Сафари кории Пешвои миллат ба ВМКБ

№121 (4383), 122 (4384) 30.09.2021

51522515633_937bdb1869_o27 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва мулоқот бо сокинону фаъолон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ доир намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузарониданд.

Дар масоҳати 50 садяк замин кишоварзони нуҳ шаҳру ноҳияи мамлакат, аз ҷумла вилоятҳои Бадахшон, Хатлон ва Суғд ширкат варзида, анвои гуногуни асал ва меваю сабзавотро ба маъраз гузоштанд.

Дар фестивал беш аз 300 оилаи занбӯр, инчунин, 15 тонна навъҳои гуногуни асал, мум, гарди гул, шири занбӯр ва ғайра бо бандубаст пешниҳод гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боз­дид аз Фестивали ҷумҳуриявии асал ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ таъкид намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои фарохи мавҷудбуда дар ноҳияи Дарвоз метавон рушди соҳаро таъмин ва сатҳу сифати зиндагии аҳолиро баланд бардошт.

Тавре зикр гардид, аз соли 2005, яъне аз давраи қабули «Барномаи давлатии рушди занбӯри асал» шумораи оилаҳои занбӯр, занбӯрпарварон ва ҳаҷми маҳсулоти он бамаротиб афзудааст. Хусусан, соли равон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занбӯрпарварони ноҳия шумораи қуттиҳои занбӯри асалро ба 4 ҳазору 330 адад расониданд, ки назар ба соли қаблӣ зиёд мебошад.

Занбӯрпарварони ноҳияи Дарвоз ҳар сол кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал аҳолиро бо ин навъи маҳсулоти табобатии аз лиҳози экологӣ тозаи ватанӣ таъмин намоянд.

Дар чор гӯшаи дигари намоишгоҳ ва намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, анвои гуногуни маҳсулот, аз қабили картошка, пиёз, каду, меваҳои хушк ва тар, навъҳои гуногуни себ ва дигар намуди сабзавоту полезиҳо, ки дастранҷи заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия мебошанд, ба намоиш гузошта шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз фаровонии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, ки аксаран содиротӣ мебошанд, изҳори хушнудӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки истеҳсоли чунин маҳсулот ва коркарди саноатии он бояд сол аз сол афзун гардад ва аз ин ҳисоб иқтидори содиротии мамлакат боло бардошта шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи иншооти нав бо роҳбарону фаъо­лони ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқот намуда, сокинони заҳмат­дӯстро ба ифтихори сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ самимона табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳамаҷонибаи ноҳияҳои дурдасти кӯҳис­тони кишвар, хусусан, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон диққати аввалиндараҷа медиҳад. Тайи замони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Дарвоз зиёда аз 1,2 миллиард сомонӣ ва ноҳияи Ванҷ 580 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.

Ҳамчунин, давоми солҳои истиқлолият дар ноҳияи Дарвоз 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун ба маблағи беш аз 500 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки дар доираи онҳо қариб 250 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шудааст.

Дар ноҳияи Ванҷ 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маб­лағи 30 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои корҳо боз дар 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ идома дорад, ки маблағи азхудшудаи онҳо беш аз 32 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳо барои ноҳияи Дарвоз солҳои 2021 — 2025-ум 106 лоиҳа ба маблағи 405 миллион сомонӣ ва барои ноҳияи Ванҷ амалисозии 112 лоиҳа ба маблағи умумии 160 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

То ҳол дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Дарвоз 90 иншоот ва дар ноҳияи Ванҷ 83 иншоот бунёд ва ба истифода дода шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони саховатпеша, соҳибкорону сармоягузорон ва мардуми ноҳияҳо, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ саҳм гузоштаанд, миннатдории самимӣ баён карданд.

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ масъулини бахш ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки барои истифодаи ҳар чӣ бештари захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.

Зимни таҳлили соҳаи энергетика таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳалли масъала чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, 28 иншооти соҳаи энергетика ба маблағи умумии зиёда аз 50 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода супорида шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ноҳияи Дарвоз 34 бинои муассисаи таълимӣ барои қариб 5 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии зиёда аз 35 миллион сомонӣ ва дар ноҳияи Ванҷ 29 муассиса бо зиёда аз 4 ҳазор ҷойи нишаст ба маблағи умумии 30 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Сӣ соли охир дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, маҷмӯан, 56 муассисаи тандурустӣ бунёду навсозӣ шуда, ҳоло дар онҳо зиёда аз 500 нафар табибону мутахассисон ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.

Масъулони соҳаҳои маорифу тандурустӣ вазифадор гардиданд, ки барои боз ҳам беҳтар гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ ва таъмини онҳо бо мутахассисони баландихтисос тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, минбаъд низ бо ҳисси баланди ифтихор аз ватандорӣ дар ҳифзи дастовардҳои таърихӣ, истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода мегарданд ва бо заҳмати содиқонаву аҳлона Ватани маҳбубро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Сипас, муколамаи судманду созанда бо сокинони ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ баргузор гардида, Шаҳодати Саидҷамол — хонанда аз ноҳияи Дарвоз, Тоҷинисо Манфиатхонова — собиқадор аз ноҳияи Ванҷ, Нурмаҳмад Гулов — собиқадор ва Фотима Сулаймонова — собиқадор аз ноҳияи Дарвоз суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Анҷираки деҳоти «Қалъаи Хумб»-и ноҳияи Дарвоз бинои наву замонавии маркази адлия, майдончаи варзишӣ ва бозии кӯдаконро мавриди истифода қарор доданд.

Он дар масоҳати умумии як ҳазору панҷсад метри мураббаъ сохта шуда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат ва дорои 7 ҳуҷраи корӣ барои фаъолияти кормандони Идораи нотариалии давлатӣ, кормандони Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, толори зебою муҷаҳҳази ақди никоҳи навхонадорон ва толори машваратии ройгони ҳуқуқӣ мебошад.

Толори ақди никоҳ, ҳуҷраи роҳбарият, равзанаи ягона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон дар ошёнаи якуми бино мавҷуд буда, китобхона, идораи нотариуси давлатӣ ва дигар ҳуҷраҳои корӣ дар ошёнаи дуюм ҷойгир шудаанд, ки бо шароити муосир таъминанд.

Барои кормандони мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар ошёнаи якум шароити хуби кор муҳайё шудааст. Дар китобхонаи маркази адлия асарҳои бадеӣ ва соҳавӣ барои пешбурди кори мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва нотариуси давлатӣ муҳим нигоҳ дошта мешавад. Таҳхонаи бино ҳамчун бойгонӣ барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ, китоб­ҳои мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим пешбинӣ гардидааст.

Инчунин, аз ҷониби Вазорати адлия дар масоҳати 280 метри мураббаъ майдончаи варзишӣ бо сатҳу сифати баланд ва дар қисми дигари замини ҷудогардида майдончаи бозии кӯдакону наврасон бунёд ёфтааст, ки бо таҷҳизоти дилхушии кӯдакона муҷаҳҳаз мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи «Ориёно» — и ноҳияи Дарвоз  бо як гурӯҳ ятимон аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, аз аҳвол, шароити зист, таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст кӯдаконро ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ба 100 нафар кӯдаки ятим ва маъюб туҳфаҳо иборат аз сарулибос, шириниҳо, ашёи хониш ва кумаки молиявӣ тақдим карданд.

Дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, дар маҷмӯъ, 300 ятими то 18-сола ба қайд гирифта шудааст, ки зери ғамхориҳои бевоситаи Сарвари мамлакат қарор доранд. Ҳукумати мамлакат масъалаи беҳтар намудани шароит ва имконоти дастрасии ятимон ба таҳсилу зиндагии арзандаро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор додааст ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як боздиди кориашон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо онҳо мулоқот анҷом дода, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароити ­зисту таълим ва вазъи модиву техникии таълимгоҳҳои онҳо дастуру супориш медиҳанд.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қисмати шоҳроҳи Кӯлоб — ХоруғҚулма — Чин аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масофаи роҳи мошингарди қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин 26 километр буда, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд,  Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи қариб 32 миллион доллар навсозӣ шуда, корҳои сохтмониро дар он асосан коргарону мутахассисони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ» ва дигар ширкатҳои роҳсозии бонуфузи ҷаҳонӣ дар асоси нишондоди лоиҳавӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба анҷом расонданд.

Дар ин масир пули мошингузар ва 2 ҳазору 92 метри мукааб қубури обгузар насб гардида, 30 ҳазору 886 метр пойдевори муҳофизатӣ бунёд шудааст, ки дар пешгирӣ аз вайроншавии роҳ нақши муҳим дорад. Мутобиқи талабот, дар қитъаи мазкур, ҳамчунин, зиёда аз 630 аломати роҳ насб гардидааст.

Ба таъкиди Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу пулҳои бунёдгардида — шоҳрагҳои рушди минбаъдаи мамлакат буда, бояд барои имрӯзу фардои миллату давлат хизмат намоянд.

Дар асоси лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб», қитъаи Шкев — шаҳраки Қалъаи Хумб чароғонкунии ду тарафи роҳ то маркази ноҳияи Дарвоз ва маҳаллаҳои аҳолинишин амалӣ гардида, истгоҳҳои замонавӣ низ бунёд шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин ба бунёду навсозии қитъаи роҳи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон оғози расмӣ бахшиданд. Ин қитъаи роҳ 109 километрро ташкил дода, бо пурра таҷдиду навсозӣ гардидани он 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар маҷмӯъ, 92,3 километрро ташкил медиҳад. Маблағи лоиҳа наздики 2,5 миллиард сомониро дар бар мегирад.

Тибқи лоиҳа, ки ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардид, корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани 330 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ бо дарозии 3 ҳазору 328 метр, бунёди долонҳо 5 адад бо дарозии 601 метр ва 15 пули мошингузар бо дарозии 633 метр ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудааст.

Дар маросими муаррифии лоиҳа иҷрокунандаи сафир — мушовир оид ба масъалаҳои сиёсии Сафорати Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон Чен Дайн Вен ба таври маҷозӣ иштирок карда, роҳбарияти олии Тоҷикистонро бо оғози татбиқи лоиҳа табрик намуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ бунёд намудани роҳи мошингарди Дарвоз-дарвозаи Рӯшон ба масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар рафти таҷдиду навсозии роҳи Дарвоз — дарвозаи Рӯшон ҳазор нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардида, оянда ҳамчун мутахассисони соҳибтаҷриба дар бунёди қитъаи Қалъаи Хумб-Ванҷ-Рӯшон-Хоруғ ва Хоруғ-Қулма-сарҳади Чин саҳми назаррас мегузоранд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз дар гузашти низомии Қӯшунҳои сарҳадӣ, хизматчиёни ҳарбии дигар навъи Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст сарбозони далери Ватанро бо солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи таърихи пурифтихори давлатдории тоҷикон, таҳкими Артиши миллӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ андешаронӣ карда, саҳми фарзандони далеру шуҷоъро дар таъмини сулҳу субот назаррас арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин, хизматчиёни ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба хизмати содиқонаи халқу Ватан ва савганди ҳарбӣ ҳидоят намуданд. Сипас, гузаш­ти низомӣ ва намоиши техникаҳои ҳарбӣ доир гардид, ки дар он ду ҳазор сарбозу афсар иштирок ва 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ истифода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Таҷ-эт» (Taj-et) оғоз бахшиданд.

51522191927_10c318c8b3_oОн маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла лӯбиё, нахӯд, мош, макарон ва биринҷро бандубаст намуда, дар асоси ҳамкории соҳибкорони ватанӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст. Корхона маҳсулотро бо истифода аз технологияи муосири истеҳсоли Туркия мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ бандубаст намуда, иқтидори моҳонааш 500 тонна маҳсулот ва иқтидори солонаи он то 6 ҳазор тонна маҳсулоти хӯрокворӣ мебошад.

Маҳсулоти хӯроквории корхона дар марҳилаи аввал ба бозори дохилӣ пешниҳод гардида, оянда дар нақша аст, ки ба кишварҳои ҳамсоя содироти он зери бренди «Таҷ-ғалла» (Taj galla) ба роҳ монда шавад. Ҳоло дар он 24 нафар, ки аксари онҳо занону бонувони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.

Дар ноҳияи Дарвоз бо фаъол гардидани се корхонаи нав шумораи корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ ба 16 адад баробар гардид. Инчунин, дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз боз 7 корхонаи нави саноатӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ барои дастгирӣ аз ташаббусҳои созандаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар самти коркарди ашёи хоми ватанӣ, саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз се корхонаи нави истеҳсолӣ, аз ҷумла, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меваҳои Бадахшон»-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсолот шинос шуданд.

«Меваҳои Бадахшон» дар деҳаи Дуробак дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Масъуд Закряев баҳри татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар бунёд гардида, фаъолияташ ба коркард ва бандубасти меваю сабзавот ва истеҳсоли чипс равона шуда, маҳсулоти ниҳоӣ баробари таъмини бозори дохилӣ, ба хориҷи кишвар низ содирот мешавад. Раванди истеҳсолот дар он тавассути ду хати технологӣ — чипсбарорӣ ва навори мевагӣ (батончик) амалӣ гардида, имкон дорад, ки шабонарӯз 1,3 тонна ва соле то 400 тонна меваю саб­завотро коркард намояд.

Дар корхона дар марҳилаи аввал 9 навъи маҳсулот, аз ҷумла 4 намуди чипс аз лаблабу, сабзӣ, нок ва себ ва 5 намуди маҳсулоти серғизою болаззат аз мева истеҳсол мешавад. Меваю сабзавот барои коркард ва банду баст ба корхона дар асоси шартнома аз боғпарварон ва кишоварзони ноҳия дастрас мегардад.

Маҳсулот зери тамғаи «Карон эко фрутс» (Karon eco fruits) дар асоси стандартҳои миллию байналмилалӣ бандубаст ва ба бозори истеъмолӣ пешниҳод мегардад.

Корхона дорои нуқтаҳои қабули маҳсулоти хом, шустушӯӣ, хушкнамоӣ, резасозӣ ва ҷудо кардани маҳсулоти нуқсдор буда, раванди фаъолияти хатҳои истеҳсолӣ пурра тавассути технологияи муосир назорат мегардад. Барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр дар корхона анбори алоҳида бо ғунҷоиши 40 тонна маҳсулот мавҷуд буда, дар корхонаи нави истеҳсолӣ беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

ҶДММ «Меваҳои Бадахшон» дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 4 миллион сомонӣ бо сатҳу сифати баланд дар масоҳати 1148 метри мураб­баъ сохта шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори ватаниро барои саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат дар самти таъсиси ҷойҳои нави кор, коркарди маҳсулоти хоми ватанӣ то ҳадди ниҳоӣ ва рушди деҳот намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Ба масъулон барои дастгирӣ аз иқдомҳои бунёдкорона ва минбаъд низ таъсис додани коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ ҷиҳати коркард ва бандубасти меваю сабзавоти табиӣ, хусусан аз минтақаҳои баландкӯҳи мамлакат, дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дуробаки ноҳияи Дарвоз, ҳамчунин, Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Карон пластр»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

defaultСарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо хатҳои истеҳсолӣ, имконияти корхонаи нав ва маҳсулоти тайёри он шинос шуда, бо мутахассисон суҳбати самимӣ намуданд.

Корхона дар доираи тадбирҳои созандагиву ободонӣ бо мақсади таҷлили сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Раҳмон Шифоев бунёд гардида, қубур ва дару тирезаҳои пластикӣ истеҳсол мекунад ва 30 нафарро бо ҷойи кор таъмин намудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона шабонарӯз 2400 метр қубур бо андозаи қутрашон 15 — 120 миллиметр буда, маҳсулоти ниҳоии он барои кашонидани хати оби нӯшокӣ ва обёрии заминҳои кишт пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, қубурҳо ҳам барои оби хунук ва ҳам барои оби гарм истифода шуда, барои солҳои зиёд кафолат дода мешаванд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ­бунёдкоронаи соҳибкори ватаниро намунаи ибрат ва дастгирӣ арзёбӣ карда, ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифат ба масъулон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

28 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти нав ба ноҳияи Рошт­қалъа ташриф оварданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои Маркази адлияро, ки дар доираи сохтмонҳои ҷашнӣ ба муносибати 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд. Он аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 600 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Дар қабати якум толори ақди никоҳ, бақайдгирӣ ва шуъбаи назорату коргузорӣ ҷойгир буда, ошёнаи дуюм барои кормандони нотариалӣ пешбинӣ шудааст.

Сарвари давлат ба сифати корҳои бунёдӣ баҳои баланд дода, ба масъулин ҷиҳати ба мардум расонидани хизмати хубу босифат дастур доданд.

Атрофи иншоот бо гулу буттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ зебо гардонида шуда, роҳравҳо чароғон шудаанд. Корҳои сохтмонӣ дар Маркази адлия соли 2019 оғоз шуда, он аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Масъулин барои фароҳам овардани шароити хуби корию хизмат­расонӣ ба Пешвои миллат изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки минбаъд низ дар пешрафти Ватани азиз саҳми арзанда мегузоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои нави Нозироти андозро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он ба кормандони мақомоти андоз, соҳибкорон ва шаҳрвандони ноҳияи Рошт­қалъа ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзанда мебошад.

Бинои нав аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ дар масоҳат 692 метри мураббаъ сохта шуда, дар рафти корҳои бунёдӣ 35 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Лоиҳакаши он Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Корезлоиҳа» ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Орз-1» мебошад.

Бинои нави Нозироти андоз аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар қабати якум шуъбаҳои хизмат­расонӣ ба шаҳрвандони ҳуқуқию соҳибкорони инфиродӣ, терминал ва шуъбаи бақайдгирӣ ҷойгир аст. Ошёнаи дуюм дорои маҷлисгоҳ, утоқи роҳбарият ва дигар иншооти ёрирасон мебошад, ки бо таҷҳизоти нав муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Пешвои миллат аз фароҳам гардидани имкониятҳои муосир дар ноҳияҳои дурдаст изҳори қаноатмандӣ карда, масъулинро ба хизмати содиқонаю софдилона ҳидоят намуданд.

Кормандони мақомоти андоз низ аз дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон, аз ҷумла фароҳам овардани беҳтарин шароити кор дар бинои нави Нозироти андоз, изҳори сипос карда, Президенти ­мамлакатро бовар кунониданд, ки дар ҷавоб ба дастгириҳо беҳтар фаъолият мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа бинои Раёсати молияро мавриди истифода қарор доданд, ки дар масоҳати 720 метри мураббаъ доман гус­турда, аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Бинои нав аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳуриявӣ бо шароити хуби кор бунёд шуда, аз шуъбаҳои корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ ва бойгонӣ иборат аст.

Аснои шиносоӣ бо шароити корӣ ва суҳбат бо молиячиёни ноҳияи Роштқалъа, Пешвои миллат дастур доданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва сари вақт пардохт кардани маоши кормандони буҷавӣ масъулияти зиёдтар ҳис кунанд ва дар баланд бардоштани иқтисодиёти кишвар саҳми муносиб гузоранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа майдони Парчами давлатиро, ки бо санъати баланд бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар маркази ноҳия бунёд гардида, баландии пояаш 33 метр, паҳноии матоаш 4 ва дарозиаш 8 метр мебошад. Пояи Парчами давлатӣ бо сангҳои ороишӣ оро ёфта, корҳои сохтмонии он бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Дар майдони Парчами давлатӣ барои сокинон шароити хуби сайругашт ва фароғат фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар гулгашти наз­ди Парчам 16 адад нишастгоҳ насб гардида, майдон бо гулҳои ороишӣ зебу зинат ёфтааст. Ҳамчунин, дар он дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шудааст.

Бунёду ба истифода додани рамзҳои давлатдорӣ ҳатто дар дурдасттарин минтақаҳои мамлакат бо дастури бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, ин иқдом намунаи беҳтарини тарбияи насли ҷавону наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дониста мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа маркази хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо имкониятҳои иншооти нав шинос шуда, бо кормандони бахши энергетикаи ноҳия суҳбат намуданд.

Маркази нави хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, барои хизматрасонӣ дар бахши энергетика ба аҳолии ноҳияи Роштқалъа пешбинӣ гардидааст. Дар ошёнаи аввал бахши кор бо муштариён ва шуъбаи тиҷорат ҷойгир буда, ҳамчунин, ҳуҷраи кормандони техникӣ, ки ба таъмир, навсозӣ ва бартарафсозии садамаҳо дар системаи электроэнергетикаи ноҳия машғуланд, бунёд шудааст.

Минбаъд хизматрасониҳои вобаста ба барқ, аз қабили пардохти ҳаққи истифодабарӣ ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои насби ҳисобкунакҳои барқӣ ба таври мутамарказонидашуда дар ҳамин ҷо ҷараён гирифта, ҳамчунин, муроҷиати муштариён барои бартарафсозии садамаву дигар ҳолатҳои техникӣ тариқи телефон роҳандозӣ мегардад.

Маркази хизматрасонӣ дорои толори конфронсӣ бо 50 ҷойи нишаст буда, инчунин, барои беҳсозии шароити кор дигар иншооти ёрирасон низ сохта шудааст.

Дар он 40 нафар мутахассиси соҳавӣ, ки асосан сокинони маҳаллиянд, кору фаъолият менамоянд. Сохтмони бино моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз гардида, аз тарафи Ширкати «Помирэнерҷӣ» бо санъати баланд ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст.

Дар маркази нав, ҳамчунин, тарҳи фаъолияти системаи билингӣ, шакли пардохти ҳаққи истифодабарии неруи барқ ба воситаи интернет ва телефонҳои мобилӣ муаррифӣ гардид. Иттилоъ дода шуд, ки роҳандозии системаи билингии хизматрасонӣ имконият медиҳад, ки шаффофияти пардохти ҳаққи истифодабарӣ амалӣ гардида, дар ин баробар, аз талафоти неруи барқ пешгирӣ шавад.

Зимни суҳбатҳои самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони бахши энергетикаи ноҳияро вазифадор намуданд, ки сифати хизматрасониро ба аҳолӣ баланд бардошта, барои бартарафсозии садамаву ҳолатҳои ғайричашмдошт дар системаи энергетикии ноҳия, хусусан дар сардиҳои зимистон, ҳамеша омода бошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Роштқалъа»-и ноҳияи Рошт­қалъа бо тоб додани мурвати шоҳқубури асосӣ хати нави оби нӯшокиро мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сохтмони хати оби нӯшокиро дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба сокинони шаҳраки Медон арзёбӣ карданд.

Корҳои бунёдӣ дар он августи соли 2019 шурӯъ шуда, беш аз 50 мутахассиси маҳаллӣ аз ноҳияҳои Роштқалъа ва Шуғнон ба кор ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Хати оби нӯшокӣ аз масофаи 11,5 километр ба маркази деҳоти Роштқалъа — шаҳраки Медон оварда шуда, лоиҳаи он бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва Агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ татбиқ шудааст. Пудратчии лоиҳа Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бадахшон Интернешнл» мебошад.

Лозим ба зикр аст, ки шаҳраки Медон 11 деҳаро дар бар мегирад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хати оби нӯшокӣ деҳаҳои Савир, Медон ва кӯчаи Ҷавонони шаҳрак, дар маҷмӯъ 171 хоҷагӣ пурра бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимию созанда доир намуда, иштирокчиёнро ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Зикр шуд, ки солҳои соҳибис­тиқлолӣ дар ноҳияи Рошт­қалъа бо истифода аз маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат шумораи зиёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, иншооти хизматрасонӣ, биноҳои истиқомативу маъмурӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, хатҳои оби нӯшокӣ ва роҳу пулҳо бунёду навсозӣ шуданд.

Илова бар ин, мардуми заҳматдӯсти ноҳия дар қатори сокинони дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар, барои таҷлили сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ кори зиёди созандагиро ба роҳ монда, тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ 140 иншоотро ба маблағи 35 миллион сомонӣ сохта, ба истифода доданд, ки ин иқдом барои боз ҳам ободу зебо шудани ноҳия ва таъсиси ҷойҳои кор мусоидат намуд.

Президенти мамлакат ба сокинон барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ва ба соҳибкорони баномус ҷиҳати иштироки фаъол дар корҳои ободониву бунёдкорӣ изҳори сипос карданд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиёти ноҳия ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҳисоби ҳама сарчашма зиёда аз 715 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст. Дар ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 18 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 2 лоиҳа идома дорад.

Роҳбарияти ноҳия вазифадор гардиданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ корро ҷиҳати ҷалби боз ҳам бештари сармоягузорӣ ва истифодаи васеи имконоти мавҷуда тақвият бахшанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Роштқалъа 16 иншооти соҳаи энергетика таҷдиду навсозӣ гардида, ба истифода супорида шуд, ки дар натиҷа, таъминот бо барқ хеле беҳтар гардидааст.

Маблағгузории нигоҳдории роҳҳои мошингард аз ҳисоби буҷети давлатӣ танҳо дар даҳ соли охир 1,5 баробар зиёд гардида, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳия бо 14 техникаву механизмҳои роҳсозӣ таъмин шудааст.

Бо мақсади муҳайё кардани шароити мусоиди замонавӣ барои хонандагони ноҳияи Роштқалъа тайи сӣ соли гузашта 12 муассисаи нави таълимӣ барои зиёда аз 2040 хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустӣ тадбирҳои назаррас андешида шуда, ҳоло 34 муассисаи тиббии ноҳия бо 158 табибу корманди миёнаи тиббӣ бо мақсади ҳифзи солимии сокинон фаъолиятро ба роҳ мондааст. Ҷиҳати дастгирии аҳолии ниёзманд механизми таҷрибавии таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат ҷорӣ шуда, шаш соли охир ба ҳафт ҳазор сокини ноҳия кумакҳои иҷтимоӣ пардохт гардидаанд.

Дар охир Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони ноҳия дар оянда низ саъю талошро барои ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди давлат ва ободии Ватан равона месозанд.

Як гурӯҳ сокинони ватандӯс­ти ноҳияи Роштқалъа — омӯзгор Ғуломшоев Алихон, собиқадор Ҳайдарзода Ғайбулло ва донишҷӯ Норанҷова Ангелина баромад карда, барои дастгирию ғамхории ҳамаҷониба ба Пешвои миллат изҳори сипос карданд.

28 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон — шаҳраки Ваҳдат майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки барои бозии футболи хурд пешбинӣ гардида, ба истиқболи ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Федератсияи футболи мамлакат ҳамчун туҳфаи идона ба ҷавонону наврасон тақдим шуд.

51527642856_24d2f7ddc0_oОн, тибқи дархости сокинони маркази ноҳия, бо беҳтарин шароиту имконияти тамрин ва бозӣ бунёд гардида, барои машқ ё бозии шабона ҳам шароит фароҳам шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бо чанде аз варзишгарон, ки ба истиқболи Роҳбари давлат омаданд, суҳбати гарму самимӣ оростанд. Президенти мамлакат аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки бештар ба варзиш машғул шаванд ва тарзи ҳаёти солимро шуғли доимӣ интихоб намоянд.

Ҷавонони Шуғнон бо арзи сипосу эҳтиром ва қадршиносӣ аз таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба таҳсилу омӯзиш, фаъолияти меҳнатӣ ва, умуман, ҳаёти рӯзмарраи онҳо, қавл доданд, ки ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кору зиндагӣ қарор медиҳанд ва номбардори Ватану миллат мегарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба варзишгарон туҳфаҳои хотиравӣ ва чанд тӯби футбол тақдим карда, ба фаъолияти майдончаи варзишӣ оғоз бахшиданд.

Дар ноҳияи Шуғнон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар партави хислати башардӯстонаашон ба 35 кӯдаки ятиму бепарастор ва маъюб туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Туҳфаҳои Президенти мамлакат аз сарулибоси мактабӣ ва шириниҳо иборат буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ҳангоми суҳбат кӯдаконро дилбардорӣ карда, иброз доштанд, ки Давлату Ҳукумати мамлакат онҳоро ҳеҷ гоҳ ва дар ягон ҳолат танҳо намегузорад. «Дар ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат Шуморо низ зарур аст, ки бештару амиқтар илму ҳунар омӯзед ва дар оянда барои рушди Ватани аҷдодиамон саҳми муносиб гузоред», — таъкид карданд Пешвои миллат.

Кӯдакону наврасони ятим дар суҳбат бо Президенти мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар изҳори миннатдорӣ баён карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон — шаҳраки Ваҳдат бинои нави маъмурии шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, бо мебел ва таҷҳизоти муосири корӣ муҳайё гардидааст.

51529742367_6f590c2030_oЗимни боздид Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз имконоти фароҳамгардида изҳори қаноатмандӣ карда, кормандони соҳаро ба хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд ва бинои наву замонавиро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сокинони ноҳияи Шуғнон маънидод карданд.

Бинои нав аз 11 ҳуҷраи корӣ ва 13 синфхонаи омӯзишӣ, ҳамчунин, маҷлисгоҳ барои 25 ҷойи нишаст иборат буда, дар он шароити мусоиди кору таълим фароҳам аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои касбомӯзӣ бо ҷавонон суҳбати озоду ошкоро доир намуда, онҳоро ба омӯзиши касбу ҳунар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият раҳнамоӣ карданд.

Ба Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳар сол зиёда аз 200 нафар шахсони бешуғл дар шуъбаи Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, нафарони бешуғл метавонанд дар муддати ду-се моҳ соҳиби касби дӯстдошта гарданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва зикр карданд, ки иншооти навбунёд метавонад солҳои дароз ба мардум хизмат намояд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон ба корҳои бунёди Майдони Парчами давлатӣ оғоз бахшиданд.

Он дар масоҳати 2 ҳазору 300 метри мураббаъ доман густурда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия маблағгузорӣ мегардад. Лоиҳаи бунёди Майдони Парчами давлатӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, дар радифи ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ бо арзиши 1,2 миллион сомонӣ сохта мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо тарҳи лоиҳаи бунёди Майдони Парчами давлатӣ сохтмончиёнро ба риояи қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ ҳидоят намуда, барои зебою чароғон гардонидани атрофи иншоот ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Зикр шуд, ки Майдони Парчами давлатӣ, бо дарназардошти ташкили макони фароғату истироҳат ва сайругашти сокинону меҳмонон бунёд шуда, аз ҳар ду тараф бо чароғҳои равшанидиҳанда ва фаввораҳо зебу зинат дода мешавад. Сутунпояи Парчами давлатӣ бо баландии 30 метр бунёд мегардад. Паҳноии матои он 4 ва дарозиаш 8 метрро ташкил менамояд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро бо ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, сипас, дар бораи таърихи сӣ соли Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои сокинони Шуғнон андешаронӣ карда, комёбиҳоро самараи ваҳдату ҳамбастагии мардум ва пуштибонии онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар маънидод намуданд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арҷгузорӣ нисбат ба фарзандони барӯманди миллат аз саҳми арзандаи яке аз шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ, зодаи ноҳияи Шуғнон, Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, ки барои ташкили давлатдории тоҷикон хизмати шоиста кардааст, ёдовар шуда, корномаи ӯро ифтихори мардуми ин диёр ва миллати тоҷик арзёбӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки мардуми ватандӯст ва соҳибкорони ноҳияи Шуғнон дар доираи омодагӣ ба таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ 79 иншооти иқтисодиву иҷтимоиро ба маблағи зиёда аз 75 миллион сомонӣ бунёд кардаанд, ки дар онҳо беш аз 600 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид доштанд, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои корҳои сохтмони асосӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия аз ҳисоби ҳама манбаи сармоягузорӣ 1,9 миллиард сомонӣ равона шудааст. Бар замми ин, аз ҳисоби буҷети давлат барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия беш аз 530 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 8 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, роҳсозӣ, энергетика ва дигар бахшҳо ба маблағи 36 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 4 лоиҳаи дигар идома дорад. Ҳамчунин, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Шуғнон барои солҳои 2016 — 2020» — ум 63 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат доир ба рушди соҳибкории хурду миёна дар ноҳия қариб 600 субъекти соҳибкорӣ фаъолият дорад, ки нисбат ба даҳ соли қабл ду баробар зиёд мебошад. Афзудани шумораи соҳибкорон ба амалисозии яке аз ҳадафҳои миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар низ бевосита мусоидат менамояд.

Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон натиҷаҳои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳимро таҳлил намуда, барои иҷрои дастурҳои Ҳукумати кишвар, боз ҳам тараққӣ кардани бахшҳои иқтисоди миллӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва идораҳои дахлдор дастуру супориш доданд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба аҳолии ноҳия 409 гектар замин ҳамчун президентӣ ва 1267 гектар заминҳои наздиҳавлигӣ дода шудааст, ки ин иқдом ба таъсиси ҷойҳои нави кор, болоравии сатҳи даромади аҳолӣ ва хеле беҳтар гардидани таъминоти бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат кардааст. Инчунин, дар доираи барномаҳои давлатӣ 70 гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуда, 18 гектар боғҳои нав бунёд гардидааст.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон сокинони ноҳияро бо 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми он минбаъд низ барои шукуфоии Ватан саҳми арзанда мегузоранд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон намояндагони касбу кори гуногун аз номи сокинони шукргузори ноҳия баромад карда, ба Президент ва Ҳукумати мамлакат барои ғамхориҳо изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон майдончаи варзишӣ ва маркази захиравиро ифтитоҳ карданд, ки дар доираи ҳамкории суд­манди Ҳукумати кишвар ва шарикони рушд бо харҷи қариб 100 ҳазор доллари америкоӣ сохта шудааст.

Маркази захиравӣ аз анборхона иборат буда, дар он барои 50 - 100 нафар таҷҳизоти муосир барои наҷотдиҳӣ, амволи рӯзгор барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида, дар ҳолати рух додани ҳолатҳои фавқулода ҷой дода мешавад.

Пудратчии иншооти варзишӣ ва маркази захиравӣ дар ноҳияи Шуғнон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хок» буда, дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ беш аз 100 нафар ҷавони ноҳия ба кор ҷалб гардиданд.

Майдончаи варзишӣ баробари ба варзиш ҷалб намудани насли ҷавони ноҳия ҳамчун паноҳгоҳ дар вақти ҳолатҳои фавқулода барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хизмат мекунад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити машқу тамрин дар майдончаи варзишӣ бо ҷавонон суҳбат намуда, ифтитоҳи онро дар рӯзҳои ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сокинони ноҳия муборакбод гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти нигоҳ доштани ҳолати техникии ин ду муассиса ва омодабошии онҳо дар ҳама гуна вазъият, аз ҷумла ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, дастуру супориш доданд.

Ҷавонони саодатманди ноҳия аз дастгириҳои пайвастаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои равнақи соҳаи варзиш изҳори миннатдорӣ намуданд.

29 сентябри соли 2021 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ оғоз гардид.

Ба ифтихори истиқболи сазовори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯчаву хиёбонҳои маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ идона ороста шуда, хурду бузург бо эҳтироми хоса Роҳбари бунёдкор ва раъиятпарвари хешро самимона истиқбол гирифтанд.

Ҳангоми ҳаракати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз кӯчаҳо аз ҳар як гӯшаи шаҳр овози даф ва суруду мусиқӣ шунида мешуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ ва сарироҳӣ бо сокинони меҳмоннавоз, аҳли зиё  ва мардуми сарбаланду заҳматдӯсти вилоят онҳоро бо ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суҳбат дар бораи иқдомоти шоиставу созандаи Ҳукумати мамлакат, мусоидат ба рушду пешрафт ва шукуфоии дурдасттарин минтақаҳои кишвар, бахусус, шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, татбиқи лоиҳаҳои арзишманд баҳри тараққиёти бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят, бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, манзилҳои истиқоматӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, зиндагии шоиста, таъмини амнияти давлату миллат ва оромию осудагии мардум андешаронӣ карданд.

Мардуми сипосгузори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро хайра мақдам гуфта, барои талошу ташаббусҳо, таъмини зиндагии шоистаи мардум, кишвари ободу зебо ва пешрафта изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти зеристгоҳҳои барқии «Хоруғ» ва «Помир-1» оғоз бахшиданд.

Зеристгоҳи барқии «Хоруғ» дар назди НБО-и «Хоруғ» дар масоҳати 4850 ва зеристгоҳи «Помир — 1» дар деҳаи Танги ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 2615 метри мураббаъ бунёд ёфтааст. Шиддати онҳо 110 кВ буда, дар ҳар кадом зеристгоҳ ду трансформатор бо тавоноии 25 ҳазор кВт насб гардидааст.

Барои харидорӣ ва васлу насби таҷҳизоти соҳа дар зеристгоҳҳои «Хоруғ» ва «Помир — 1», ки марҳилаи сеюми Лоиҳаи хусусии энергетикии Помирро дар бар мегирад, дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария ва қисман аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Помир энерҷӣ» 1 млн. 967 ҳазор ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 393,4 ҳазор доллари америкоӣ ҷудо шудааст.

Лоиҳаи хусусии энергетикии Помир — марҳилаи III ба беҳтар намудани фаъолияти «Помир энерҷӣ» ва баланд бардоштани самаранокӣ ҳамчун унсурҳои муҳими устувории дарозмуддат нигаронида шудааст.

Татбиқи лоиҳа аз моҳи декабри соли 2019 то моҳи декабри соли 2023 дар назар дошта шудааст, ки он тавоноии «Помир энерҷӣ»-ро баланд мебардорад.

Васлу насби таҷҳизот ва сохтмони зеристгоҳҳоро бо фармоиши «Помир энерҷӣ» мутахассисони ширкатҳои ватании «Мадад», «Помир энергосервис» ва «Худоёрбек» анҷом додаанд.

Зеристгоҳҳо имконоти навро дар самти коҳиши минбаъдаи талафот, таъмини беҳтар ва боэътимоди неруи барқи тоза ​​ба шумораи бештари аҳолӣ, баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим ва афзоиш бахшидани иқтидори содиротии неруи барқ ​​фароҳам меоранд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки зеристгоҳҳои нав имкон медиҳанд талафоти неруи барқ ​​дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ​​ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ВМКБ ва минтақаҳои наздисарҳадии Афғонистон таъмин карда шавад.

Иншоот дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба таври замонавӣ ва ҷавобгӯ ба меъёри соҳаи энергетика бунёд шудааст.

Ба кор андохтани зеристгоҳҳо марҳилаи нав ва таърихии таъмини неруи барқ дар ВМКБ мебошад, зеро нахустин маротиба системаи энергетикии минтақа ба иқтидори 110 кВ мерасад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ ҷиҳати татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ иқдомҳои бузурги созандагӣ пеш гирифта шуд, ки дар доираи онҳо бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва татбиқи барномаҳои давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат неругоҳҳои хурду бузург ва зеристгоҳҳои барқӣ бунёду нав­созӣ шуданд.

Таъкид шуд, ки бунёди зеристгоҳҳои барқии баландшиддат дар вилоят хеле муҳим аст, зеро ҳоло сохтмони НБО-и «Себзор» оғоз гардидааст.

Дар ҳамон ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Себзор» ва татбиқи барномаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ шинос шуданд. НБО-и «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа ҷойгир буда, барои заминагузорӣ ба оғози корҳои сохтмонӣ чораҳои зарурӣ бомуваффақият анҷом дода шудааст. Татбиқи лоиҳаи бунёди он моҳи декабри соли 2020 оғоз гардидааст. Неругоҳ аз се агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он аз рӯи лоиҳа 11 мегаватт дар як шабонарӯз мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 54 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Лоиҳаи пайвастшавии шабакаҳои барқи вилоят бо ҳалқаи ягонаи энергетикии мамлакат беш аз 90 фоиз иҷро гардидааст ва ҳоло васлу насби сутунпояҳои оҳанӣ ва кашидани хатҳои барқии баландшиддат дар масири пешбинишуда бомаром ҷараён дорад. Дарозии хати интиқоли барқи бунёдшаванда 24,3 километрро ташкил медиҳад ва барои амалӣ намудани лоиҳа 4,1 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Иншоот соли 2022 ба кор андохта мешавад ва дар ин замина мушкилоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар самти дастрасӣ ба неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза бартараф хоҳад шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ бо татбиқи лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2» ва «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» шинос шуданд.

Нахуст Сарвари давлат техникаҳои манзилию коммуналӣ ва партовкашониро, ки ба маъраз гузошта шуд, аз назар гузарониданд. Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда автомошинаҳои махсуси ёрии техникӣ, асанезатор, асбоб-детектор оид ба муайян намудани ҷойҳои садама дар системаи обтаъминкунӣ, инчунин, шаш техникаи махсусу ёрирасон барои кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ харидорӣ гардидааст ва баҳри хизматрасонӣ дар шаҳри Хоруғ сафарбар мегарданд.

Техникаҳо замонавӣ буда, фаъолияти кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғро дар самти хизматрасонӣ ба корхонаву ташкилот ва аҳолӣ бамаротиб беҳтар менамоянд. Дар доираи Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2» ду стансияи канализатсионӣ таҷдид, бинои маъмурии Корхонаи таъминоти об ва канализатсия таъмир, 14,7 километр қубурҳои обгузар барқарор ва 8 километр хати оби нав кашида шудааст.

Иқтидори ду пойгоҳи канализатсионӣ, ки аллакай пурра таҷдид шудааст, 12 ҳазор метри мукаабро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Таҷҳизоти барқии пойгоҳҳо низ замонавӣ гардонида шуда, ба таври автоматӣ кор мекунанд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ, марҳилаи 2» беш аз 90 фоиз иҷро гардидааст. Иҷрои Лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ» 63 фоизро ташкил медиҳад. Дар доираи он сохтмони партовгоҳи беруназшаҳрии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ идома дорад.

Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки дар ин минтақа таъсиси корхонаи коркарди партовҳои сахти маишӣ низ пешбинӣ шуда, корҳои сохтмонӣ дар он 75 фоиз иҷро гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои созанда ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ изҳори сипос намуда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои боқимонда ҳидоят карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим», қитъаи алоҳида дар шаҳри Хоруғ, шинос шуданд.

Масоҳати умумии он дар маҳаллаи «Тем» 30 гектарро ташкил дода, бунёди 24 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳангоми шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз 24 корхона бунёди шаштои он аллакай ба нақша гирифта шудааст. Хусусан, ояндаи наздик корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ бо 50 ҷойи нави кор, коргоҳи истеҳсоли кафкҳои пластикӣ бо 30 ҷойи кор, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гарминигоҳдоранда бо истифода аз технологияи сарфакунандаи энергия бо 20 ҷойи кор, ҳамчунин, корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои пластикӣ, коркарди мева ва коргоҳи истеҳсоли конструксияҳои металлӣ бунёд мегардад. Маҷмӯан, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои зикршуда беш аз ҳазор нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин хоҳанд шуд.

Коргоҳи коркарди меваи хушк ба фаъолият оғоз намуда, имкон дорад шабонарӯз наздики панҷ ҳазор килограм маҳсулоти ширинӣ истеҳсол намояд. Корхона аз меваи маҳаллӣ 7 номгӯи шириниҳоро бе иловаи шакар ва химия омода мекунад. Ҳадафи асоси он, илова ба истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмин намудани сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор доимӣ арзёбӣ мешавад. Ин аст, ки айни замон дар корхона 7 коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» дар шаҳри Хоруғ Корхонаи истеҳсоли сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ бунёд мегардад. Ҳаҷми сармоягузорӣ маблағи зиёда аз 8,6 миллион сомониро ташкил дода, маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот ва таъмини бозори дохилӣ нигаронида шудааст. Дар натиҷаи амалисозии лоиҳаи он, бо дарназардошти мавсим, 50 ҷои нави кор таъсис меёбад.

Корхонаи дигари бунёдшаванда коргоҳи истеҳсоли кафкҳои пластикӣ мебошад. Ҳаҷми сармоягузорӣ 1,2 миллон сомониро ташкил дода, дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи он 30 ҷои нави кор муҳайё мегардад.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гарминигаҳдоранда аз технологияи сарфакунандаи энергия иборат буда, дар он зиёда аз 20 ҷои нави кор ташкил мешавад. Лоиҳаи мазкур ба маблағи 560 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ мешавад.

Дар натиҷаи амалишавии ­лоиҳаи Коргоҳи истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ба маблағи 1,2 миллон сомонӣ, 7 ҷои нави кор таъсис дода мешавад. Маҳсулоти истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ба содирот ва таъмини бозори дохилӣ нигаронида шудааст.

Корхонаи коркарди мева ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ бунёд ва маҳсулоти он ба содирот ва таъмини бозори дохилӣ равона гардида, дар натиҷаи амалишавии он зиёда аз 10 ҷои нави кор таъсис дода мешавад.

Корхонаи истеҳсоли конструксияи металӣ ба маблағи 5,2 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шуда, дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи он 28 ҷои нави кор пайдо хоҳад шуд.

Корхонаи дигаре, ки ҳамин сол дар Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» бунёд мешавад, ба коркарди сангҳои сохтмонӣ ва ороишӣ дар масоҳати 1,5 гектар равона шудааст. Иқтидори истеҳсолии маҳсулоти сохтмонии он ҳар сол 20 ҳазору 440 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бо бунёди он то 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардида, содироти маҳсулот ба давлатҳои ҳамсоя ва таъмини бозорҳои дохилӣ нигаронида шудааст.

Афзалияти аз ҳама асосии бунёди қитъаи алоҳидаи иқтисодӣ ва бунёди корхонаҳо дар он бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави кор дар вилоят ба ҳисоб меравад.

Бояд тазаккур дод, ки иқдоми Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дар ВМКБ таъсис додани қитъаи махсуси Минтақаи озоди иқтисодӣ аз тадбирҳои муҳими татбиқи самараноки ҳадафи чоруми миллӣ — рушди босуръати саноатикунонии мамлакат ба ҳисоб рафта, дар беҳтар гардонидани вазъи иқтисодию саноатии вилоят ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он нақши муассир мегузорад.

Хотиррасон менамоем, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 феврали соли 2009 бо дарназардошти мавқеи ҷуғрофии ноҳияи Ишкошим таъсис ёфта, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» аз 23 марти соли 2011, иҷозати таъсиси қитъаҳои алоҳидаи минтақаро дар дигар шаҳр ва ноҳия дорост. Дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва дар асоси қонунгузории амалкунандаи соҳа тасмим гирифта шуд, ки дар маҳаллаи «Тем»-и шаҳри Хоруғ қитъаи алоҳидаи Минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» таъсис дода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба маркази саломатии шаҳрӣ ташриф оварда, бо фаъолияти он баъди таъмиру навсозӣ шинос шуданд.

Он соли 1987 бунёд шуда, бо гузашти солҳо дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Корҳои таъмиру барқарорсозӣ дар Маркази саломатии шаҳри Хоруғ сентябри соли 2020 оғоз гардида, сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид.

Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи муосир навсозӣ ва бо таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббӣ муҷаҳҳаз шудааст. Муассиса дорои 41 ҳуҷраи корӣ ва хизматрасонии тиббӣ буда, дар он 117 мутахассиси соҳаи тиб фаъолият менамоянд. Инчунин, дорои ду шуъбаи тибби оилавӣ, маркази иммунизатсия, бемориҳои кӯдакона, шуъбаи ташхис, машварати тиббӣ, педагогӣ-психологӣ, ҳуҷраи сабти барқи дил, рентгени рақамӣ, сабти ҳуҷҷатҳо, ҳуҷраи асаб ва сабти майнаи сар, ҳуҷраи бронхоскопия, ултрасадои доплерӣ, ҳуҷраи хатна, озмоишгоҳ, маҷлисгоҳ, ошхона ва гӯшаи гиёҳ­дармонӣ мебошад.

Мавриди таҷдид қарор гирифтани иншоот барои аҳолии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои гирду атрофи он шароити мувофиқу муосири хизмат­расонии тиббиро фароҳам оварда, барои 11 ҷойи кори нав ба ҳайати кормандони соҳа замина гузошт.

Навсозию пурра таъмир ва замонавӣ гардондани маркази саломатии шаҳриро кормандони соҳаи тибби вилоят бо хушнудӣ истиқбол намуда, иқдомро натиҷаи таваҷҷуҳу дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тиб ва солимии ҷомеа арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони маркази саломатӣ суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро ба истифодаи босамари имконият ва шароити мувофиқи тиббӣ ва хизматрасонии босифату саривақтӣ ба аҳолӣ ҳидоят намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5-ро, ки дар доираи ҳамкории судманди Ҳукумати мамлакат бо шарикони рушд бо харҷи тақрибан 8 миллион сомонӣ сохта шудааст, ифтитоҳ карданд.

Он аз ду ошёна ва 22 синфхона иборат буда, шароит барои омӯзиш мутобиқ ба талаботи замон фароҳам гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити таълим дар бинои нави ­муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 омӯзгоронро бо истифода аз имкони замонавӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим вазифадор намуданд. Инчунин, таъкид намуданд, ки дар сурати истифодаи мақсаднок аз имкони фароҳамшуда хонандагон метавонанд дар самти ихтироъкорӣ ва тав­сеа бахшидани навовариҳои илмӣ дастовардҳоро афзун гардонанд.

Дар шаҳри Хоруғ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори барҳавои варзиширо ифтитоҳ карданд.

Минбаъд наврасону ҷавонони маркази вилоят метавонанд дар он ба машқу тамрин машғул шуда, малакаи варзиширо баланд бардоранд.

Бунёду ба истифода додани толору майдончаҳои варзишӣ ва дар ин замина беҳтар намудани имконият барои машқи бадан имкон фароҳам овард, ки ҷавонон аз шароити замонавии соҳа баҳравар шаванд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи онро ба сокинон муборакбод гуфта, ҷавононро барои ҳар чӣ бештар ба варзиш рӯ овардан, ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, ба сифати корҳо дар иншоот баҳои баланд доданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи хати оби нӯшокӣ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ иштирок намуданд.

Татбиқи лоиҳаи навсозии он ­октябри соли 2019 оғоз гардида, дар доираи он 240 оила аз ду маҳаллаи шаҳр бо оби ошомиданӣ таъмин шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон анҷоми корҳоро барои дастрасӣ пайдо намудани мардум аз оби тоза муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Маблағгузории лоиҳа дар ­доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати мамлакат бо шарикони рушд таъмин гардида, наздики се миллион сомониро ташкил медиҳад.

Об аз чуқурии 20 метр бароварда шуда, дар масофаи 1100 метр то маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои шаҳри Хоруғ даст­рас гардид.

Норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Солҳои охир дар заминаи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд ва маблағгузории маҳаллӣ барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби тозаи нӯшокӣ натиҷаҳои баланд ба даст омаданд.

Тадбирҳо ҷиҳати бо оби ошомиданӣ таъмин намудани мардум идома доранд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ суханронӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон сокинони ватандӯсти шаҳру ноҳияҳои вилоятро бо 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи идомаи иқдомҳои созанда баҳри шукуфоии сарзамини аҷдодӣ  сулҳу оромӣ, тандурустиву хушбахтӣ ва файзу баракат орзу карда, таъкид доштанд, ки сокинони сарбаланди ВМКБ чун дигар шаҳвандони кишвар ҷашни истиқлолиятро бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтанд.

Тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ, дар вилоят 743 иншоот ба маблағи умумии 927 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар онҳо зиёда аз 3200 ҷойи нави кор ташкил гардидааст.

Зикр гардид, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири рушди вилоят ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он ҳама тадбири заруриро амалӣ карда истодааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҳама сарчашмаи маблағгузорӣ барои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он беш аз 21 миллиард сомонӣ равона гардидааст. Танҳо соли 2020 ва шаш моҳи соли 2021 аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои гуногун, бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмиру навсозии роҳу пулҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии буҷети вилоят 922 миллион сомонӣ равона шудааст.

Инчунин, 33 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз се ­миллиард сомонӣ ба анҷом расида, ҳоло татбиқи 14 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии се миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.

Дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2021 – 2025» амалисозии боз 135 лоиҳа ба маблағи умумии қариб 4,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба мардуми ВМКБ қариб 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст.

Танҳо дар шаҳри Хоруғ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ ва беҳтар намудани ҳолати беҳдоштиву обтаъминкунии аҳолӣ дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 91 миллион сомонӣ ҷудо гардида, корҳо ба маблағи беш аз 22 миллион сомонӣ иҷро шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 97 фоизи соли 1999 то ба 29,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёбад.

Зикр шуд, ки тайи солҳои соҳиб­истиқлолӣ дар ВМКБ ба маблағи 300 миллион сомонӣ 180 муассисаи нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ бо 40 ҳазор ҷойи нишаст сох­та, мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2021 барои соҳаи тандурус­тии вилоят аз буҷети давлат ҷудо кардани 92 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2020-ум 15 фоиз зиёд мебошад. То соли 2006 ба аҳолии вилоят 246 муассисаи тиббӣ хизмат мерасонид. Ҳоло шумораи онҳо ба 347 расида, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин шудаанд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барномаи бошукӯҳи консертии аҳли ҳунари вилоят ба ифтихори солгарди истиқлолият баргузор шуд.

30 сентябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ карданд.

Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро ба ифтихори сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, соли 2021-умро барои мардуми тоҷик соли таърихӣ ва бобарор номиданд.

Таъкид гардид, ки тайи сӣ соли истиқлолият халқи Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарк намуданд, ки истиқлолияту озодӣ муқаддастарину азизтарин неъмати дунё, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва кафолати хонаи ободу сари баланд мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро ҷузъи муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани соҳибихтиёр номиданд.

Бо қаноатмандӣ қайд шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳ тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба сохтори боэътимоду муназзам ва муташаккилу боэътимод табдил ёфта, бо сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ, маҳорату малакаи касбӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ барои ҳимояи Ватан, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа омода мебошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи бобарор ва аз санҷиши омодагӣ ба дараҷаи омодабошии ҷангии пурра бомуваффақият гузаштани Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, сох­торҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ, ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки дар он зиёда аз 100 ҳазор нафар хизматчии ҳарбӣ ва 130 ҳазор нафар афсару сарбози захираҳои сафарбарӣ иштирок карданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд доир гардида, сатҳи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбиро дар кишвар бори дигар собит сохт.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба шароити бисёр мураккабу печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон, авҷ гирифтани таҳдиду хатарҳои гуногун, дар наз­дикии сарҳадҳо фаъол гардидани ҳаракатҳои гуногуни экстремистиву террористӣ ва дар маҷмӯъ, ноором будани вазъият дар кишвари ҳамсоя андешаронӣ карда, таъкид карданд, ки нақши Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, минтақаҳои мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ дар ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ ва дастоварди муҳимтарини он — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин, ҳифзи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон дучанд мегардад.

Таъкид шуд, ки дар ин раванд, хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд бо ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ба ҳимояи марзу буми давлати соҳиб­истиқлол, амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод изҳор доштанд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хотири таъмини амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар минбаъд низ омода хоҳанд буд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паради ҳарбии хизматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд.

www.president.tj