Сафари кории Пешвои миллат ба Водии Рашт

№78 (4028) 29.06.2019

(Идома аз шумораи №75 — 76)

 48127426531_fc23876937_oПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Лахш дар шаҳраки Ваҳдат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии фарҳангӣ дидан намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба маҳсули дастони пурэъҷози ҳунармандон, ки ба маъраз гузошта шуд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар намоишгоҳ занону духтарони ҳунарманд, оҳангарону табақтарошон, нонпазони моҳир аз 10 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуданд.

Дар ин рӯз номгӯи зиёди ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла, зардӯзӣ, гулдӯзӣ, чодардӯзӣ, шероздӯзӣ, тоқидӯзӣ, намадресӣ, қолинбофӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули дастони бонувон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки бояд дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир шавад.

Ҳунармандон зимни суҳбат ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии ҳамешагӣ, додани имтиёзу имкониятҳои фарох, ба ин восита эҳё ва ривоҷу равнақ додани баъзе аз ҳунарҳои ба гӯшаи фаромӯширафта изҳори сипос намуда, эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иқдоми саривақтӣ унвон карданд.

Дар Лахш ҳунармандон ба кандакорӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, оҳангарӣ бофандагӣ ва ғайра машғул буда, дар рушд ва эҳёи онҳо саҳм мегузоранд.

Маҳсулоти нонӣ, аз қабили гирдача, қоқфатир, чапотӣ, кулча, кулчақанд, орзуқ, занг-занг, таҳмол, самбуса, чалпак, шириниҳои гуногун ва хӯрокҳои лазизи миллӣ, ки аз ҷониби нонпазон ва кадбонуҳои моҳир омода шуда буданд, аз ҳунари волои пазандагии занон шаҳодат медод.

Бояд таъкид намуд, ки дар солҳои соҳиб­истиқлолии мамлакат дар ноҳия ба рушди ҳунарҳои мардумӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир гардида, тавассути ташкил кардани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ занону бонувони хонашин ва ҷавондухтарон ба ҳунаромӯзӣ ҷалб мешаванд. Дар ин замина сол то сол ҳунарҳои мардумӣ, ба монанди гулдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ ва қолинбофии дастӣ ривоҷу равнақ меёбанд.

Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар суҳбат бо ҳунармандон таъкид намуданд, ки ташкил кардани бахшҳои ҳунаромӯзӣ, бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ ва дар шароити хона ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ҷалб намудани ҷавондухтарону занони бешуғл манфиатовар буда, ба ин восита дар оянда даҳҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мешавад.

Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия қолинбофии дастӣ низ аз нав эҳё гардид ва ҷиҳати рушди он, аз ҷумла, омӯзонидани занону духтарони хонашин чанд коргоҳи хурд ба истифода дода шуд.

Тибқи маълумоти шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Лахш, бо мақсади ҷалби занону духтарони хонашин ба шуғли доимӣ ва соҳибҳунару соҳибкасб гардондани онҳо дар асоси шартномаҳои тарафайн бо филиали Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони ноҳияи Тоҷикобод» соли 2018 140 нафар ва шаш моҳи соли равон 73 зану духтари бекор ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифта шуданд.

25 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш бо фаъолияти коргоҳи дӯзандагии «Сумая» шинос шуданд.

Коргоҳ соли 2017 таъсис ёфта, дар он 30 сокини маҳаллӣ, аз ҷумла, 25 зани хонанишин ва як маъюб, фаъолият доранд.

Дар бинои дуошёнаи коргоҳ коргарон асосан ба дӯхтани сарулибоси мактабӣ машғул буда, мактабҳои ноҳияро бо либоси мактабӣ таъмин менамоянд. Барои соли хониши 2019 — 2020 шуъбаи маорифи ноҳия бо коргоҳ барои дӯхтани 6000 ҷуфт либос шартнома имзо кардааст.

Фаъолияти пурсамари корхонаро Сарвари давлат ҳамчун яке аз роҳҳои амалӣ кардани ҳадафи чорум — саноатикунонии босуръати кишвар маънидод карда, таъкид намуданд, ки бояд коргоҳҳои саноатии мамлакат муассисаҳои таълимӣ ва хонандагони кишварро бо маҳсулоти ватанӣ — сарулибоси босифат пурра таъмин намоянд.

Тавре роҳбари корхона Фирдавс Мирзоев иттилоъ дод, дар асоси фармоиш барои муассисаҳои давлатӣ, аз қабили идораи хизматрасонии коммуналӣ ва марказҳои савдои ноҳия сарулибоси махсус тайёр мекунанд.

Соҳибкори маҳаллӣ мақсад дорад, ки барои таъмини мардум бо ҷойи кор ва рушди деҳот коргоҳи қаннодӣ ва ошхона барои сайёҳонро ба истифода диҳад.

Дар маркази шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Лахш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ муҷассамаи Асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Нишони давлатиро ифтитоҳ карданд.

Баландии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ бо пояаш 8 метрро ташкил дода, аз ҳисоби соҳибкорони ватандӯст бунёд гардид.

Дар майдони марказии ноҳия, баробари муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ мардуми Лахш тавассути ҳашар Нишони давлатиро бо баландии 14 метр сохтанд.

Бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ дар маркази маъмурии шаҳру ноҳияҳо ба ҳукми анъана даромада, омили муҳими муаррифии давлату миллати тамаддунофар ва рамзи ифтихори мардуми фарҳангсолору ватанхоҳи тоҷик мебошад.

Инчунин, дар шафати варзишгоҳи марказии Лахш аз тарафи сокинони ноҳия Парчами миллӣ сохта ба истифода дода шуд, ки майдони он макони сайру тамошои мардум хоҳад гашт.

Бояд гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо барои беҳдошти сатҳи зиндагии мардум шароити созгор фароҳам аст.

Дар Лахш низ барои истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёду ба истифода додани иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба иқдоми сокинони ноҳияи Лахш — бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчаму Нишони давлатӣ баҳои баланд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди сокинон Лахш, ки дар варзишгоҳи марказии ноҳия ҷамъ омада буданд, мулоқоти самимӣ доир карданд.

Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми заҳматпешаву меҳмоннавози Лахшро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, барои пазироии самимӣ изҳори сипос карданд.

Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушду пешрафти ноҳияи Лахш, ки дар як муддати кӯтоҳ бо шарофати дастгирии Ҳукумати мамлакат ба даст омадааст, изҳори хушнудӣ карданд.

Таъкид гардид, ки барои рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия то ин давра аз ҳисоби ҳама сарчашма беш аз 750 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст. Ҳукумати кишвар ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, бахусус, пардохти саривақтии маошу нафақа диққати аввалиндараҷа зоҳир намуда, тавассути дастгирии буҷети маҳаллӣ барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ менамояд.

Ҳоло раванди амалисозии «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2018 — 2020» идома дорад, ки дар доираи он 140 лоиҳа пешбинӣ шудааст ва иҷрои он зери назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ амалисозии 136 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст ва то ҳол 40 иншоот бунёд гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкорӣ бо сармоягузорону соҳибкорон тадбирҳои иловагӣ андешанд.

То кунун дар ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо харҷи 565 миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи 2 лоиҳаи дигар ба маблағи қариб 130 миллион сомонӣ идома дорад.

Ба андешаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи пурраи лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди Сайрон — Қарамиқ ва қитъаи Обигарм-Нуробод имкон медиҳад, ки тавассути он рафтуомади одамон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот бамаротиб афзоиш ёбад.

Дастуру супоришҳои дигар ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш барои рушди соҳаҳои кишоварзӣ, занбӯриасалпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, хусусан, қутос, бунёду барқарорсозии боғот дода шуд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони заҳматқарин ва сарбаланди Лахш минбаъд низ сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои пешрафту ободӣ саҳм мегузоранд.

Баъди суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияи Лахш, кормандони касбу кори гуногун баромад карда, барои таъмини шароити шоистаи зиндагӣ изҳори сипос намуданд.

26 июни соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншоот ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро сокинон бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона бо шукӯҳу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон як қисмати роҳи маҳаллиро, ки пурра навсозӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо саҳми соҳибкорон чанд сол қабл бештар аз 10 километр роҳи автомобилгарди Сари пул то шаҳраки Навобод мумфарш шуда, дар марҳилаи дуюм низ наздик ба 10 километри дигари роҳ навсозӣ гардид. Мумфарш намудани роҳи маркази шаҳраки Навобод дар муҳлати кӯтоҳ сурат гирифта, ду шафати роҳи мазкур чароғон карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба раванди корҳои ободонӣ дар шаҳрак баҳои баланд доданд. Роҳҳои маҳаллии шаҳраки Навобод дар гузашта вайрону валангор буданд ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба мушкилӣ сурат мегирифт.

Дар партави ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари давлат як зумра соҳибкорон бо иродаи созанда дар навсозии роҳҳои маҳаллӣ фаъолона саҳм гузоштанд. Кунун шароит фароҳам гардид, ки аз тариқи роҳи мазкур воситаҳои нақлиёт дар ҳама фасли сол бе мушкилӣ рафтуомад кунанд. Навсозии роҳҳои маҳаллӣ боис шуд, ки рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқ дар минтақа давра ба давра таъмин гардад.

Сокинон аз ғамхорию таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба рушди инфрасохтори деҳот бо шукргузорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Лозим ба ёдоварист, ки тайи як соли охир 41 километр роҳҳои маҳаллии шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозӣ гардида, аз тариқи онҳо дар ҳама фасли сол ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин мебошад.

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва ташаббусҳои бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рашт соҳибкорон дар раванди босуръати корҳои ободонӣ, бахусус навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба талаботи замони муосир саҳми арзанда мегузоранд.

Баъди навсозии роҳи маҳаллии шаҳраки Навобод мушкилоти чандинсолаи сокинони дигар деҳаҳои ноҳияи Рашт низ бартараф шуда, имконият фароҳам шуд, ки ҳаҷми интиқоли молу маҳсулот аз ин минтақаҳои кӯҳистон афзоиш ёфта, сатҳи некуаҳволии мардум боз ҳам беҳтар гардад.

Дар доираи вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон навсозии зиёда аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ дар шаҳраку деҳоти ноҳияи Рашт ба нақша гирифта шудааст, ки ин иқдоми ободкорона тадриҷан амалӣ мешавад.

Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ­гузоштани санги асос ба сохтмони бинои маъмурии Ҷамоати шаҳраки Навобод оғози расмӣ бахшиданд.

То имрӯз кормандони ҷамоати зикршуда дар собиқ бинои беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳия фаъолият менамуданд, зеро бинои қаблии ҷамоат дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.

Мушкилоти мавҷударо ба инобат гирифта, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба бунёди бинои нав асос гузошта шуд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бино ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти сохташаванда аз ду ошёна, 9 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст иборат мебошад.

Арзиши лоиҳавии бинои мазкур 2 миллиону 750 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта мешавад. Дар сохтмони он беш аз 20 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин хоҳанд шуд.

Тибқи нақша, бино рӯзҳои таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад, ки он туҳфаи арзишманди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон хоҳад буд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ баҳри фароҳам овардани шароити беҳтари фаъолият дар ҳама бахши хоҷагии халқи мамлакат тадбири зиёде андешида шудаанд, ки аз сиёсати созандаву муваффақи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

 Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳия шинос шуданд.

48131477036_2a5e1d8098_oХоҷагидорони ноҳияи Рашт баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҳама бахши соҳаи кишоварзӣ фаъолияти босамар доранд. Дар ноҳия зиёда аз 3 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дошта, дар ихтиёри онҳо 4 ҳазору 659 гектар, аз ҷумла, 3 ҳазору 339 гектар замини корами обӣ мавҷуд аст. Дар 940 гектар ғалладонагӣ, 602 гектар зироатҳои техникӣ, 291 гектар сабзавот ва як ҳазору 272 гектар картошка кишт шуда, кишти дигар намуди зироатҳо идома дорад.

Зикр гардид, ки соли гузашта аз 2 ҳазору 8 гектар замин 44 ҳазору 700 тонна картошка ҷамъоварӣ шуд. Инчунин, дар ноҳия 4 ҳазору 650 гектар боғҳо мавҷуд буда, соли ҷорӣ 70 гектар боғи нав бунёд гардид.

Боғпарварони ноҳияи Рашт соли ­гузашта 18 ҳазор тонна меваҳои шаҳдбор, ки дар бозори дохилӣ ва берун аз он харидор доранд, истеҳсол намуданд. Илова бар ин, бо шарофати меҳнати кишоварзон соли гузашта 10 ҳазору 715 тонна сабзавот истеҳсол гардид.

Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла, картошка, каду, себ, меваҳои хушк, гелос, қулфинай, тут, зардолу, номгӯи зиёди гиёҳҳои шифобахш ва асали хушсифат ба маъраз гузошта шуд.

Соҳаи занбӯриасалпарварӣ дар баробари дигар бахшҳои кишоварзӣ низ рӯ ба инкишоф буда, агар шумораи оилаҳои занбӯри асал соли 2013 тақрибан 18 ҳазорро ташкил медод, имрӯз он ба 21 ҳазору 600 оила расидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо меҳнаткашони Рашт ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки ҳар порча замини ҳосилхез маслиҳатҳои муфид доданд.

Аҳли ҳунари ноҳия беш аз 20 намунаи ҳунарҳои миллиро, ки пас аз эълон гардидани солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» миёни аҳолӣ равнақу ривоҷ ёфтаанд, ба намоиш гузоштанд.

Дар намоишгоҳ навъи гуногуни хӯрокҳои миллӣ, ширинӣ, хӯришҳои гуногун, маҳсули гулдӯзӣ ва сарулибоси миллӣ, ки хоси аҳолии минтақа мебошанд, ба маъраз гузошта шуд. Устоҳои моҳир санъати чӯбтароширо муаррифӣ намуда, намудҳои гуногуни гаҳвора, сандуқ, қошуқҳои аз чӯб омодашуда ва дигар ҷиҳози рӯзгорро, ки бо санъати воло омода гардидаанд, ба намоиш гузоштанд.

Таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба эҳёи расму оин ва ҳунарҳои миллӣ боиси ривоҷу равнақи ҳунарҳое гардид, ки бо таърихи мардуми ин минтақа бастагӣ дорад ва хушбахтона, имрӯз насли ҷавон ба омӯзиши онҳо машғул мебошад.

Дар намоишгоҳ, ҳамчунин гӯшаи санъаткорони оилавӣ ташкил гардида, дар он аҳли ҳунари ноҳия маҳорати худро муаррифӣ намуданд.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару истеъдоди нотакрори иштирокчиёни чорабинӣ баҳои баланд дода, ба онҳо тавсия доданд, ки ҳунари худро ба насли ҷавон омӯзонанд ва бо ин васила дар эҳёи ҳунарҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Ҳунармандону санъаткорон низ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таваҷҷуҳи зиёд нисбат ба рушду равнақи ҳунарҳои миллӣ, дастгирии ҳунармандон ва ҷоннок кардани тадбирҳо дар роҳи рушди санъату ҳунарҳои мардумӣ миннатдорӣ намуданд.

Дар идомаи сафари корӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Набот»-и Ҷамоати деҳоти ба номи Нусратулло Махсум шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур асосан ба боғдорию кишоварзӣ машғул буда, 12 гектар боғ бунёд намудааст.

Соли ҷорӣ дар хоҷагии мазкур дар 25 гектар картошка, 3,5 гектар сабзавот ва 3,5 гектар ғалладонагӣ кишт шуда, нашъу­намои онҳо хуб аст.

Дар хоҷагӣ 72 саҳмдор, ки 28 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, фаъолият дошта, маоши хуб мегиранд.

Тавре зикр гардид, бахши дигари фаъолияти хоҷагӣ занбӯриасалпарварӣ буда, он дорои 110 оила занбӯри асал мебошад, ки ҳар сол аз онҳо асали зиёд ба даст меоранд.

Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Рашт 26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази хизматрасонии «Субҳи Рашт»-ро, ки аз ошхона, сехи дӯзандагӣ ва кошонаи ҳусн иборат аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.  

48131523463_624fdf64be_oОн дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Назрулло Алиев бунёд ёфтааст.

Иброз гардид, ки сехи дӯзандагӣ дорои имконияти васеи корӣ буда, минбаъд метавонад муассисаҳои таълимии ноҳияро бо либоси ягона пурра таъмин намояд. Ҳамчунин, дар ин ҷо рахти хоб ва либоси тиббӣ низ истеҳсол мешавад.

Дар баробари ин, маркази хизматрасонии мазкур дорои кошонаи ҳусн ва маркази таъмири дастгоҳу таҷҳизоти гуногун буда, имконият дорад якбора ба 120 нафар хизмат расонад.

Аз он ки минтақаи Рашт яке аз маконҳои зебову нотакрори Тоҷикистони биҳиштосо аст ва сайёҳон ба он таваҷҷуҳи зиёд доранд, масъулин дар маркази хизматрасонӣ меҳмонхонаи замонавиро бо 40 ҷойи хоб бунёд кардаанд, ки дар он хизматрасонии сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст.

Дар баробари ин, марказ дорои хобгоҳ бо 60 ҷой буда, аз хизматрасонии он донишҷӯёну омӯзгорон метавонанд истифода намоянд. Ҳамчунин, онҳое, ки аз дигар ноҳияҳо дар маркази хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, соҳиби ҷойи хоб хоҳанд шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид иқдоми созандаи соҳибкоронро нек арзёбӣ намуда, дар он ҷо ба 70 ниёзманд, ки 20 нафари онҳо ятими кулл мебошанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд. Дар он рӯз оилаҳои ниёзманд низ аз туҳфаҳои идонаи Пешвои миллат баҳраманд гардиданд.

Иштирокчиёни чорабинӣ барои дастгириву таваҷҷуҳи пайваста нисбат ба пиронсолону барҷомондагон, ятимону нафарони имконияташон маҳдуд ба муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ карданд.

 Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бунёди маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён санги асос гузоштанд.

Иншооти хизматрасонӣ дар шафати Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикис­тон дар ноҳияи Рашт аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Алиҷон Салимов бунёд мешавад.

Ошёнаи якуми он барои мағоза, ошёнаи дуюм бо 14 ҳуҷра ба сифати меҳмонхона ва се ошёнаи дигар барои хобгоҳ пешбинӣ шудаанд. Хобгоҳ дорои 54 ҳуҷра буда, дар он то 162 нафар донишҷӯ метавонанд истиқомат намоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ талаботи меъёрҳои меъморӣ ва унсурҳои миллиро риоя намоянд.

Маркази савдо, меҳмонхона ва хобгоҳ барои донишҷӯён аз 5 ошёна иборат буда, дар вақти бунёди он наздики 30 нафар бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин мешаванд.

Барои бунёди бинои замонавӣ қариб 5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Он дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва то соли 2021 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани иншооти нав 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази ташхисию табобатии «Сияриён» — ро, ки бо тарҳи хеле зебои муосир дар масоҳати умумии 2000 метри мураббаъ бунёд гардидааст, бо бардоштани парда аз лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

48131515201_c477f3f125_oСохтмони он моҳи марти соли 2018 оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Ризвоншоҳ Шоев бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонида шуд.

Иншоот аз се ошёна ва таҳхонаи дорои таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 50 кат барои муолиҷаи беморон иборат буда, дар ошёнаи якуми он утоқҳои томографияи компютерӣ, рентгени рақамӣ, узи, гастроскопия, колоноскопия, ҳуҷраи бемориҳои занона, стоматология, дорухона, гӯшаи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дар таҳхона ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ, ташхисгоҳ ва ошхона мавҷуд мебошад.

Дар маркази муосири тиббӣ 40 мутахассиси варзидаи тиббии дараҷаи олӣ ва миёна ба сокинону ниёзмандон хизмат мерасонанд.

Мавриди зикр аст, ки бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии харҷи зиёдатӣ, дар марказҳои тиббии кишвар ҳуҷраҳои махсус барои хатна бунёд мешаванд, ки дар онҳо хатнаи кӯдакон бо риояи қоидаҳои гигиенӣ сари вақт бо ҷалби мутахассисони варзидаи тиббӣ ва дар шароити хуб анҷом дода мешавад.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино шуъбаҳои амрози занона ва  бемориҳои даруна мавҷуд мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити хизмат­расонӣ дар беморхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохт­монӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншоотро ба истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи солҳои 2019 — 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Солҳои қаблӣ аз сабаби набудани чунин марказҳои муосири ташхису табобат, сокинони ноҳияи Рашт роҳи дарозро тай карда, ба пойтахти мамлакат барои ташхису табобат мерафтаанд. Акнун бо бунёди маркази муосири тиббӣ мушкили онҳо ҳал гардид.

Бунёди марказҳои муосири ташхисию табобатӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри солимии ҷомеа амалӣ мегардад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои дастгирии сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карда, табибонро барои иҷрои вазифаҳои пурмасъул ва хизматрасонии сатҳи баланди тиббӣ ба аҳолӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии беморон ҳидоят карданд.

Дар ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Сурх» — ро, ки бо тарҳи хеле зебову замонавӣ дар масоҳати 442,8 метри мураббаъ бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 ҳуҷраи барҳавои корӣ, хазинаи филиали БДА ҶТ «Амонатбонк» ва толори барҳавои маҷлис бо 60 ҷойи нишаст мебошад.

Зикр гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи марти соли 2014 оғоз гардида, моҳи июни соли 2019 бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ ва дастгирии Ҳукумати мамлакат бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои меъморӣ ба истифода дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои навро ба кормандони Ҷамоати деҳоти «Қалъаи Сурх» — и ноҳияи Рашт табрик гуфта, барои дар асоси қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудан ва ба мардум хизмат расондан дастуру ҳидоят доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт бинои Агентии шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ ва филиали Маркази таълими калонсолони Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар ошёнаҳои якуму дуюми он ҳуҷраҳои кории роҳбарият ва кормандон, кошонаи ҳусн, муҳосибот ва синфхонаи омӯзиши касб барои маъюбон мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, дар таҳхонаи бино синфхонаи қаннодӣ ва ошхона ҷойгир шудаанд.

Бино дар доираи татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар бунёд шуда, барои соҳибкасб кардани сокинон ва бо шуғл фаро гирифтани мардум мусоидат мекунад.

Маркази таълим барои калонсол дар доираи супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои омӯзондани касбҳои ороишии мӯй, омӯхтани нозукиҳои кор бо компютер барои маъюбон, синфхонаи замбӯрисалпарварӣ ва омӯзиши кафшергарӣ шароит муҳайё карда шудааст. Он дорои бойгонӣ, хонаи омӯзгорон, утоқи қабули шаҳрвандон доир ба масъалаҳои муҳоҷират ва маҷлисгоҳ мебошад.

Баъди шиносоии пурра бо шароити кор дар иншооти нав Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони агентиро барои дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ кардани кор, беҳдошти сифати таълим ва касбомӯзӣ ҳидоят намуданд.

Дар доираи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикис­тонро дар ноҳияи Рашт дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар шафати бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷойгир буда, аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳия бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаву ободкоронаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи хеле зебову муосир сохта шуд.

Бино аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаҳои якум ва дуюми он маҷлисгоҳ ва 9 утоқи барҳавои кории муҷаҳҳаз бо ашёи зарурӣ барои кормандони ҳизб мавҷуд аст.

Дар иншоот барои ба талаботи меъёрҳои меъморӣ мутобиқ кардан саҳни ҳавлӣ сафолакпӯш ва атрофи он сабзазору гулкорӣ шудааст.

Мавриди зикр аст, ки сокинон, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ҳамаҷониба сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ карда, дар рушду пешрафти соҳаҳои муҳими ноҳияи Рашт саҳми сазовор мегузоранд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, ба мардум барои ҷонибдории сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ изҳори сипос карданд.

26 июн дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои идонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки дар варзишгоҳи марказӣ баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикис­тон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва сокинони ноҳияи Раштро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрик намуданд.

Сарвари давлат ба шаҳрвандони кишвар хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар роҳи таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ки асоси хушбахтии сокинони мамлакат ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон ба ҳисоб меравад, барору комёбӣ орзу карданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз таърихи даврони соҳибистиқлолӣ ва истиқрори сулҳу ваҳдат, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, таъкид доштанд, ки «Рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ — 27 июни соли 1997 барои мо, воқеан, оғози ҳамдигарфаҳмиву сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии орому осоиштаи халқамон мебошад».

Роҳбари мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки Ҳукумати мамлакат минбаъд низ амалӣ намудани чораҳои заруриро барои пешрафт ва ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, аз ҷумла, водии Рашт тавассути амалисозии стратегияву барномаҳои давлативу соҳавӣ ва минтақавӣ идома медиҳад.

Дар охири суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки муттаҳидиву сарҷамъӣ ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи миллати тоҷик ва пешрафти давлати миллии мо бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор боқӣ мемонад ва мардуми моро дар роҳи татбиқи нақшаву ҳадафҳои бузургу тақдирсози Ҳукумати мамлакат ғайрату неру ва рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорабинии идонаро ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ барномаи рангини консертӣ, ки тараннумгари ваҳдати сартосарӣ буд, идома дод.

Устодони санъат, ҳунармандону ҳаваскорони ноҳияҳои водии Рашт дастагули суруду мусиқиро манзури иштирокчиёни тадбири фарҳангии идона карданд, ки хеле пуршукӯҳ ва хотирмон буд.

27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт ба шаҳри Душанбе баргаштанд.

Маросими гусели Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи сокинони ноҳияи Рашт бо шукӯҳу шаҳомат ва сипосгузорӣ сурат гирифт.

Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 24 то 27 июн бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Тоҷикобод, Лахш ва Рашт қарор доштанд.

www.president.tj