Сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№128 (3922) 23.10.2018

31613967818_fdfce8afe1_o22 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қитъаи роҳи мошингарди «Деҳмой – Меҳробод — Маданият»-ро пас аз навсозии пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар доираи Лоиҳаи «Рушди роҳҳои алоқа дар Осиёи Марказӣ» (таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд — Исфара) навсозӣ шуда, масофаи умумиаш 17 километр ва паҳноиаш аз 8 то 16 метрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ, аз ҷумла, омода намудани қабати поёнӣ ва болоии роҳ, қубурҳои обгузар ва мумфарш кардани он дар ду қабат мувофиқ ба талаботи байналмилалӣ анҷом дода шудааст. Навсозии қитъаи роҳи Деҳмой-Меҳробод-Маданият, ки дар татбиқи яке аз се ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ замина мегузорад, моҳи июни соли 2016 оғоз гардида буд. Дар доираи таҷдиди он 6 пул бо иқтидори борбардории 80 тонна, аз ҷумла, 2 пул таъмиру таҷдид ва 4-тои дигар пурра аз нав бунёд гардидааст.

Масофаи умумии кӯпрукҳои нав­сохта ва таҷдидшуда зиёда аз 160 метрро ташкил медиҳад, ки ҳар яки он дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд шудааст.

Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин қитъаи роҳ дар ду сол беш аз 120 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳ ба масофаи 9600 метри мураббаъ роҳҳои пиёдагард мумфарш ва 2000 метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани қитъаи роҳи мошингарди Деҳмой — Меҳробод — Маданият марҳилаи якуми Лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Хуҷанд — Исфара пурра амалӣ шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, барои саҳмгузорӣ дар ободии мамлакат ба бунёдгарони роҳ изҳори миннатдорӣ карданд.

Сарвари давлат, ҳамчунин, ­масъулонро барои дар ҳолати хуб нигоҳ ­доштани қитъаи роҳ муваззаф намуданд.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон, инчунин, кӯдакистони хусусии «Нурафшон» — ро барои 240 нафар мавриди истифода қарор доданд.

Он аз ду ошёна, маҷмӯи иншооти асосӣ ва ёрирасон иборат аст. Манораи бинои кӯдакистон барои хизмат­расонии техникӣ пешбинӣ шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар кӯдакистон 8 ҳуҷраи бозии кӯдакон, 8 ҳуҷраи хоб, ҳуҷраҳои ёрирасон, ҳавзи оббозӣ, ошхона барои 50 нафар, катҳои хоб барои 200 нафар ва дигар иншоот мавҷуд буда, машғулиятҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегиранд. Шумораи кормандон беш аз 40 нафарро ташкил медиҳад.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар муддати ду сол бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст. Дар он барои таълиму тарбияи кӯдакон тамоми шароити замони муосир фароҳам гардидааст.

Аснои шиносоӣ бо шароити кӯдакис­тон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Ҷаббор Расуловро шоистаи таҳсин хонданд.

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов иншооти гуногуни соҳаи маориф, аз ҷумла, кӯдакистонҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо тамоми шароит сохта шудаанд, ки айни замон дар онҳо беш аз 3 ҳазору 580 нафар кӯдак тарбия мегиранд.

Кӯдакистони хусусии «Нурафшон» яке аз марказҳои калонтарини таълимиву тарбиявӣ дар ноҳия маҳсуб меёбад.

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар назди бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардида, баландиаш 50 метр, паҳноиаш 7 метр ва дарозиаш 14 метр мебошад.

Корҳои сохтмониро дар сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хиост» бо сатҳу сифати баланд анҷом додаанд.

Майдони «Парчами давлатӣ» дар 15 садяк замин бунёд ва ҳудуди он гулзор карда шудааст. Ҳамчунин, дар ин ҷо се фаввораи даврашакл бунёд ва чароғҳо насб карда шудаанд.

Минбаъд дар ин макони зебо ҳамчун нишони садоқат ва меҳру муҳаббат ба рамзи давлатӣ чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Ғулакандоз»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.

Бо бунёди коргоҳ 50 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Корхона, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Исмоил Самадов бунёд ёфтааст, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагию қолинбофӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он наздик ба 30 нафар зану духтари хонанишин ба кор ҷалб гардиданд. Онҳо ба дӯхти сарулибоси ягона барои мактаббачаҳо, корхонаву муассисаҳо, рахти хоб ва либосҳои миллӣ машғуланд.

Сехи дӯзандагӣ дорои 20 адад мошинаи дарздӯзӣ, бурандагӣ, дарзмолкунӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ мебошад.

Дар коргоҳи қолинбофӣ низ дастгоҳҳои муосири қолинбофӣ, таҷҳизот барои печонидани ресмон ва ғайра васлу насб карда шудааст.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи қолинбофӣ қариб 150 метри мураббаъ дар як шабонарӯз аст.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки айни замон дар ин ҷо даҳ намуди қолин истеҳсол ва ашёи хом, аз ҷумла, ришта, аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» харидорӣ мегардад. Сифати қолинҳои коргоҳ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ҳидоят намуданд.

Роҳбарияти коргоҳ уҳдадор шуданд, ки оянда дар доираи имкониятҳои мавҷуда иқтидори истеҳсолиро зиёд ва шумораи ҷойҳои нави кориро бештар намоянд.

Масъулини коргоҳ, ҳамчунин, мағозаи фурӯши маҳсулоташонро аз қабили қолинҳои гуногунранг, сарулибоси ягонаи мактабӣ, либосҳои миллӣ, либосҳои арӯсӣ, ки тибқи талаботи мизоҷон бо завқи баланд омода гардидааст, ба роҳ мондаанд.

Коргоҳи мазкур, ки дар идомаи корҳои созандагӣ бахшида ба «30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бунёд гардидааст, дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум нақши созанда хоҳад гузошт. Фаъол кардани ин гуна иншоот самараи татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Меҳробод»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов Маркази нави саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои марказ дуошёна буда, аз 21 ҳуҷра, аз ҷумла ҳуҷраҳои қабули мизоҷон, иммунизатсия, хатна, доругузаронӣ, таҳлилгоҳ, даҳ ҳуҷраи табиби оилавӣ ва се ҳуҷраи ёрирасон иборат аст.

Сохтмони бинои маркази саломатӣ, ки моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида буд, сентябри соли ҷорӣ ба итмом расид.

Маркази саломатӣ бо 85 номгӯйи таҷҳизоти тиббӣ, 6 намуд дастгоҳи хунуккунӣ, аз ҷумла, яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, ҷузвдон ва ғайра таъмин карда шудааст.

Ғайр аз ин, дар доираи лоиҳаи бунёди маркази саломатӣ 31 номгӯйи мебели тиббӣ, мизу курсӣ, рахти хоб, ҷевонҳо ва ғайра дастрас гардидаанд.

Дар маркази саломатӣ даҳ табиб, 23 корманди миёнаи тиббӣ ва ду корманди хурди тиббӣ бо шароити кории хуб таъмин карда шудаанд.

Бинои маркази саломатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» бунёд ёфтааст.

www.president.tj