Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№129 (4235) 17.10.2020

50487543923_4a265d992b_o15 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар чорабиниҳо бахшида ба 700-солагии зодрӯзи шоири классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ ба вилояти Суғд сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарият ва фаъолони вилояти Суғд истиқбол гирифтанд. Пешвои миллат дар чорабиниҳо ба ифтихори 700 — солагии зодрӯзи шоири классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ ширкат варзида, як қатор корхонаҳои саноатиро ифтитоҳ бахшида, барои сохтмони иншооти нав санги асос мегузоранд ва бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ шинос мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён»-ро, ки бо тарҳи зебо ва муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшиданд.

50488397127_44d1a88560_oСохтмони иншоот моҳи августи соли 2015 бо ҷалби зиёда аз 70 сохтмончии маҳаллӣ ва истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз ёфта буд. Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён» шишабандӣ ва дохили он бо системаи гармидиҳӣ ва сардкунӣ таъмин гардидааст. Он аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо ду лифт муҷаҳҳаз аст, ки ба коргарону мизоҷон хизмат мерасонанд.

Дар ҳамон ҷо дар ошёнаи якум, намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсоли ватании Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» ташкил карда шуд. Зикр гардид, ки дар коргоҳ соли 2013-ум 250 нафар кор мекарданд, ҳоло теъдоди коргарон қариб ба 1000 нафар расидааст. Корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» дар таъмини бозори дохиливу хориҷӣ бо қолинҳои хушбофт саҳми арзанда дорад.

Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар кишвар мағозаҳои фурӯши қолин таъсис диҳанд. Пешвои миллат таваҷҷуҳи роҳбарияти корхонаро ба таъмини сифати маҳсулот ва истифодаи ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла, пашм, ҷалб карданд.  Дар ҳамон ҷо ба Сарвари давлат дурнамо, воридоти технологияи муосир ва нақшаҳои ояндаи корхона дар бораи таъсиси ҷойҳои навӣ кор муаррифӣ гардид.

Дар ошёнаи дуюми Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён» Пешвои миллат бо 150 ятим суҳбати самимӣ доир ва ба онҳо туҳфаҳои пулӣ тақдим карданд.

Дар ошёнаи сеюми Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён» коргоҳи дӯзандагӣ ташкил ёфтааст, ки дар он 100 нафар духтару зани маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд. Дар оянда имкон дорад, ки теъдоди коргарон то 500 нафар расонида шавад.

Маркази савдою хизматрасонии «Суғдиён», ки дар шафати роҳи асосии Хуҷанд-Ғафуров, воқеъ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷойгир шудааст, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Бахтиёр ва Мирзоабдураҳмон Мирзобаҳодуровҳо бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои бунёди иншооти муосир, ташкили  коргоҳ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ­вусъат бахшидани самти фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи Шарқи шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши аср»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Маркази нави ташхисию табобатӣ, ки дар 3 қабати аввали бинои 9-ошёнаи нав­бунёди истиқоматӣ ҷойгир аст, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Насим Мирпочоев таъсис ёфтааст.

Ҳадаф аз таъсиси он дастрасӣ ба хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ мебошад. Дар он ҷо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини соҳа, аз қабили дастгоҳи магнитии резонансии томографӣ (МРТ), томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, ташхиси ултрасадо ва дигар технология, ки барои ташхиси дақиқу фаврии бемориҳои гуногун пешбинӣ шудаанду истеҳсоли Ҷумҳурии Корея мебошанд, васлу насб гардидааст.

Тамоми технологияи марказро худи Насим Мирпочоев, ки нозукиҳои насби таҷҳизоти тиббиро дар хориҷи мамлакат омӯхтааст, васл кардааст.

Маркази тиббӣ аз 10 утоқи барҳавои корӣ, шуъбаҳои қабул, ташхис, таҳлил, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ иборат мебошад. Дар он ҷо табибони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисони соҳибтаҷриба ба беморон бо усули замонавӣ хизмат мерасонанд.

Ҳамчунин, барои ташхис ва табобати бемориҳои амрози занона дар марказ шароити арзанда фароҳам гардидааст.

Дар Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши аср» 5 ҳуҷра барои бистарӣ намудани беморон бо 10 кати хоб мавҷуд аст.

Маркази тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунад. Рӯзҳои наздик барои боз ҳам мукаммал намудани кору хизмат­расонӣ дар он таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид мегардад, ки барои гузаронидани таҳлилҳои умумӣ, микробиологӣ, биокимиёвӣ ва амсоли ин пешбинӣ шудаанд. Мутахассисон омодаанд бо истифода аз технологияи навин аксар намуди таҳлилро гузаронанд. Баъди ба фаъолият оғоз намудани маркази нави тиббӣ дар шаҳри Хуҷанд 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудаанд, ки чанде аз онҳо, аз ҷумла, табибони ҷарроҳ, дар хориҷи мамлакат таҳсил ва фаъолият намуданд ва дорои малакаи баланди касбӣ мебошанд.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта ва шароити фароҳамгардида дар маркази муосири ташхисию табобатӣ баҳои баланд дода, ба соҳибкори маҳаллӣ ҷиҳати таъсиси чунин иншооти муосири тиббӣ, ки барои мукаммал намудани соҳаи тандурустӣ ва ба ин восита хизматрасонии беҳтар ба сокинон пешбинӣ шудааст, изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд хати нави технологии истеҳсоли даҳ намуд кулчақанд дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмудов Ғ»- ро ба истифода доданд.

50488639582_ecfbb0552a_oКоргоҳи истеҳсолӣ, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Хуҷанд бунёд гардидааст, бо номи «Азизи ман» даҳ номгӯи кулчақанди дорои сифати баланд истеҳсол менамояд.

Хати муосири технологӣ аз Федератсияи Россия ворид ва васлу насб гардидааст, ки бо фаъол шудани он 20 нафар зану бонуи маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Арзиши хати истеҳсолӣ 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ ва иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 2 тонна кулчақанд мебошад. Асосан, барои омода кардани кулчақанд орд, равған ва шакар истифода мегардад. Дар бозори истеъмолӣ ин навъи маҳсулот талабгори зиёд дорад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмудов Ғ», ки 60 нафар фаъолият мекунанд, беш аз 50 намуд маҳсулоти ивазкунандаи воридот, аз ҷумла, кулчақанди «Президент», ҳасибҳои дуд ва буғдодашуда, ҳасибчаҳо, майонез ва дигар намуди маҳсулоти истеъмолӣ истеҳсол ва ба бозорҳо бароварда мешавад.

Тамоми номгӯи маҳсулоти ғизоӣ дар озмоишгоҳҳо аз ташхис мегузаранд ва дорои сертификати мутобиқат мебошанд.

Ҷамъияти мазкур, ки соли 2004 таъсис ёфтааст, дар масоҳати 1,5 гектар ҷойгир мебошад.

Корхонаи истеҳсолӣ тӯли фаъолияти босамар маҳсулоти зиёд истеҳсол намуда, дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат саҳми назаррас гузоштааст.

Масъулони ширкат азм доранд, ки маҳсулоти босифат истеҳсол ва ба хориҷ содирот намоянд.

Пас аз ифтитоҳи хати муосири технологӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолнамудаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмудов Ғ», ки дар саҳни корхона ташкил гардид, шинос шуданд.

Дар он номгӯи зиёди маҳсулоти корхона муаррифӣ карда шуд. Сарвари давлат ба сифати маҳсулоти ғизоӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, масъулонро барои тавлиди босифати маҳсулоти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ҳидоят карданд.

Масъулони ширкат нақша доранд, ки фаъолияти корхонаро васеъ ва ҷоннок намуда, бо истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар рушди бештари саноати хӯроквории мамлакат ҳиссагузор бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли шоколади «Ҳаловат», ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.

Маҳсулоти шоколадӣ, ки дар корхона бо истифода аз таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ тавлид мегардад, дорои сифати баланд мебошад.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас мешавад.  Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 400 килограмм маҳсулоти ғизоӣ мебошад.

Дар корхонаи нави саноатӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Юсуфҷон Абдураҳимов таъсис ёфтааст, 40 нафар ба кор ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки таркиби маҳсулоти шоколадӣ аз мағзи чормағзи заминӣ, асали тозаи табиӣ, орду равған, ширу қаймоқ ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ иборат аст.

Масъулони корхона барои истеҳсоли шоколад, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад, аз хоҷагиҳои ноҳияи Мастчоҳ чормағзи заминӣ харидорӣ намуда, мағзи онро дар истеҳсоли беш аз даҳ номгӯи шоколад васеъ истифода мебаранд.

Мавриди зикр аст, ки шоколадҳои истеҳсолнамудаи коргоҳ сифати баланд ва дар бозори истеъмолӣ талабгори зиёд доранд.

Масоҳати умумии корхона наздик ба як гектар мебошад. Бинои истеҳсолӣ дар масоҳати 1000 метри мураббаъ ҷойгир аст.

Сипас, Сарвари давлат намоишгоҳи маҳсулоти тавлиднамудаи корхонаи хурди саноатиро аз назар гузарониданд. Дар он ҷо беш аз 13 номгӯи маҳсулоти шоколадӣ, ки бо шаклу андозаҳои гуногун истеҳсол гардидааст, ба намоиш гузошта шуд.

Бояд гуфт, ки дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ, корхонаю коргоҳҳои саноатӣ дар мамлакат, хусусан, дар вилояти Суғд, бунёд гардида, мавриди истифода қарор гирифта истодаанд.

Дар маҷмӯъ, ин ҳама ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудааст.

16 октябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар «Кохи Рӯдакӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 — солагии шоири классики тоҷик Камоли Хуҷандӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

50493926367_4d58f5292a_oЧорабиниро президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан дод.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни чорабинии фарҳангӣ ва мардуми кишварро ба ифтихори ҷашни 700-умин солгарди чеҳраи тобноки Шарқ, шоири озодандеш ва мутафаккири барҷастаи тоҷик — Хоҷа Камолиддини Хуҷандӣ самимона табрик намуданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз оғози Истиқлолияти давлатӣ ба гиромидошти шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ва шеъру адаб, ки барои ҳифзи таърих, забон, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон хизматҳои мондагор анҷом дода, дар рушду пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзишманд гузоштаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар тӯли бист соли охир доир гардидани ҷашнҳои солгарди Борбади Марвазӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил ва дигар симоҳои намоёни шеъру адаб ва илму фарҳанги халқ аз ҷумлаи ҳамин иқдомоти Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор намуданд, ки ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо боло бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳии мардум, бахусус, насли наврасу ҷавон, мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки пешниҳоди Ҳукумати мамлакат оид ба таҷлили санаи таърихӣ аз ҷониби созмони байналмилалии ЮНЕСКО дастгирӣ ёфт ва онро ҷомеаи илмиву фарҳангии бисёр кишварҳои олам таҷлил мекунанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ҳар яки моро зарур аст, то осори ин абармардро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқиву фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёкони некном беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад.

Таъкид гардид, ки Камоли Хуҷандӣ шоири ғазалсарост. Ӯ беш аз ҳазор ғазал эҷод карда, дар такомули ин навъи адабӣ саҳми ниҳоят бузург гузоштааст.

Камол дар ғазалҳояш, пеш аз ҳама, ишқро тараннум карда, инсонҳоро ба хушбинӣ, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ба суди пешрафти ҷомеа ва ахлоқи писандида даъват мекунад.

Ба хотири омӯзиши пурраи ҳаёт, фаъолият ва эҷодиёти шоир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Академияи миллии илмҳо, «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илмро дар самти ҷаъоварӣ, омӯзишу таҳқиқ ва нашри осори шоир ва андешидани тадбирҳои иловагӣ вазифадор карданд.

Президенти мамлакат вобаста ба тарғибу ташвиқи асарҳои тарбиявии шоирони классик ва муосир зарур шумурданд, ки омӯхтану таблиғи осори гузаштагон ва ба наврасону ҷавонон фаҳмонидани моҳияту муҳтавои онҳо на ба таври мавсимӣ, балки доимӣ ва бо истифода аз ҳама роҳу восита бояд ба роҳ монда шавад.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ барору муваффақият орзу карданд.

Баъд аз анҷоми суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли зиё, меҳмонон аз хориҷи кишвар ва фаъолони вилояти Суғд барномаи фарҳангии бошукӯҳ ба ифтихори 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид.

Нахуст ба самъи ҳозирин табрикоти видеоии директори генералии Юнеско хонум Одри Озуле ва директори генералии ИСЕСКО Салим бинни Муҳаммад ал — Малик ба муносибати дар сатҳи ҷаҳонӣ бошукӯҳ таҷлил кардани ҷашни 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ пешкаш гардид.

Хонум Одри Озуле ва Салим бинни Муҳаммад ал — Малик ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба оламиён муаррифӣ кардани фарҳанги оламшумули миллати тоҷик ва гиромидошту арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи таърихии халқи тоҷик, бахусус шоир Камоли Хуҷандӣ, баҳои баланд дода, мардуми кишварро бо таҷлили 700-солагии нобиғаи Шарқ табрик гуфтанд.

Дар барномаи фарҳангии чорабинӣ суруду таронаҳои дилнишин аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ пешкаши меҳмонон шуд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулис­тон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» оғоз бахшиданд.

Фабрикаи парандапарварии «Мурғи аълосифат» дар асоси дас­туру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Парвиз Бобоев моҳи апрели соли 2019 таъсис ёфтааст. Биною иншооти махсуси соҳавӣ барои парвариши парандаи гӯштии бройлерӣ, забҳ, коркарду бандубаст ва нигоҳдории гӯшти парҳезии паранда пешбинӣ шуда, бо таҷҳизоти технологии муосир муҷаҳҳаз аст.

Ба фаъолияти марҳилаи аввали фабрикаи парандапарварӣ 22 марти соли равон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расман оғоз бахшида, ба соҳибкори ватанӣ ва роҳбарияти вилояти Суғду шаҳри Гулистон дастуру супориш дода буданд, ки саршумори парандаи гӯштиро зиёд намуда, коркард, бандубасти гӯшти парҳезиро бо истифода аз технологияи пешрафта ба роҳ монанд ва ба бозори истеъмолӣ гӯшти парандаро дар бандубасти ҷолиб, мутобиқ ба стандарту сифат пешниҳод намоянд.

Дар муддати шаш моҳ масъулону кормандони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» боз чор иншооти нави парандапарвариро бо сарфи 1 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта муҷаҳҳаз намуданд, ки дар онҳо 80 ҳазор сар чӯҷа парвариш меёбад.

Дар коргоҳ барои 75 нафар ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Иқтидори корхона дар як сол ба истеҳсоли зиё­да аз 2 ҳазор тонна гӯшти паранда расонда мешавад.

Ҳамчунин, коргоҳи коркард, бандубасти маҳсулот муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти технологии навтарини истеҳсоли Федератсияи Россия мебошад. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар кишвар нахустин маротиба чунин усули коркард, бандубасти гӯшти мурғ дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» ҷорӣ гардид.

Муассис ва мутахассисони корхонаи «Мурғи аълосифат» комплекси мукаммалу меъёрии парваришу истеҳсоли гӯшти парҳезии парандаро таъсис доданд, ки аз марҳилаҳои парвариши чӯҷа то истеҳсолу ба истеъмолкунанда расондани гӯшти аълосифати парандаро дар бар мегирад.

Ширкат дорои иншооти парандапарварӣ, инкубатории чӯҷабарорӣ, коргоҳи забҳи паранда, коргоҳи коркарду бандубаст, анбор — сардхонаи нигоҳдории маҳсулоти тайёр, коргоҳи истеҳсоли хӯрокаи паранда, озмоишгоҳ, анборҳо, иншооти ёрирасони соҳа ва инфрасохтори барқу гармидиҳӣ, хунуккунӣ, ҳавотозакунӣ, санитарию беҳдошти зооветеринарӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар 40-45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд. Муҳим он аст, ки чӯҷаҳо дар коргоҳи инкубатории худӣ истеҳсол мегарданд.

Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд. Хӯрокаи паранда дар корхона истеҳсол мегардад.

Бо таъсиси коргоҳи хӯрокаи паранда бо иқтидори зиёда аз 50 тонна истеҳсоли панҷ намуд ғизои паранда дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст.

Ғизои чӯҷа асосан аз коркарди ғалладонагиҳо — гандуму ҷуворимакка, равғани офтобпараст, кунҷораи соя ва якчанд намуди маҳсулоти дигар омода мегардад.

Дар намоишгоҳи корхона беш аз 15 намуди маҳсулоти гӯшти парҳезии паранда пешниҳод шуд.

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки аз тарафи корхонаи парандапарварӣ аввалин шуда, дар баробари гӯшти паранда, бисёр намуди маҳсулоти аз гӯшти паранда истеҳсолшуда бо бандубасти хоса пешниҳод гардидаанд.

Ҳоло дар вилояти Суғд 125 корхонаи парандапарварӣ мавҷуд буда, фаъолияти 25-тои он махсус барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ равона шудааст. Бо саҳми чунин соҳибкорони вилояти Суғд дар ояндаи наздик бозори истеъмолӣ бо тухму гӯшти паранда пурра таъмин мегардад.

www.president.tj