Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№118-119 (4224-4225) 26.09.2020

(Идома аз шумораи гузашта)

23 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

50373676313_28a6d0bb9d_oИстиқболи меҳмони воломақом — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби сокинони сарбаланди Вахш дар даромадгоҳи ноҳия ба таври самимӣ бо арҷгузорӣ ба талошу пайгириҳои роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат дар роҳи таъмини пешрафти босуботи Тоҷикистони азиз сурат гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дарвозаи ноҳияи Вахшро, ки ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Корҳои сохтмонии онро сохтмончиёни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Барқ сохтмон» ба анҷом расонидаанд. Баландии дарвоза 12 метр ва паҳноиаш 11 метрро дар бар мегирад.

Атрофи дарвоза чароғон карда, фаввораи зебо дар мавзеи қабулу истиқболи меҳмонон ва айвон бо санъати баланди кандакорӣ гузошта шудааст, ки ҳангоми ташрифи меҳмонону сайёҳон ба ҳар як бинанда таассуроти нек мебахшад. Ҳамчунин, атрофи иншоот кабудизор ва гулкорӣ карда шудааст. Дар маҷмӯъ, барои қабули меҳмонону сайёҳон дар даромадгоҳи ноҳияи Вахш мавзеи хеле зебо бо шароити муосир фароҳам гардидааст.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи нақлиётгарди шаҳраки Кировро, ки баъди мумфаршкунии пурра аз ду тараф чароғон гардидааст, ба истифода доданд. Он, ки 12 километр дарозӣ дорад, бо харҷи 12 миллион сомонӣ, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат таҷдиду навсозӣ шудааст. Роҳ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботу меъёрҳои роҳсозӣ таҷдиду мумфарш гардидааст.

Паҳноии роҳ аз 8 метр оғоз шуда, дар баъзе аз мавзеъҳо ба 12 метр мерасад. Он пас аз навсозӣ аз категорияи 3-юм ба категорияи 4-уми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Фармоишгари иншоот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар ду тарафи роҳ 414 адад сутунпояи 9 — метра гузошта шудааст, ки шабонгоҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар он бидуни монеа сурат мегирад.

Дар доираи мумфаршкунии роҳ ду пули мошингузар бо дарозии 12 ва 22 метр пурра нав­созӣ гардидааст ва аз ду тараф бо панҷараҳои зебои рӯшноидиҳанда зинат ёфтаанд. Дар қитъаҳои гуногун 20 истгоҳи замонавӣ низ гузош­таанд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар идомаи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз даромадгоҳи ноҳияи Вахш то деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» роҳҳо нав­созӣ ва аз ду тараф пурра чароғон карда шудаанд. Таҷдиду навсозии роҳҳои маҳаллӣ дар дигар деҳоти ноҳияи Вахш босуръат идома дорад.

Дар ноҳияи Вахш 237 километр роҳҳо мавҷуданд, ки 169 километраш дорои аҳамияти маҳаллӣ ва 67 километри дигар дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Вахш то ба ҳол 25 километр роҳҳо пурра таъмиру нав­созӣ гардидаанд. Дар асоси нақша боз 20 километри дигар мумфарш карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз роҳи мошингард ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати равона кардани таваҷҷуҳи зиёд барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он ва таъмини муназзами ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ҳама фасли сол муваззаф намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар ноҳияи Вахш бинои хуштарҳу замонавии Маркази хизматрасонии «Баҳор»-ро мавриди истифода қарор доданд.

50374615996_90cae18194_oОн бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Муҳибулло Ҳабибов дар муддати кӯтоҳ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва бо истифода аз масолеҳи хушсифат пурра азнавсозӣ шудааст.

Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад. Масоҳати замини он 30 садякро дар бар мегирад.

Дар ошёнаи якуми бино ҷойгиронии маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст. Ошёнаи дуюм барои фурӯши либосҳо, аз ҷумла, мардонаю занона, мактабӣ ва кӯдакона, пешбинӣ гардидааст.

Дар ошёнаи дуюм гӯшаи махсуси намоиши доимии асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯзу имрӯзи таъриху тамаддун ва дастовардҳои даврони соҳиб­истиқлолии Ватанро инъикос мекунад, ташкил шудааст. Он дар заминаи иқдомҳо дар роҳи ҷалби сокинон ба мутолиаи китоб ва бедор сохтани эҳсоси худшиносию худогоҳии миллӣ дар замири онҳо таъсис ёфтааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар «Баҳор» акнун барои 50 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст. Дар назар аст, ки оянда барои дастрасии саривақтии сокинон бо маҳсулоти хушсифату арзон фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ низ ба роҳ монда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити нави хизматрасонӣ дар марказ ҳамон ҷо бо 91 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён, Панҷ ва Ҷайҳун, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои моддию пулӣ, аз ҷумла, сарулибоси мактабии зимистона ва шириниҳо тақдим намуданд. Таъкид гардид, ки танҳо дар ноҳияи Вахш 1094 нафар ятим, ки 37 нафарашон ятими кулл мебошанд, умр ба сар мебаранд.

Шодию нишоти ятимонро дар он рӯз ҳадду канор набуд, зеро онҳо аз дасти Пешвои муаззами миллат туҳфа гирифтанд ва аз наздик суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ масъалаи беҳтар намудани шарту шароит ва имконоти таҳсилу зиндагии ашхоси бенаворо зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот анҷом дода, аз ҳолу аҳволи онҳо бохабар мегарданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва будубоши ятимон дар мактаб – интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудану шарафёб гардидани ин қишри ҷомеа ба зиндагии арзанда корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо ятимон онҳоро барои истифодаи пурсамар аз шароиту имкониятҳое, ки Ҳукумати мамлакат барояшон ҷиҳати аз худ намудани донишҳои замонавӣ, техникаву технологияи муосир ва муҳимтар аз ҳама, дӯст доштани Ватани азиз, муҳайё сохтааст, ҳидоят намуданд.

Кӯдакон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки илмҳои муосирро меомӯзанд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ дар пешрафти Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол саҳми шоиста мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Он, ки дар шафати бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба ҷашни сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи соҳибкори ватандӯст Ҳусейн Ашӯров бунёд гардидааст, якҷо бо минбар 52 метр баландӣ дорад.

Паҳноии матои Парчами давлатӣ 7 ва дарозиаш 14 метрро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ дар сутунпояи он аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Спетс Техника» дар муддати қариб як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расидааст.

Майдони Парчами давлатӣ 70 садяк заминро ташкил медиҳад. Дар он гулҳои ҳархелаи мавсимӣ шинонида шудааст.

Ҳамчунин, аз ду тарафи сутунпояи Парчам ду фаввораи чоркунҷашакл бунёд ва бо чароғҳои равшанидиҳанда оро дода шудааст, ки барои сайругашти сокинону меҳмонон бисёр мувофиқ мебошад.

Ҳудуди майдони он бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз зебу зинат дода, ҷо-ҷо ҳафт нишастгоҳ насб карда шудааст. Инчунин, 15 чароғаки равшанидиҳанда шабонгоҳ ҳусни атрофро назаррабо мегардонанд.

Қомат афрохтани Парчами давлатӣ дар ноҳияи Вахш таҷассумгари ваҳдату ягонагӣ, нангу номуси ватандорӣ, нишон аз эҳтироми баланди сокинон нисбат ба муқаддасоти давлатӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватан мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро дар ноҳияи Вахш ифтитоҳ намуданд. 

Иттилоъ дода шуд, ки он аз ду ошёна иборат буда, дорои ҳафт ҳуҷраи корӣ, китобхона, шуъбаҳои ташкилӣ ва бақайдгирӣ, кор бо занон ва ҷавонон, таблиғот, иттилоот ва матбуот мебошад. Дар бино толори маҷлис низ мавҷуд аст ва бо иқдоми бародарони соҳибкор Юнусовҳо ба тариқи ҳашар сохта шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Борбади Марвазии ноҳияи Вахш бинои хуштарҳу замонавии Маркази ташхисӣ — табобатии «Руҳафзо» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

50374716742_ce545ef097_oОн аз таҳхона ва ду бинои алоҳидаи дуошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар давоми якуним сол сохта шудааст.

Марказ дорои шуъбаҳои гиёҳдармонӣ, дандондармонӣ, озмоишгоҳ, ташхиси фаросавтӣ, сабти барқии дил, безараргардонӣ, духтури чашм, ташхису муолиҷаи бемориҳои гӯшу гӯлу ва бинӣ буда, дар маҷмӯъ, аз 24 утоқи хизматрасонӣ иборат аст.

Нуқтаҳои хизматрасонии марказ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин ва дар он аз тарафи табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони дорои таҷрибаи ғанӣ бо усули замонавӣ 12 намуди хизматрасонии тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Инчунин, барои қабули беморон 20 кати хоб муҳайё гардида, дастгоҳу таҷҳизоти марказ аз кишварҳои Олмон ва Туркия дастрас ва васлу насб шудааст.

Айни замон дар иншоот соҳаи тандурустӣ 35 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар марказ баҳои баланд дода, табибонро ба истифодаи маҳорату малакаи касбӣ баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ ҳидоят намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Вахш 76 муассисаи тиббӣ — беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи рақамӣ, 14 маркази саломатӣ ва 52 бунгоҳи тиббӣ фаъолият мекунанд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш бо ҳолати истифодабарии замини наздиҳавлигии бародарон Собирҷон ва Олим Баротзодаҳо ошно шуданд.

Масоҳати замини наздиҳавлигии онҳо 8 садякро дар бар мегирад, ки пурсамар истифода мегардад. Дар он бародарон анвои гуногуни зироат, аз ҷумла, помидору бодиринг, сабзӣ, картошкаву пиёз, шалғам, турб, карам, қаламфури булғорӣ, лӯбиёгӣ ва ғайра кишту парвариш менамоянд.

Баротзодаҳо бо истифода аз маданияти баланди заминдорӣ аз қитъаи наздиҳавлигӣ ҳар сол ду — се ҳосил гирифта, дар баробари таъмини эҳтиёҷоти оила, маҳсулоташонро ба бозор мебароранд. Ҳоло, баъди гирифтани ҳосили якум ва дуюм, онҳо кишти тирамоҳии зироатҳоро ба роҳ монданд, ки нашъунамои хуб дорад.

Пешвои миллат ба хонаводаи Баротзодаҳо, ки ҳамчун оилаи ҷавон ва намунавӣ дар ноҳияи Вахш ба шумор меравад, барои истифодаи самараноки замин ва ба ин восита дастгирӣ намудани сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, ба бародарон ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли анвои гуногуни маҳсулот дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Президенти мамлакат, ҳамчунин, бо намунаҳои маҳсулоти бадастовардаи бародарон ва захираи маводи озуқаи ин оила шинос шуданд.

Бонувони ин хонавода ҳар сол аз ҳосили боғ ва замини наздиҳавлигӣ анвои гуногуни хӯрданӣ, аз ҷумла, мураббо, шарбати мева ва хӯриш омода ва захира менамоянд. Захираи картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ ва дигар намуди лӯбиёгиҳо дар ин оила низ аз замини наздиҳавлигӣ мебошад.

Сарвари давлат бо аҳли оилаи Баротзодаҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истифодаи оқилонаву самараноки ҳар порча замин ва рӯёнидани ду — се ҳосил ҳидоят намуданд.

Ба ин оилаи намунавӣ барои дастгирӣ аз сиёсати Ҳукумати кишвар туҳфаҳои Пешвои миллат тақдим карда шуд. Сипас, сокинони кӯчаи ба номи Хайриддин Давлатови шаҳраки Вахш ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти нонӣ ва захираи маҳсулоти хӯроквориро ба намоиш гузоштанд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» бинои Беморхонаи клиникии ба номи «Абӯалӣ ибни Сино» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он, ки аз таҳхона ва се ошёна иборат мебошад, тибқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов бунёд гардидааст.

Иншоот дорои шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занона, амрози даруна ва шуъбаи кӯдакона буда, бо тарҳи зебо аз ҷониби мутахассисони ватанӣ сохта шудааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин будаанд.

Дар таҳхонаи бино ду дорухона, ҳуҷраҳои маъмурият, физиотерапевтӣ, дар ошёнаи якум қабулгоҳ, гӯшаи гиёҳдармонӣ ва ҳуҷараҳои қабули корафтодагон ҷой гирифтаанд. Дар он ҷо барои 40 нафар ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Ҷароҳатхона, шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози занона, кӯдакона, амрози дарунӣ, бистаринамоӣ, ошхона ва маҷлисгоҳ дар ошёнаҳои дуюм ва сеюм ҷойгир мебошанд.

Зимни шиносоии Пешвои миллат бо шароити муосири хизматрасонӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Вахш 76 муассисаи тандурустӣ мавҷуд аст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ таъмин мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои ­бунёдӣ дар беморхона моҳи августи соли 2017 бо иштироки бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави беморхона, дар баробари муҳайё гардидани шароити мусоиди табобату муолиҷаи корафтодагон, барои таҷрибаомӯзии таҳсилкунандагони Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш низ заминаи хуб фароҳам омадааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона истеҳсоли ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, аз кишварҳои пешрафта, аз ҷумла, Россия ва Олмон, даст­рас гардидаанд. Беморхона дорои 43 утоқи кории барҳаво ва бо мебелу дигар лавозимот муҷаҳҳаз мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори сипосу миннатдорӣ амали ҷавонмардонаи соҳибкорро барои бартарафсозии мушкилоти сокинон дар самти даст­расӣ ба хизматрасониҳои босифати тиббӣ шоистаи таҳсин хонданд.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо кормандони беморхона доир ба истифодаи пурсамар аз шароити фароҳамгардида ва истифодаи малакаю маҳорат ҷиҳати ҳифзи сиҳатии сокинон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар назар аст, ки дар ноҳияи Вахш ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ боз ду муассисаи нави тандурустӣ сохта, бинои Беморхонаи марказӣ пурра навсозӣ ва бо дастгоҳҳои муосири соҳавӣ таъмин карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хизматрасонӣ дар беморхона ва суҳбати самимӣ бо кормандони он дар ҳамон ҷо ба ­бунёди бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш ва табибони беморхона санги асос гузоштанд.

Биноҳои нави истиқоматӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Қурбоналӣ Юсупов дар масоҳати 1 гектар замин сохта мешаванд ва аз ду бинои панҷошёна иборат хоҳад буд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сохтмончиёну бинокоронро ба иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ҳидоят намуда, ба масъулон ҷиҳати иҷрои корҳо ва истифода аз масолеҳи аълосифат дастуру супориш доданд.

Дар Муассисаи ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббии ноҳияи Вахш 45 нафар омӯзгори дорои тахассуси баланд фаъолият доранд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш, ҳамчунин, Маҷмааи фарҳангии «Офтобак» — ро мавриди истифода қарор дода, намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати хӯроквориро аз назар гузаронданд.

Маҷмааи фарҳангии «Офтобак» бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Қурбоналӣ Юсупов дар асоси ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат ҷиҳати истиқбол аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Иншоот дар назди хоҷагии деҳқонии тухмипарварии «Кӯлоб» дар масоҳати 1100 метри мураббаъ қомат афрохтааст. Корҳои сохтмониро 40 нафар бинокори варзидаи маҳаллӣ анҷом додаанд. Маҷмаа дорои толори барҳаво барои баргузории чорабиниҳои гуногун бо 1500 ҷойи нишаст буда, бо усули меъмории миллӣ сохта, деворҳои он бо манзараҳои дилфиреби Ватан оро дода шудааст. Он, ки дар доираи эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд гардидааст, метавонад муаррифгари зебоиҳо барои меҳмонону сайёҳон бошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо намоишгоҳи дастовардҳои кишварзон ва саноати хӯроквории ноҳияи Вахшро аз назар гузаронданд.

Дар он беҳтарин ­навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ — сабзавот, анвои гуногуни мева дар шакли тару хушк, полезӣ ва ғалладонагию лӯбиёгиҳо васеъ муаррифӣ карда шуд.

Кишоварзони ноҳия дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва таъмини амнияти озуқаворӣ сармашқи кор қарор дода, ҳар сол бо гирифтани ҳосили фаровон дар ғановати бозори истеъмолӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Дар ноҳия зиёда аз 6540 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, ки заминҳои корамашон 16815 гектарро ташкил медиҳад.

Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳ иттилоъ дода шуд, ки дар ҳашт моҳи соли 2020 дар ноҳия 28255 тонна ғалладонагӣ, 8423 тонна картошка, 57797 тонна сабзавот, 39339 тонна полезӣ, 2602 тонна мева, 3615 тонна ангур, 3725 тонна гӯшт, 11406 тонна шир, 1 миллиону 510 ҳазор дона тухм ва 21 тонна асал истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта аз 100 то 108 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин давра содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар беш аз 4232 тоннаро ташкил додааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 276 тонна зиёд мебошад.

Дар намоишгоҳ маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, аз ҷумла, истеҳсолоти корхонаҳои коркарди шир, консервагиҳо, шириниҳо ва дигар навъи маҳсулот низ ба тамошо гузошта шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ноҳия 22 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳашт моҳи соли равон ба зиёда аз 78 миллион сомонӣ расидааст.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб» дидан карданд. Он дар ихтиёр 930 гектар замин дорад ва заҳматкашон соли равон дар майдони 773 гектар пунбадона, аз ҷумла, дар 251 гектари пунбаи навъи «Маҳиннахи 9326-В» кишт кардаанд.

Дар хоҷагӣ 1100 нафар фаъолият меварзанд ва ҳар сол то 2319 тонна ҳосил ба даст меоранд, ки ба ҳар як гектар 30-сентнерӣ рост меояд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо чинакчиёни хоҷагӣ суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Хоҷагӣ, ҳамчунин, дорои 20 гектар боғ мебошад, ки меваҳои хуштаъму лазизи он дар бозори дохилӣ ва берун аз кишвар талабгори зиёд дорад.

Аҳли заҳмати хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб», дар баробари кишту парвариши пахта ва ниҳолҳои мевадиҳанда, дар кирмакпарварӣ низ таҷрибаи хуб доранд.

Ба иттилои масъулони соҳа, кирмакпарварони хоҷагӣ соле то 200 қуттӣ кирмак парвариш мекунанд, ки дар миқёси ноҳия 50 дарсадро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таҷрибаи аҳли заҳмати Хоҷагии тухмипарварии «Кӯлоб»-ро намуна арзёбӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳои дар ихтиёрдошта ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулот ба онҳо дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

23 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Вахш мулоқоти самимӣ доир карданд.

50374809397_bcdb159217_oҲадафи сафарро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шиносоӣ бо вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҷараёни иҷрои нақшаву барномаҳои давлатӣ ва раванди корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Вахш маънидод карда, ба сокинон барои истиқболи самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Зимни таҳлилу баррасии натиҷаҳои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Вахш аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 708 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки 183 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

То ҳол дар ноҳия 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 338 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло амалисозии ҳафт лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беҳсозии инфрасохтори шабакаҳои барқӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ба нақша гирифта шудааст. То ба ҳол аз ин ҳисоб 18 миллион сомониро аз худ кардаанд.

Дар ноҳияи Вахш ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — сисолагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 342 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба ҳол 215 адади он ба маблағи беш аз 45 миллион сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтааст.

Барои татбиқи нақшаҳои дарпешгузошта Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Вахшро вазифадор карданд, ки корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида, ба сифати корҳои сохтмон ва риояи санъати меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда эътибори махсус диҳанд.

Тавре таъкид гардид, Вахш, ки ноҳияи аграриву саноатӣ мебошад, барои бунёди корхонаву коргоҳҳои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ имконияти зиёд дорад. Ҳоло дар он 22 корхонаи саноатӣ фаъолият карда истодаанд. Дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар онҳо 75 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба 101 фоизи ҳамин давраи соли гузашта баробар аст.

Вобаста ба рушди соҳаи саноат ва ҳадафҳои Ҳукумати кишвар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳия ва Вазорати саноат ва технологияҳои навро вазифадор карданд, ки якҷо бо сохторҳои дахлдори давлатӣ дар асоси таҳлили иқтидорҳои мавҷуда ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ, бахусус, дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, чораҷӯӣ намуда, ҳамкориро бо соҳибкорону сармоягузорон васеъ ба роҳ монанд.

Зикр гардид, ки дар ҳафт моҳи соли 2020 кишоварзони ноҳия ба маблағи 495 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7 фоиз зиёд мебошад.

Пахта яке аз зироатҳои асосии соҳаи рустанипарварии ноҳия ба ҳисоб меравад. Кишти он соли ҷорӣ дар майдони 9600 гектар анҷом дода шудааст, ки ба 100 фоизи дурнамо баробар мебошад. Кишоварзон дар ин давра дар 7500 гектар кишти такрорӣ гузаронидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд аст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулонро вазифадор карданд, ки ба масъалаи истифодаи самараноки имконияту захираҳо, пеш аз ҳама, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, истифодаи самараноки тухмиҳои хушсифат ва замин, зиёд намудани кишти картошка ва майдони боғҳо, алалхусус, боғҳои интенсивӣ, бунёди инфрасохтори нигоҳдории меваю сабзавот, бандубаст ва содироти он, инчунин, тараққӣ додани соҳаи чорводорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи маориф ҳамчун бахши муҳими ҷомеа, Ҳукумати мамлакат дар солҳои 1991-2019 аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ дар ноҳияи Вахш 41 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагиро барои 8500 ҷойи нишаст сохта, ба истифода додааст.

Айни замон дар муассисаҳои тиббии ноҳия 105 табиб ва 774 корманди миёнаи тиб фаъолият доранд. Алҳол барои тадриҷан бартараф намудани норасоии табибон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат 146 нафар, аз ҷумла, 37 нафар духтар, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил карда истодаанд, ки 18 нафари онҳо бо Квотаи президентӣ донишҷӯ шудаанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки роҳбарони ноҳияи Вахш, соҳибкорони бонангу номус, шахсони саховатпеша ва сокинони заҳматпешаи он чун ҳарвақта сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати ­мамлакатро дастгирӣ намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиро вусъати тоза бахшида, чораҳои заруриро роҳандозӣ мекунанд.

Сипас, сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла, донишҷӯён Марҳабо Ҷумъаева, Худойдод Зарифов ва собиқадорон Абдуқаюм Муминов ва Абдуҷалол Салимов баромад ва ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар барои фароҳам овардани шароити созгори кору зиндагӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Нимаи дуюми 23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.

1Сокинони меҳнатқарину сарбаланди он Пешвои миллатро дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб бо самимияту эҳтироми хоса истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон нахуст оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз «Қуръон»-и маҷид баҳри суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек карданд.

50375502901_b08a396141_oМақбара ва оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба макони ободу зебо табдил дода шудааст ва ҳар рӯз ҳазорҳо нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба он ҷо ташриф меоранд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун шахсияти шинохтаи олами илму маърифат маҳз бо эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ машҳури ҷаҳон гардидааст. Аз ин ҷост, ки дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодманди зиёд дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба масъулон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани макони таърихӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони дохилию хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи автомобилгард, таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ, муаррифии марҳилаи якуми лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ва лоиҳаҳои партовҳои сахти маишӣ шинос шуданд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст марҳилаи якуми татбиқи лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки он се марҳиларо дар бар мегирад ва корҳои сохтмонӣ дар он чор сол идома меёбанд. Дар доираи татбиқи лоиҳа, сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии хатҳои обгузар ва шабакаҳои обтаъминкунӣ, аз ҷумла, барқарорсозии 35 километр хатҳои обгузари қутрашон аз 325 то 600 — миллиметра ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, сохтмон ва барқарорсозии обанборҳо, аз ҷумла, барқарорсозии 16 чоҳи амудӣ, насби 10 обкаши зериобӣ, трансформаторҳои барқии 400 ва 630 кВт, сохтмони 3700 метр хати интиқоли барқи 10кВ, таҷдиди обанбори Тебалай, бунёди ҳавз барои нигоҳдории 6000 метри мукааб об, ду ҳавз барои нигоҳдории 3000 метри мукааб об, сохтмони бинои электролизерӣ, бинои нави пойгоҳи обкашӣ бо насби 8 агрегати насосӣ, навсозии пойгоҳи обкаши дуюм ва насби 11 агрегати насосӣ, сохтмон ва барқрорсозии пойгоҳи обкашии барориши сеюм, аз қабили сохтмони пойгоҳи обкашии нав бо насби чор насоси обкаш, бунёди чор ҳавзи нигоҳдории об бо ғунҷоиши аз 1500 то 2500 метри мукааб ва насби обченкунакҳо дар назар аст.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа, беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва беҳдошти об дар шаҳр, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, ҷорӣ намудани низоми устувор, инчунин, таҳкими иқтидори корхонаи хизматрасонии бахши таъминоти об мебошад.

Зимни муаррифии марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмир ва чароғонкунии 11,57 километр роҳ дар шаҳри Кӯлоб ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи таъмир ва барқарорсозии роҳҳои дохилии шаҳри Кӯлоб дар марҳилаи якум (давоми солҳои 2015-2016) бо харҷи 4,8 миллион доллар 5,8 километр роҳҳои се кӯчаи шаҳр, аз ҷумла, кӯчаҳои ба номи Сафаров, Ҳилоли Аҳмар, Сохтмончиён, Лағмон-Яхсу таъмир ва пул бо дарозии 30 ва паҳноии 10,8 метр навсозӣ гардид.

Дар марҳилаи дуюм бошад, таъмиру таҷдиди 11,4 километр роҳи шаш кӯчаи шаҳри Кӯлоб ба сомон расонида, пурра асфалтпӯш карда шуд. Ҳамчунин, 6,4 километр чароғон ва ду пул бо дарозии 24 метр навсозӣ гардид. Маблағи умумии марҳилаи дуюм низ 4,8 миллион доларро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар ду марҳила 17,2 километр роҳи дохилии шаҳри Кӯлоб таъмиру таҷдид, се пул навсозӣ ва 6,4 километр роҳ чароғон гардидааст.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи сеюм зикр шуд, ки таъмири роҳҳо ва равшаннамоии 12 кӯчаи шаҳр бо дарозии қариб 12 километр навсозӣ ва пули 39 — метраи роҳи Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб таҷдид мегардад. Ин тадбир имкон фароҳам меорад, ки роҳҳо ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонида шаванду сокинону меҳмонон бемамониат рафтуомад кунанд.

Ҳамаи ин иқдоми созандаро сокинони шаҳри Кӯлоб самараи соҳибистиқлолӣ, сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи амалии нақша-чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» арзёбӣ мекунанд.

Дар баробари муаррифии лои­ҳаҳои роҳу системаи обтаъминкунии шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб» шинос шуданд.Он соли 2017 оғоз гардида, соли 2021 анҷом мепазирад. Арзиши лоиҳа 4 миллион долларро ташкил медиҳад ва се марҳиларо дар бар мегирад.

Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави идоракунии партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Кӯлоб, инчунин, сохтмони партовгоҳи марказии нав бо истифода аз стандартҳои замони муосир мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон татбиқи амалии се лоиҳаро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, барои босифат анҷом додани корҳои пешбинишуда ва мақсаднок истифода бурдани маб­лағҳои ҷудогардида ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи наву замонавии «Шарора»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он сеошёна ва аз 18 ҳуҷра иборат буда, имкони қабули 40 нафар мизоҷро дорад ва аз ҷониби бонуи соҳибкор Шарора Ҳакимзода ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Дар «Шарора» 30 нафар сокини маҳаллӣ ба кори доимӣ таъмин гардида, бо таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимот муҷаҳҳаз ва хизматрасонии он ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор барои бунёди меҳмонхонаи муосир изҳори сипос намуда, иқдоми бонуи ташаббускори ватандӯстро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои сокинони маҳаллӣ намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Меҳмонхонаи «Шарора» бо мақсади мукаммал намудани инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳаллаи «Дӯстӣ»-и шаҳри Кӯлоб, дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо тарҳи муосири меъморӣ сохта шудааст. Акнун, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, барои меҳмонону сайёҳон шароити арзанда фароҳам гардид.

Корҳои сохтмонии меҳмонхонаро мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ ба иҷро расонидаанд.

Дар ошёнаи аввали меҳмонхона маркази «Дунёи ҳунар» таъсис ёфтааст, ки дар он намоиш ва фурӯши намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо ташкил гардидааст.

Дар ин ҷо дар гӯшаҳои алоҳида намунаҳои созҳои миллӣ — дутор, дафу доира, най, маснуоти заргарӣ, матоъҳои гулбаст, либосҳои миллӣ, санъати рассомӣ, тоқидӯзӣ, нигораҳо дар чӯб, гаҳворасозӣ, сабадбофӣ ва сандуқсозӣ, ки ҳама маҳсули дастранҷи ҳунармандони чирадасту хушсалиқаи шаҳри бос­тонии Кӯлоб мебошанд, ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳамчунин, дар меҳмонхона қаҳвахона мавҷуд аст, ки дар он барои меҳмонон ва сайёҳон ғизоҳои гарму болаззат омода, пешниҳод ва бо сатҳи баланд хизмат расонида мешавад.

Саҳн ва атрофи меҳмонхона бо гулу буттаҳои ороишӣ зинат ёфта, шабона намои берунаи он чароғон ва хеле зебою назаррабо мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

defaultОн дар маҳаллаи Борбад ҷойгир буда, аз чор ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар он 47 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои фаннии химия, анатомия, биология, озмоишгоҳҳо, китобхона, толори маҷлис, хонаи омӯзгорон, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд мебошад.

Ҳамчунин, дар шафати бинои нави таълимӣ ошхона бо 50 ҷойи нишаст ҷойгир аст, ки дар он ғизоҳои гарму болаззат омода ва пешниҳод мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити дар бинои нави муассисаи таълимии ғайридавлатӣ фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулонро ҷиҳати тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбии тиббию фарматсевтӣ вазифадор намуданд.

Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ аз имконияту захираҳои мавҷуда босамар истифода менамояд. Ҳамчунин, тарбияи мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Фармоишгари бинои нави таълимӣ Муассисаи ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб» мебошад. Корҳои сохтмонӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ва ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ба анҷом расидааст. Дар муассиса 80 нафар фаъолият менамоянд, ки аксари онҳо омӯзгорони ботаҷриба мебошанд.

Таълим дар муассиса бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари омӯзиши фанҳои тахассусӣ, ба масъалаи аз бар кардани забонҳои хориҷӣ низ диққати махсус равона гардидааст.

Дар коллеҷ аз рӯйи панҷ ихтисос, аз ҷумла, корҳои момодоягӣ, фарматсевтӣ, табобатӣ, ҳамширагӣ ва табобати дандон баъд аз хатми синфи 11 мутахассис омода карда мешавад. Аз рӯйи ихтисоси кори ҳамширагӣ баъд аз хатми синфи 9 низ тайёр намудани мутахассисон ба роҳ монда шудааст.

Дар бинои нави таълимӣ 565 донишҷӯ дар ду баст таҳсил менамоянд. Муҳлати омӯзиш аз 3 то 4 солро дар бар мегирад. Бо дарназардошти фаровонии рустаниҳои шифобахш дар муассисаи таълимӣ ҳуҷраи гиёҳҳои шифобахш амал мекунад, ки дар он барои донишҷӯён оид ба таркиб ва хусусиятҳои фоидабахшии гиёҳҳо машғулиятҳои назариявию амалӣ гузаронида мешавад.

Муассисаи таълимӣ, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, дар биноҳои гуногун фаъолият мекард. Бинои нави он дар шафати бинои қаблӣ, ки аз се ошёна иборат аст ва дар он шароити зарурии таълимӣ фароҳам набуд, сохта шудааст. Дар бинои пешина донишҷӯён аз норасоии ҷойи нишаст ва айёниятҳои таълимӣ танқисӣ мекашиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли таҳсили 2019-2020 коллеҷро 203 нафар хатм намуданд, ки аксари онҳо ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба кор ҷалб гардиданд.

Зимни суҳбат бо омӯзгорон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисосро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи омӯзгорон арзёбӣ карданд.

Масъулон нақша доранд, ки солҳои наздик дар шафати бинои нави таълимии коллеҷ хобгоҳи зебою замонавӣ бунёд намуда, донишҷӯёни дурдасти мамлакатро бо ҷойи зист ва шароити хуб таъмин кунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи ба номи Абӯалӣ ибни Синои шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 ба номи Одил Комиловро ифтитоҳ бахшиданд.

Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаи барҳаво мебошад, ки барои 480 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Бино бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҷониби оилаи саховатпешаи Комиловҳо ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохта шудааст.

Кабинетҳои фаннии биология, физика, технологияи информатсионии таълимгоҳ бо тахтаҳои электронӣ ва видеопроэкторҳо муҷаҳҳаз буда, бо дастгоҳ ва таҷҳизоту айёнияти дарсӣ пурра таъмин гардидаанд.

Дар бинои навбунёд хонандагон метавонанд барномаҳои таълимиро бо истифодаи васеъ аз имкониятҳои мавҷуда аз бар намоянд.

Ёдовар мешавем, ки бинои иловагии таълимӣ, бо дарназардошти норасоии ҷойи нишаст ва шумораи зиёди хонандагон, дар шафати ду бинои якошёна, ки солҳои 2000 ва 2001 сохта шудаанд, бунёд гардидааст. Дар биноҳои таълимии якошёна 14 синфхона, китобхона, утоқи омӯзгорон ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Биноҳои мазкур пурра аз таъмири асосӣ бароварда, бо мизу курсии нав ва айёнияти муосири таълимӣ таъмин карда шудаанд. Дар он биноҳои таълимӣ хонандагон то синфи 9 таҳсил мекарданд. Бинои нав дорои шароити арзандаи илмомӯзӣ аст. Масоҳати умумии он 952 метри мураббаъ мебошад.

Пешвои миллат зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар муассисаи таълимӣ бо хонандагону омӯзгорон суҳбати самимӣ анҷом дода, ифтитоҳи бинои иловагиро ба онҳо табрик гуфтанд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41, дар маҷмӯъ, 1 ҳазору 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд ва ба онҳо 66 нафар омӯзгор дарс мегӯянд, ки 51 нафарашон бонувони соҳибмалака мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки аз шароит босамар истифода баранд. Ба таъкиди Пешвои миллат, омӯзиши фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ талаботи замон буда, аз масъулон диққати ҷиддиро тақозо мекунад.

Синфхонаҳои таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин ва ба шабакаи гармидиҳӣ, ки аз тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст гардидааст.

Дар назди муассисаи таҳсилотӣ майдони муосири варзишӣ дар масоҳати 670 метри мураббаъ сохта шудааст, ки дар он, асосан, бозиҳои баскетбол ва волейбол гузаронида мешавад. Ҳамчунин, имкон аст, ки дар майдони варзишӣ дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва мусобиқаҳои гуногун ташкилу баргузор карда шаванд.

Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро ёфта, роҳраву саҳни он пурра сафолакпӯш карда шудааст. Масоҳати умумии муассисаи таълимӣ 0,73 гектарро дар бар мегирад.

Айни замон дар шаҳри Кӯлоб шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 74 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 48 ҳазору 749 нафар хонанда ба таҳсил ҷалб гардидаанд. Ба хонандагон 3 ҳазору 401 нафар омӯзгор дарс мегӯянд.

Бо татбиқи барнома ва нақшаҳои мукаммали самарабахш соҳаи илму маориф дар мамлакат сол то сол рушд намуда, ҷараёни бунёду навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ  вусъат меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб бо ятимон мулоқот ва суҳбати самимӣ намуданд.

Тибқи маълумоти бадастрасида, дар шаҳри Кӯлоб 92 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 43 нафарашон ноболиғ мебошанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст ятимонро ба ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, онҳоро ба идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан, забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ ва касбу ҳунар, ҳидоят намуданд.

Зикр гардид, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба 60 нафар ятим, ки 42 нафари онҳо аз шаҳри Кӯлоб, шаш нафар аз ноҳияи Ховалинг, шаш нафар аз ноҳияи Балҷувон ва шаш нафари дигар аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин буданд, туҳфаҳои молию пулӣ, сарулибоси зимистона ва шириниҳо тақдим карданд.

Ятимон ҳангоми суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои падарона аз самими дил миннатдорӣ баён намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, кӯдаконро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.

Мавриди зикр аст, ки Боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» пурра навсозӣ гардида, дар он гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони нодири ороишӣ шинонида, фаввораҳои зебою назаррабо сохта шудааст.

Нимаи дуюми 23 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони шаҳри Кӯлоб мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз хислатҳои деринаву писандидаи халқи тоҷик — эҳтирому меҳрубонӣ ва пазироии хос ёдовар шуда, барои истиқболи гарм ва самимияти баланд ба мардуми шаҳри бостонии Кӯлоб изҳори сипос карданд.

Таъкид гардид, ки Кӯлоб аз баракати соҳибистиқлолӣ, суботу оромии кишвар, азму талоши пайваста ва заҳмати ободгаронаи сокинон ба шаҳри зебову замонавӣ табдил ёфтааст.

Ҳукумати мамлакат барои таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби буҷети давлат беш аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ равона намудааст.

То ин дам дар шаҳри Кӯлоб 24 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 406 миллион сомонӣ дар соҳаҳои гуногун татбиқ гардидааст. Ҳоло татбиқи 15 лоиҳаи дигар идома дорад, ки маблағи умумии дар доираи онҳо азхудшуда 280 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҳама сарчашма ба сармояи асосӣ дар ҳаҷм 1 миллиарду 800 миллион сомонӣ маблағ равона карда, ба маблағи умумии беш аз якуним миллиард сомонӣ корҳои сохтмону васл­гарӣ ба анҷом расонида шудааст.

52 корхонаи саноатии нав бунёд карда, фондҳои асосӣ ба маблағи зиёда аз якуним миллиард сомонӣ ба кор андохта шудаанд. Илова бар ин, барои сохтмони манзили истиқоматӣ 741 гектар замин ҷудо гардидааст, ки 640 гектари он ба 4800 оилаи эҳтиёҷманд тақсим карда дода шудааст.

Тибқи нақша, ба ифтихори таҷлили ҷашни 30 — солагии  Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр ва деҳоти он бунёду азнавсозии 873 иншоот пешбинӣ гардидааст, ки то ҳол 391 адади он ба анҷом расидааст.

Таъкид шуд, ки бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони он Ҳукумати Тоҷикистон «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020 – 2025»-ро қабул ва дар доираи он амалисозии 221 лоиҳа ба маблағи қариб 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин, дар майдони 309 гектар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» таъсис ёфтааст, ки мувофиқи қонунгузории амалкунанда корхонаву коргоҳҳои дар он бунёдшаванда аз пардохти тамоми андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.

Ҳадаф аз ташкили ин минтақаро Сарвари давлат дар таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, ҷалби бештари сармояи дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёти минтақа ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маънидод карданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати беҳтар намудани вазъи боркашонӣ ва рафтуомади одамон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат корҳои зиёд иҷро гардидаанд. Аз ҷумла, роҳи Душанбе — Данғара — Кӯлоб таҷдид ва роҳи оҳани Бохтар — Кӯлоб сохта, ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 110 километр роҳи мошингарди дохилишаҳрӣ пурра таъмиру таҷдид гардид.

Чун бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ яке аз масъалаҳои ҳалталаби шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад, масъулин ҷиҳати дар моҳи марти соли 2020 оғоз намудани татбиқи лоиҳаи «Обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб» вазифадор шуда буданд. Барои татбиқи лоиҳаи мазкур 183 миллион сомонӣ равона мегардад.

Соли 2020 дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб ба маблағи 231 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад.

Вобаста ба истифодаи нокифояи имкониятҳои таъмини рушди соҳа Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони шаҳр, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ дар самти истифодаи ҳар як ваҷаб замини корам, баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 40 бинои муассисаҳои таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди онҳо бо 12200 ҷойи нишаст ба маблағи беш аз 108 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳоло ба аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб 70 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла, ҳафт беморхона ва 63 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ хизмат мерасонанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба маблағи беш аз 150 миллион сомонӣ 42 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла, шаш беморхона, панҷ маркази саломатӣ, 31 бунгоҳи тиббӣ сохта, бо таҷҳизоти зарурӣ ва шароити муосир ба истифода супорида шудааст.

Дар охир Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боварӣ изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсти шаҳри Кӯлоб дар оянда низ дар ҳифзи истиқлолу озодии Ватани аҷдодӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлати озоди тоҷикон дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт.

Баъди суханронии Сарвари давлат сокинони шаҳри Кӯлоб, намояндагони касбу кори гуногун бо изҳори хушию сарфарозӣ аз давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи Ватан андешаронӣ карданд.

24 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят ва ноҳия, хоса сокинони заҳматқарини он бо самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ нахуст бо гузоштани санги асос барои бунёди мактаби наву замонавӣ оғоз ёфт. Дар асоси лоиҳа, он барои 480 ҷойи нишаст дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ ва нақшаи сохтмонӣ иттилоъ дода шуд, ки мактаб дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар масоҳати 7200 метри мураббаъ сохта мешавад. Мувофиқи лоиҳа, бинои мактаб дуошёна буда, дар он тамоми шароити зарурии таълим аз рӯи стандарти муосир муҳайё мегардад.

Аснои шиносоӣ бо тарҳ, ки аз ҷониби ширкатҳои маҳаллии лоиҳакашӣ тартиб ёфтааст, Сарвари давлат масъулинро ба татбиқи босифат ҳидоят намуда, оид ба риояи талаботи меъморӣ, аз ҷумла, сифати сохтмон, дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ ба фаъолияти корхонаи саноатӣ оғоз бахшиданд.

Он, ки ба истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ нигаронида шудааст, бо технологияи навтарини истеҳсоливу идорӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо иқтидор ва имконоти кориву истеҳсолии корхона Сарвари давлат ба низоми фаъолият ва сифатнокии тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ мароқ зоҳир намуда, барои ҷорӣ кардани технологияи ҳозиразамони тавлиди маҳсулот маслиҳатҳои муфид доданд.

Корхонаи нав дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Хоҷа-Муъмин»-и ноҳияи Восеъ аз рӯи тамғаи «София» маҳсулот истеҳсол намуда, дар се шакли бандубаст онро ба бозор мебарорад. Фаъол шудани иқтидори нави саноатӣ дар ноҳияи Восеъ намунаи олии сиёсати созандаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Пешбурди кори истеҳсолӣ дар ин нуқтаи тавлиди маҳсулот, баъди азхудкунии нозукиҳои таҷҳизот, пурра аз ҷониби мутахассисони маҳаллӣ роҳандозӣ мешавад. Таъминоти ашёи хоми корхона асосан аз хориҷа, махсусан, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Федератсияи Россия сурат мегирад. Дар корхона дар як соат баъди омезиши ашёи хом то 3 тонна маҳсулоти тайёр истеҳсол мегардад.

Сифатнокии маҳсулоти корхона аз рӯи озмоиши стандартӣ баҳои мутобиқатро соҳиб буда, дар зарфи чор сол сохта шудааст. Он бо мутахассисони касбӣ таъмин ва бо таҷҳизоти зарурии коркард муҷаҳҳаз мебошад.

Бо фаъол шудани корхона барои беш аз 90 нафар ҷойи нави корӣ муҳайё гардидааст. Сокинони маҳаллӣ, ки баъди давраи омӯзиш ва азхудкунии нозукии кор ба шуғл ҷалб шудаанд, дар се баст фаъолият менамоянд.

Корхонаи истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ бо истифода аз иқтидори буғхонаи бо ангишт амалкунанда фаъолият ва неруи барқро сарфа мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбуки ноҳияи Восеъ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Восеъ Саноат»-ро барои истеҳсоли шифери асбестӣ ифтитоҳ намуданд.

Дар ҷараёни сохтмон ва васлу насби таҷҳизот, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад, наздик ба даҳ нафар ба кор ҷалб шудаанд. Айни ҳол дар корхона 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.

Дар ҷараёни шиносоӣ бо иқтидори истеҳсолӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар корхона давоми як шабонарӯз аз 1000 то 1200 дона шифери асбестӣ истеҳсол мешавад.

Иқтидори солонаи корхона, бо дарназардошти талабот ва фармоиш, 100 ҳазор дона шифери асбестиро дар бар гирифта, тавассути технологияи компютерӣ идора ва маҳсулоти он бо услуби хос омода мешавад, ки сифати баландро соҳиб аст. Масалан, баъди омезиши ашёи хом ва коркарду ба шаклдарорӣ, маҳсулоти тайёр дар зарфи махсус бо истифода аз об мустаҳкам гардонида мешавад.

Тавре иттилоъ дода шуд, барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат 20 фоиз аз маҳсулоти воридотӣ истифода мегардад, 80 фоизи ашёи хом бо такя ба маҳсулоти ватанӣ таъмин карда мешавад.

Тибқи маълумот, оянда дар заминаи тақвияти иқтидори истеҳсолӣ ва ҷорӣ кардани хатҳои иловагӣ талаботи сокинони шаҳру ноҳияҳо бо ин намуди маҳсулоти хушсифати ватанӣ пурра таъмин карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ноҳияи Восеъ 16 маротиба сафар намудааст.

Зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳилаи рушд сурат гирифт, дар панҷ деҳоту шаҳраки ноҳияи Восеъ зиёда аз 30 иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба истифода дода шуданд, ки солҳо ба халқ хизмат хоҳанд кард.

Дар тарабхонаи «Истиқлол»-и ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон суҳбати самимӣ анҷом дода, ба беш аз 100 нафар туҳфаҳои арзанда тақдим карданд.

50378727757_5c39706163_oТуҳфаҳои Сарвари давлат аз маҷмӯи сарулибоси зимистона ва тирамоҳӣ, китобу дигар лавозимоти хониш иборат буданд.

Дар ҳамон ҷо, ҳамчунин, барои ятимон зиёфат ороста, ба ҳар кадоми онҳо аз ҷониби Пешвои раъиятпарвар ва хайрхоҳу дурандеши миллат маблағҳои пулӣ ҳадя карда шуд.

Ятимон Пешвои миллатро самимӣ истиқбол гирифта, бо хушнудӣ аз дастгирӣ ва ғамхориҳои ҳамешагии роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба онҳо ёдовар шуданд.

Зикр гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ як ятим аз лутфу меҳрубонии падаронаи Президенти мамлакат бенасиб нахоҳад монд.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба самти фароҳам овардани зиндагии шоиста ба мардум равона гардидааст ва дар ин қатор дастгирии табақаи ниёзманд, аз қабили ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд, авлавият дорад.

Аз ин ҷост, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар мактаб — интернатҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ, яъне, дорои шароити олии донишандӯзӣ, муассисаҳои махсуси таълимӣ барои маъюбон ва дигар иншоот барои табақаи ниёзманди ҷомеа бунёд карда шудааст.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба нафарони ниёзманд аз беҳтарин хислатҳои инсонӣ маҳсуб меёбад. Ба ин хотир, ин амалро дар ҷумҳурӣ чун анъанаи накуи ниёгон шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ пайваста анҷом медиҳанд.

Тибқи маълумот, дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон 1491 ятим, аз ҷумла, 41 ятими кулл ба қайд гирифта шудааст. Ятимони кулли шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайваста изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки илмҳои муосирро аз бар менамоянд ва ҳамчун донишманд ба воя расида, бо эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ баҳри пойдории Истиқлолияти давлатӣ ва рушду пешрафти минбаъдаи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Дар маркази ноҳияи Восеи вилояти Хатлон-шаҳраки Ҳулбук Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гулгашти Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муҷассамаи Восеъ аз ҷониби ҳайкалтарош Хушбахт Саъдиев бо маҳорати баланди эҷодӣ сохта шудааст. Баландии  он бо дарназардошти таҳкурсӣ 11 метрро ташкил медиҳад. Таҷдиди гулгашт ва гузоштани муҷассама дар ин майдон бо саҳми шахсони эҳсонкор ва соҳибкорони хайрхоҳи маҳаллӣ сурат гирифтааст. Масоҳати умумии гулгашт 1 гектарро ташкил дода, дорои беҳтарин шароит барои истироҳату фароғат ва сайругашти сокинону меҳмонон мебошад. Лоиҳаи он аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Аҳмадҷон Ҳулбук» тарҳрезӣ шудааст. Корҳои сохтмонӣ бо ҷалби кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Манзилию коммуналӣ»-и ноҳияи Восеъ ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ниагара-А» анҷом дода шудаанд.

Дар давраи таҷдиди иншооти фарҳангӣ ва гузоштани муҷассамаи Восеъ беш аз 50 нафар сокини маҳаллӣ барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷалб ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд. Муҷассамаро бо истифода аз металли ранга сохта, таҳкурсӣ ва атрофи онро бо санги хоро оро додаанд. Дар атрофи муҷассама бо композитсияи бадеӣ се фаввораи замонавӣ бунёд гардидааст.

Масоҳати гулкоришуда дар ин мавзеъ 0,65 гектарро ташкил медиҳад. Онро дар баробари майсазоркунӣ, ҳамчунин бо истифода аз 240 ҳазор дона гули ҳархелаи мавсимӣ оро додаанд, ки ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Тибқи иттилоъ, дарахтони ҳамешасабзи шинонидашуда дар гулгашти Восеъ ба 270 бех баробар аст. Дар ин ҷо барои таъмини гулгашт бо об обанбор низ бунёд карда шудааст, ки ғунҷоиши он 100 метри мукааб мебошад.

Гулгашт тавассути обпошакҳои замонавӣ обёрӣ мешавад. Раҳравҳо дар масоҳати 3500 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидаанд. Дар гӯшаи гулгашт лавҳаи тарғиботӣ бунёд  ва дар он мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ, аз ҷумла, қалъаи таърихии «Ҳулбук», «Қасри Миралӣ Маҳмадалӣ», кӯҳи намаки «Хоҷамӯъмин» ва харитаи сайёҳии ноҳияи Восеъ тасвир шудааст. Равшании гулгаштро шабона 80 адад чароғи гуногунҳаҷми хархела таъмин менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати истифодаи самаранок ва зебою диққатҷалбкунанда нигоҳ доштани гулгашт масъулонро муваззаф намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Восеъ Қасри фарҳангро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

11Иншооти мазкур, ки бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук дар масоҳати 0,37 гектар сохта шудааст, аз ду ошёна иборат мебошад. Онро сохмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи замонавӣ ва бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ бунёд намудаанд.

Толори қаср, ки аз 350 ҷойи нишаст иборат аст, бо истифода аз санъати наққошӣ оро дода шудааст. Дар толор, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст, барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, маҳфилу ҷамъомад ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ шароити мусоид фароҳам аст.

Дар иншооти навбунёд ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунӣ, пардозкунӣ, дигар утоқҳои ёрирасон мавҷуд ва дар онҳо имконоти хуб барои омодагии санъаткорон муҳайё мебошад.

Дар он ҷо толори рақс низ ташкил гардидааст ва барои ба омӯзиш фаро гирифтани 25 нафар навраси завқманд шароит муҳайё карда шудааст.

Дар бино бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва мактаби санъати бачагона ҷой дода шудааст. Кормандони соҳа бо 15 утоқи корӣ ва 4 синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидаанд. Қасри фарҳанг бо созҳои мусиқии гуногун, таҷҳизоти муосири тақвияти овоз ва ғайра таъмин мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти наву замонавии фарҳангӣ бо ҷалби 100 нафар сохтмончии маҳаллӣ дар давоми беш аз як сол бунёд ёфтааст.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан дар Қасри фарҳанг барои беш аз 50 нафар шароити хуби корӣ муҳайё гардид. Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат ба аҳли санъату ҳунари ноҳияи Восеъ 30 адад сози мусиқии миллӣ туҳфа намуданд.  Сипас, Сарвари давлат дар саҳни Қасри фарҳанг намоишгоҳи дастовардҳои ҳунармандони ноҳияи Восеъро аз назар гузарониданд.

Дар он кандакорон, чӯбтарошон, заргарону кулолгарон, оҳангарон ва дигар ҳунармандони чирадасти ноҳия маҳсули меҳнати худро ба тамошо гузошта буданд. Занону бонувони ноҳия нону дигар маҳсулоти нонии дар шароити хона омодакардаашонро пешкаши меҳмонон намуданд. Дар атрофи Қасри фарҳанг гулу дарахтони ороишию сояафкан шинонида, роҳравҳо пурра сафолакпӯш карда шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани иншооти муосири фарҳангиро, ки ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аст, туҳфаи арзишманди Ҳукумати мамлакат ба кормандони соҳаи фарҳангу ҳунари ноҳияи Восеъ арзёбӣ намуда, онҳоро барои таҳияи барномаҳои пурмуҳтавои эҷодию ҳунарӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинон, бахусус, ҷавонону наврасон, ҳидоят карданд.

 

24 сентябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон дар ноҳияи Восеъро ифтитоҳ бахшиданд.

Он, ки аз се ошёна иборат аст, дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳраки Ҳулбук бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Бино дорои ҳафт утоқи корӣ, ду маҷлисгоҳ бо 70 ҷойи нишаст, ҳуҷраи қабулгоҳи ҷамъиятӣ, ду ҳуҷра барои меҳмонон, китобхона, ошхона ва дигар утоқҳои зарурии муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ мебошад. Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки бештари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро ҷавонон ташкил медиҳанд. Барои ободу зебо гардонидани атрофи бино ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъро соҳибкорону шахсони саховатпешаи ватанӣ дар доираи пуштибонӣ аз сиёсати созандаву муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарҳи муосир бунёд намудаанд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ бинои Прокуратураи ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Он сеошёна буда, аз ҳашт ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо беш аз 50 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ иборат мебошад.

Кормандони прокуратура имкон доранд, ки дар вақтҳои холӣ аз технологияи муосир ва китобхона, ки ба шабакаи интернет низ пайваст аст, адабиёти соҳавию бадеиро истифода намуда, донишу малакаи касбиро сайқал диҳанд.

Ҳамчунин, ба хотири таъмини кормандон бо ҷойи зист дар ошёнаи сеюми бино чор ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд карда шудааст. Сохтмони бино, ки соли 2019 оғоз гардида буд, дар муддати як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ба итмом расид. Айни замон дар Прокуратураи ноҳияи Восеъ ҳафт нафар корманди фаврӣ ва се корманди техникӣ фаъолият мекунанд.

Атрофи бино ободу зебо гардонида, тадбирҳои равшаннамоӣ дар он бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгашта дар бинои нав ва суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба тақвият бахшидани фаъолият ҷиҳати назорати риояи дақиқ ва иҷрои қонунҳои амалкунанда ҷалб карданд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади амалӣ сохтани қарору қонунҳо, ки ба нафъи давлату миллат равона гардидааст, дар даврони соҳибистиқлолӣ Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда, барои кормандони прокуратураи шаҳру ноҳияҳои мамлакат имкони созгори фаъолиятро марҳила ба марҳила фароҳам овардааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншоотро туҳфаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карда, аз кормандони прокуратура талаб намуданд, ки ба волоияти қонун арҷ гузошта, вазифаҳои хизматиро содиқонаву софдилона дар назди халқу Ватан анҷом диҳанд.

(Давом дорад)

www.president.tj