Сафари кории Пешвои Миллат ба вилояти Суғд

№101 (4051) 22.08.2019

(Идома аз шумораи гузашта)

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави филиали №41 — и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» — ро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди истифода қарор доданд.

48583483731_375390e0a6_oОн, ки дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст, беҳтарин шароит барои пешбурди корҳои бонкдориро доро мебошад.

Бино аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, 7 утоқи корӣ дорад ва ҳамаи онҳо бо мизу курсиҳои нав, технологияи муосир таъмин карда шудаанд.

Фармоишгари корҳои сохтмонии иншоот Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», пудратчии асосӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ситоиш» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созанда — 2012» мебошанд.

Хотиррасон бояд шуд, ки барои анҷом додани амалиёти бонкӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ то ба ин дам мушкилоти зиёд мавҷуд буд, хушбахтона, бо ифтитоҳи филиали нави он мушкилоти ҷойдошта то андозае бартараф мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Амонатбонк», мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия барои беҳтар намудани хизматрасониҳои бонкӣ, ҷалби мутахассисони варзидаи соҳаи бонкдорӣ ба кор дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва аз кормандони соҳа талаб намуданд, ки ҳамеша бо мизоҷон муомилаю муоширати хуб дошта бошанд.

Дар филиали бонки мазкур аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бинои нави суди ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нав аз 2 ошёна ва 28 утоқи корӣ иборат буда, дар масоҳати 1200 метри мураббаъ доман густурдааст. Бино бо тарҳи муосир ва сифати баланд бунёд ва дар он тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз 30 то 60 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд.

Фармоишгари бино Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷрои­яи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пастиғав» — и ноҳия ва лоиҳакаш Пажӯҳишгоҳи илмии САНИИОСП мебошанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷом­ёфта дар иншоот баҳои баланд дода, кормандони мақомоти судро барои фаъолияти поквиҷдонона ҳидоят намуданд.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ, дар асоси нақшаи генералӣ, дар шаҳраки Меҳрон барои беҳтар намудани шароити кору зиндагии аҳолӣ биноҳои наву замонавии зиёд сохта, ба истифода супорида шудаанд. Ҳоло маркази ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба як шаҳраки ободу зебо ва замонавӣ табдил ёфтааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бинои нави шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

48583593811_87d7a85541_oТаъкид гардид, ки  бинои нав дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ  ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти хукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Пудратчии асосии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Шаҳриёр – 93» мебошад.

Дар рафти корҳои сохтмонии бинои нав 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардида буданд.

Бинои навбунёд аз 3 ошёна иборат аст. Ҳамчунин, барои таъмин намудани кормандони ин ниҳод бо манзил дар бино хобгоҳ бунёд карда шудааст. Саҳни бино пурра чароғон ва  роҳравҳои  гирду атрофи  он пурра сафолакпӯш гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд  дода, кормандони ниҳоди мазкурро ба хизмати софдилона ба нафъи давлату  миллат  ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳис­тони Мастчоҳ майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

Майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Меҳрон бо садо додани Суруди миллӣ ва иштироки роҳбарону фаъолони ноҳия мавриди истифода қарор дода шуд.

Парчами давлатӣ бо баландии 36 метр ­бунёд шудааст. Паҳноии матои он 5 ва дарозиаш 10 метрро ташкил менамояд. Атрофи Парчами давлатӣ дар масоҳати 3 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш гардидааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ дар паҳлуи Парчам пояи Нишони давлатиро ифтитоҳ бахшиданд. Баландии он 18 метрро ташкил медиҳад.

Корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Деспе Газ» бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шудааст.

Майдони Парчам ва Нишони давлатӣ масоҳати 6 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирад. Атрофи онро беш аз 200 арча, гулҳои гуногун ва сабзазор зеб медиҳанд. Дар ин ҷо бо дарназардошти сайругашти сокинону меҳмонон 20 нишастгоҳ ва чароғҳо насб шудаанд.

Акнун сокинони ноҳия метавонанд дар майдони назди он чорабиниҳои гуногуни фарҳангиро баргузор намоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои тоза­бунёди дуошёнаи қисми мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро ба истифода доданд.

Он дар кӯтоҳтарин фурсат бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон маълумот дода шуд, ки Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дорои парки автомобилӣ, 2 адад нақлиёти оташнишонӣ, 10 ҳуҷраи корӣ — утоқҳои дарсӣ, таҷҳизоти зиддиоташнишонӣ, либосҳои корӣ, инчунин ҳуҷраи маишӣ ва бойгонӣ мебошад, ки барои фаъолияти фаврӣ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин, дар ошёнаи якуми бино ду утоқи кории махсус барои Ситоди ҳолатҳои фавқулода ҷойгир карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин сохтор як адад воситаи нақлиёт тақдим намуданд, ки бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.

Баҳри зебову назаррабо гардидани атрофи бино дар масоҳати зиёда аз 20 садяк замин беш аз 3500 дона гули ҳархела ва 40 дарахти ҳамешасабз шинонида шудааст. Ҳамчунин, ба хотири рафтуомади бемамониат масофаи 200 метр роҳ мумфарш гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воситаҳои асосии оташхомӯшкунӣ, асбобҳо барои гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми садама, либосҳои махсуси ба оташ тобовар ва дигар намуди таҷҳизоти муосири марбут ба ин соҳаро аз назар гузарониданд.

Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барои таъмини шароити муосири фаъолият ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ дар муаррифии Кони ангишти «Ғузн» — и Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Қудрат 2010» иштирок карданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Корхонаи ангишти «Ғузн» соли 2017 таъсис ёфтааст. Айни ҳол дар он 35 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб ва бо маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикис­тон аввалин маротиба аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ангишт истеҳсол карда мешавад.

Тибқи маълумот, корхона дар як сол то 10 ҳазор тонна иқтидори истеҳсолии  истих­роҷи ангиштро доро мебошад. Роҳбарияти он ният доранд, ки бо ворид намудани технологияҳои муосир иқтидори истеҳсолии корхонаро то 100 ҳазор тонна зиёд, ҳаҷми истихроҷи ангиштро бештар ва 120 нафарро бо ҷойи кор таъмин кунанд.

Тибқи маълумоти тадқиқотию геологии гузаронидашуда, захираи умумии ангишт дар кони «Ғузн» 27 миллион тонна мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи интенсивии дарахтони себ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд боздид ба амал оварданд.

Он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми шарикони рушд бо технология ва усулҳои итолиявию испанӣ дар майдони 1,88 га бунёд ёфтааст.

Афзалияти аз ҳама муҳими боғ аз боғҳои анъанавӣ, дар он аст, ки ниҳолҳои он аллакай дар соли якуми сабзиш қисман ба ҳосил омада, дар соли дуюм ҳосилдеҳ мешаванд. Ҳол он ки барои пурра ба ҳосил омадани боғҳои бобоии себ қариб 10 сол лозим мебошад. Ғайр аз ин, ҳосилнокии боғҳои интенсивӣ 3 — 4 баробар аз боғҳои бобоӣ зиёд аст.

Масофаи миёни ниҳолҳо як метр ва масофаи миёни қаторҳои боғ 4 метр мебошад. Дар як гектар замин 2500 бех ниҳол шинонида шудааст. Айни ҳол дар боғи мазкур 4700 бех дарахти мевадиҳанда, аз ҷумла, навъҳои «Галла», «Гранни Смит» ва «Голден делишес» парвариш ёфта истодааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғи мазкур моҳи апрели соли 2018 бунёд шуда буд ва соли дуюм аст боровар шудааст.

Нигоҳубини чунин боғҳо, албатта, бо технологияи навтарин ба роҳ монда шудааст. Ҳашароту бемориҳо тавассути барномаҳои махсуси компютерӣ назорат карда мешавад. Ниҳолҳо низ бо усули қатрагӣ об дода мешаванд.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ азм доранд, ки бунёди боғҳои интенсивиро васеъ ба роҳ монанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз боздиди боғи интенсивии дарахтони себ аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Дар он деҳқонони меҳнатқарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш гузошта буданд.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо кишоварзони ноҳия барои боз ҳам афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка, маслиҳатҳои муфид доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳро низ ба истифода доданд. Корҳои сохт­монӣ дар он, ки моҳи марти соли 2019 оғоз гардида буданд, бо сифати баланд ба иҷро расонида шудаанд.

Бинои хуштарҳу замонавии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба тариқи ҳашар сохта шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди аз назар гузарондани ҳуҷраҳои корӣ, барои бунёди чунин як бинои наву замонавӣ, аҳсану офарин хонданд. Бинои навбунёд дорои ҳуҷраҳои корӣ буда, бо компютер ва мизу курсиҳои замонавӣ таъмин карда шудааст.

Бояд тазаккур дод, ки зимни сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъсис додани ду сехи дӯзандагӣ дар ду деҳоти ноҳия 20 адад мошинаи нави дӯзандагӣ туҳфа карданд.

Ин имконият фароҳам меорад, ки чанд нафар аз занони хонашини Кӯҳистони Мастчоҳ бо ҷойи кор таъмин гарданд ва ҳамчунин, ба ҷавондухтарон касби дӯзандагӣ омӯзонанд.

Иншооти мазкур ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сохта шудааст.

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии «Роғ» ба фаъолияти кишоварзон ва рафти нашъунамои картошка шинос шуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, масоҳати заминҳои корам дар хоҷагии деҳқонии «Роғ» ба 124,2 гектар баробар аст, ки аз ин ҳисоб 102 гектар ба кишти картошка рост меояд. Деҳқонони хоҷагӣ пайваста барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ талош варзида, дар парвариш ва захираи ин намуди маҳсулот аз роҳу усулҳои нав ва тухмиҳои хушсифат истифода мебаранд. Феълан дар хоҷагӣ навъҳои гуногуни картошка, аз қабили «Тоҷикистон», «Бик Роза», «Алладин», «Пикассо» ва ғайра парвариш карда мешаванд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки соли гузашта кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Роғ» аз ҳар гектар замин аз 250 то 300 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда буданд. Имсол, вобаста ба мусоид омадани вазъи ҳаво, дурнамои ҳосил аз ҳар гектар то 350 сентнерӣ аст.

Деҳқонон барои нигаҳдории картошка аз чағора — анбори зеризаминӣ истифода мебаранд. Танҳо дар хоҷагии деҳқонии «Роғ» — и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 205 адад анборҳои зеризаминӣ мавҷуданд, ки ғунҷоиши ҳар яке аз онҳо аз 8 то 25 тоннаро дар бар мегирад. Мувофиқи иттилои мутахассисони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, чунин анборҳои зеризаминӣ имкон медиҳанд, ки картошка дар ҳолати хуб нигаҳдорӣ шавад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ва нашъунамои картошка дар деҳаи «Роғ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор сохтанд, ки аз ҳар ваҷаб замин самаранок истифода бурда, сол аз сол масоҳати заминҳои корамро васеъ гардонанд. Зеро фаровонии бозорҳои ҷумҳурӣ, хони пурнозу неъмати сокинон ва ниҳоят, татбиқи яке аз ҳадафҳои асосии Давлат ва Ҳукумати мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз аз фаъолияти пурсамари кишоварзон вобаста аст.

Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи деҳоти «Лангар» шуъбаи табобатии Беморхонаи марказии ноҳияро ифтитоҳ намуданд.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бинои шуъбаи табобатӣ дар масоҳати 288 метри мураббаъ қомат афрохта, 10 ҳуҷраро дар бар мегирад. Барои қабул ва муолиҷаи беморон бино бо катҳои хоб, дастгоҳи ултрасадоӣ, сабти барқии дил ва дигар таҷҳизоти соҳавӣ таъмин карда шудааст.

Дар ҷараёни бунёди иншооти мазкур, ки моҳи октябри соли 2018 оғоз гардида буд, зиёда аз 30 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд.

Шуъбаи табобатӣ аз ҳуҷраҳои бемориҳои дарунӣ, кӯдакона, доругузаронӣ, ултрасадо, таҳлилгоҳ, ҳуҷраи хатна ва ғайра иборат аст. Дар ин ҷо, дар баробари табибони таҷрибадор, мутахассисони ҷавоне, ки тибқи Квотаи президентӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил кардаанд, ба кор ҷалб шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити фароҳамгардида дар шуъба шинос шуда, аз сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сарвари давлат кормандони соҳаи тандурустиро бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои масъулияти касбиашон комёбиҳо таманно карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Роғи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Маркази хизматрасонии «Ҳусни Роғ» — ро ба истифода супориданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки маркази хизматрасонӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудааст. Бинои марказ аз ду ошёна иборат буда, дорухона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар нуқтаҳои хизматрасониро дар бар мегирад.

Дар назди дорухона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият мекунад. Дар он гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла хуч, мухаллас, чойкаҳак, талхак, талхаки зардак, зуда, себаргаи сурх, ки ба бемориҳои рӯдаву меъда, фишорбаландӣ, бемории дил ва ғайра фои­дабахш мебошанд, пешниҳоди сокинон гардонида шудааст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани маркази хизматрасонӣ чанд тан аз сокинони Роғ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Баъд аз шиносоӣ бо шароит ва имкониятҳои марказ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони маҳаллиро шоёни дастгирӣ хонданд ва онҳоро даъват намуданд, ки дар рушду пешрафти кишвар саҳм гузоранд.

 НОҲИЯИ ДЕВАШТИЧ

21 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншоот ва мулоқот бо сокинон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба ноҳияи Деваштич ташриф оварданд. 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони ноҳия гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ роҳи мошингардро аз шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ то маркази ноҳияи Деваштич пас аз мумфаршкунӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он, ки 17 километрро ташкил медиҳад, пас аз навсозӣ аз категорияи 3-юм ба категорияи чоруми роҳсозӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, паҳноии роҳ, ки 8 метрро ташкил медиҳад, дар маҳаллаҳои аҳолинишин то 11 метр васеъ гардонда шудааст.

Роҳи мошингарди Хуштоҳир — Яхтани шаҳраки Ғончӣ, ки дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷдиду навсозӣ гардидааст, рӯзҳои истиқбол аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони ноҳия мебошад.

Фармоишгари иншоот Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчии он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи байналмилалии Тоҷикистон» мебошанд.

Қитъаи роҳ, ки маркази ноҳияи Деваштичро ба шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мепайвандад, дар доираи корҳои навсозӣ, ҳамчунин, дар маҳаллаҳои аҳолинишини он бо насби сутунпояҳо чароғон ва роҳҳои пиёдагард ба масофаи 2,5 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст.

Роҳи мазкур солҳои зиёд таъмир нашуда буд ва ҳангоми рафтуомад дар ҳама фасли сол сокинон ба мушкили ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешуданд. Акнун, бо мумфарш шудани он, дар ҳама фасли сол рафтуомади сокинон, воситаҳои нақлиёт комилан осон шуд.

Ронандагону мусофирон аз ин иқдоми созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Дар доираи иқдомҳои созанда ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» соли ҷорӣ бо дастгирӣ аз сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингард дар ноҳия зиёда аз 170 километр роҳҳо таъмиру тармим карда шудаанд. Айни замон корҳои навсозӣ дар ин самт идома доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Яхтан» муассисаи таҳсилоти томактабии «Дӯстӣ» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. 

Аснои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки кӯдакистони навбунёд дар ноҳия калонтарин ба ҳисоб рафта, дар як вақт имкон дорад то 300 нафарро ба таълиму тарбия фаро гирад.

Он дуошёна буда, аз 10 синфхона, нуқтаи тиббӣ, ошхона, толори мусиқӣ, ҳуҷраи методӣ, утоқҳои роҳбарон ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ иборат мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони ин даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфа тақдим намуданд.

Дар муассиса, ки дорои тамоми шароити муосир мебошад, қариб 60 сокини маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ таъмин гардидаанд. Тифлакон дар он ҷо дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.

Дар рафти корҳои сохтмонии бино беш аз 100 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд.

Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон 10 айвонча, ҷойи бозии кӯдакон муҷаҳҳаз бо ашёи зарурии обутоби бадан, ҳайкалчаҳои қаҳрамонҳои афсонавӣ ва ҳавзи шиноварӣ бо дарозии 26 ва паҳнои 13 метр сохта шудааст. Ҳудуди муассиса бо гулу дарахтони ороишӣ сабзкорӣ ва чароғон гардидааст.

Бо мақсади дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин кардани кӯдакистон дастгоҳи гармидиҳӣ пайваст карда шудааст, ки ҳам бо ангишт ва ҳам бо неруи барқ кор мекунад.

Маҳз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат аст, ки соҳаи маориф дар солҳои соҳибистиқлолӣ пайваста рушд мекунад.

Ифтитоҳи кӯдакистони замонавиро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои истиқбол аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод ва мураббиёнро даъват намуданд, ки бо истифода аз шароити мусоид кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия кунанд, то онҳо оянда баҳри пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзишманд гузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 17 – ро, ки соли 1983 барои таҳсили 624 нафар дар як баст сохта шуда буд, баъди азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

48590605961_7cc42a6656_oБинои таълимии дуошёна аз чор қисм иборат буда, 29 синфхона бо 9 кабинети фаннӣ, 2 озмоишгоҳи фаннӣ, китобхона, ошхона, маҷлисгоҳ ва толори варзишӣ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарҳу сифати корҳои сохтмону навсозӣ, шароити фароҳамоварда барои кори муаллимону таҳсили хонандагон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки дар чунин шароити арзанда бояд сатҳи илму донишандӯзӣ ва маърифати фарзандон баланд бардошта шавад.

Дар мактаб се кабинети фаннии нав — кабинетҳои химияву физика ва технологияи иттилоотӣ ташкил ва бо дастгоҳу лавозимоти замонавии хониш таъмин карда шудааст.

Синфхонаҳо ва кабинетҳои фаннӣ бо мизу курсӣ, ҷевон ва маҷмӯи компютерҳо муҷаҳҳаз гардидаанд.

Дар ҳудуди мактаб майдони варзишгоҳ ва таълимгоҳи дарси омодагии дифои ҳарбӣ азнавсозию муҷаҳҳаз карда, барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, омодагии дифоӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ шароити меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо муаллимону хонандагон ва падару модарон таъкид доштанд, ки бунёду навсозӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ аз ҳадафҳои муҳими давлат дар даврони соҳиб­истиқлолист, зеро барои таҳкими давлатдории миллӣ ва пешрафту шукуфоӣ омода намудани мутахассисони донишманд ниҳоят муҳим мебошад ва Ҳукумати мамлакат аз ҳамин нуқтаи назар ба рушди соҳаи маориф афзалият ва диққати махсус медиҳад.

Барои аҳли деҳаи Яхтан — падару модарон, муаллимону хонандагон, бинои замонавии мактаб, ки бо супориши Пешвои миллат пурра навсозӣ, муҷаҳҳаз ва ба талабот мутобиқ карда шудааст, туҳфаи арзанда ба ифтихори 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва соли нави таҳсил гардид.

Намояндагони деҳаи Яхтани ноҳияи Деваштич ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати маорифпарварона ва ғамхорӣ ба насли наврас арзи сипоси бепоён намуданд.

Кормандони соҳаи маориф дар ҷавоб ба ғамхориҳо гуфтанд, ки ба таҳсил, таълиму тарбияи фарзандон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, неру, дониш ва маҳоратро равона месозанд, то ки насли наврасу ҷавон бо донишу маърифат ва рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич дар вазъияти тантанавӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Яхтан, Бахт, Хӯҷатоҳир ва кормандони соҳаи тандурустӣ Маркази саломатии деҳоти «Яхтан»- ро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз ҳуҷраҳои хизмати тибби оилавӣ бо фарогирии ташхису табобати бемории калонсолон, занон, кӯдакон, хизмати момодоягӣ, солимии модару кӯдак, табобати дандон, эмкунӣ ва кумаки фаврии тиббӣ иборат аст.

Дар маркази саломатӣ ҳуҷраи хатна бо фароҳам овардани шароит ва таъмини таҷҳизоти теғи барқӣ ташкил карда шудааст.

Мардум хуб дарк кардаанд, ки дар синни навзодӣ хатна барои солимии кӯдак аз ҷиҳати равонию ҷисмонӣ ва пешгирӣ аз бемориҳо зарур аст. Ҷорӣ намудани хатна ройгон танҳо дар муассисаҳои тиббӣ аз имкониятҳои васеъ барои аҳолист.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити кор дар маркази саломатӣ табибонро ҳидоят намуданд, ки баҳри таъмини солимии аҳолии деҳот сатҳи хизматрасониро баланд бардоранд.

Маркази саломатӣ бо миз ва лавозимоти ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, дандонпизишкӣ, автоклав барои поксозии лавозимоти тиббӣ, таҷҳизоти гемостометр барои озмоишгоҳ, ҷевони хушки безараргардонӣ ва ғайра таъмин карда шудааст.

Дар маркази саломатӣ дегхона бо шабакаи гармидиҳии мустақил, ҳавзи об ва зарфи захираи об, иншооти хоҷагидорӣ, анбор, мошинсаро ва нуқтаи санитарии — гигиенӣ сохта шудааст.

Ин муассисаи тиббии замонавӣ баҳри ба меъёрҳо мутобиқ намудани хизматрасонии тиббӣ дар деҳот, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва солимии аҳолӣ бунёд шудааст. Ёдовар бояд шуд, ки яке аз ҳадафҳои эълони солҳои 2019 — 2021 — «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба вуҷуд овардани инфрасохтор ва баланд бардош­тани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла саломатии аҳолӣ дар деҳот мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки қаблан дар деҳа бунгоҳи саломатӣ амал мекард, вале, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва бо мақсади ба дараҷаи сифатан нав бардоштани хизмати тиббӣ бунёди Маркази саломатии деҳоти «Яхтан» зарур буд.

 Дар маркази ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави нозироти андозро, ки бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар он, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, барои кормандони соҳа ва андозсупорандагон шароити хуби кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Бинои нозироти андоз аз як ошёна бо таҳхона иборат буда, дорои 8 ҳуҷраи корӣ, хизматрасонӣ ба шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, маркази қабули шаҳрвандон ва маҷлисгоҳ мебошад. Дар он як терминали электронии хизматрасонӣ бо маҷмӯи компютерҳо насб карда шудааст.

Дар ҳуҷраҳои кори умумӣ, ки қабули андозсупорандагон дар як вақт сурат мегирад, шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар муносибат бо андозсупорандагон таъмин мегардад.

Дар ҳудуди бино, ҳамчунин, меҳмонхона, биноҳои ёрирасони санитарӣ — гигиенӣ сохта, саҳни он бо ниҳолҳои ороишию гулу буттаҳо обод гардонда шудааст.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои навро дар арафаи таҷлили ҷашни 28 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳа табрик намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба кормандони нозироти андоз дастуру ҳидоятҳо доданд, ки корро бо андозсупорандагон дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд ва дар роҳи ғанӣ намудани буҷети давлат масъулиятшинос бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич маҷмааи муосиру тоза­бунёди модару кӯдакро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

48590922932_56829d362a_oОн бо супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 18 миллион сомонӣ дар заминаи бинои солҳои дароз нотамоммонда сохта шудааст ва дар он барои ба хизматрасониҳои тиббию солимгардонӣ фаро гирифтанӣ модару кӯдак шароиту имконияти беҳтарин фароҳам гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи расмии он таъкид намуданд, ки солимии аҳолӣ, хусусан солимии модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад, зеро аз модари солим кӯдаки солим таваллуд меёбад, ки ояндаи генофонди миллат мебошад.

Дар саҳни муассиса муҷассамаи рамзии модару кӯдак бунёд гардидааст. Сарвари давлат парда аз рӯи он низ бардошта, табибону кормандони тибро ба хизматрасонии сатҳи баланд ҳидоят намуданд.

Маҷмааи модару кӯдак ташхису табобат, солимию солимгардониро васеъ фарогир аст. Он аз ду ошёна ва чор шуъбаи асосӣ — таваллуд — дорои 75 кати беморӣ, амрози занона — 25 ҷой, амрози кӯдакона — 45 кат, эҳёгарӣ ва ҷарроҳии кӯдакона — 15 кат, дар маҷмӯъ, аз 160 кат иборат мебошад.

Дар ҳуҷраҳо шароити муосири корӣ барои табибону кормандони тиб ва табобату ташхиси модару кӯдак бо таъмини лавозимоти замонавии тиббӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст.

Дар марказ ташхису табобат ва ҷарроҳӣ бо истифода аз дастгоҳҳои сохти муосир, аз ҷумла, рентгени флюрографӣ, дастгоҳҳои колпаскопӣ, ултрасадо, мизи ҷарроҳӣ ва дигар таҷҳизоти нави муосири тиббӣ анҷом дода мешаванд.

Дар маҷмаа таҳлилгоҳҳои клиникавӣ ва биохимиявӣ, ки бо дастгоҳу лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд, таъсис дода шудааст ва ин имконият медиҳад, ки таҳлилҳо дар як ҷо гузаронида шаванд.

Дар марказ барои табобату солимгардонӣ аз гиёҳҳои шифобахши табиӣ васеъ истифода мегардад. Бо ин мақсад дар муассиса гӯшаи гиёҳдармонӣ бо пешниҳоди номгӯйи зиёди гулу гиёҳҳои шифобахши кӯҳсорони кишвар ташкил шудааст.

Барои кор дар ин ҷо коргарони соҳибтаҷрибаи соҳаи ташхису табобати модару кӯдак ва табибони ҷавону кормандони миёнаи тиб, ки аз такмили ихтисос гузаштанд, ҷалб карда шудаанд.

Саҳни муассиса васеъ буда, бо тарҳи хоса ободу зебо ва сабзу хуррам гардонида шудааст, ки барои истироҳату фароғати модару кӯдак мусоид мебошад. Дар саҳни муассиса суҳбаткадаҳо низ бунёд гардидаанд.

Дар марказ инфрасохтори зарурии соҳаи тандурустӣ ба вуҷуд оварда шудааст. Маркази мустақили гармидиҳӣ барои таъмини ҳуҷраҳо бо гармӣ, хати оби нӯшокӣ ва трансформатори мустақилу хати озоди барқ барои фаъолияти мунтазами муассиса мусоидат менамоянд.

Намояндагони аҳли ҷомеа, кормандони соҳаи тиб ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои муассисаи муосири тиббӣ изҳори сипосу хушнудӣ намуданд ва онро туҳфаи арзанда ба ифтихори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Деваштич — шаҳраки Ғончӣ бинои нави Маркази адлияро бо идораи нотариалии давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар масоҳати 650 метри мураббаъ сохта шуда, аз ду ошёна бо таҳхона, 6 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони Идораи нотариалии давлатӣ, кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон, толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ иборат мебошад. Таҳхона барои нигоҳдории санаду ҳуҷҷатҳои бойгонӣ истифода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо иншооти навбунёд ба масъулину кормандон баҳри хизматрасонии хубу босифат ба аҳолӣ дар иҷрои ҳуҷҷатгузории нотариалӣ, қайди асноди ҳолати шаҳрвандӣ, баргузории ақди никоҳи навхонадорон, додани машваратҳои ҳуқуқӣ ва таҳкими оиладорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳуҷраҳои корӣ, толорҳои ақди никоҳ ва машваратӣ бо мебелу лавозимоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулнокии кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ дар сатҳи баланд анҷом дода шавад.

Намои берунии бино ба таври замонавӣ ороиш дода, саҳну атрофи он сарсабзу ободон, гулу гулкорӣ ва чароғон карда шудааст. Фаввораҳо барои баргузории маросими ақди никоҳи навхонадорон, сайру истироҳати сокинони ноҳия шароити беҳтар фароҳам овардаанд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич хати нави оби нӯшокии «Ҳазорчашма — Ғончӣ» — ро мавриди истифода қарор доданд.

Оби нӯшокӣ аз масофаи 8 километр, аз мавзеи Ҳазорчашма то ба маркази ноҳия оварда шудааст, ки шаҳраки Ғончӣ ва 7 деҳоти ноҳияро бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин менамояд.

Оби нӯшокии худҷорӣ аз саргаҳи мавзеи Ҳазорчашма тавассути қубурҳои полиэтилении қутрашон 500 — миллиметра оварда шудааст. Дарозии хати об 7,2 километрро ташкил медиҳад. Татбиқи лоиҳаи Шабакаи таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар ноҳия аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилию коммуналии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 8 миллион сомонӣ амалӣ шудааст.

Кашидани хати нави оби нӯшокии «Ҳазорчашма — Ғончӣ» дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини доимии сокинони деҳоти ноҳия бо оби нӯшокии аз ҷиҳати экологӣ тоза сурат гирифтааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки барои таъмини боэътимод бо оби нӯшокӣ, дар баробари бунёди хати об дар саргаҳи мавзеи Ҳазорчашма, ду ҳавзи захиравии об — яке бо ғунҷоиши 700 мукааб ва дуюмӣ бо ғунҷоиши 150 мукааб сохта шудааст. Ҳамчунин, дар ин мавзеъ хонаи безараргардонӣ, хонаи истироҳатӣ барои кормандон ва дигар иншооти ёрирасон бунёд гардидааст. Дар баробари ин, барои таъминоти сокинони деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ дар доираи лоиҳа ду чоҳи амудӣ дар чуқурии то 120 метр низ кофта, бо пайваст намудани насосҳои обкашӣ ҳаҷми об зиёд карда шудааст.

Маврид ба ёдоварист, ки қаблан ба 19 ҳазор нафар сокини шаҳраки Ғончӣ ва 6 деҳоти атрофи он оби нӯшокӣ бо реҷаи муайян дастрас  мегардид ва сокинон аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд.

Қобили тазаккур аст, ки иқдомҳои судманд дар таъмини оби тозаи ошомиданӣ ба сокинон ва ҳалли мушкилоти дар ин самт ҷойдошта идомаи татбиқи ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонии роҳбарияти олии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим мебошад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Деваштич муҷассамаи Деваштичро ифтитоҳ намуданд.

Он дар яке аз мавзеъҳои зебои ноҳия, дар боғи навбунёд — паҳлуи Парчами давлатӣ бунёд гардидааст.

Баландии муҷассама бо пояаш 12 метр мебошад ва он аз тарафи ҳайкалтарош Рустам Маҷидов сохта шудааст.

Баъди ифтитоҳи он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром дар пояи муҷассамаи Деваштич гулчанбар гузоштанд.

Деваштич яке аз шоҳони охирини суғдӣ, ҳокими Панҷакент ва қаҳрамони муборизаи озодихоҳии суғдиён бар зидди истилогарони араб мебошад. Вай соли 720 ҳамроҳи шоҳи Суғд — Ғӯрак дар шӯриши озодихоҳии суғдиён бар зидди истилогарон иштирок кардааст.

Ба номи шахсиятҳои маъруф ва таърихӣ номгузорӣ кардани шаҳру ноҳияҳои кишвар, гузоштани муҷассамаи онҳо нишони қадршиносию арҷгузории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳояшон баҳри пойдории давлатдории тоҷикон ва бақои мардуми тоҷик дар масири таърих аст.

 Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохта, боғи навбунёдро мавриди истифода қарор доданд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метр, дарозӣ ва бари матои он 7 ба 14 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии майдони боғи назди он 1,5 гектар аст.

Барои ба як макони дилфиреби сайру тамошои сокинону меҳмонон табдил додани боғ, аз тарафи сохтмончиён зиёда аз 1000 дарахти ороишии арча ва гулҳои ранга шинонида, дар масоҳати 80 метри мураббаъ 4 фаввора бунёд карда шудааст. Инчунин, дар роҳравҳои боғи истироҳатию фароғатӣ 20 роҳаткурсӣ, 6 суҳбаткада ва даҳҳо чароғи ранга насб гардидааст.

Дар масоҳати 4120 метри мураббаи роҳравҳо сафолакҳои ранга чида, майдони 4413 метри мураббаъ кабудизор карда шудааст.

 Дар ноҳияи Деваштич Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти муҳими таъиноти гуногун бо сокинону фаъолони ноҳия мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиён ва сокинони ноҳияро бо ҷашни бузурги миллӣ — 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои истиқболи самимӣ ва ҷонибдории сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тадбирҳои созанда дар солҳои соҳибистиқлолӣ андешаронӣ карда, таъкид дош­танд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Деваштич беш аз 420 миллион сомонӣ равона шудааст, ки 245 миллион сомонии он танҳо ба се соли охир рост меояд.

Дар ноҳияи Деваштич бо мақсади истиқболи шоистаи ҷашни бузурги 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозии 309 иншоот ба маблағи умумии беш аз 316 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ба ҳол сохтмони 95 адади он ба анҷом расонида шудааст.

Сарвари давлат барои таъмини босифати тадбирҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Деваштичро вазифадор карданд, ки суръати корҳои ободониву бунёдкориро таҳти назорат қарор дода, дар ин раванд ба сифати масолеҳи сохтмон, риояи ҳатмии меъёрҳои қабулшудаи бинокорӣ ва санъати меъмории иншооту биноҳои бунёдшаванда диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Таъкид шуд, ки «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Деваштич барои солҳои 2016 – 2020», ки дар рафти он бояд беш аз 200 иншоот бунёд гардад, то кунун 48 фоиз иҷро шудааст.

Сарвари давлат, ҳамчунин, бо таҳлилҳои амиқ оид ба рушду пешрафти дигар соҳаҳои муҳими ноҳия андешаронӣ ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии онро ба татбиқи саривақтию босифати ҳадафҳои созанда, мардумро ба риояи қонунҳои амалкунанда, вусъати корҳои ободонӣ ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳидоят карданд.

Пас аз анҷоми суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун баромад карда, барои талошу тадбирҳои созанда ба Сарвари давлат изҳори сипосу миннатдории амиқ намуданд.

(Идома дорад)

 www.president.tj