дар ихтиёр дошта, дар баробари пахта, ҳамчунин ҷав, юнучқа, ғалладонагӣ, ангур ва қулфинай низ парвариш мекунанд. Дар масоҳати як гектар замин парвариши ангур ба роҳ монда шудааст ва аҳли заҳмат ҳар сол то 20 тонна  ҳосил ба даст меоранд ва он асосан дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда мешавад. Ҳамчунин, ҷамъият ҳар сол дар масоҳати 0,50 гектар замин қулфинай парвариш мекунад, ки талабот ба он низ зиёд буда, аз ин ҳисоб ҳам аҳли заҳмат даромади хуб ба даст меоранд. Ҳамин тариқ, дар 3 гектар замини дигар ғалладона, 1,5 гектар юнучқа ва 3 гектар  ҷав кишт мешавад. Риояи ҳатмии қоидаҳои агротехникии парвариши зироатҳои гуногун ба онҳо имкон додааст, ки ҳар сол ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Имсол кишоварзони хоҷагӣ бори нахуст дар масоҳати 0,50 гектар замин гармхона бунёд намуданд ва тибқи нақша, бояд то моҳи май аввалин маҳсулоти барвақтиро ба бозор бароранд. Дар ин гармхона парвариши помидор ва қаламфури булғорӣ ба роҳ монда шудааст.

Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ҳосили хуб ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Пешвои миллат, ҳамчунин, аз намоишгоҳи аҳли заҳмати ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дидан намуда, бо онҳо суҳбат карданд. Дар намоишгоҳ асосан маҳсулоти нонӣ, ки самараи заминҳои серҳосили Тоҷикистон ва заҳмати марди деҳқон аст, ба маърази дид гузошта шуда буд. Кадбонуҳои моҳири ноҳия навъҳои гуногуни нонро, ки бо шаклу шева ва усули хоси мардуми минтақа омода мегарданд, дар намоишгоҳ пешниҳод намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ноҳияи Вахш 96215 гектар замин мавҷуд буда, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақа ҳар сол афзоиш меёбад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия соли 2018 беш аз 763,5 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба як соли қаблӣ 9,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Намоишгоҳи онрӯза намунае аз рушди бахши ғаллапарварӣ дар ноҳияи Вахш ва маҳорату малакаи бонувони ноҳия арзёбӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба маҳорату малакаи нонпазии кадбонуҳо баҳои баланд дода, барои омӯзонидани ин нозукӣ ба ҷавонон ва равнақ додани ин ҳунар ба иштирокчиёни намоишгоҳ маслиҳатҳои муфид доданд.

www.president.tj