Сафари кории президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Дарвоз

№101-102 (3402-3403) 30.07.2015

11816110_872354772834710_6353316423423909691_o28 июли соли 2015 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз идома ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи ноҳия шумораи зиёди сокинон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Дар маркази ноҳияи Дарвоз — деҳаи Қалъаи Хумб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои чорошёнаи истиқоматӣ ва филиали Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» иштирок кард.

Тавре маълум гардид, масоҳати умумии бинои истиқоматӣ ду ҳазору 485 метри мураббаъро дар бар гирифта, маблағи умумии корҳои сохтмонӣ 8 миллиону 263 ҳазору 958 сомонӣ мебошад. Филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» дар масоҳати умумии 347 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Бо кушодани бинои нави филиали ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» 30 нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Фармоишгар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» ва пудратчии иншооти замонавӣ Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Евразия» буда, бинои хонаҳои истиқоматӣ бо системаи гармидиҳии алоҳида пайваст мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо аз моҳи июли соли 2013 оғоз гардида, моҳи июли соли 2015 ба охир расиданд.

Хонаҳои истиқоматӣ дар масоҳати умумии як ҳазору 802 метри мураббаъ бунёд шуда, аз 30 хона, аз ҷумла нуҳ адад хонаҳои якҳуҷрагӣ ва 21 адад хонаҳои дуҳуҷрагӣ иборат мебошад. Хонаҳо дар асоси шартнома ва бо нархи дастрас ба сокинони ноҳияи Дарвоз фурӯхта шудаанд.

Баъди ифтитоҳи бинои чорошёнаи истиқоматӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Дарвоз бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия оғоз бахшид.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази барои Вазорати маориф ва илм пешбинигардида бунёд мегардад. Фармоишгар — Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пудратчӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Дарвоз-Сохтмон»-и ноҳияи Дарвоз мебошанд.

Бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум чор дафтари корӣ, дар ошёнаи дуюм панҷ дафтари корӣ, як утоқи кории мудир бо қабулгоҳ ва дар ошёнаи сеюм толори маҷлисгоҳ барои 80 ҷой ва се ҳуҷра ҳамчун меҳмонхона мавҷуданд.

Арзиши лоиҳавии иншоот 2 миллиону 481 ҳазор сомониро ташкил дода, он бояд соли 2017 бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ба истифода дода шавад.

Мавриди зикр аст, ки дар корҳои сохтмонӣ асосан мутахассисони маҳаллӣ — сокинони ноҳияи Дарвоз ҷалб гардидаанд, ки ин ҳам як тадбири муҳим дар роҳи таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо кормандони бахши маорифи ноҳия, ки дар маҳалли сохтмони бинои шуъбаи маориф ҷамъ омада буданд, оид ба рушди соҳаи маориф, тадбирҳои Ҳукумати кишвар баҳри пешрафти ин бахши пешбарандаи ҷомеа, дастгирии аҳли зиё андешаронӣ карда, аз омӯзгорон беҳтар кардани сифати таълиму тарбияро талаб намуд.

Баъди оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Даштаки ин ноҳия ташриф оварда, аз Корхонаи саноатии «Карона — мармар» боздид ба амал овард.

Корхонаи саноатии «Карона — мармар» аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ аз Италия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар деҳаи Даштаки ноҳияи Дарвоз сохта шудааст.

20092720021_b43907814a_oДар корхона зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Таҷҳизоти муосири корхонаи мазкур аз хориҷи кишвар дастрас гардида, тамоми амалиёти коркарди санги мармарро дастгоҳ иҷро менамояд.

Барои татбиқи лоиҳаи таъсиси корхона, ки аз чанд марҳила, аз ҷумла ҷиҳозонидани коргоҳ бо дастгоҳҳои муосир, коркарди сангҳо бо сифати аълои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва содироти он ба хориҷ иборат аст, дар маҷмӯъ 4 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳудуди Корхонаи «Карона — мармар» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи Коргоҳи замонавии «Карона – Гавҳарнигор» иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти коргоҳ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо аз 75 намуд сангҳои гуногуни қиматбаҳо маҳсулоти ҳархелаи ороишӣ тайёр карда мешавад. Айни ҳол дар коргоҳи мазкур 20 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд ва пас аз фаъол намудани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи коргарон афзун мегардад.

Роҳбарияти Корхонаи «Карон-Гавҳарнигор» бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, нақша доранд нозукиҳои ин касбро дар таҷҳизоти навтарин ба мутахассисони маҳаллӣ омӯзонанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорон оид ба коркарди сангҳо ва таъсиси ҷойҳои корӣ баҳои баланд дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти корхона дастур доданд, ки сангҳои нимқимат ва қиматбаҳо дар сатҳи баланд коркард шуда, ба бозори ҷаҳонӣ маҳсулоти баландсифату рақобатпазир пешниҳод карда шавад. Баъди ифтитоҳи Корхонаи «Карона — Гавҳарнигор» аз деҳаи Даштак Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Умараки ин ноҳия омада, дар вазъияти тантанавӣ бинои Кохи бонувонро, ки барои 500 нафар пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ намуд.

11741109_872357599501094_7864343211390656352_oКохи бонувон бо дастури бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст. Кохи бонувон аз се ошёна иборат буда, ба таври замонавӣ сохта шудааст. Дар он таълимгоҳ, корхонаи муосири дӯзандагии либосҳои миллию аврупоӣ ва коргоҳи қолинбофӣ ҷойгир карда шудааст.

Дар баробари ин, дар ошёнаи дуюми Кохи бонувон намоишгоҳи либос, хонаи ақди никоҳ, кошонаи ҳусн ва Маркази таълимоти дизайнерӣ мавҷуд аст.

Ошёнаи сеюми Кохи бонувон аз ошхона барои коргарони марказ, инчунин барои меҳмонҳо иборат буда, дар ин ҷо ҳамчунин Маркази омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ-таомпазӣ, қаннодӣ ва хизматрасонӣ фаъолият мекунанд.

Дар Кохи бонувон имкон аст, ки аз кишвари дӯсту ҳамсояи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон духтарон барои омӯзиш қабул карда шаванд. Тавре маълум гардид, аллакай 1000 нафар духтарон аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои омӯзиши касб номнавис шудаанд.

Хароҷоти умумӣ барои бунёди ин марказ 3,5 миллион сомонӣ мебошад. Тамоми таҷҳизоти дӯзандагии Кохи бонувон аз Ҷумҳурии Федератиии Германия ва Япония тариқи лизинг ворид гардидааст ва беҳтарин дастгоҳ барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар ҷаҳон мебошад.

Дар Кохи бонувон бо номи «Меҳри модар» осорхонае мавҷуд аст, ки дар он тамоми навъи кашидадӯзиҳои миллӣ нигоҳ дошта мешавад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва омӯхтани талаботи бозори дохилӣ ба бонувон дастуру ҳидоятҳо дод.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба панҷ ҷуфти хуштолеи навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳро супорида, ба онҳо хушбахтӣ ва хонаи обод таманно кард.

Аз номи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки Кохи бонувон бо ташаббуси созандаи Сарвари давлат бунёд шудааст, ба ин маркази касбомӯзӣ як адад автобуси нав тақдим карда шуд.

Дар ноҳияи Дарвоз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон инчунин ошхонаи навбунёди қисми ҳарбии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуд.

Бинои ошхона аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ баҳри беҳбудии фаъолияти ҳайати қисми ҳарбӣ сохта шудааст.

Он бо таври замонавӣ сохта шуда, бо таҷҳизот ва ашёи ҷавобгӯ ба стандартҳои замони муосир муҷаҳҳаз гардонда шудааст. Ошхона барои зиёда аз 200 нафар афсарону сарбозон пешбинӣ шудааст.

20079431132_2a268045e6_oПрезиденти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо истифода аз имконияти маҳалли сохтмони ошхона барои васеъ кардани толори он тадбирҳои иловагӣ андешанд. Барои сохтмони бинои иловагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин маслиҳатҳои муфид дод.

Толори варзишии қисми низомӣ бо дастгоҳҳо ва дигар таҷҳизоти лозима барои машқу тамрини афсарону сарбозон аз тарафи соҳибкорони ватанӣ пурра таъмин карда шудааст.

Дар саҳни ҳавлии ин қисми низомӣ мошинҳои ҳарбӣ ва иқтидори дигари техникӣ ба маъраз гузошта шуда буд.

Тавре маълум шуд, бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи нуқтаҳои сарҳадии ҳудуди вилоят бо техникаҳои муосири ҳарбӣ таъмин гардидаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар идораи техникаҳои мавҷуда бениҳоят эҳтиёткор бошанд.

Дар ҳудуди ин қисми низомӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сарбозон мулоқот карда, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи Модар — Ватан ҳидоят намуд.

Ҳамчунин бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамин рӯз бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвоз ифтитоҳ ёфт.

Тавре маълум гардид, бино аз ду ошёна иборат мебошад. Барои фаъолияти кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия бино бо тамоми таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Фармоишгари иншоот Комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвоз ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Болдинг Компания» мебошад.

Масоҳати умумии бинои Комиссариати ҳарбии ноҳияи Дарвоз 330 метри мураббаъро ташкил дода, он аз 13 утоқи корӣ ва як маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Дар маркази ноҳияи Дарвоз — деҳаи Қалъаи Хумб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ меҳмонхонаи шашошёнаи замонавиро ифтитоҳ кард.

Меҳмонхонаи «Карон Палас» дар маркази ноҳия бо тарҳи замонавии меъморӣ бунёд шудааст.

Мақсади асосӣ аз бунёди меҳмонхона ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мебошад. Он аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бо ҷалби сармояи соҳибкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой бо харҷи беш аз се миллион сомонӣ сохта шудааст.

Меҳмонхона дорои 45 ҷой буда, дар он 30 нафар сокинони ноҳия бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Меҳмонхона бо таҷҳизот, мебел ва дигар лавозимот таъмин карда шудааст ва хизматрасонии ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқро пешниҳод менамояд.

Меҳмонхонаи «Карон Палас» дорои имкониятҳои васеъ буда, аз ҷумла барои ташкили сайёҳати меҳмонон ба ҷойҳои тамошобоб пешбинӣ гардидааст.

Баъди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим дар маркази ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолон суҳбати самимӣ доир кард.

www.president.tj