Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№64 (4170) 30.05.2020

28 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва истифодаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо фаъолияти беморхонаи марказии ноҳия ва имкониятҳои он  ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятӣ шинос шуда, бо табибону кормандони соҳа мулоқот намуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия беморхонаи марказӣ, 5 беморхонаи минтақавӣ, 10 маркази саломатӣ ва 38 бунгоҳи тиббӣ фаъолият намуда, дар онҳо шароити мусоиди корӣ фароҳам буда, мутахассисони хуби соҳа ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо табибон вохӯрии судманд анҷом доданд.

Таъкид шуд, ки бо эълони пандемия дар ҷаҳон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал ба хотири пешгирии он корҳои заруриро ба сомон расонид.

Ташкили Ситоди махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии нави COVID-19, муҷаҳҳаз гардонидани беморхонаву марказҳои саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурии тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои махсуси муҳофизативу маҳлулҳои зиддивирусӣ ва ташкили беморхонаҳои муваққатии сироятӣ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар ин давра амалӣ гардиданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки табибон бояд ҷиҳати муолиҷаи саривақтии гирифторони бемориҳои сироятӣ ва роҳ надодан ба хурӯҷи он тамоми чораро андешанд ва муолиҷаро бо дарназардошти талаботи бехатарӣ роҳандозӣ намоянд.

Барои заҳматҳои шабонарӯзӣ ва фаъолияти содиқона Сарвари давлат ба табибон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироати кишоварзии Хоҷагии деҳқонии «Одили Ҷалолиддин» ва боғи «Абдураҳмони Ҷомӣ» шинос шуданд.

49944251396_08c74ee23a_o«Одили Ҷалолиддин» соли 2011 таъсис ёфта, дар ихтиёр 6 гектар замини корами обӣ дорад. Айни замон саҳмдорон дар 1 гектар полезӣ, 2 гектар пиёз, 1 гектар пахта ва 2 гектар маккаи дон кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб доранд.

Хоҷагӣ ҳар сол бо бардоштани ҳосили фаровон дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дошта, маҳсулоти он ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат, кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар ҳис карда, барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми бештар гузоранд.

Қобил ба зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз ва дигар зироати ғалладонагиҳо зиёд шудааст.

Инчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шафтолубоғи Хоҷагии деҳқонии «Абдураҳмони Ҷомӣ» дидан карда, ба саҳмдорон барои дастгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти боғдорон баҳои баланд доданд.

Мавриди зикр аст, ки боғи мазкур соли 2011 аз ҷониби деҳқони асил Мақсуд Маҳмудов таъсис ёфта, дар 1,5 гектар шафтолубоғи навъҳои «Лола» ва «Саидаҳмадӣ» парвариш мешавад. Аз як дарахт ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 40 то 50 килограмм ҳосил мегиранд. Нақши он дар таъмини бозори дохилӣ бо меваи тару тоза хеле назаррас буда, хоҷагидорон бо зиёд намудани майдони боғ ҳадаф доранд, ки маҳсулотро ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмати соҳибкорону хоҷагидорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди соҳаи боғпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба боғдорону зироаткорон ҷиҳати рушд додани соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Саҳмдорон ваъда доданд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхории зиёди Роҳбари мамлакат нисбат ба марди деҳқон, талош хоҳанд кард, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

28 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷайҳун бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши пахта дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» шинос шуданд.

49944273341_06d5c67109_oОн соли 2013 тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъсис ёфта, дар самти истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус пахта, шолӣ ва гандум фаъолияти пурсамар дорад.

Дар маъракаи имсолаи ҷамъоварии ҳосили гандум дар ноҳия аз тарафи аҳли заҳмати ҷамъият дар 948 гектар кишти тирамоҳии гандум анҷом дода шуд. Ҳавои мусоид барои нашъунамои хуб ва ҳосили дилхоҳ ба даст овардани кишоварзон мусоидат кард. Меҳнати софдилона самар оварда, хоҷагидорон аз ҳар гектар 32-33 сентнерӣ ҳосил ба даст оварданд. Инчунин, нақша доранд, ки дар 200 гектар замини аз кишти тирамоҳии гандум холишуда шолӣ кишт намоянд. Маданияти истифодаи замин дар хоҷагӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор дошта, ҷиҳати ғанӣ гардонидани таркиби хоки заминҳои нави обёришуда, дар майдони зиёда аз 700 гектар зироати техникии офтобпараст кишт мешавад. Пас аз бардоштани ҳосили офтобпараст баргу пояи он майда карда шуда, ба замин партофта мешавад, ки василаи хуби ҳосилхез намудани замин ва ғанисозии таркиби хок мебошад. Ин таҷриба баъд аз ҷамъоварии ҳосили пахта низ истифода шуда, ғӯзапоя ғунучин намегардад ва ҳамчун нурии минералӣ мавриди коркард қарор мегирад. Истифодаи технологияи парвариш имкон фароҳам овардааст, ки ҳосилнокии «тиллои сафед» марҳила ба марҳила афзоиш ёбад.

Таҳлили ҷамъоварии пахта аз рӯи нишондодҳои замини обёришуда муайян намуд, ки агар ҳосилнокии соли аввал 10-15 сентнер бошад, қисми дигари заминҳои кишти соли чорум ва панҷум ба 50- 60 сентнер мерасад. Ҳамин тавр, ҳосилнокӣ соли 2019 аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 22,2 сентнерро ташкил дод.

Дар натиҷаи истифодаи имтиёзҳои давлатӣ ва чораандешии роҳбарияти ҷамъият мавсими ҷорӣ дар 3650 гектар пахта кишт шуда, аз сабаби ба амал омадани шамолҳои сахт ва бориши пай дар пайи барфу борон дар моҳҳои март — апрели соли ҷорӣ дар 1760 гектар аз нав пахта кишт шуд. Бо вуҷуди ин, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва анҷоми сифатноки тадбирҳои агротехникӣ имкон фароҳам овард, ки зироати техникӣ нашъунамои хуб кунад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон саҳми хоҷагидоронро дар самти азхудкунии заминҳои бекорхобида муассир арзёбӣ намуда, бобати тақвияти бештари ин раванд ба роҳбарони сохторҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ дастуру супориш доданд.

Зикр шуд, ки соли 2015 дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2012-2020» ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон барои азхудкунӣ ва барқарорсозии 12 ҳазор гектар замине, ки қаблан аз гардиши кишоварзӣ баромада, тӯли даҳсолаҳо дар ҳолати партов қарор доштанд, вобаста шуд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҷиҳати амалӣ гардонидани маҷмӯи корҳои азхудкунӣ ва барқарорсозӣ дар заминҳои ҷудогардида, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» ба кишвар 300 техникаи гуногунтамғаи кишоварзӣ ва дастгоҳу механизм, ба монанди агрегатҳои ҳамворкунии замин бо таҷҳизоти лазерӣ, агрегатҳои мураккаби коркарди замин, экскаватор, мошинҳои худрави боркунанда ва автомашинаҳои боркаш, тракторҳои пуриқтидори ҷуфткунанда, агрегатҳои худрави пошидани маводи ҳифзи рустанӣ, тухмипошак, комбайнҳои ғалладарав ва таҷҳизоту агрегатҳои муосири таъиноти кишоварзӣ ворид шуд.

Тибқи иттилои роҳбарияти Иттиҳоди аграрии «Водии заррин» солҳои 2015-2020 ба хотири рушди соҳа ва коркарди маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон, зиёда аз 112,2 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб гардида, дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд. Бунёди инфрасохтори агросаноатӣ мавриди таваҷҷуҳи махсуси аҳли заҳмат қарор гирифтааст. Ҷамъият дар тӯли фаъолият заминҳои ғайрикишоварзиро давра ба давра ба гардиши кишоварзӣ дароварда, замини корами обиро ба зиёда аз 5000 гектар расонид. Азхудкунии замини бекорхобида идома дошта, зиёда аз 800 сокини маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва бештар аз 2200 нафар бо кори мавсимӣ таъмин буда, музди меҳнати кормандон ба ҳисоби миёна 1500-2000 сомониро ташкил медиҳад.

Роҳбарият ва ҷомеаи меҳнатӣ пешрафту дастовардҳои истеҳсолиро бевосита ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат марбут медонанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии ҳосили ғалла ва агротехникаи парвариши он, роҳбарияти Иттиҳоди аграрии «Водии заррин»-ро вазифадор карданд, ки зарфиятҳои мавҷудаи истеҳсолиро мақсаднок истифода бурда, ба хотири саҳмгузории бештар дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузорӣ намоянд.

Сипас, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд.

49944575012_54baf866a6_oДар он намудҳои гуногуни маҳсулотро ба маъраз гузоштанд. Ноҳияи Ҷайҳун аз минтақаҳои калони аграрӣ буда, шуғли асосии сокинони он зироаткорӣ аст ва таҷрибаи хоҷагиҳои ноҳия асосан дар самти парвариши сабзавоту полезӣ, шолӣ ва лимӯ пайваста мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, ки теъдодашон ба зиёда аз 3800 адад мерасад, бештар ба кишти пиёз машғуланд ва бо ин кор шуҳрат ҳам ёфтаанд. Соли равон деҳқонони ноҳия дар 3721 гектар пиёзи барвақтӣ кишт намуда, то ҳол аз 3400 гектар 142 ҳазору 130 тонна ҳосил ба даст овардаанд, ки ба ҳар гектар 418 сентнерӣ рост меояд.

Дар баробари ин, сокинони ноҳия ба парвариши пахта, ғалладона, аз ҷумла, навъҳои гуногуни гандум, шолӣ, ҷуворимакка, полезиҳо ва сабзӣ машғул мебошанд.

Тибқи иттилои масъулини идораи кишоварзии ноҳия, Ҷайҳун бозори истеъмолии ҷумҳуриро бо пиёзи барвақтӣ, полезӣ, сабзӣ, меваҳои ситрусӣ ва ғайра таъмин месозад.

Ҳар сол дар баробари таъмини бозори дохилӣ, инчунин зиёда аз 26 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот мешавад, ки дар ҷумҳурӣ нишондоди назаррас аст.

Дар самти истифодаи самараноки замин низ деҳқонони ноҳия таҷрибаи ибратбахш доранд. Дар мавсими ҷорӣ хоҷагидорон тасмим доранд, ки дар 6 ҳазору 700 гектар анвои гуногуни зироати кишоварзӣ, аз ҷумла, дар 1800 гектар сабзӣ кишт карда, ҳосили баланд ба даст оранд.

Кишоварзони Ҷайҳун аз ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳоми тоза гирифта, қавл доданд, ки минбаъд бо меҳнати софдилона дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат саҳми бештар хоҳанд гузошт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳияи Ҷайҳун барои таъмини рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ба сохторҳои масъули ҷумҳуриявию маҳаллӣ супоришҳои мушаххас дода, фармуданд, ки дар бобати баҳрабардории самараноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла, обу замин аз тамоми имконият пурра истифода баранд.

28 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла, ноҳияи Ҷайҳун, мулоқот карданд.

Сарвари давлат аз фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ ва натиҷаи заҳмати содиқонаи деҳқонони ноҳияи Ҷайҳун, ки барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлат ба даст овардаанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016 — 2020»-ро қабул кард, ки барои амалисозии он татбиқи 194 лоиҳа ба маблағи 164 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Барои татбиқи пурра ва самараноки барнома Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки ҳамкориро ҷиҳати дарёфти сармоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷоннок намоянд.

Дастуру супоришҳо ба масъулини ноҳияи Ҷайҳун ва вилояти Хатлон, ҳамчунин, бобати ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан, бунёди меҳмонхонаҳо ва таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда дода шуд.

Роҳбарияти Бонки миллӣ вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум чораҳои заруриро андешанд.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷти­моии аҳолӣ, инчунин, энергетика дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то моҳи апрели соли 2020 азхудшуда беш аз 18 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар ноҳия даҳ корхонаи саноатӣ дар самти истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият доранд, ки қонеъкунанда нест.

Роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор шуданд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақаро таъмин намоянд.

Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои водии Вахш вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки ҷиҳати бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаҳои маорифу тандурустӣ, аз ҷумла, бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонон ва беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.

Дар робита ба паҳншавии бемории коронавирус, ки боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра, аз ҷумла, сокинони кишвар гардидааст, Роҳбари мамлакат бо истифода аз ҳузури роҳбарону намояндагони сокинони шаҳру ноҳияҳои водии Вахш бори дигар зарурати аз ҷониби ҳар шахс риоя гардидани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибону мутахассисонро хотирнишон карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон изҳори боварӣ карданд, ки мардуми сарбаланди ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла, Ҷайҳун, анъанаҳои неки аҷдодиро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми босазо мегузоранд ва ба дастовардҳои бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.

Баъд аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода оид ба рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун ва раиси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода дар бораи ҷамъоварии ҳосил, иҷрои амру супоришҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин татбиқи нақшаи чорабиниҳо баҳри истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳисобот доданд.

28 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Маркази ташхиси тиббии «Дурахш»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар кӯчаи ба номи Садриддин Айнии шаҳри Бохтар бо тарҳи хеле зебо бунёд шуда, аз таҳхона ва 5 ошёна иборат аст ва ба истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкори ватандӯст Маҳмадраҳим Соҳибов бунёд шудааст.

Марказ дорои 70 кат барои беморон аст ва дар он 50 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, имкон дорад, ба зиёда аз 5 ҳазор нафар хизмат расонад.

Маркази ташхиси тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ бунёд гардида, корҳои сохтмониро мутахассисони маҳаллӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир анҷом додаанд.

Дастгоҳу таҷҳизоти тиббии муосир имкон медиҳад, ки дастрасии аҳолӣ ба намудҳои зиёди ташхис ва хизмати тиббию санитарӣ таъмин шавад. Аз ҷумла, ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон  дар марказ ба роҳ монда шудааст. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ, бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи табобати дандон низ фаъолият менамоянд.

Озмоишгоҳи марказ дорои дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳа буда, дар он қариб тамоми таҳлили тиббӣ дар фурсати кӯтоҳ ва муътамад анҷом дода мешаванд. Инчунин, ҳуҷраи модару кӯдак, ҳуҷраи хатна, утоқи ташхиси ултрасадо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар он мавҷуд аст.

Иншоот дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимот пурра таъмин аст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар ободонию созандагӣ ба соҳибкори ватандӯст изҳори сипос намуданд.

Баъдан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии таълимии Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

49945327156_85aafe9a89_oСарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии коллеҷ нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла, хилъатҳои яккарата ва бисёркаратаи ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа», маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои бисёркарата ва айнакҳо, ки барои мубориза бар зидди паҳншавии бемориҳои сироятӣ истифода мегарданд, дидан карданд.

Бинои мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, 45 синфхона, китобхона, толори маҷлисгоҳ, хонаи омӯзгорон, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ аз шароити бинои нави муассисаи таълимӣ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати тарбияи мутахассисони болаёқат вазифадор намуданд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ, ки боигарии асосии давлат аст, аз имконияту захираҳои мавҷуда босамар истифода менамояд.

Фармоишгари бинои иловагии таълимӣ Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоии шаҳри Бохтар» буда, бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ корҳои сохтмониро дар сатҳи хубу сифати баланд ва ба меъёрҳои замони муосир ҷавобгӯ ба анҷом расонид.

Дар муассиса 86 нафар фаъолият менамоянд, ки 62 нафари онҳо омӯзгорони ботаҷриба мебошанд. Бо бунёди бинои хуштарҳу замонавӣ барои донишҷӯён тахтаҳои электронӣ, синфхонаи барҳавои компютерии пайваст ба шабакаи байналмилалии интернет ва дигар айёниятҳои зарурии таълимӣ фароҳам гардид.

Бояд гуфт, ки дар бинои навбун­ёди таълимӣ асосан донишҷӯёни курсҳои 1 ва 2 таҳсил мекунанд.Онҳо аз рӯи 7 ихтисос, аз ҷумла, кори момодоягӣ, кори фармасевтӣ, табобатӣ, кори ҳамширагӣ ва ҳамширагӣ дар косметология баъд аз хатми синфи 11 ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, аз рӯи ихтисосҳои ҳамширагӣ ва фармасевтӣ низ баъд аз хатми синфи 9 мутахассис омода мегардад.

Дар бинои навсохти таълимӣ 720 донишҷӯ дар як баст таҳсил намуда, муҳлати омӯзиш аз 3 то 4 солро дар бар мегирад.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ ва назорати пайвастаи раванди таълим дар дохил ва беруни бино камераҳои мушоҳидавӣ насб гардидааст. Дар саҳни ҳавлӣ ва атрофи он корҳои ободонӣ гузаронида шуда, иншоот ба симои маркази шаҳри Бохтар ҳусни тоза зам кардааст.

28 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои наву замонавии Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотиро ба истифода доданд.

defaultОн дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар қомат афрохта, аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад ва бо тарҳи муосир ва бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ бунёд гардидааст.

Толори кохи навтаъсис, ки дорои 510 ҷойи нишаст мебошад, бо истифода аз санъати қадима гаҷкорӣ шуда, ба таври хос ва диққатҷалбкунанда оро ёфтааст. Толор бо муосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардида, дар он шароити хуб барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомад, чорабиниҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ фароҳам аст.

Иншооти фарҳангӣ бо ҷалби 150 сохтмончии маҳаллӣ бунёд гардида, дар иҷрои корҳо талаботи меъёрҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ пурра риоя шудааст. Коргарон ба сифати корҳо ва масолеҳи сохтмонӣ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, барои солҳои зиёд хизмат намудани он кафолат медиҳанд.

Таҷҳизоти муосири тақвияти овоз, созҳои гуногуни мусиқӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ барои аҳли фарҳанги шаҳр дастрас карда шуд.

Дар кохи навбунёд ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ ва пардоз­кунӣ барои ҳунармандон мавҷуд мебошад.

Дар баробари толори бошукӯҳ кохи зикршуда ҳамчунин дорои толори рақс, маҷлисгоҳ бо 75 ҷойи нишаст, китобхона бо фарогирии 5 ҳазор нусха китобҳои гуногун ва ҳуҷраҳои корӣ мебошад. Дар бино бахши фарҳанги Мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, бахши ҷавонон ва варзиш, Театри халқии шаҳри Бохтар, рӯзномаи шаҳрии «Набзи Бохтар», ансамбли рақсии кӯдаконаи «Ситора», маркази фарҳангии «Ҷавонон», бахшҳои Иттифоқи оҳангсозон ва Иттифоқи нависандагони вилояти Хатлон низ ҷой дода шуда, бо дарназардошти талаботи кормандон ҳар як ҳуҷраи корӣ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Баъди мавриди истифода қарор додани он барои 150 нафар шароити корӣ муҳайё гардид.

Аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли санъату ҳунари шаҳри Бохтар 50 сози мусиқии миллӣ туҳфа карда шуд, ки дар тақвият ёфтани ҳунару маҳорати санъаткорон ва рушди бештари соҳаи фарҳанги мамлакат мусоидат хоҳад намуд.

Дар атрофи Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотӣ гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони нодири соя­афкан шинонида шуда, роҳравҳо пурра сафолакпӯш гардидаанд.

Зебоии иншоотро дар шаб чароғҳои равшанидиҳандаи замонавӣ таъмин мекунанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кормандони соҳаи фарҳангу ҳунари шаҳри Бохтар мавриди истифода қарор гирифтани иншооти боҳашамати фарҳангиро, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, онҳоро барои таҳияи барномаҳои баландмазмуни эҷодию ҳунарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии мардум ҳидоят намуданд.

Инчунин, аз ҷониби масъулони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бинову иншооти иҷтимоии бунёдшаванда, аз ҷумла, тарҳи Гулгашти ба номи Ҷалолиддини Балхӣ дар деҳоти «Ҳалевард»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муаррифӣ шуд.

Зикр шуд, ки дар иншооти банақшагирифташудаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён дошта, бо риояи талаботи ҷории соҳаи меъморӣ шумораи зиёди сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои Гулгашти ба номи Ҷалолиддини Балхӣ масоҳати 1,2 гектар замин ҷудо гардида, дар он бунёди муҷассама, мақбара ва хона-музейи Ҷалолиддини Балхӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо бунёд гардидани майдони Нишон ва Парчами давлатӣ, варзишгоҳ барои 15000 ҷойи нишаст, биноҳои истиқоматӣ, меҳмонхона, марказҳои хизматрасонию маишӣ ва дигар иншооти муҳиму зарурӣ симои деҳот комилан тағйир ёфта, дар ин замина шароити боз ҳам беҳтару хубтар барои сокинон фароҳам хоҳад омад.

Бунёди иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда масъулони вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро муваззаф намуданд.

28 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи нашъунамои сабзавот дар замини наздиҳавлигии сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар Баҳриддин Маҳмадраҳимов шинос шуданд.

49945354761_9b49d8a71c_oБаҳриддин Маҳмадраҳимов дар назди ҳавлии хеш 0,15 гектар замини корам дорад ва дар он 7 гармхона, аз ҷумла, 4 гармхонаи замонавӣ ташкил намудааст.

Дар 4 гармхонаи замонавӣ обёрӣ бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шуда, фоидаи хуб ба даст меояд. Дар онҳо асосан ниҳоли ду ­навъи помидор, аз ҷумла, дар 5 гармхона навъи «Замира F1» ва дар боқимонда дигар навъи «Галина», дар умум 7500 бех ниҳоли помидор шинонида шудааст. Ин ду навъи помидор ба иқлими минтақа ва дар шароити гармхона мувофиқ мебошад. Баҳриддин Маҳмадраҳимов иброз дошт, ки дар сурати дуруст ба роҳ мондани парвариш имкон аст аз як бех ниҳоли помидори навъи «Замира F1» то 10 килограмм ва аз навъи «Галина» то 6 килограмм ҳосил ҷамъоварӣ шавад. Давраи нашъунамои «Замира F1» аз 95 то 100  ва «Галина» аз 85 то 90 рӯзро дар бар мегирад.

Ниҳоли помидор дар гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ моҳи декабри соли гузашта шинонида шуда, аллакай як моҳ аст ҳосили он ҷамъоварӣ мешавад.

То ҳол аз гармхонаҳо 3,5 тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардидааст ва аз рӯи нашъунамои ниҳолҳо интизор меравад, ки зиёда аз 30 тонна ҳосил ба даст оварда шавад.

Фароҳам гардидани шароит барои зиндагии шоистаи сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рушду пешрафти соҳаи кишоварзӣ вобаста аст ва истифодаи ҳамаҷонибаи иқтидори мавҷудаи соҳа ҳатмӣ мебошад.

Дар самти истифодаи мақсадноки замин, аз ҷумла, ба роҳ мондани кишту парвариши зироати кишоварзӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани се — чор ҳосил аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мегардад. Бо дарки ин масъала сокинони маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар раванди кишту парвариши зироатро дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ тақвият бахшида, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат бо сабзавоти тару тоза саҳми арзанда мегузоранд.

Дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар 52,4 гектар замини корами наздиҳавлигӣ мавҷуд аст ва сокинон асосан ба кишту парвариши сабзавоти барвақтӣ машғул мебошанд. Дар ин рӯзҳо ҳосили ҷамъоваришуда, аз ҷумла, помидорро сокинон аз назди хонаи худ бо нархи аз 4 то 5 сомонӣ ба фурӯш мегузоранд. Ҳосили ҷамъоваришуда дар бозори шаҳрҳои Бохтар, Душанбе ва инчунин шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ҳатто дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳоди харидорон мешавад.

Ташкили гармхона ва ба даст овардани ҳосили фаровон дар замини наздиҳавлигӣ аз ҷониби сокини маҳаллаи «Ғайрат» Баҳриддин Маҳмадраҳимов нишонаи истифодаи самараноку оқилонаи замин мебошад. Зиндагии сокинон асосан аз ҳамин ҳисоб пеш меравад ва барои кишту парвариши зироат, инчунин ҷамъоварии ҳосил аҳли оила якҷо меҳнат мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи деҳқони асил ҷиҳати ташкили гарм­хона ва парвариши помидор дар замини наздиҳавлигӣ баҳои баланд дода, фаъолияти ӯро қобили таҳсин ва барои дигар сокинони кишвар намунаи ибрат хонданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда ва истифодаи самараноку оқилонаи замин ба аҳли оилаи Баҳриддин Маҳмадраҳимов лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Ғайр аз ин, аз ҷониби сокинони маҳаллаи «Ғайрат» намоишгоҳ ташкил гардида, дар он номгӯи зиёди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, сабзавоти барвақтӣ ва картошка ба маъраз гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар намоишгоҳ марбут ба масъулиятшиносии сокинон дар самти истифодаи мақсадноки замин ва меҳнати пайвастаи онҳо маънидод намуданд.

29 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии сокинон, ифтитоҳи як зумра иншооти таъиноти гуногун, боздид аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ва вусъат бахшидани корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд. 

defaultПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст марҳилаи дуюми корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи истеҳсолӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, дар он асосан нахи пахта то ҳадди ниҳоӣ коркард гардида, аз он маҳсулоти тайёри гуногуни тиббии гигиенӣ ва косметологӣ истеҳсол мешавад.

Сехи истеҳсолии корхона бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ муҷаҳҳаз буда, бо истифода аз он маҳсулоти аълосифати ивазкунандаи воридот истеҳсол мешавад, ки он ба ҷумҳурӣ бештар аз хориҷи кишвар ворид мешуд.

Дар марҳилаи дуюми корхонаи «Фарм Текс»-и ноҳияи Данғара истеҳсоли бинтҳои тиббӣ аз пахтаи гигроскопии сафедкардашуда ба роҳ монда шудааст. Тибқи нишондоди лоиҳавӣ, иқтидори истеҳсолии корхона то 5 миллион адад бинти докагии пахтагин, салфеткаҳои пахтагин ва тиббии тамизшуда бо риштаи дар нурҳои рентгенӣ маълумшавандаро ташкил медиҳад.

Корхонаи «Фарм Текс», ки ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд бунёд шуд, боиси бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудани сокинон гардид.

Дар «Фарм Текс» бинти пахтагин, сачоқ ва дигар маводи тиббӣ истеҳсол шуда, талаботи аҳолӣ аз ҳисоби истеҳсолкунандагони ватанӣ таъмин мегардад.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуда, супориш доданд, ки бо дарназардошти талаботи аҳолӣ ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.

Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти босифат ва ба саломатӣ безарар истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти ивазкунандаи воридот, балки ба содирот нигаронидашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд. Пас аз ифтитоҳи корхонаи нав воридоти ин номгӯи маҳсулот пурра аз хориҷи кишвар қатъ гардида, эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ва аҳолии мамлакат бо истифода аз иқтидори корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Фарм Текс» қонеъ мешавад.

Бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани корхона барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар қадами устувор маҳсуб мешавад.

Бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолияти корхона, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ ва дар маҷмӯъ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол коргоҳи дӯзандагӣ низ таъсис ёфта, барои 50 нафар ҷойи корӣ фароҳам шуд.

Коргарони коргоҳи дӯзандагиро асосан занону духтарони хонашин ташкил медиҳанд. Дар он кӯрпаҳои пахтагӣ, кӯрпачаҳо ва рахти хоб истеҳсол мешавад, ки сифаташон хуб мебошад.

Бояд таъкид намуд, ки соли 2018 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхона ба истифода дода шуда, қариб 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Дар марҳилаи якум корхона дар як шабонарӯз то 2 тонна пахтаро коркард карда, дар шакли пахтаи гигроскопии сафедкардашуда ва сипас пахтаи тиббӣ, стоматологӣ дар намуди тампон, гирдаҳои пахтагии спиртдор ва навъҳои гуногуни молҳои тиббии тамизшуда истеҳсол менамояд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти корхона нақша доранд, то соли 2025 навбати сеюм, чорум ва панҷуми корхонаро ба кор андозанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди соҳаи саноат барои соҳибкорони маҳаллӣ тамоми шароиту имконият ва имтиёзҳоро фароҳам овардааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифати воридотивазкунанда дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Мавриди зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Данғара соҳаи саноат рушд карда, бо сохта ба истифода додани корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бамаротиб афзоиш ёфта, ҷойҳои нави корӣ муҳайё шуд.

29 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара Маркази ташхисӣ — табобатӣ, ҳаммом, ошхона ва майдончаи варзишии универсалиро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур дар доираи эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз тарафи соҳибкорони ватандӯст — оилаи Сидиқовҳо бунёд гардидааст.

Дар ошёнаи якуми бино дорухона, ҳуҷраи ултрасадо ва ҳуҷраи духтури дандон ба нақша гирифта шуда, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои занона ва тавонбахшӣ дар ошёнаи дуюми бино ҷойгиранд.

Дар озмоишгоҳ бо ворид гардидани таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили уроанализатор, сентрифуга, биоанализатор, гемоанализатор, термостат ва ғайра имкони амалисозии ҳама гуна таҳлил мавҷуд мебошад. Инчунин, гепатитҳо, вируси норасоии масунияти одам, бемории қанд ва ғайра ташхис шуда, табибони ботаҷрибаи маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Солҳои қаблӣ дар деҳоти мазкур чунин шароит муҳайё набуд ва сокинон барои ташхиси бемориҳои гуногун ба маркази ноҳия ё пойтахт мерафтанд.

Шумораи умумии ҳуҷраҳои иншоот 10 ададро ташкил дода, бо компютер ва дигар лавозимоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Дар он ҷо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзишии универсалиро, ки дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шудааст, ба истифода доданд. Дар он барои бозиҳои футболи хурд ва баскетбол шароити хуб муҳайё аст.

Атрофи майдонча чароғон карда шуда, имкони шабона машғул гардидан ба намудҳои гуногуни варзиш низ мавҷуд мебошад.

Иқдоми мазкур имкон фароҳам овард, ки ҷавонон ва дигар сокинони деҳаи Хуррамзамин бештар ба варзиш машғул шаванд ва дар рушди варзиш саҳм гузоранд.

То ин дам дар деҳаи Хуррамзамин чунин майдончаи варзишии дорои тамоми шароити замонавӣ мавҷуд набуд ва иншооти мазкур баҳри дастгирии сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкорони бонангу номус сохта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки дар оянда низ тадбирҳоро бештар андешида, шароити муосир барои ба варзиш машғул шудани ҷавонони маҳаллиро фароҳам намоянд.

Дар маҷмаа, ҳамчунин, ҳаммоми замонавӣ бунёд шудааст, ки он аз тарафи Пешвои миллат ифтитоҳ гардид ва имкони дар як вақт ба 15 нафар хизмат расониданро дорад. Баҳри дар сатҳи зарурӣ хизмат расонидан ба мизоҷон дар ҳаммом ҳама шароити лозима муҳайё аст.

Корҳои сохтмонӣ дар маҷммаи соли 2019 оғоз гардида, бо ҷалби 60 сохтмончии маҳаллӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба итмом расид. Ва баъди ифтитоҳи он 25 сокини деҳоти ба номи Исмат Шариф бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гаштанд.

Аснои шиносоӣ бо имкониятҳои Маркази ташхисӣ — табобатӣ, ҳаммом, ошхона барои 30 нафар ва майдончаи варзишии универсалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватандӯст барои дар деҳот муҳайё намудани шароити мусоид миннатдорӣ намуда, иқдоми созандаи онҳоро намунаи ибрат хонданд.

Инчунин, бо ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорон лоиҳаи Боғи Парчам, биноҳои маъмурӣ, фарҳангӣ ва истеҳсолии хурд дар деҳаи Хуррамзамини ноҳияи Данғара, ки бунёди онҳо то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба нақша гирифта шудааст, рӯнамоӣ гардид.

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара аз намоиши дастовардҳои хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуш дидан намуданд. 

Ҳадаф аз намоишро муаррифии бештари дастовардҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.

Хоҷагидорони 20 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дар намоишгоҳ дастранҷи хеш — 1 ҳазору 650 килограмм гӯшти гов ва маҳсулоти гӯштӣ, 10 ҳазор дона тухм, 6 ҳазор килограмм навъҳои гуногуни картошка, 4 ҳазору 550 килограмм ду навъи помидор, 6 ҳазору 250 килограмм ду навъи бодиринг, 5 ҳазору 950 килограмм карам, 1 ҳазору 400 килограмм меваи хушк ва дигар маҳсулоти соҳаи кишоварзиро ба маъраз гузоштанд.

Дар заминаи татбиқи барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имтиёзҳои пешниҳодгардида, соли ҷорӣ парандапарварони вилоят 24 миллиону 284 ҳазор дона тухм истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта зиёд аст.

Дар ду корхонаи парандапарварии Кооперативи тиҷоратии ба номи «Раҳмонҷон» танҳо дар 4 моҳи соли равон зиёда аз 10 тонна гӯшт ва 1 миллиону 504 ҳазору 500 дона тухм истеҳсол шудааст.

Зимни боздид аз намоишгоҳ Сарвари давлат таъкид карданд, ки вилояти Хатлон аз калонтарин вилоятҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба шумор меравад ва саҳми заҳматкашони он дар расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ арзанда аст.

Пешвои миллат ба истифодаи оқилонаи замини корам ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида таваҷҷуҳи махсус доранд. Шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, хоса ноҳияи Данғара, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифати кишоварзӣ имкониятҳои бениҳоят зиёд дорад ва дар сурати ҳадафмандона истифода гардидани замин содироти маҳсулоти хушсифати ватанӣ ба бозорҳои дохил ва хориҷи кишвар меафзояд. Соли 2019 танҳо дар ноҳия 4 ҳазору 794 тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки 500 тоннааш ба хориҷи мамлакат содирот карда шуд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия то 1 майи соли ҷорӣ 72,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузаш­та 2,9 миллион сомонӣ зиёд буда, 104 фоизро ташкил медиҳад.

Таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ворид намудани техникаву таҷҳизоти муосири соҳаи кишоварзӣ тайи солҳои охир пешравиҳои зиёд ба назар мерасад.

Истеҳсоли гӯшт дар ҳама бахши хоҷагидории вилоят дар заминаи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 4 моҳи соли равон ба 19 ҳазору 881 тонна расида, чорводорон 92 ҳазору 276 тонна шир истеҳсол намудаанд.

Дар намоишгоҳ намуна аз маҳсулоти истеҳсолии деҳқонони вилоят, аз қабили гандум, ҷав, шолӣ, нахӯд, лӯбиё, мош, маъсар, офтобпараст, картошка, карам, бодиринг, помидор, лаблабу, сабзӣ, бехпиёз, сирпиёз, қаламфури булғорӣ, тухмии сабзавот, себ, нок, олу, гелос, зардолу, шафтолу ва қулфинай ба маъраз гузошта шуд.

Имсол кишоварзони вилоят дар 125,5 ҳазор гектар кишти баҳории ғалладонагӣ гузарондаанд ва аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 55 сентнерӣ ҳосил гирифтаанд. Айни ҳол дар хоҷагиҳо кишти такрорӣ бомаром идома дорад.

Дар вилоят беш аз 6 ҳазору 340 гектар картошка кишт шуда, нашъунамои хуб дорад. Ҳосилғундорӣ идома дошта, деҳқонон умед доранд, ки самараи фаровон мерӯёнанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили дилхоҳ ҳидоят намуданд.

Таъкид шуд, ки вилояти Хатлон бо меваҳои шаҳдбор на танҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам машҳур мебошад. Ҳар сол боғдорони вилоят ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҳазорҳо тонна меваи тару хушк содир менамоянд. Бо мақсади таъмини иҷрои «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020» дар вилоят дар майдони 1 ҳазору 223 гектар боғу токзори нав бунёд карда шуд, ки аз ин 180 гектар боғҳои интенсивӣ мебошад.

Роҳбари мамлакат ба масъулони соҳа дастур доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёр аз меваю сабзавотро барои содирот бештар намуда, шумораи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро дучанд намоянд.

Мавриди зикр аст, ки  дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Давлату Ҳукумат ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони вилоят ҳоло Хатлон ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатии мамлакат табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дас­турхони мардум, аз ҷумла, сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, торафт бештар мегардад.

29 майи соли 2020 дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нав ва хуштарҳу замонавии Суди ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд. 

Он аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба истифода дода шуд.

Дар бино барои баргузории маҷлисҳои судӣ чор толори барҳаво, аз ҷумла, баррасии парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мавҷуд аст, ки дорои шароити хуби корӣ мебошанд.

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъсиси китобхонаҳо дар назди муассисаю идораҳо дар бинои суд низ китобхонаи барҳаво бо 600 нусха адабиёти соҳавию бадеӣ ва китобхонаи электронӣ иборат аз 10 000 китоб ва ду бойгонӣ ташкил шудааст. Ин иқдом ҷиҳати дастрасии кормандон ба навовариҳо ва истифода аз махзанҳои гуногун дар ҷараёни баррасии одилонаю шаффофи парвандаҳои шаҳрвандӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мусоидат мекунад.

Дар бино, ҳамчунин, утоқҳои кории Идораи нотариалии давлатии ноҳия, Хадамоти иҷро, Маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳия ва Шуъбаи корҳои ислоҳӣ ҷойгир аст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки маҳз бо ин мақсад дар даврони соҳибистиқлолии кишвар Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон корҳои зиёдро ба сомон расонида, дар самти ташкилу таҳкими ҳокимияти судӣ, таъмини қонуният ва адолати судӣ бо қабул ва татбиқи барномаҳои гуногун тадбирҳои назаррас ба сомон расиданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба кормандони соҳа ҷиҳати ҳимояи шаъну шарафи судя, анҷоми ваколатҳои хизматӣ бо маҳорати баланди касбӣ ва хизмати содиқонаву беғаразона ба халқу Ватани азиз дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Роҳравҳои атрофи бино дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ дар масоҳати 847 метри мураббаъ сафолакпӯш гардида, ҳамчунин, дар масоҳати 500 метри мураббаъ бо шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ ва ниҳолҳои гуногун кабудизор шудааст.

Атрофи иншоот бо чароғҳои гуногуни ранга оро ёфтаанд, ки шабона манзараи хеле зебо дорад.

29 майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара ба корҳои сохтмонӣ дар бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия оғоз бахшиданд.

Иншооти нав аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он барои кормандон шароити мусоид фароҳам мешавад ва бо истифода аз санъати хоси меъмории миллӣ бунёд хоҳад гашт. Дар бино 26 ҳуҷраи корӣ, 3 маҷлисгоҳ бо 200, 50 ва 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои омӯзишӣ — методӣ, хонаи вакилон ва ошхона таъсис дода мешавад.

Дар ошёнаи панҷум бо дарназардош­ти талаботи давру замон меҳмонхона бо 7 ҳуҷра ва як утоқи маъмурӣ пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохт­мони иншоот ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино бо ҷалби бинокорони ватанӣ сохта мешавад ва то 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Лоиҳаи иншоот аз ҷониби мутахассисони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни украинӣ таҳия ва пешниҳод гардида, бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ сохта мешавад.

Дар назди бино бунёди таваққуфгоҳ барои 30 адад воситаи нақлиёт пешбинӣ гардида, атрофаш гулпӯш мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни шиносоӣ бо лоиҳаи иншоот ба масъулон ҷиҳати назорати ҷиддии сифати корҳои сохтмонӣ ва истифода аз маҳсулоти аълосифат дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ бунёди бинои навро дар самти боз ҳам беҳтар гардидани сифати кору фаъолият ва тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат муҳим арзёбӣ карданд.

www.president.tj