Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№18 (4279) 09.02.2021

50900244638_0d79a15261_o2 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни иди Сада, таъсиси боғҳо, ифтитоҳи иншооти нав ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба вилояти Суғд сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода истиқбол гирифт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи заррин» ва коргоҳи замонавии истеҳсоли гӯшти парандаи Фаб­рикаи мурғпарварии «Назар», ки ҳар ду ҳам аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ бунёд шудааст, ифтитоҳ карданд.

 Корхона дар асоси ­технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи кишварҳои Аврупо фаъолият намуда, ҳадафи муассис таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави кор мебошад. Дар он 10 намуди маргарин ва равғани зард аз 150 грамм то 10 кило истеҳсол ва бандубаст гардида, мутахассисон аз тариқи воситаҳои нақлиёти махсуси яхдондор маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол медиҳанд. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона 360 тонна маргарин ва равғани зард буда, бо нишони молии «Субҳи заррин» дар банду­басти ҷолиб, мутобиқ ба стандарту сифати сатҳи байналмилалӣ ба бозори истеъмолӣ пешниҳод карда мешавад. Ашёи хом асосан аз корхонаҳои коркарди шири шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва қисман аз хориҷи мамлакат дастрас мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Субҳи заррин» дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҳаҷми истеҳсолотро бо назардошти талаботи бозори дохилӣ марҳила ба марҳила афзоиш диҳанд.

Иқдоми дигари соҳибкори ватанӣ, ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ гардид, таъсиси фабрикаи мукаммалу меъёрии парвариши чӯҷа ва коргоҳи истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда мебошад.

Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ соли 2020 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фабрикаи парандапарварии «Назар» таъсис дода шуд, ки айни замон дар он зиёда аз 30 ҳазор сар чӯҷаи зоти бройлерӣ парвариш карда мешавад.

Чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми 40-45 рӯз ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд. Ба нақша гирифта шудааст, ки соли равон бо бунёди боз ду иншооти дигар парвариши чӯҷа дар ин фабрикаи парандапарварӣ ба 100 ҳазор сар расонида мешавад.

Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо тавассути технологияи махсус амалӣ мегардад. Дар он барои қариб 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷойи нави кор таъсис ёфта, дар як моҳ бештар аз 100 тонна ва дар як сол зиёда аз 1 ҳазору 200 тонна гӯшти паранда истеҳсол карда мешавад.

Биною иншооти махсуси соҳавӣ, аз ҷумла барои забҳ, коркард, бандубаст ва нигоҳдории гӯшти парҳезии паранда, муҷаҳҳаз бо хату таҷҳизоти технологии муосир сохта шудааст. Дар коргоҳ барои муайян намудани сифат озмоишгоҳ низ фаъолият мекунад ва аз ҷониби мутахассисон маҳсулоти тайёр бо мошинҳои махсуси яхдондор ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дастрас карда мешавад. Оянда бо таъмини бозори дохилӣ гӯшти парҳезии паранда бо бандубасти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақа ҳам содирот карда хоҳад шуд.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти коргоҳи Фермаи парандапарварии «Назар» дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд ва иқдоми пешгирифтаи соҳибкорро барои саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳа ибратбахш арзёбӣ карданд.

Тибқи маълумоти масъулони соҳа, ҳоло дар вилояти Суғд аз шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ фаъолияти зиёда аз 20-тои он махсус барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда равона шудааст.

Қобили зикр аст, ки бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат барои бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои парандапарварӣ натиҷаҳои босамар дода, ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин гардид. Масалан, соли 2020 дар мамлакат истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзоиш ёфтааст ва ин нишондод дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баён гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд, ки аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд ёфтааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар гирифта, дар он 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксарро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва таъми хоса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯи маҳсулоти босифат бо таъмҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд.

Бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба корхона таҷҳизоти муосир аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шудааст. Дар хати технологии замонавӣ маҳсулоти ордӣ бо унсурҳои иловагӣ то марҳилаи ниҳоӣ коркард ва бандубаст гардида, сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Бо назардошти он ки талабгорони ин навъи маҳсулот аксаран кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба таркиб ва сифати он диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, масъулонро вазифадор карданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифатнокӣ бештар таваҷҷуҳ намоянд. Зимнан, ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таркиби маҳсулоти нонӣ, аз орду равған, ширу шакар, обу намак, тухму қаймоқ ва дигар унсурҳои табиию маҳсулоти хушбӯйкунанда иборат аст.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи нави саноатиро аз назар гузарониданд. Дар ҳамон ҷо ба Пешвои миллат аз истеҳсоли маҳсулоти дигари ғизоӣ, ки дар натиҷаи коркарди картошкаи маҳаллӣ омода мешавад, иттилоъ доданд. Гуфта шуд, ки дар сехи алоҳидаи тобеи корхона коркарди картошка ба роҳ монда шуда, аз он маҳсулоти хушсифату болаззат омода мегардад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаи нави тавлидотӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, барои боз ҳам афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ ва бештар намудани ҷойҳои нави кор тавсияҳои судманд доданд.

50901085482_ed22ea0acf_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти хати нави технологии коркарди пиёз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷанд — Агро» оғоз бахшиданд.

Самти асосии фаъолияти ҷамъият коркард, бандубасти меваю сабзавот ва хушконидани он буда, дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат аз ҷониби соҳибкорон амалӣ шудааст. Он имкон дорад ҳар шабонарӯз то 30 тонна пиёзро коркард ва хушк намояд. Барои ин дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, таҷҳизоти хушксозандаи пиёз истеҳсоли Ҳиндустон аст.

Ширкати ватании «Хуҷанд — Агро» бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд — ширкати «Аркун»-и Федератсияи Россия таъсис ёфта, барои ворид ва насби таҷҳизоти хушксозандаи пиёз 450 ҳазор сомонӣ маблағи сармоявӣ харҷ гардидааст.

Тибқи кори технологияҳо пиёз қабул, шуста, тоза, сара ва аз пӯст ҷудо карда шуда, вобаста ба ҳаҷму андоза реза ва дар 60 дараҷа гармӣ хушконида, бандубаст ва ба содирот омода карда мешавад. ­Сабзавот, аз ҷумла пиёз, аз хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзии минтақаҳои вилояти Суғд вобаста ба талабот харидорӣ мегардад.

Бо бунёди хатти нави иловагӣ шумораи кормандон дар коргоҳи «Хуҷанд — Агро» ба 70 нафар расида, музди миёнаи маош 1500 сомониро ташкил медиҳад. Кормандон сокинони маҳаллӣ ва аксарашон аз ҳисоби занону духтарон мебошанд. Сол ба сол зиёдшавии теъдоди чунин корхонаҳои соҳаи саноати сабук натиҷаи тадбирҳои судманд аст, ки ба шуғлнокии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Қобили зикр аст, ки 24 марти соли 2020 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи марҳилаи якуми истеҳсолоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хуҷанд — Агро» иштирок намуда, дар хусуси васеъ намудани доираи истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми коркарди истеҳсолӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ба содирот нигаронидашуда дастуру супориш дода буданд. Ташкили хатти коркарду хушксозии пиёз идомаи фаъолияти ҷамъият дар асоси дастуру супоришҳо оид ба қабулу коркарди сабзавот, аз қабили сабзӣ, лаблабуи ошӣ, кабудиҳо, каду ва сирпиёз, аст. Ин иқдом алҳол нахустин буда, барои маҳсулоти корхона — сабзавоти хушконида дар бандубасти хоса талабот дар бозори хориҷӣ, хоса Федератсияи Россия, калон аст.

Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат соҳиборону истеҳсолкунандагони вилояти Суғд ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сифату таркиб, намуд, ­бандубасту тамғагузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, молу маҳсулоти кишоварзиро мувофиқи талаботи бозори ҷаҳонӣ омодаву содирот менамоянд.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи «Кабири Хуҷанд», ки ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд.

Коргоҳи зикршуда дар шафати ҷамъияти «Хуҷанд — Агро» ҷой гирифта, маҳсулоти гӯштиро дар 50 намуд, аз қабили ҳасибҳои буғпазшуда, нимдудшуда, ҳасибчаҳо, гӯшти нимдудшуда, истеҳсол менамояд. Ҷамъият маҳсулоти гӯштиро бо номҳои тоҷикии «Паҳлавон», «Аълотаъм», «Бомаза» «Полвонча», «Наврӯзӣ» ва ғайра ба бозор мебарорад. Корхона дар заминаи дастгириҳои давлатии соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби соҳибкорон Аюб Абдуллоев ва Зафар Мақсудҷонов дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Аврупою Россия, Австрия, Украина таъсис ёфтааст. Дар он 50 нафар бо ҷои кори доимӣ таъминанд.

 50904604157_12a568fde1_oСеюми феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Султонободи деҳоти «Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузошта, бо умеди сарсабзӣ ва фаровонҳосилӣ ниҳолҳои мевадиҳанда шинониданд.

 Дар мавзеи зикршуда аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Афзали Зарзамин» дар майдони 7 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардида, дар 1,5 гектари он сиёҳолу, 3,5 гектар зардолуи навъи «Мирсанҷалӣ» ва дар заминҳои боқимонда ниҳоли шафтолу шинонида шудааст. Дар маҷмӯъ бо саҳми хоҷагиҳои кишоварзӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи Султонобод дар майдони 300 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд мегардад, ки меваҳои дарахтони он ба содирот нигаронида шудааст. Аз рӯи маълумоти мутахассисон боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣ бештар манфиатовар буда, дар зарфи се — чор сол ба ҳосил медароянд.

Зимни суҳбат бо боғдорон ва дигар кормандони соҳаи кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки ҳангоми бунёди боғҳои нав ба дурустии интихоби мавзеъ барои парвариши ниҳол, бештар бунёд намудани боғоти меваҳояшон ба содирот нигаронидашуда, истифодаи талу теппаҳо барои афзун намудани майдони боғот ва ба инобат гирифтани маслиҳати олимон таваҷҷуҳ равона созанд.

Айни замон дар вилояти Суғд 8 муассисаи ниҳолпарварии шаҳру ноҳияҳои Ашт, Зафаробод, Истаравшан, Панҷакент, Шаҳристон, Исфара, Бобоҷон Ғафуров ва дигар хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ фаъолият доранд, ки дар таъмини боғдорону заминдорон бо ниҳолҳои мевадиҳанда ва ҳамешасабзу ороишӣ саҳми назаррас мегузоранд. Дар филиали Институти боғпарварию сабзавоткории вилояти Суғд низ дар доираи дастгириҳои давлатӣ олимону донандагони соҳа дар самти парвариши намуди дарахтони серҳосил ва ба иқлими кишвар мутобиқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.

Дар мавзеи Султонободи деҳоти «Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боғдорони вилояти Суғд ва масъулини соҳаи кишоварзиро вазифадор намуданд, ки минбаъд майдони боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивиро зиёд намоянд. Дар он сурат ҳаҷми содироти мева меафзояд ва дар баробари ин сокинон бо ҷойи кор таъмин мешаванд.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар солҳои 2016-2020 тақрибан 1200 гектар боғи нав бунёд шуда, боғпарварони шинохтаи ноҳия ният доранд, ки бо истифода аз зарфиятҳои мавҷуда майдони боғотро дар оянда боз ҳам зиёд намоянд.

Дар вилояти Суғд дар доираи «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» боғпарварону токпарварон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят наздики 4 ҳазору 360 гектар боғи нав бунёд шудааст, ки 170 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.

Инчунин, дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 5 соли охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ҷойи 2076 гектар, бештар аз 5 ҳазор гектар майдони боғоти куҳна барқарор гардида, илова бар ин, дар муддати 5 сол 207 гектар боғи интенсивӣ, аз ҷумла себ, олу, зардолу, шафтолу, сиёҳолу, гелос, нок, бодом, чормағз ва биҳӣ, бунёд карда шудааст.

Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ зикр гардид, ки майдони боғу токзори кишвар ба 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар беш аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардидааст. Бо мақсади дастгирии кишоварзон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 изҳор намуданд, ки соли 2021 кишоварзон аз супоридани андози ягонаи замин озод карда шаванд. Ин ғамхории Давлату Ҳукумат кишоварзону заминдорон, бахусус боғу токпарваронро вазифадор мекунад, ки дар самти оқилона истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи роҳу усули нав ҷиҳати хушсифат истеҳсол намудани маҳсулот беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳанд.

50904668862_5aee737cb5_o3 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоишгоҳи кишоварзиро аз назар гузарониданд, ки дар он дастовардҳои аҳли заҳмати ноҳия дар самти боғдорӣ ва чорводорӣ ба намоиш гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кишоварзони ноҳия шиносоӣ пайдо ва бо онҳо суҳбати самимӣ намуданд. Боғдорон зимни муаррифии навъҳои гуногуни  дарахтони қадпаст, ки барои бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ пешбинӣ гаштаанд, иброз доштанд, ки айни замон масоҳати боғҳои интенсивӣ дар ноҳия 90 гектарро ташкил дода, наздик ба 8 гектари он боғи суперинтенсивӣ мебошад. Маҳсулоте, ки аз чунин боғҳо ҷамъоварӣ мегардад, асосан барои содирот буда, сифати баланд, таъми хуш ва шаклу намуди дилкаш доранд.

Дар намоишгоҳ дарахтони сиёҳолу, чор навъи шафтолу ва ду навъи зардолу, ки аз ҷониби олимони тоҷик парваришу зиёд намудани онҳо ба роҳ монда шудааст, пешниҳод гардид. Зикр шуд, ки боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ нисбат ба боғҳои маъмулӣ серҳосил буда, ҳамчунин, дарахтони он тезтар ба ҳосил медароянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба равнақ додани боғпарварӣ бо усули нав дар ноҳия баҳои баланд ва ҷиҳати нигоҳубину парвариши дурусти дарахтони қадпаст ба масъулин маслиҳату дастурҳои муфид доданд.

Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, чорвои хушзот, ки дар хоҷагиҳои кишоварзӣ нигоҳубин ва парвариш мегардад, ба намоиш гузошта шуд. Иброз гардид, ки чун дигар минтақаҳои Тоҷикистон тайи чанд соли охир дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бо қабули барномаҳои соҳавӣ бахши чорводорӣ рушд карда, саршумори чорвои калон ва чорвои майда афзоиш ёфт. Аз ҷумла, соли 2020 саршумори чорвои калон дар ноҳия 2873 сар афзуда, теъдоди умумии он  ба 80553 сар расонида шуд.

Ҳамчунин, навъҳои хушзоти чорвои калони ширдеҳ, аз ҷумла зоти навъи тоҷикӣ, буқаҳои симентал ва говҳои ширдеҳи намуди симентал намоиш дода шуданд. Ба иттилои кишоварзон, навъҳои хушзоти симентал ба обу ҳавои кишвар мувофиқ буда, ҳар модагови навъи зикршуда метавонад 22-35 литр шир диҳад. Айни замон парвариши симентал дар хоҷагиҳои хурду бузурги ноҳия хуб ба роҳ монда шуда, истеҳсоли шир ва гӯшт низ назаррас боло рафтааст. Ҳар сол дар ноҳия истеҳсоли шир то ба 972,8 тонна зиёд мегардад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия парвариши чорвои майда низ равнақ ёфта, саршумори он дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 210 ҳазору 153 сарро ташкил медиҳад. Дар намоишгоҳ гӯсфанди «Ҳисорӣ», гӯсфанди дурагаи «Афғонӣ», намудҳои маҳаллӣ, ҳамчунин, бузҳои серпашми ангорӣ ба маъраз гузошта шуд. Тавре маълум гашт, дар марҳилаи наслгирӣ аз 100 сар чорвои калони ширдеҳ то 70 сар ва чорвои майда аз 100 сар то 85 сар насл гирифта мешавад, ки ба ин васила саршумори он дар ноҳия ҳар сол афзоиш меёбад.

Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин, се зоти асп, ду намуди шутур ва қутосро, ки парвариши онҳо дар ноҳия ривоҷ ёфта истодааст, ба намоиш гузоштанд.

Зимни боздид ва суҳбати самимӣ кишоварзон ба Пешвои миллат барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи доимиашон нисбат ба соҳаи кишоварзӣ миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки дар оянда барои рушди соҳа ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ бештар заҳмат мекашанд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои парваришу афзоиши саршумори чорвои хушзот маслиҳатҳои муфид дода, дар вазъияти феълӣ тараққӣ додани бахшҳои соҳаи кишоварзиро ҳамчун омили асосии таъмини фаровонии маҳсулот маънидод намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон ба фаъо­лияти корхонаҳои воҳиди давлатии «Дӯзандагӣ» ва «Пойафзолбарорӣ»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.

Нахуст, Пешвои миллат намоиши дарахтони ороишии ҳамешасабз ва сояафканро, ки дар саҳни корхона ташкил гардида, бештарашон дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии Агентӣ дар ҳудуди вилоят парвариш карда мешаванд, аз назар гузарониданд.

Қобили зикр аст, ки корхонаҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ 16 ноябри соли 2017 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон ифтитоҳ гардида, аз ҷониби Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтаанд. Ҳадаф аз таъсиси онҳо таъмин намудани ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо сарулибоси низомӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани сокинон, хусусан бонувони маҳаллӣ, мебошад. Ҳар ду корхона бо шароити зарурӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъмин мебошанд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар коргоҳи истеҳсоли пойафзол 50 нафар фаъолият дошта, дар коргоҳи дӯзандагӣ бошад, 150 бонуи маҳаллӣ ба дӯхти сарулибоси низомӣ машғуланд. Дар баробари бонувон ба дӯхти либоси низомӣ ва пойафзолбарорӣ сарбозон низ ҷалб шудаанд. Пешвои миллат ба маҳсулоти корхонаҳо таваҷҷуҳ зоҳир карда, барои таъмин кардани сохторҳои қудратии мамлакат бо сарулибоси истеҳсоли ватанӣ дар ҳама мавсими сол, боз ҳам равнақ бахшидани фаъолият ва афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба иттилои масъулон иқтидори солонаи истеҳсолии корхонаи пойафзолбарор 15 ҳазор ҷуфт буда, ашёи хом аз Федератсияи Россия дастрас мешавад. Дар он раванди кор аксаран дастӣ сурат гирифта, мутахассисон бо истифода аз таҷрибаи баланд пойафзоли босифат барои сарбозону афсарон истеҳсол менамоянд. Ҳоло бо фароҳам шудани имконияти мусоиди фаъолият дӯхти либосҳои босифат барои гурӯҳҳои таъиноти махсуси мақомоти қуд­ратии кишвар низ ба роҳ монда шудааст.

Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Бӯстон Корхонаи давлатии кишоварзии «Палос»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, ки масоҳати умумии он 14 ҳазору 86 гектарро дар бар мегирад. Дар заминҳои корхона сабзавот, донагӣ, ғалла, пахта ва дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ кишту парвариш ва ҷамъоварӣ шуда, ба ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дастрас мегардад. Ҳамчунин, дар корхона парвариши чорвои калону майда низ ба роҳ монда шудааст. Корхона дорои техникаи гуногуни кишоварзӣ буда, дар он 130 нафар кор мекунанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар заминаи дастгириву ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ пурра бо маҳсулоти ғизоӣ, сарулибоси низомӣ ва пойафзоли босифат аз ҳисоби корхонаҳои Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд. Президенти кишвар ҷиҳати назорати фаъолияти муназзами коргоҳҳои дӯзандагӣ ва пойафзолбарорӣ ба роҳбарияти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд аз гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» боздид намуда, дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили помидор ширкат варзиданд.

Иншооти зикршуда дар доираи ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Мирзобахтиёр Мирзобаҳодуров соли 2020 дар масоҳати 2 гектар бунёд шуда, дар он помидору бодиринг, қаланфури булғорӣ, ҳандалак ва дигар намуди сабзавот бо охирин насли технологияи инноватсионӣ парвариш карда мешавад. Он ба ду қисм — гид­ропоникӣ ва органикӣ ҷудо шуда, технологияи парвариш аз Кореяи Ҷанубӣ ворид гардидааст. Дар як гектари гармхона чор намуди помидор — «Алая каравела», «Адреатика», «Розовое бычье сердце» ва «Дафниc», ки ба иқлим мувофиқ кунонида шуда, серхаридор ва ба касалиҳои гуногун тобовар мебошад, пухта расидааст.

Парваришу нигоҳубини тухмии навъҳои помидор ва дигар намуди сабзавот ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд нуриҳои гуногун аз тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ аз тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол муътадил нигоҳ дошта мешавад. Помидоре, ки дар гармхонаи «ММК Агро» пухта расидааст, моҳи август аз тухм кишт шуда буд. Ҳоло бошад, дар натиҷаи заҳмати коргарон ҳосили фаровон дорад. Ба тахмини хоҷагидорон аз ин гармхона (як гектар) гирифтани 120 — 150 тонна помидори баландсифат имконпазир аст. Маҳсулоти омодашуда самараи қисмати гидропоникаи гармхона мебошад.

Дар қисми органикии гармхона, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо бошад, амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм муътадил нигоҳ дошта мешавад. Дар ин қисми гармхона сабзиши кучати булғорӣ, помидор ва ҳандалак таъмин гардида, 40 нафар бо ҷойи кори доимию мавсимӣ ва маоши баланд таъмин мебошанд.

Зимни боздид аз имкониятҳо ва шароити мусоиди кор дар гарм­хонаи инноватсионӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд ва бобати равнақ бахшидани гармхонадорӣ бо ин усул дастуру супоришҳо доданд.

4 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Сартуқайи деҳоти «Ёва»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар бунёди боғи интенсивӣ, ташкили гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка иштирок карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ин макони хушбоду ҳаво, ки дар соҳили дарёи Сир ҷойгир аст, ниҳол шинониданд ва ба ташаббускорон барои иқдоми шоиста комёбӣ орзу карданд. Сарвари давлат, ҳамчунин, дар ҳамон мавзеъ хати нав барои обрасонии боғотро ба истифода доданд, ки дар масофаи 2 километр аз дарёи Сир кашида шуда, ба хотири обёрии пурраи боғи интенсивӣ дар 40 нуқта ҷумакҳо насб гардидааст.

Боғи интенсивӣ аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Боғпарвари Суғд» Абдумубин Абдушукуров дар масоҳати 15 гектар замин, аз ҳисоби майдони боғоти куҳна ташкил гардида, дар он навъҳои пешпазаки зардолуи испании «Сунамӣ» ва бодоми испании навъҳои «Лаурен» ва «Гуарра» шинонида шудааст. Ин тадбир дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, мақсад аз он дар татбиқи марҳилаи сеюми «Барномаи давлатии бунёду барқарорсозии боғу токзор барои солҳои 2016-2020» бештар саҳм гузоштан аст.

Роҳбари давлат зимни суҳбат бо боғпарварон таъкид доштанд, ки ташкили боғҳои нав бо риояи тавсияҳои олимону мутахассисон ба роҳ монда шавад. Зеро бунёди боғҳои нави интенсивӣ имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави кор фароҳам гардида, содироти меваҳои шаҳдбор ба хориҷи мамлакат афзун гардад.

Афзалияти боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ, пеш аз ҳама, таъмини зичии ғунҷоиши ниҳолҳо дар як гектар ба ҳисоб меравад. Ҳосилбандии онҳо низ барвақт шурӯъ мегардад. Дар 27 гектар замине, ки дар ихтиёри ҶДММ «Боғпарвари Суғд» гузошта шудааст, 2 ҳазору 720 бех ниҳоли зардолу парвариш меёфт, ки умри 40-50-сола доштанд. Танҳо дар 10 гектар боғи интенсивии навбунёд 10 ҳазор бех ниҳоли ба иқлими минтақа мувофиқи воридотӣ шинонида шудааст.

Бо назардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии мамлакат, аҳли заҳмати хоҷагӣ бо усули зери плёнка кишти картошкаи навъи «Алладин»-ро дар байни қаторҳои боғи нав ба роҳ монданд. Ин усул самаровар буда, аллакай дар моҳи апрел ҳосили он пухта мерасад. Зимнан, ин тадбир ба хотири мақсаднок истифода шудани замин роҳандозӣ шудааст. Зеро дар натиҷаи таъсири манфии пандемияи коронавирус вазъи таъминоти аҳолӣ бо ғизо душвор гардида, эҳтиёҷ ба навъҳои гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла картошка, бештар мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон кори аҳли ­заҳматро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, дастур доданд, ки ба таври зарурӣ ва бо истифода аз иқтидори мавҷуда кишту парвариши намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ карда шавад. Зеро вазъияти таъминоти маҳсулоти озуқаворӣ дар ҷаҳон нигаронкунанда буда, таъсири он дар давраҳои баъдибуҳронӣ ба Тоҷикистон низ мерасад. Аз ин хотир танҳо истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин, имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ҳар чӣ пештар ба стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ ноил гардида, аҳолиро бо маҳсулоти ватанӣ таъмин намояд.

Дар ҳамон мавзеъ роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Боғпарвари Суғд» гармхонаи замонавиро ба Пешвои миллат муаррифӣ карданд, ки ба наздикӣ бо тариқи замонавӣ дар масоҳати 5 гектар бунёд хоҳад шуд. Сарвари давлат ба масъулини ширкат дастур доданд, ки ҷараёни бунёди гармхонаро ҳар чӣ зудтар ба роҳ монанд. Зеро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пойгоҳи аслии таъминоти сокинони шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ маҳсуб меёбад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар майдони 5 гектар боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои «Стенлей» ва «Венгерка» бунёд карданд.

Бино ба нишондоди мутахассисони соҳа, реҷаи шинонидани ниҳоли сиёҳолуи навъҳои «Стенлей» ва «Венгерка» 4 ба 2,5 метр буда, дар масоҳати 1 гектар ба миқдори 1000 бех ҷойгир карда мешаванд. Ниҳолони қадпасти сиёҳолу дар такрешаи «Пумиселект» ва «Миробалан С-29» дар филиали Институти боғутокпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар вилояти Суғд парвариш карда шудааст.

Мутахассисони соҳа, дар маҷмӯъ 7 навъи олуро мавриди омӯзиш қарор дода, дар натиҷа ҳамин ду навъи сиёҳолуи хушкшавандаи «Стенлей» ва «Венгерка»-ро барои парвариш пешниҳод намуданд. Баландии дарахтон ҳангоми ба воя расидан ҳамагӣ 3-3,5 метрро ташкил дода, дар шакли қабат ба қабат ва косашакл гузаронида мешаванд. Дар ҳолати дуруст риоя намудани қоидаҳои парваришу нигоҳубин ба намуди шаклдиҳӣ, озуқадиҳӣ, обёрикунӣ, коркарди байни қаторҳо ва дигар корҳои агротехникӣ ниҳолони қадпасти сиёҳолуи хушкшавандаи навъҳои «Стенлей» ва «Венгерка» баъди сеюм соли нашъунамо ба ҳосил медароянд. Ҳосилнокии онҳо дар соли сеюм 20 — 40 сентнерӣ, яъне аз 1 гектар 2 — 4 тонна меваи хушсифати сиёҳолуро, дар бар мегирад. Илова бар ин, сол аз сол ҳосилнокии дарахтон афзоиш ёфта, дар соли ҳафтум 250 — 300 сентнерӣ, яъне аз 1 гектар 25 — 30 тонна мева медиҳанд. Дарахтон метавонанд 25 — 40 сол ҳосили фаровон диҳанд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар паёмҳои солона ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати ба роҳ мондани усули инноватсионии боғдорӣ дар кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, даҳҳо гектар боғҳои интенсивии нав бунёд шуд. Тибқи маълумоти расида, то 1 январи соли 2021 дар вилояти Суғд 207 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст, ки аз он 10 гектарро боғҳои суперинтенсивӣ ташкил медиҳанд.

Боғҳои интенсивӣ дар шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Шаҳристон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт, Мастчоҳ, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҷойгир мебошанд. Аз 10 гектар боғи суперинтенсивӣ 5 гектар дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фарогирии ниҳоли шафтолу, гелос, себ ва 5 гектар дар ноҳияи Спитамен бо фарогирии ниҳоли себ ташкил шудаанд.

Соли 2021 дар вилоят бунёди даҳҳо гектар боғи интенсивии нав ба нақша гирифта шудааст, ки 4 гектар боғи интенсивии сиёҳолуи хушкшавандаи навъҳои «Стенлей» ва «Венгерка» оғози ин иқдоми нек мебошад.

Яке аз ҳадафҳои асосии ташкили усули инноватсионии боғдорӣ дар баробари таъмини бозори истеъмолии дохилӣ бо меваю сабзавот, баланд бардоштани имкониятҳои содиротии кишвар ба ҳисоб меравад.

Дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» аз соли 2018 паравариши моҳӣ низ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол дар чор ҳавзи моҳипарварӣ дар масоҳати умумии 1,4 гектар наздик 13 ҳазор сар моҳии навъи «амури сафед», «пешониғафс» ва «сазан» парвариш меёбад.

Дар ҷараёни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ба хотири амалӣ намудани «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба ин ҳавзҳо боз 15 ҳазор сар моҳии навъи «амури сафед», «пешониғафс» ва «сазан» сар дода шуданд.

Ҳамчунин, дар «Боғи миллии Ваҳдат» ҷиҳати татбиқи «Барномаи  рушди соҳаи парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 200 парандаи фазан сар доданд.

5 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, бо раванди парвариши зироат ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шароити гармхона шинос шуданд.

Дар он ҷо аз соли 2011 инҷониб бо саҳми хоҷагидорон 37 гармхонаи анъанавӣ бунёд гардида, навъҳои серҳосили қулфинай, помидор, бодиринг, картошка, кабудӣ, лимӯ ва дигар намуди зироат васеъ кишту парвариш меёбад ва деҳқонон ҳар сол ҳосили фаровон ба даст меоранд.

Соли равон дар асоси дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев боз 4 гармхонаи нав (ҳар кадом дар масоҳати аз 4 то 16 садяк замин) ­сохта ба истифода дода шуд, ки дар он помидору бодиринг, кабудӣ, гулҳои мавсимӣ, картошка ва шалғам кишт намуда, ба хотири гирифтани ҳосили дилхоҳ заминро самараноку оқилона истифода мебаранд. Зикр шуд, ки деҳқонон аз як гармхона то се маротиба ҳосил ҷамъоварӣ менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни парвариши сабзавоти барвақтӣ ва фаъолияти аҳли заҳмат ба хоҷагидорон ҷиҳати истифодаи самараноки замин ва гирифтани ҳосили хуб тавсияҳои муфид доданд.

Дар масоҳати даҳ садяки гармхона зиёда аз се ҳазор бех ниҳоли помидор шинонида шуда, дар давоми чор моҳ ба ҳисоби миёна то 10 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намудан имкон дорад ва баъди он бодиринг ё дигар намуди зироат кишт карда мешавад.

Кишоварзони Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, ҳамчунин, дар замини кушод, зери плёнка дар масоҳати нуҳ гектар картошка, се гектар сабзӣ, як гектар шалғам кишт карда, соли равон кишти картошкаро ба 100 гектар расониданианд. Онҳо соли 2020 аз гармхонаҳо 900 ҳазору 500 дона гули мавсимӣ, 36,5 тонна помидор, 5 тонна лимӯ ва 18,5 тонна бодиринг ҷамъоварӣ намуданд.

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, ки кормандони он 1650 нафарро ташкил медиҳад, дар маҷмӯъ 2 ҳазору 700 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Зимни боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ таъкид гардид, ки деҳқонони вилояти Суғд дар бунёди гармхонаҳо таҷрибаи ғанӣ дошта, фаъолияти онҳо сол то сол дар ин самти хоҷагидорӣ густариш меёбад.

Дар асоси татбиқи «Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020» дар ҳама шакли хоҷагидории вилоят 459 гармхонаи хурду бузург бунёд гардида, дар онҳо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Соли гузашта хоҷагидорони вилоят аз гармхонаҳо зиёда аз 1 ҳазору 500 тонна маҳсулот, аз ҷумла, 852 тонна помидор, 223 тонна бодиринг ва 271 тонна лимӯ, ҷамъоварӣ намуданд. Соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бунёди боз 36 гармхонаи наву замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноку оқилонаи замин ва ҷорӣ кардани роҳу усули нави парвариши зироат ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Унҷӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ­қитъаи 40-уми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар бунёди боғи интенсивӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2700 гектар замини обӣ, 900 гектар майдони боғ ва 31 ҳазор гектар замини лалмию чарогоҳ дорад. Аз масоҳати 900 гектар майдони боғот 710 гектарро боғҳои ҳосилнок ташкил медиҳанд. Азбаски майдони боғҳои куҳнашуда аз ҷиҳати иқтисодӣ самараи дилхоҳ ба бор намеоранд, масъулин тасмим гирифтанд, дар масоҳати 7 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд. Тибқи нақша, дар боғи бунёдшаванда ниҳоли дарахтони гелос дар масоҳати чор гектар, бодом дар як гектар ва зардолу дар масоҳати ду гектар, ки ба иқлими маҳал мутобиқ буда, ҳосили хуб медиҳанд, шинонида шудааст.

Дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар он мавзеъ бо реҷаи 4 бар 2,5 боғи нав бунёд карда шудааст, ки дар ҳар гектари он ҳазор бех ниҳол истифода мегардад. Бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва баланд бардоштани сифати маҳсулот танҳо дар боғоти гелос 1200 адад сутунпоя гузошта шудааст, ки дар оянда барои кори техникаҳои кишоварзӣ низ бисёр муфид мебошад.

Соли 2020 аз боғҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2120 тонна меваҳои донакдор истеҳсол карда шудааст. Ҳамчунин, соли сипаришуда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 143 гектар боғ ва 7 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Маҷмӯан, дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» дар ноҳия 2663 гектар боғу токзори нав бунёд ва барқарор шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин таъкид карданд, ки бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ серҳосилу фоидаовар мебошад, аз ин рӯ, дастур дода шуд, ки майдони чунин боғҳо дар вилоят зиёд карда шавад.

Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин дар байни қаторҳои боғи нави интенсивии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев кишти картошкаи барвақтӣ ба роҳ монда шудааст. Аснои боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки ­навъҳои тухмии картошкаи киштшуда «Алладин» ва «Пикасо» буда, ҳосили онҳо дар аввалҳои моҳи май пухта мерасад.

Зимнан, соли 2020 дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2890 тонна маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла, 1196 тонна картошка, истеҳсол карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки соли 2020 дар ҳамаи шакли хоҷагидории вилояти Суғд дар майдони 23 ҳазору 99 гектар кишти картошка ба роҳ монда шуда, беш аз 512 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид. Соли 2021 бошад, кишти картошка дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ зиёда аз 30 хазор гектар дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 6 ҳазору 100 гектар зиёд мебошад.

Дар растаи намоиши тухмиҳои соҳаи кишоварзӣ 42 намуди тухмии ба маҳал мутобиқ ва серҳосил, аз қабили гандум, ҷав, картошка, сабзӣ, шолӣ, лӯбиёгиҳо ва пунбадона, ба намоиш гузошта шуд.

Сарвари давлат аснои боздид ба кишоварзон дастур доданд, ки пеш аз ҳама, бояд тухмии зироатҳои ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт кунанд, зеро риояи қоидаҳои агротехникӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат омили асосии фаровонҳосилӣ мебошад.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз растаи намоиши таомҳои миллии сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд. Бонувони ҳунарманди ноҳия анвои гуногуни хӯроки миллӣ, аз қабили нон, самбӯса, ҳалвоҳои сурх, сафед, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, шириниҳои аз мева омодакардашуда ва ҳунарҳои кадимаи аҷдодиро, ба маъраз гузоштанд.

Пешвои миллат ба ҳунари кадбонуҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, омӯзонидан ва аз худ намудани ҳунарҳои мардумиро барои наслҳои оянда муҳим арзёбӣ карданд.

5 феврали соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷашни Сада ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

50911289607_1b996b68e4_oСарвари давлатро дар саҳни чойхонаи Муассисаи давлатии «Қасри Арбоб», ки макони асосии тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори таҷлили иди бостонӣ интихоб шудааст, сокинони вилоят бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд. Ба таъкиди Сарвари давлат Сада аз зумраи ҷашнҳои миллии мо буда, асосан ба кишоварзон рабт дорад, зеро марди деҳқон бо таҷлили он ба киштукори баҳорӣ омодагӣ мебинад ва он шаш сол аст, ки дар кишвар баргузор мегардад.

Президенти мамлакат баргузории чунин ҷашнҳои оммавии бошукӯҳро, ки тайи солҳои охир дар кишвар ба ҳукми анъана даромадааст, нишонаи иттиҳоду сарҷамъӣ ва ҷонибдории сокинони шарафманд аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти Давлату Ҳукумат арзёбӣ намуданд. Зимни тамошои намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.

Дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат доир ба афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева ва содироти он ба хориҷи мамлакат дар хоҷагиҳои боғпарварии вилоят соли сипаришуда иловатан 657 гектар боғу токзори нав бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсолот сол то сол меафзояд. Ҳамчунин, дар як соли охир дар вилоят 207 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардид, ки дар самти рушди соҳаи боғпарварӣ ва истеҳсоли меваи аз лиҳози экологӣ тозаю табиӣ дар мамлакат қадами устувор мебошад.

Дар намоишгоҳ аз ҷониби кормандони Иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот намоиши маҳсулоти нонӣ ташкил гардида, корхонаҳои хӯрок­вории вилоят навъҳои гуногуни шириниро ба маъраз гузоштанд. Ҳамчунин, аз ҷониби ­Ассотсиатсияи занбӯриасалпарварони вилояти Суғд асали хушсифати табиӣ намоиш дода шуд.

Зимни суҳбат бо занбӯриасалпарварон Президенти мамлакат дастур доданд, ки оилаҳои занбӯри асалро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд. Ба ақидаи занбӯриасалпарварон бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дар ҳамин замина муқаррар намудани имтиёзҳо барои фаъолияти пурсамар шумораи оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли асали аз ҷиҳати экологӣ тоза зиёд гардида, дар ноҳияҳои кӯҳистон мардум ба он бештар машғул мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз фаровонии маҳсулоти асал, тарбузу харбуза, ангур, помидор ва дигар навъҳои меваю сабзавот ва полезию лӯбиёгиҳо, ки аксаран маҳсулоти содиротӣ мебошанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди он дар корхонаҳои саноатӣ бояд афзун ва аз он ҳисоб иқтидори содиротии мамлакат боло бардошта шавад.

Хоҷагиҳои тухмипарварӣ, Институти зироаткории Академияи илм­ҳои кишоварзӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тухмиҳои Тоҷикис­тон дар вилояти Суғд» дар ҷашни Сада навъҳои гуногуни тухмиро ба намоиш гузоштанд.

Дар гӯшаи дигари намоишгоҳ кормандони Муассисаи давлатии «Хоҷагии ҷангали вилояти Суғд» неъматҳои табииро муаррифӣ намуданд. Муассисаи зикршуда дар баробари ҳифзи олами ҳайвоноту наботот ба ҷамъоварӣ ва коркарди гулу гиёҳҳои шифобахш ва меваҷоти кӯҳсор машғул буда, дастовардҳои он ба маъраз гузошта шуд.

Номгӯи зиёди ниҳоли дарахтони ороишии ҳамешасабз аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд муаррифӣ гардид. Сарвари давлат зимни шиносоӣ ба таҷриба ва фаъолияти самарабахши аҳли заҳмати вилоят аҳсан гуфта, иштироки онҳоро дар ҷашни Сада барои рушди минбаъдаи бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо бо меҳнати ҳалолу фидокорона ва иҷрои иқдомҳои бобарори Ҳукумати ҷумҳурӣ метавон ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ расида, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар намуд.

Кишоварзони соҳибтаҷрибаи вилояти Суғд зимни суҳбатҳои самимӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд, ки бо шарофати маслиҳату тавсияҳои судманди Роҳбари оқилу ғамхор бобати истифодаи босамари ҳар қитъа замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, сатҳу сифати зиндагии сокинон ба маротиб беҳтар шуда, дар оилаҳо ба миқдори зарурӣ маҳсулоти ғизоӣ захира карда мешавад. Дар ҷашни имсолаи Сада намоиши техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ низ ташкил карда шуд.

Зимнан, ҷашни Сада барои хоҷагидорони ноҳияҳои Шаҳристон ва Деваштичи вилояти Суғд хотирмон боқӣ мемонад, зеро даҳҳо адад техникаи наву замонавии кишоварзӣ аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо туҳфа карда шуд. Намояндагони филиали суғдии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон башаклдарории дурусти ниҳоли дарахтони мевадиҳандаро намоиш доданд. Ниҳоли даҳҳо намуд дарахти ҳосилдеҳ, ки аксари онҳо навъҳои маҳаллӣ мебошанд, ба маъраз гузошта шуд. Ҷашни Сада, воқеан, ба иди ҳақиқии кишоварзон, деҳқонон ва дар маҷмӯъ аҳли заҳмат табдил ёфт.

Ошпазони моҳир ва кадбонувон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ҳунари волоро муаррифӣ карда, дар дегҳои калонҳаҷм як тонна оши палав ва як тонна ҳалво омода ва пешниҳод намуданд.

Барои шодию фараҳи иштирокдорон гурӯҳи ҳунармандони хушсалиқаи вилоят ба ифтихори ҷашни Сада намоиши театриро пешниҳоди ҳозирин гардониданд. Саҳнаҳои ҷолибу диданӣ аз рӯзгори ниёгон иди қадима ва таърихӣ будани Садаро бозгӯ мекард. Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин, ба ифтихори ҷашни Сада ҳунармандони чирадасту соҳибзавқи 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд маҳсули даст­ранҷашонро ба намоиш гузошта, дар гӯшаҳои алоҳида дастовардҳои меҳнатиро ба таври шоиста муаррифӣ карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз иштироки онҳо дар ҷашни бошукӯҳи Сада изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дастгирии ҳунармандон ва рушду равнақи бештари ҳунарҳои мардумӣ ба масъулон дастур доданд, ки то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама шаҳру ноҳия бунёди коргоҳу гӯшаҳои фурӯши армуғон ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумиро таъсис дода, барои фаъолияти васеи ҳунармандон шароити зарурӣ фароҳам оранд.

Ҳадаф аз роҳандозии ин иқдом ташвиқу тарғиби фарҳанги рӯзгордорӣ, эҳё ва рушди анъанаю суннатҳои мардумӣ мебошад. Дар ҷашни Сада кишоварзони вилояти Суғд маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла, зироатҳои ғалладонагӣ, сабзавоту полезӣ, ҳафт навъи картошкаи маҳаллӣ, ниҳоли дарахтони ороишию сояафканро, ба намоиш гузошта, иди ниёгонро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд.

Воқеан, ҷашни Сада рӯзи арҷгузорӣ ва иззату эҳтиром ниҳодан ба нуру гармӣ, рӯ овардан ба равшанӣ, рамзи меҳру муҳаббат ва дӯстиву рафоқат мебошад, ки аз ҷониби мардуми шарафманди тоҷик бо риояи суннату анъанаҳои хос иҷро мегардад.

www.president.tj