Сафари кории Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

№113 (3907) 18.09.2018

29736303317_abd6ec18cf_o(Идома аз шумораҳои гузашта)

 14-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бинои Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити Отряди сарҳадии «Хоруғ», ки пас аз азнавсозӣ фаъо­лиятро роҳандозӣ намуд, аз наздик шинос шуданд.

Дар ҳудуди отряд дар муддати кӯтоҳ наздик ба 30 иншооти ҳарбӣ, пул ва роҳҳои мошингузару пиёдароҳ бунёду таъмир гардидааст.

Нахуст Пешвои миллат бо шароиту имкониятҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12, ки дар дохили отряд бино ёфтааст, шинос шуда, бо хонандагону устодон суҳбат намуданд.

Муассисаи таълимӣ барои фарзандони хизматчиёни ҳарбӣ пешбинӣ гардида, дар ду баст 480 нафарро ба таҳсил фаро мегирад. Иншоот иборат аз 2 синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳо барои забономӯзӣ, синфҳои таълимӣ ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон буда, бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Омӯзгорон дар асоси озмун аз ҳисоби оилаҳои хизматчиёне, ки дар ин отряд ва дигар сохторҳои қудратӣ адои хизмат менамоянд, ба кор ҷалб гардидаанд.

Барои фарзандони хизматчиёни ин ва дигар ниҳодҳои низомӣ, ҳамчунин, дар Отряди сарҳадии «Хоруғ» кӯдакистони наву замонавӣ ташкил ёфтааст, ки аз майдончаи бозии кӯдакон, хобгоҳ, ҳуҷраҳои омӯзишӣ иборат мебошад. Кӯдакистон имконият дорад, то 100 нафар кӯдакро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Дар дохили Отряди сарҳадии «Хоруғ» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои коргоҳи дӯзандагӣ шинос шуда, барои фаъолияти дурусту самараноки он ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи дӯзандагӣ 30 нафарро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст. Дар он низ занону духтарони афсарон  ба кор ҷалб гардидаанд. Дар сехи истеҳсолӣ дӯхти сарулибос ва рахти хобу дигар муҳимот барои сарбозону афсарони ниҳоду воҳидҳои сохторҳои қудратие, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд, ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, бо дарназардошти талабот дар коргоҳ имконияти ба роҳ мондани истеҳсоли сарулибоси мактабӣ барои хонандагону омӯзгорони шаҳри Хоруғ ва дигар минтақаҳои вилоят мавҷуд аст. Дар дохили коргоҳ ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ курсҳои дӯхти сарулибоси хоси тоҷикона ба роҳ монда шудааст.

Дар дохили отряди сарҳадӣ, ҳамчунин, Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави Прокуратураи ҳарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз бахшиданд, ки дорои тамоми имкон ва шароити муосиру замонавӣ мебошад. Бинои Прокуратураи ҳарбии вилоятӣ аз 11 утоқи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Зимни суҳбат Пешвои миллат аз кормандони ин ниҳод назорати ҳамаҷонибаи риояи меъёрҳои қонунӣ ва дигар талаботи ҳарбиро тақозо намуда, ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Сарвари давлат дар дохили Отряди сарҳадии «Хоруғ», ҳамчунин, бо имкониятҳои Мактаби такмили ихтисос ошноӣ пайдо карданд. Тавре маълум гашт, мактаби мазкур барои бозомӯзиву тайёркунии мутахассисони бахшҳои гуногуни ҳарбӣ пешбинӣ ва баъди навсозӣ бо тамоми шароиту имконоти мусоид таъмин гаштааст. Дар муассиса кормандони нуқтаҳои назорати сарҳадӣ, назоратчиёни нуқтаҳои сарҳадӣ, алоқачиён, кинологҳо, муҳандисон ва аз рӯи дигар ихтисосҳо мутахассис омода мегардад. Барои гузаштан аз курсҳои бозомӯзӣ дар синфхонаҳои дарсӣ шароити муосир ва асбобу аёниятҳои таълимӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ҳудуди отряди сарҳадӣ бинои Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмиру тармим ва навсозӣ гаштааст. Иншооти мазкур аз 40 утоқи корӣ иборат буда, бо дарназардошти талабот ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Ҳамчунин, дар дохили отряд шуъбаи махсуси амнияти миллӣ барои 8 нафар корманд, дорухона ва кошонаи ҳусн аз таъмири пурра бароварда, меҳмонхона ва мағозаи хӯроквориву сарулибос сохта шудааст.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки дар ҳудуди отряди сарҳадӣ 5 бинои 5-ошёнаи истиқоматӣ, ки дар он афсарони ниҳодҳои қудратӣ бо аҳли оилаашон истиқомат мекунанд, пурра навсозӣ ва бо таҷҳизоту лавозимоти рӯзгор муҷаҳҳаз гардидааст.

Маҷмуан, дар биноҳо 280 хонаи истиқоматӣ мавҷуд мебошад, ки ба ихтиёри афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ ва кормандони дигар ниҳодҳое, ки дар вилоят арзи вуҷуд доранд, супорида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамон ҷо ба сохтмони бинои нави истиқоматӣ барои афсарон санги асос гузоштанд. Тибқи лоиҳа бино дорои 60 ҳуҷра буда, бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд мегардад.

Пешвои миллат барои сохтмони саривақтии иншоот ва истифодаи масолеҳи хушсифат ба масъулин дастуру супоришҳои муфид доданд. Иброз гардид, ки барои фароҳамсозии шароити арзандаи хизмативу истиқоматӣ барои афсарон бояд тамоми тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида шаванд.

Госпитали ҳарбии Отряди сарҳадии «Хоруғ» дар ҳолати ногувор қарор дошт. Дар доираи навсозии отряд иншооти мазкур низ ба пуррагӣ таъмиру барқарор шуд. Акнун он дорои 100 кати хоб буда, аз се шуъба иборат аст. Шуъбаҳои ҷарроҳӣ, сироятӣ ва бемориҳои дарунӣ мутобиқ ба талабот сохта шуда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ таъмин гардидаанд. Дар ҳудуди отряд лаборатория барои ташхис низ мавҷуд аст, ки бо дастгоҳҳои соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Яке аз иншооти азиме, ки дар дохили отряди сарҳадӣ мавриди истифода қарор дода шуд, Маркази таълимӣ барои навдаъватшудагон мебошад. Он навбунёд буда, барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозӣ ва сержантони Қӯшунҳои сарҳадӣ пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар марказ аз рӯи 18 ихтисос кадрҳои низомии ҷавон омода мегарданд ва кормандони соҳа ба курсҳои бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Баъди анҷоми курсҳои омӯзишӣ сарбозон соҳиби сертификати техникӣ мегарданд.

Таълимгоҳи навбунёд барои 800 нафар пешбинӣ шудааст. Дар он машқҳои таълимии низомӣ ва курсҳои бозомӯзӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ доир мегарданд. Иншоот дорои ошхона, ҳаммом ва синфҳои таълимӣ мебошад.

Аснои шиносоӣ бо шароити ошхона Президенти мамлакат бо сарбозони Отряди сарҳадии «Хоруғ» мулоқот намуда, аз имкониятҳои мавҷудаи хизматии онҳо воқиф гардиданд. Тавре маълум гашт, ин иншоот низ ба тозагӣ бунёд ёфта, барои пухтупази таом бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ошхона, ки барои 500 нафар пешбинӣ шудааст, сарбозон бо се вақт хӯроки гарму серғизо таъмин мегарданд.

Дар дохили отряди сарҳадӣ Пешвои миллат дар назди пайкараи «Сарбози сарҳадбон» гулчанбар гузош­та, ба фаъолияти «Кохи Истиқлол» оғози расмӣ бахшиданд.

Кохи фарҳангӣ, ки бо шаклу усули муосирӣ меъморӣ бунёд гардидааст, дар вилоят камназир мебошад. Деворҳои иншооти мазкур бо мусаввараҳои таърихӣ, ки аз гузаштаву имрӯзи Тоҷикистон қисса мекунанд, зебу оро ёфтааст. Толори «Кохи Истиқлол» дорои 1000 ҷойи нишаст мебошад ва дар он барои гузаронидани ҷамъомаду чорабиниҳои фарҳангӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Иншоот дорои китобхона бо адабиёти бою рангин барои сарбозон аст. Дар дохили «Кохи Истиқлол» Осорхона оид ба кору пайкори созандаи Пешвои миллат ҳамчун намунаи дарси мардонагӣ таъсис дода шудааст. Кохи фарҳангӣ, ҳамчунин, дорои толори хурд бо 50 ҷойи нишаст мебошад, ки барои тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ пешбинӣ гардидааст. Ғайр аз ин, дар ҳудуди «Кохи Истиқлол» Осорхонаи электронӣ бо 20 адад дастгоҳу таҷҳизот барои тамошои марҳилаҳои гуногуни таърихӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Барои фароҳамсозии шароити мусоиди хизматӣ дар Отряди сарҳадии «Хоруғ» хобгоҳи сарбозон, ки аз 4 ошёна иборат мебошад ба пуррагӣ таъмиру тармим ва бо шароити мувофиқ ба оинномаи ҳарбӣ таъмин гардидааст. Аз ҷумла, дар дохили хобгоҳ ҳаммом, ҷойи дастурӯшӯйӣ, ҳуҷраи либосхушккунӣ, хонаи хизмати маишӣ, анбори хурд, анбори нигоҳдории яроқ, хонаҳои фароғатӣ ва ҳуҷраҳои кории афсарон ҷой дода шудааст. Дар ошёнаи якуми хобгоҳ ситоди қисми ҳарбӣ ҷой гирифтааст.

Дар ҳудуди отряди сарҳадӣ ҳаммоми дуошёна, ки ба 50 нафар хизмат мерасонад, фаъолият мекунад.

Дар отряди сарҳадӣ нуқтаи назорати гузаргоҳӣ бунёд ва деворҳои гирду атрофи он навсозӣ ва бо сангҳои табиӣ оро ёфтаанд. Дар доираи навсозӣ, роҳҳои мошингарду пиёдароҳҳои ҳудуди отряд пурра мумфарш карда шудаанд.

Дар ҳудуди мошинсарой Пешвои миллат бо вазъи нақлиёти ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосири соҳавие, ки ба тозагӣ дастрасу барои истифода супорида шудаанд, шинос гардиданд. Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз неруҳои низомии мамлакат бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби неруву иқтидори муосири техникиву заминаи бойи кадрӣ мебошад ва аз ҳама ҷиҳат имконияти хуби ҳифзи марзу буми давлати соҳибистиқлолро дорад.

Пас аз ифтитоҳи як зумра иншооти ҳарбӣ дар дохили Отряди сарҳадии «Хоруғ» ва боздид аз биноҳои таъмиргардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарон суханронӣ карда, аз шароити фароҳамовардашуда ва нақшаву ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат барои рушду нумӯи бештари неруву иқтидори мудофиавӣ андешаронӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳамсозии шароити мусоиди хизматии афсарону сарбозон дар қисму воҳидҳои низомӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намуда, дар баробари муҷаҳҳазсозиву омодакунии кадрҳои соҳавӣ бунёди иншооту дигар инфрасохтори зарурии хизматиро идома медиҳад.

Дар охир, дар ҳузури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии кишвар гузашти низомӣ баргузор гардид.

15 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо шумораи зиёди роҳбарону фаъолони вилоят мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва мардуми вилоятро ба ифтихори ҷашни 27 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат натиҷаҳои фаъолияти меҳнаткашон, рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар барои мусоидат ба пешрафти минтақа андешаронӣ карданд.

Баъди таҳлили амиқи вазъи зиндагии аҳолӣ, рушду пешрафти шаҳру ноҳияҳои вилоят Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, вусъати корҳои созандагӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, омодагии бахшҳо ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018 — 2019 ва истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Пас аз суханронии Президенти мамлакат намояндагони касбу кори гуногун, донишҷӯён, соҳибкорон ва собиқадорон, аз ҷумла Зевари Далерӣ, Садрия Мародмамадова ва Баҳодур Баҳриев баромад карданд.

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед аз номи сокинони вилоят ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳу ғамхорӣ баҳри пешрафти шаҳру ноҳияҳо ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

www.president.tj