Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Роғун

№51 (3688) 11.05.2017

33759169823_fcf6ed7e79_oСубҳи даҳуми майи соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» ташриф оварданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии ин иншооти азими аср  шинос шуда, бо муҳандисону кормандони техникии он мулоқот карданд.

Шиносоии Сарвари давлат нахуст аз ҳолати имрӯзаи мавзеи бандубасти маҷрои дарё ва ҷараёни  бунёди пешдарғоти болоӣ оғоз ёфт.

Тавре ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ҳаҷми умумии корҳои пешдарғот 2,7 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад. Пас аз иваз кардани маҷрои дарё, аз ҷониби ширкати «Салини Импреҷило» беш аз 2 миллион метри мукааб омехтаи сангу шағалмаводи пешдарғот хобонида шудааст. Айни ҳол дар як шабонарӯз аз 23 то 26 ҳазор метри мукааб маводи сарбанд ба пешдарғоту дарғоти навбати аввали неругоҳ рехтаву мустаҳкам карда мешавад.

Тибқи иттилои масъулони НБО-и «Роғун», ҳамчунин бо иҷрои корҳои заминӣ, васлу насби асбобҳои санҷишӣ-ченкунӣ низ амалӣ мегардад. Хабар дода шуд, ки то ба имрӯз дар сарбанди неругоҳ 47 адад асбоби санҷишӣ-ченкунӣ васлу насб гардидааст. Барои сохтмони пешдарғот 32 ҳазору 200 метри мураббаъ масолеҳи сохтмони геомембрана зарур аст, ки аз кишварҳои Аврупо ворид карда шудааст. Геомембрана, ки дар қисмати пеши дарғот қисм — қисм ва қабат ба қабат дар якҷоягӣ бо дигар мавод ва қабатҳои ҳимоявӣ насб карда мешавад, барои нагузаштани об пешбинӣ шудааст. То ба имрӯз ба масоҳати зиёда аз 18 ҳазор метри мураббаъ васлу насби геомембрана анҷом ёфтааст ва пайваст кардани дарзҳо идома дорад. Хобонидани ин мавод, ки зиддиполоишӣ мебошад, имкон фароҳам меорад, ки оби дохили обанбор аз пешдарғот нагузарад. Дар Тоҷикистон ин таҷрибаи аввал мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо муҳандисону сохтмончиёни НБО-и «Роғун»  дастур доданд, ки қабл аз ҳама ба сифат ва таъмини бехатарӣ аҳамият диҳанд, зеро ин «Кохи нур» ҳаёту мамоти миллат ва кафолати зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон мебошад.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаи корҳои сохт­монӣ дар нақби нақлиётии-Т22 шинос шуданд. Маълум гардид, ки корҳои сохтмонӣ дар нақби нақлиётии Т-22 ба итмом расидааст. Айни замон кашонидани сангу шағал ба воситаи нақби мазкур барои бунёди пешдарғот идома дорад. Дарозии нақб дар маҷмӯъ (Т-22, Т-22I ва Т-22II) 600 метр мебошад.

Сатҳу сифат ва суръати корҳои сохтмонӣ дар НБО-и «Роғун» мувофиқи нақша ҷараён дорад. Рағбату дилгармии диловарони Роғунро, ки теъдодашон наздик ба 14 ҳазор нафар мерасад, таваҷҷуҳи доимӣ ва сафарҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афзоиш додааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо рафти корҳо дар нақби сохтмонии қабати сеюм, ки аз иншооти асосии Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба шумор меравад, шинос шуданд.

Нақби мазкур 1 ҳазору 794 метр дарозӣ ­дошта, дар як сония имконияти ғунҷоиши 3 ҳазору 500 метри мукааб обро дорад ва ҳамчун нақби обпарто асосан барои танзими оби обанбори неругоҳ дар ҳолатҳои эҳтимолӣ, аз ҷумла дар вақти баланд шудани сатҳи дарёи Вахш истифода мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо қитъаи бунёди дарвозаҳои таъмирӣ — садамавӣ, ки дар қисмати даромадгоҳи нақби мазкур воқеъ аст, барои анҷоми саривақтии корҳои боқимонда ба масъулони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ширкатҳои пудратӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки бунёди дарвозаҳои таъмирӣ — садамавӣ бо дарназардошти тамоми талабот ва меъёрҳои ҳозиразамони сохтмонӣ пурра анҷом ёфтааст ва ҳоло корҳо дар иншооти идоракунии дарвозаҳо бомаром идома доранд. Инчунин, дар нақби сохтмонии қабати сеюм аз даромадгоҳ то масофаи 994 метр корҳо пурра ба итмом расидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, бунёди нақби мазкурро барои ­босуръат идома ёфтани сохтмони сарбанди НБО-и «Роғун», ки аз марҳилаҳои асосии ин иншооти гидроэнергетикӣ ба ҳисоб меравад, муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Сарвари давлат, ҳамчунин, бо ҷараёни корҳои сохтмону васлгарӣ дар дарвозаҳои асосӣ — садамавӣ ва шафати моили нақби сохтмонии қабати сеюм шинос шуда, ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд.

Дарвозаҳо, ки аз варақаҳои  махсуси оҳанин бунёд гардидаанд, дар ҳолатҳои баланд шудани сатҳи оби дарё ва обанбор ба таври автоматӣ кушода шуда, эҳтимолияти ҳолатҳои садамавиро рафъ менамоянд.

Таъкид шуд, ки ҳаҷми оҳану фулузоти васлу насбгардида дар як моҳ дар нақби сохтмонии қабати сеюм ба ҳисоби миёна наздик ба 400 тоннаро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ ин нишондод ба 4 ҳазору 191 тонна расидааст.

Корҳои нақбканӣ ва анкергузорӣ дар шафати моил ва қисмати баромадгоҳи нақб ба охир расидааст ва имрӯзҳо коргарону мутахассисон дар қитъаҳои алоҳида ба арматурбандӣ, бетонрезӣ, корҳои сементатсионӣ машғул мебошанд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то имрӯз дар ин ҷо дар ҳаҷми зиёда аз як миллион метри кубӣ корҳои заминӣ иҷро шудаанд.

Айни замон корҳои сохтмонӣ дар нақби мазкур ба таври шабонарӯзӣ идома дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ҷараёни корҳои сохтмонӣ барои бунёди бинои мазкур тибқи нақша ҷараён дорад. То имрӯз корҳои хокбардории минтақаи байни бинои хизматӣ — саноатӣ ва бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ ба итмом расида, тадбирҳои бетонхобонӣ ва арматурбандӣ дар зербинои он идома дорад.

Дар ин мавзеъ 4 ширкати сохтмонӣ бо ҷалби беш аз 300 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ дар ду баст фаъолият доранд. Баъди пурра ба итмом расидани сохтмони бино дар ин ҷо дастгоҳҳои замонавии пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ насб карда мешаванд. Аз ин дастгоҳҳои муосир неруи барқ ба системаи умумии барқии кишвар пайваст мегардад.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни бунёди бинои дастгоҳи пӯшидаи тақсимкунандаи элегазӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои арзанда дода, коргаронро ба иҷрои саривақтии он ҳидоят намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар толори махсуси неругоҳ, ҳамчунин, бо рафти корҳои васлгарии таҷҳизоти генераторӣ шинос шуданд. Дар майдончаи васлгарии таҷҳизоти генераторӣ, ки айни ҳол васлу насби қисмҳои эҳтиётии статор ва ротори гидрогенератори 5 ва 6 амалӣ мешаванд, омодасозии гидроагрегатҳо мутобиқи ҷадвали корӣ идома дорад. То имрӯз корҳои васлкунии таҷҳизоти зарурии иншоот — статор ва ротори агрегати 6 — уми Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар марҳилаи аввали фаъолият истифода хоҳад шуд, бо сифати баланд амалӣ ва қисми асосии корҳо иҷро гардидааст. Қисми поёнӣ ва болоии стерженҳо ва қисми бо оби хунуккунанда таъминкунии стерженҳо пурра кафшер карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти омодасозии генератори рақами 5 низ шинос шуданд. Тавре маълум гардид, дар баробари иҷрои корҳои васлу насби генератори рақами 6, барои ба роҳ мондани корҳои васлу насб дар статори генератори рақами 5, дар майдончаи васлгарии муваққатии толори мошинҳо секторҳои баданаи статори ин генератор ба шакли давра васл гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори мошинҳои неругоҳ бо рафти корҳо дар ин минтақаи муҳим — маҳалли асосии ҷойгиршавии агрегатҳо шинос шуданд. Дар майдончаи васлгарии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқ, ки ҷойи насби агрегатҳо маҳсуб меёбад, кор ба таври муташаккилона идома дорад.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корҳои нақбканӣ, пармакунӣ ва гузоштани анкерҳо дар толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо, ки паҳлуи ҳам ҷойгиранд, бомаром ҷараён доранд.

Дар толори мошинҳо, ки 220 метр дарозӣ ва беш аз 67 метр баландӣ дорад, 6 агрегати тавлидкунандаи барқ насб карда мешавад. Барои устувор гардонидани девору сақфи толори мошинҳо ва бинои трансформаторҳо, корҳои пармакунии чоҳҳо барои гузоштани анкерҳо ва сементатсионӣ анҷом дода мешаванд.

Сифати корҳо дар толори асосии иншоот ­ҷавобгӯйи талабот буда, тадбирҳои бунёдӣ, шурӯъ аз омодасозии мавзеъ то ба бетонрезиву анкербандии деворҳо, бо низоми хоси сохтмонӣ аз рӯи стандартҳои бехатарии муҳандисӣ амалӣ карда шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо рафти корҳо дар толори мошинҳои неругоҳ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахтаи нассосҳои обпарто ва бинои трансформаторҳо ташриф оварданд.

Шахтаи нассосҳои обпарто дар ҳудуди бинои трансформаторҳо воқеъ буда, яке аз нуқтаҳои асосии неругоҳ маҳсуб меёбад. Корҳои сохтмонӣ дар шахтаи нассосҳои обпарто низ аз рӯи ҷадвали корӣ идома доранд.

Дар бинои трансформаторҳо корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии агрегатҳои 1 — 6 ва хобонидани бетони конструктивӣ иҷро шудааст.

Дар толори трансфарматорҳо айни ҳол беш аз 100 нафар фаъолият доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва мутахассисонро ба анҷоми муваффақонаи тадбирҳо ҳидоят намуданд.

10 майи соли 2017 дар шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо рафти корҳо дар қитъаҳои гуногуни иншооти муҳим — Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо роҳбарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба бунёдгарони иншооти тақдирсоз барои заҳмати содиқона ва азму субот баҳри бардоштани пешдарғот ва вусъати корҳои созандагӣ изҳори сипос намуданд.

Таъкид гардид, ки дар давоми шаш моҳ, шурӯъ аз рӯзи дигар кардани маҷрои дарёи Вахш, барои бунёди пешдарғот корҳои назаррасе ба иҷро расидаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки неругоҳ дар таъмини мунтазами аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳо бо неруи барқ, рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум нақши бисёр муҳим мегузорад. Ҳамчунин, обанбори неругоҳ барои пешгирии ҳодисаҳои фавқулода, танзими бисёрсолаи истифодаи манбаъҳои оби минтақа, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии миллионҳо гектар замини кишоварзӣ ва азхудкунии садҳо ҳазор гектар замини нав хизмат мерасонад.

Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулин ва пудратчиёнро вазифадор карданд, ки корҳои сохтмониро бо роҳи пурра сафарбар намудани техникаву таҷҳизот тибқи нақша ва дар муҳлатҳои муқарраршуда ба анҷом расонанд ва иҷрои саривақтию босифати сохтмонро мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ таъмин созанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таваҷҷуҳи коргарону мутахассисонро ба рафти иҷрои корҳо баҳри дар муҳлатҳои муайяншуда ба истифода додани агрегатҳои аввал ҷалб намуданд.

Зимни суханронӣ оид ба иҷрои корҳо ва нақшаи тадбирҳои бунёдӣ дар иншооти муҳим супориш дода шуд, ки масъалаи харидории таҷҳизот, қисмҳои эҳтиётӣ ва масолеҳи сохтмонӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.

То имрӯз барои сохтмону барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Роғун» зиёда аз 12 миллиард сомонӣ маблағ хароҷот ва соли ҷорӣ ба ин мақсад дар буҷети давлат 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Истифодаи хатти конвейерӣ дар бунёди пешдарғот яке аз роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағ ва техникаи сохтмонӣ маънидод гардид.

Таъкид шуд, ки дар баробари корҳои асосии сохтмону васлкунӣ минтақаи зериобшаванда бояд омода карда шавад. Дар ин раванд, зарур аст, ки корҳо оид ба кӯчонидани аҳолӣ ва муҳайё намудани шароити зарурии зист барои муҳоҷирон дар ҷойҳои нав ­вусъат бахшида шаванд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки муҳандисону мутахассисон ва сохтмончиён бо азму иродаи матин ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ иҷрои саривақтиву босифати корҳои минбаъдаро сарбаландона ­таъмин мекунанд.

 www.president.tj