Сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Хатлон

№109 - 110 (4059 - 4060) 12.09.2019

Ноҳияи Муъминобод

48710829398_0ee964cb4e_o10-уми сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагонии сокинон, иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти маданӣ-маишӣ ба ноҳияи Муъминобод сафар карданд.

Дар фурудгоҳи муваққатӣ сокинони сершумор, намояндагони касбу кори гуногун ва ҷавонони саодатманду ваҳдатсарои ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро бо самимияти беандоза ва шукргузории комил аз ваҳдату субот пазироӣ намуданд.

Он рӯз мардуми ноҳия барои истиқболи шоистаи Сарвари давлат барномаи зебо ва пурмӯҳтавои фарҳангиро, ки саршор аз меҳру муҳаббат буд, манзур гардониданд.

Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод» шурӯъ гардид.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи он дар доираи марҳилаи сеюми «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад. Барои иҷрои лоиҳа 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи лоиҳа сурат хоҳад гирифт.

Роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод, ки аҳамияти ҷумҳуриявӣ дорад, солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати кунунии он ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафи зиёди роҳистифодабарандагон низ мегардид.

Бояд зикр кард, ки ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва яке аз мавзеъҳои ташрифи сайёҳони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ташкили инфрасохтори сайёҳиву бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.

Аснои иштирок дар маросими оғози лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод», Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро бобати бо суръату сифати баланд анҷом додани сохтмону азнавсозии роҳ вазифадор карданд. Зеро, ба таъкиди Сарвари давлат, маҳз сифати тадбирҳои сохтмонӣ имкон фароҳам хоҳад овард, ки иншоот солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат кунад.

Оғози корҳои таъмиру таҷдид дар роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод, рӯзҳои таҷлил аз солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси фараҳмандии сокинони ноҳия гардид ва онҳо барои талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

48711210886_f49d077c0e_o10-уми сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон дар шаҳраки Муъминобод бинои наву замонавии прокуратураи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.

Дар он, ки хуштарҳу замонавист, 10 утоқи корӣ, маҷлисгоҳ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир мебошанд. Корҳои сохтмонии бинои сеошёна бо ҷалби 35 нафар коргари маҳаллӣ сифатан хуб ба анҷом расонида шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои арзанда дода, онро туҳфаи Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони прокуратура тақозо намуданд, ки ба волоияти қонун арҷ ­гузошта, вазифаҳои хизматии хешро содиқонаву софдилона ба нафъи халқу Ватан анҷом диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмоили Сомонии ноҳияи Муъминобод ба фаъолияти Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил» расман оғоз бахшиданд.

Бинои марказ аз 4 ошёна иборат мебошад ва дар он ошхона, шуъбаи барқарорсозии кӯдакона, бахши машваратию ташхисӣ, маъмурият, шуъбаи бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, бахши табобатӣ-барқарорсозӣ, табобати интенсивӣ, толори табобати варзишӣ ва шуъбаи барқарорсозии калонсолон, инчунин, бахшҳои дигари табобатию барқарорсозӣ ҷой гирифтаанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иншооти табобативу солимгардонӣ дорои беш аз 100 кат, аз ҷумла, 26 кати кӯдакона буда, дар ҳуҷраҳои он муосиртарин шароити  табобату солимгардонии беморони гирифтори дил фароҳам оварда шудааст.

Пас аз шиносоӣ бо шароити иншооти нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, табибонро ба хизматрасонии хубу шоиста ба мизоҷон ҳидоят намуданд. Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтани иншоотро туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашни 28 -умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ба табибони ноҳияи Муъминобод арзёбӣ карданд.

Дар ҳамон ҷо дар вазъияти тантанавӣ ба 17 нафар шахси имконияташ маҳдуд аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд. Бояд гуфт, ки ин қишри осебпазири ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Аз ин ҷост, ки барои кору фаъолияти онҳо шароити арзанда фароҳам оварда мешавад. Ин ҳама аз татбиқи муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти олии сиёсии мамлакат дарак медиҳад.

Дар  Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии бемориҳои дил, ҳамчунин, майдончаи варзишӣ бунёд карда, гирду атрофи он ба гӯшаи зебои фароғатӣ табдил дода шудааст.

48712692027_88ef8751d4_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Муъминобод майдончаи варзиширо, ки мутобиқ ба талаботи муосир бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 28 — умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 1025 метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст бунёд гардидааст. Дар шафати майдончаи варзишӣ барои машқу тамрин ва обутоби бадан беҳтарин шароит низ фароҳам оварда шудааст.

Майдонча бо тарҳи зебову замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосири сохтмонӣ бунёд ва дар он наздик ба 15 адад чароғи хурду бузург насб карда шудааст. Барои зебогии гирду атрофи он дарахтони ороишиву сояафкан ва 2500 бех гули зебои мавсимӣ шинонидаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити иншоот Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонони ноҳияи Муъминобод дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияи Муъминободро даъват намуданд, ки аз шароиту имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагиии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод то соли 2021 боз даҳҳо иншооти муосири варзишӣ сохта, ба истифода дода хоҳад шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Муъминобод ҳамчунин, ба бунёди Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иттилоъ доданд, ки боғ дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд» ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар масоҳати умумии 6 гектар сохта мешавад.

Иншооти мазкур дар давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавию ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд хоҳад шуд. Дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ Парчами миллӣ бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 33 метр қомат меафрозад.

Дар дохили боғ бунёди Амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 адад фаввора, 4 майдонча барои бозии кӯдакон, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ду таваққуфгоҳ ва бунёди чанд иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин, дар дохил ва гирду атрофи боғ шинонидани 500 ниҳоли дарахти ороишиву сояафкан ва насби 100 адад таҷҳизоти равшанидиҳанда дар назар аст. Масоҳати 4 гектар замини назди боғ низ сабзапӯш карда мешавад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки  Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва Нишону Парчами давлатиро дар муҳлати муайяншуда, яъне, то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд намоянд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд», ҳамчунин, меҳмонхонаи «Муъминобод» — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Идихон Сафаров бунёд гардид. Дар он 12 ҳуҷра бо катҳои хоб, маҷлисгоҳ, тарабхона ва тӯйхона ҷойгир карда шудааст. Дар маҷмӯъ, «Муъминобод» метавонад дар як вақт то 20 нафарро қабул намояд. Ҳуҷраҳо бо ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.

Ба иттилои масъулин, дар давраи корҳои сохтмонӣ дар иншоот наздик ба 100 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин будаанд. Ҳоло бо мавриди истифода қарор гирифтани бинои меҳмонхона, 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.

Бунёди чунин меҳмонхонаи замонавӣ дар Муъминобод саривақтӣ аст, зеро ноҳия бо табиати зебову рангин ва мавзеъҳои таърихӣ метавонад диққати сайёҳони хориҷиро ҷалб кунад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити меҳмонхона шинос шуда, иқдомҳои сокинони ватандӯсти мамлакатро шоистаи дастгирӣ хонданд.

Дар ҳамон ҷо бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои 60 нафар кӯдаки ятиму бепарастор хони идона орос­та шуд. Ба кӯдакон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳо супорида шуданд.

Дар деҳаи Шаҳринави деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи ҳунармандонро аз назар гузаронданд.

Дар намоишгоҳ сокинони ноҳияи Муъминобод намунаҳои беҳтарини маҳсули дасти худро ба тамошо гузошта буданд.

Тавре маълум гардид, дар ноҳия ҳунарҳои чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, попурдӯзӣ, адрасбофӣ, шерозбофӣ, кӯрпадӯзӣ, муҳрабофию кокулсозӣ, тоқидӯзӣ, кешбофӣ, рафидадӯзӣ дар ҳоли рушд қарор доранд. Махсусан, баъд аз эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таваҷҷуҳи сокинони ноҳия ба ҳунару ҳунармандӣ бештар шудааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки то эълони «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», дар ноҳия 7 маркази ҳунар­омӯзӣ фаъолият мекард. Алҳол шумораи онҳо ба даҳто расид. Бояд гуфт, ки дар доираи татбиқи иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, то кунун дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо мактабу сех ва коргоҳи ҳунармандӣ ташкил шудааст.

Дар марказҳои ҳунаромӯзии ноҳия, дар маҷмӯъ, 85 намуди касб омӯзонида мешавад. Бонувони ҳунарманд талош доранд, ки ҳар чӣ бештар ҷавондухтаронро ба курсҳо фаро гиранд ва дар эҳё ва рушди ҳунарҳои аҷдодӣ саҳм гузоранд.

Зимни суҳбат бо модарони ҳунарманд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иброз доштанд, ки сарулибос инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва анъанаву ҳунарҳои миллӣ буда, қавму миллатҳоро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як сокини кишвар, бахусус, занони тоҷик аст, ки дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ нақшгузор бошанд ва барои пешгирӣ аз бегонапарастиву тақлидкорӣ миёни ҷавонон, ҳамчунин, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар саҳм бигиранд. Тибқи маълумот, дар 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 11 ҳазор сайёҳ ба Муъминобод ташриф овардааст.

Дар деҳаи Шаҳринави ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии сокинонро тамошо карданд.

Дар он маҳсулоти саноативу кишоварзии хоҷагии ҷангали ноҳия, деҳоти «Балхобӣ», ба номи Нуралишо Назаров, «Деҳибаланд», ба номи Шамсиддин Шоҳин, хоҷагии таҷрибавии Институти боғдорӣ ва сабзавоткории Академияи кишоварзӣ ва ғайра ба тамошо гузошта шуд.

Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Муъминобод сол аз сол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳанд. Инчунин, корхонаҳои саноатӣ мавҷуданд, ки 6 ададашон фаъолияти мавсимӣ доранд. Натиҷаҳои фаъолияти онҳо қонеъкунанда аст. Бо эълони ҳадафи 4-уми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар корҳо дар самти афзоиш додани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои истеҳсолӣ тақвият бахшида мешавад.

Намоишгоҳи деҳқонони ноҳияи Муъминободро маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили каду, тарбуз, харбуза, пиёзи сурху сафед, картошка, боимҷон, қаламфур, ҷуворимакка, ангур, себ, меваи хушк, гиёҳҳои шифобахш, навъҳои гуногуни асал, маҳсулоти консерва ва ғайра ташкил медоданд. Дар ноҳия 4 ҳазору 765 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад.

Дар ин ҷо, дар 8 моҳи охир дар майдони 14 ҳазору 978 гектар кишти ғалладона ва лӯбиёгиҳо, картошка, сабзавот, зироатҳои техникӣ, зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз намоишгоҳ бо кишоварзон ва масъулони соҳа суҳбат намуда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳринав корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикани «Муъминобод»- ро низ мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд шуда, аз сехи истеҳсолу коркарди меваю сабзавот ва анбору сардхона иборат мебошад ва дар майдони 1,2 гектар бунёд шудааст.

Дар сехи нӯшокиҳои ташнашикан нӯшоба, афшура ва мураббои меваҳои гуногун омода карда мешавад. Дар як басти корӣ дар ин сех 5 ҳазор қуттӣ нӯшокии ташнашикан омода мегардад. Дар сехи коркарди меваю сабзавот дар як бахши корӣ консервакунонӣ дар 2 ҳазор зарфи 2-литра анҷом дода мешавад.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхона 80 нафар, аз ҷумла, 30 нафар аз вилояти Суғд ва 50 нафари дигар аз ноҳияи Муъминобод, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Роҳбарияти корхона нақша доранд, ки дар оянда бо ба кор андохтани хатҳои нави истеҳсолӣ шумораи кормандонро то ба 200 нафар расонанд.

Барои коркарди меваю сабзавот дар корхонаи тозабунёд маҳсулоти кишоварзӣ аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия харидорӣ карда мешавад. Дар назди корхона дар майдони 6 гектар боғ ҳам бунёд карда шудааст.

Баъд аз шиносоӣ бо шароити кории корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ намуда, барои афзун кардани ҳаҷми истеҳсолот дар корхона ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

10 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Муъминобод мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо солгарди 28 — уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таб­рику таҳният гуфта, зикр карданд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мардуми меҳнатдӯсти ноҳия дар самти пешрафти соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва иҷтимоиёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумат барои рушди ноҳия беш аз 600 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст.

Тайи 15 соли охир дар Муъминобод татбиқи 23 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 320 миллион сомонӣ анҷом ёфтааст. Ҳоло 7 лоиҳаи дигар амалӣ шуда истодааст, ки маблағи дар доираи онҳо азхудшуда беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар доираи таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳия бунёди 182 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То ба ҳол аз ин шумора 32 ададаш пурра анҷом ёфтааст ва дар 41 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки барои татбиқи тадбирҳо ҳамкориро бо бахши хусусӣ ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ тақвият бахшида,  захираҳои дохилиро низ самаранок истифода баранд.

Баъди таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ Президенти мамлакат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дастур доданд, ки бо мақсади ба мушкилот дучор нагардидани сокинон ва соҳаҳои муҳими мамлакат, махсусан, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, ба масъалаи зимистонгузаронӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар охир, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро барои амалӣ кардани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва риояи талаботи қонунҳои миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳидоят карданд.

Дар ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз боғи хоҷагии деҳқонии «Аминҷон»-и деҳоти «Деҳибаланд» боздид намуда, бо фаъолияти деҳқонон ва кормандони ҶДММ «Махсуми Карим» шинос шуданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки хоҷагии мазкур соли 1998 таъсис ёфтааст ва 4,5 гектар замин дорад. Аз ин ҳисоб дар 3,25 гектар зироаткорӣ мекунанд. Дар 1,25 гектари боқимонда боғ бунёд намудаанд. Боғи хоҷагии деҳқонии «Аминҷон»- ро, ки соли 2010 таъсис ёфтааст, деҳқони асилу таҷрибадор Бегаҳмад Одинаев роҳбарӣ дорад.

Дар боғ навъҳои гуногуни себ, аз ҷумла, голден, крепсон, самаренко, старкрипсон, қосимсаркорӣ, нок ва гелосу зардолу парвариш карда мешавад. Боғдорон ба хотири самаровар гардонидани дарахтон, аз роҳу усулҳои муосир истифода бурда, сари вақт байни қаторҳоро нарм мекунанд ва дар як сол 2-3 маротиба ба дарахтон доруҳои минералӣ медиҳанд.

ҶДММ «Махсуми Карим», ки дар ҳамин боғ фаъолияташро ба роҳ мондааст, ба тайёр кардани меваҳои хушк машғул мебошад. Кормандони ҷамъият на танҳо меваҳоро аз ин боғ, балки аз 4 ноҳияи минтақаи Кӯлоб барои хушк кардан қабул мекунанд. Дар маҷмӯъ, дар боғи «Аминҷон»-и ноҳияи Муъминобод ва ҶДММ «Махсуми Карим» зиёда аз 120 нафар ба корҳои мавсимӣ бо маоши хуб ҷалб шудаанд.

Меваи хушк аз ноҳия асосан ба бозорҳои вилояти Суғд бароварда мешавад. Ба иттилои масъулон, ҳар сол дар Муъминобод зиёда аз 100 тонна меваи хушк барои содирот омода мегардад.

Бояд гуфт, ки рушди боғу токпарварӣ ва афзун намудани истеҳсоли мева аз самтҳои муҳими пешрафти соҳаи кишоварзӣ мебошад. Бо мақсади таъмини инкишофу пешрафти минбаъдаи соҳа, Ҳукумати ҷумҳурӣ «Барномаи рушди соҳаи боғу токпарвариро барои солҳои 2016-2020» қабул намуд, ки тибқи он дар мамлакат бунёди 20 ҳазор гектар боғу токзор пешбинӣ шудааст.

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти боғи «Аминҷон» ва ҶДММ «Махсуми Карим», Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба боғпарварону хоҷагидорон маслиҳат доданд, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам, талаботи агротехникиро сари вақт ва мутобиқ ба меъёрҳо ва бо машварату тавсияи олимон анҷом дода, барои афзун намудани меваи хушки содиротӣ талоши бештар варзанд, зеро риояи талабот асоси муваффақияти кишоварзон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ бо обанбори Муъминобод шинос шуданд.

Он, ки барои обёрии заминҳои кишоварзии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод ва Восеъ нигаронида шудааст, ҷойи мусоиду мувофиқ барои рушди шиноварӣ ва қаиқронӣ мебошад.

Дар фасли гармо обанбор барои оббозӣ ва атрофи он барои сайру тамошои мардум хеле созгор аст. Инчунин, дастаи қаиқронҳои ноҳия ва шаҳри Душанбе бо истифода аз шароити мусоид ба тамрин машғул мешаванд.

Қобили зикр аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар ҷумҳурӣ ба рушди соҳаи варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонону наврасон бо истифода аз шароити муосир ба варзиш машғул шаванд.

Баъди тамошои обанбор Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди обанбор, дар як мавзеи хушбоду ҳаво меҳмонхонаи навро ба истифода доданд. Он, ки аз тарафи соҳибкорони ватандӯсти ноҳия ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шудааст, туҳфаи арзишманди ҷашнӣ мебошад ва аз ду ошёна, толори маҷлис, ҳуҷраи гуфтушунид, ҳуҷраҳои хоб бо тамоми шароит, ошхона, толори зиёфати расмӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Барои ба талабот ҷавобгӯ намудани иншоот, даруну берун ва ҳуҷраву долони меҳмонхона аз усули маъмули миллии меъмории ороиш бо гачу оинабандӣ истифода гардидааст.

 Ноҳияи Восеъ

 48713975558_9cd8e4587b_oНимаи дуюми 10-уми сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеъ ташриф оварданд.

Дар деҳаи Меҳрободи деҳоти «Гулистон» сокинони ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо хушнудӣ ва самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик — Кангурт расман оғоз бахшиданд.

Масофаи умумии ин қитъаи роҳ 60 километр ва паҳноии он аз 7 то 12 метрро ташкил медиҳад.

Мутобиқ ба лоиҳа, дар ин масир корҳои тахту ҳамворкунӣ, гузоштани 25 қубури обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди пойдеворҳои муҳофизатӣ, 8 пули мошингузар, кашидани хатҳои уфуқӣ, аломати роҳ ва сохтмони дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ гардидааст.

Роҳ бо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё таҷдид мегардад.

Лоиҳаи таҷдиду навсозии роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидошта бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмин намудани ҳаракати бемамониати воситаҳои нақлиёт ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба аҳолӣ амалӣ мегардад.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди қитъаи Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳо ба масъулон дастуру маслиҳатҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди оғози лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Восеъ-Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт» бо фаъолону сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки дар мамлакат даҳҳо иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ гардида истодааст, ки натиҷаи талошҳои Ҳукумати кишвар, сохтору мақомоти марказӣ, маҳаллии давлатӣ, заҳмати соҳибкорону шахсони саховатпеша, сокинони кишвар ба хотири ободониву бунёдкории Ватани маҳбубамон ва дастовези арзанда ба ҷашни истиқлоли Тоҷикистон мебошанд.

Барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, то ба ҳол дар мамлакат беш аз 2800 километр роҳҳои мошингард, 5 нақби нақлиётӣ ва 405 пули мошингузар бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ гардиданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон айни ҳол 6 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ барои таҷдиду азнавсозии 316 километр роҳ ва 25 пул мавриди татбиқ қарор дорад.

Барои таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ — Ҳулбук — Темурмалик — деҳоти «Кангурт», ки оғоз гардид, зиёда аз 200 миллион сомонӣ равона мешавад.

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки барои аҳолии ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик ҷиҳати рафтуомад ба дигар манотиқи кишвар, баромадан ба роҳҳои байналмилалӣ, интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои дигар шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб ва Бохтар бо хароҷоти камтарини ҳамлу нақл имконияти мусоид фароҳам оварда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияҳоеро, ки роҳи мазкур аз ҳудуди онҳо мегузарад, вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо сармоягузорон ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати бунёди иншооти инфрасохтории зарурӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сайёҳӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Бо мақсади омодагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Восеъ сохтмону азнавсозии зиёда аз 230 иншоот ва дар ноҳияи Темурмалик 270 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки сари вақт амалӣ гардидани чорабиниҳои зикршуда ба татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад кард.

Дар охир, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор дош­танд, ки бо татбиқи лоиҳаҳои зикршуда, аз ҷумла бунёди роҳи Восеъ — Ҳулбук — Темурмалик — деҳоти «Кангурт», инчунин, иҷрои нақшаи корҳои ободонӣ дар ду — се соли наздик ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалик хеле ободу зебо шуда, шароити зиндагии сокинони он бамаротиб беҳтар мегардад.

Сипас, аз номи сокинони ноҳияи Восеъ собиқадори меҳнат Одинамаҳмад Исоев ва донишҷӯ Мафтуна Сиярзода барои ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат бо изҳори сипосу миннатдорӣ  баромад карданд.

 шаҳри кӯлоб

48714618231_ef13c7c2fa_o10-уми  сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои созандагию ободонӣ, ифтитоҳи як қатор иншоот ва иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинон бо самимияти беандоза ва рӯҳияи баланди идона истиқбол гирифтанд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии  кишвар  шаҳри Кӯлоб бо бунёди даҳҳо иншооти хизматрасонию маъмурӣ ва иҷтимоӣ ободу зебо ва бо амалӣ кардани тадбирҳои муҳим, татбиқи ҳадафҳои созанда сатҳи зиндагии  мардум баланд гардидааст.

48714316063_95ede91641_o Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» шинос шуданд.

Дар назди Кооперативи тиҷоратии Сайид Алии Ҳамадонӣ дар майдони 70 гектар бунёди гармхонаҳо барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар ҳар як гектари он 10 гармхона бунёд гардидааст.

Ин қитъаи замин қаблан санглох буд ва обёрии он бо мушкилӣ сурат мегирифт. Ҳоло бо кандани чоҳҳои амудӣ обёрии гармхонаҳо бо усули қатрагӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароит ва технологияи парвариши помидору бодиринг, қаланфур ва навъҳои гуногуни гулу буттаҳо шинос шуда, ба хоҷагидорон ҷиҳати рушди ин бахши сердаромад маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҳоло дар гармхонаҳо бодиринг ҳосили фаровон ба бор овардааст. Айни замон ин маҳсулоти хоҷагидорон ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба фурӯш бароварда шудааст.

Ба андешаи мутахассисони соҳа, парвариши сабзавоти барвақтӣ дар шароити гармхона нисбат ба замини кушод манфиатовар ва аз он гирифтани ҳосил то 1200 сетнер имконпазир аст.

Ташкили гармхонаҳо бо технологияи нави парвариш имкон фароҳам меорад, ки бозорҳои шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Муъминобод, Ховалинг, Шамсиддини Шоҳину Восеъ ва Мир Сайид Алии Ҳамадонию Фархор дар чаҳор фасли сол бо сабзавоти тару тоза таъмин карда шаванд.

Ҳоло дар гармхонаҳо 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар оянда, бо бунёди гармхонаҳои иловагӣ шумораи коргарон то ба 500 нафар хоҳад расид.

Дар ин маҷмааи кишоварзӣ — саноатӣ хоҷагидорон азм доранд, ки дар майдони 10 гектар гармхонаи лимӯпарварӣ, 15 гектар токзор, 10 гектар боғи интенсивӣ, дар масоҳати 2 гектар ҳавзи моҳипарварӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот (барои дар як сол истеҳсоли то 2,5 миллион банкаи шартӣ), ташкили гӯшаи деҳқон дар 0,50 гектар замини ғайрикишоварзӣ, ду сардхона ҷиҳати нигоҳдории то 10 ҳазор тонна меваю сабзавот ва коллеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил намоянд.

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Маҷмааи кишоварзӣ — саноатии «Кӯлоб» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои меҳнатии кишоварзонро аз назар гузаронданд. Онро пирамидаҳои бо тарбузу харбуза омодакардаи хоҷагидорон шукӯҳи алоҳида мебахшид.

Маврид ба таъкид аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб соли ҷорӣ 145 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бамаротиб зиёд мебошад. Имсол дар майдони 10 ҳазору 409 гектар кишти зироати кишоварзӣ гузаронида, дар 37, 5 гектар боғи нав бунёд карда шудааст.

Истеҳсоли сабзавот 24,6 ҳазор тонна, полезӣ — 475 ва мева 797 тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба соли гузашта бештар мебошад. Кишоварзон бо пешниҳоди навъҳои беҳтарини мева, картошка, каду, тарбуз, харбуза, пиёз, шалғаму сабзӣ, бодирингу помидор, зироати ғалладонагӣ, гиёҳҳои шифобахш ва маҳсулоти занбӯри асал собит намуданд, ки дар истифодаи босамари замин таҷрибаи зиёд андӯхтаанд ва дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат — таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъолу назаррас доранд.

Дар намоишгоҳ кадбонуҳо анвои гуногуни маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла нонӣ ва таомҳои миллиро омода ва пешниҳод намуданд. Техникаву мошинолоти муосири кишоварзӣ, ки пешрафти кори аҳли заҳмат аз он вобастагӣ дорад, низ ба тамошо гузошта шуда буданд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо ҷиҳати истифодаи мақсадноки замин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоӣ дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи шоир ва мутафаккир Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.

Пешвои миллат бо қироати оятҳо аз «Қуръон»-и маҷид барои суботу оромии Ватан ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи он дуою фотиҳа карданд.

Бояд ёдовар шуд, ки оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро ҳар сол бисёр сайёҳони дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.

Тибқи маълумоти масъулин, танҳо соли гузашта онро зиёда аз 20 ҳазор нафар зиёрат кардааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити мавҷуда ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Кӯлоб гулгашти ба номи Сафар Амиршоевро, ки бо тарҳи муосир ва дизайни баланди меъморӣ бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор доданд.

Ин макони истироҳатӣ, ки дар доираи таҷлили сазовори ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, дар масоҳати умумии 3 гектар доман густурдааст.

Корҳои сохтмонии он аз ҷониби Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Мега техник иншоот» бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

Дарозии гулгашт 750 ва паҳноиаш 45 метр мебошад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ дар он зиёда 250 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дар гулгашт барои сокинону меҳмонон қаҳвахона сохта шудааст, ки дар як вақт имкон дорад то 80 нафарро қабул намояд. Барои обёрии дарахтону гулу буттаҳо, ҳамчунин, як чоҳи амудӣ бо иқтидори 250 мукааб кофта шудааст.

Роҳрав ва гузаргоҳҳои макони истироҳатӣ сафолакпӯш, дар дохил ва атрофи он 172 чароғаки муосири 6-метра ва барои гирду атрофи он 60 адад чароғак насб гардидааст.

Инчунин, 10 адад суҳбаткада ва дар онҳо 84 нишастгоҳи замонавӣ насб кардаанд, ки хусусан, шабонгоҳ барои гаштугузори сокинон мусоид аст.

Ҳамчунин, ба хотири зебою дилкаш гардидан беш аз 600 бех дарахти ороишию сояафкан ва беш аз 650 ҳазор бех гули мавсимию доимӣ шинонида, қитъаҳои алоҳидаи он сабзазор карда шудааст.

Ду фаввораи дигар ба гулгашт ҳусни нав зам кардаанд.

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳин Боғи фарҳангӣ — фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмону барқарорсозии боғ дар чор моҳ бо ҷалби бинокорони маҳаллӣ, бо сифати баланд ба анҷом расидааст. Дар он, ки дар масоҳати беш аз 3 гектар бунёд гардидааст, майдончаи мошинронии кӯдакон, 4 адад атраксиони замонавӣ, 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон, 2 фаввора, амфитеатри хурд бо 136 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи «Ҷавонон» барои қабули 20 нафар мизоҷ дар як вақт, майдончаи варзишӣ бо дарозии 40 ва паҳноии 20 метр сохта, атрофи муҷассамаи модару кӯдак ва гаҳвора бо гулҳои мавсимӣ орову зебо гардонида шудааст.

Масоҳати 1,2 гектари боғ пурра сабзкорӣ ва дар атроф ва дохили сабзазор беш аз 150 ҳазор гули мавсимию ороишӣ, 300 бех арча шинонида шудааст, ки ба ҳусни боғ шукӯҳи дигар зам менамоянд. Роҳраву атрофи сабзазор ва иншооти дохилии боғро 170 адад чароғпоя бо чароғҳои ранга, атрофи муҷассамаи модар ва танаи дарахтони азимро симтӯрҳои чароғон равшан гардонидаанд. Тамоми роҳрав ва мавзеъҳои истироҳатию фароғатии дохили боғ сафолакпӯш, дар канори роҳравҳо ҷойҳои нишаст ва қуттиҳои партов насб шудаанд. Атрофи боғ дар масоҳати 30 420 мет­ри мураббаъ бо панҷараҳои оҳанин маҳкам, роҳравҳои ду канори боғ аз қисмати берун низ сафолакпӯш гардидааст.

Боғ дорои 4 дарвоза мебошад. Ду канори дарвозаи асосӣ барои таваққуфгоҳи нақлиёти шаҳрвандон муқаррар гардидааст. Дар қисмати поёнии он ташноби зеризаминӣ, ҳавзи захираи об бо ғунҷоиши 75 м кубӣ ва трансформатори алоҳида бо таъмини неруи барқи 400 кв мавҷуд аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёду азнавсозии боғи фарҳангӣ — фароғатиро дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», инчунин, истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи ибрат номиданд.

Қобили зикр аст, ки баҳри ҷалби таваҷҷуҳи шаҳрвандон, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва дилхушии кӯдакон болои марғзорону сабзаҳои боғ композитсияҳои бадеӣ – китоби кушода, ҳайкалҳои палангу шутур, гавазну оҳу, санҷобакҳо, кабкҳову товуси хиромон насб карда шудаанд. Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани боғ аз ҷониби Пешвои миллат бо мақсади нигоҳубини гулу буттаҳо ва хизматрасониҳои гуногун 16 воҳиди корӣ ҷудо гардид.

Дар он ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, адибон ва дигар намояндагони аҳли зиё суҳбати самимӣ баргузор намуда, 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳри Кӯлоб ба онҳо муборакбод гуфта, омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълим, тарбияи донишҷӯён дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва аҳли зиёро ба васфи зебоиҳои сарзамин, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳидоят карданд.

Президенти мамлакат, ҳамчунин, таваҷҷуҳи аҳли зиёро ба татбиқи қонунҳои амалкунанда, амалӣ намудани нақшаву ниятҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои нек ҷалб карданд.

Иштирокдорон ба Пешвои миллат барои дастгирӣ ва таъмини зиндагии шоиста изҳори сипос намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб Боғи фарҳангию фароғатии «Хуталон»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои азнавсозию барқароркунии боғ бо сифати баланд ва тарҳи зебою муосир аз ҷониби КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба анҷом расидааст.

Дар ҳудуди «Хуталон», ки дар масоҳати беш аз 5 гектар бунёд ёфтааст, 200 бех дарахти сарв, 240 можевелник, 240 дарахти ороишии шамшод, 90 бех сирена шинонида шуда, 24 фаввораи гуногунранги ороишӣ низ насб гардидааст.

Дар назди дарвозаи асосии боғ ду таваққуфгоҳи нақлиёт мавҷуд аст. 13 ҳазор метри мураббаи ҳудуди боғ асфалтпӯш ва 13 метри дигари он сафолакпӯш карда шудааст.Инчунин, 100 ҳазор гули ороишии гуногуни мавсимӣ ва бисёрсола шинонида, 400 адад чароғаки равшанидиҳанда насб кардаанд.

Барои солимӣ ва дилхушии кӯдакон ду майдончаи варзишӣ ва як бинои қаҳвахона низ бунёд гардидааст. Саҳни марғзорони боғро ҳайкалҳои палангу шутур, оҳу ва кабкҳо зеб медиҳанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба корҳои азнавсозӣ баҳои баланд ва ба масъулин дастуру супоришҳои зарурӣ доданд.

Шоми 10-уми сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадониро тамошо карданд. Дар даромадгоҳи он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷавонони саодатманди тоҷик бо самимияти хоса ва садоқати бепоён истиқбол гирифтанд.

Маврид ба ёдоварист, ки Боғи марказии фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баъд аз навсозӣ симои комилан дигар гирифта, ба маркази бузурги истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Кӯлоб табдил ёфтааст. Масоҳати он 9 гектарро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди боғ ду майдончаи варзишии замонавӣ, ки барои бозиҳои футбол, волейбол, бас­кетбол ва теннис пешбинӣ гардидаанд, сохта шудааст. Ҳамчунин, майдончаи бозӣ барои кӯдакон ва наврасон, майдончаи тенниси рӯи миз, маркази ҷавонон, қаҳвахона, амфитеатр, бинои шоҳмотбозӣ ва 8 нуқтаи хурди фурӯши армуғон ҷой гирифтаанд. Лоиҳакашии боғро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вертикал» ва навсозии онро Корхонаи воҳиди давлатии «Алюминийи Тоҷик» бар уҳда дошт.

Беш аз 4 гектар замини боғ саб­зазор гардонда, 240 бех дарахти нодири ороишии ҳамешасабз, ки аз хориҷи мамлакат оварда шудаанд ва садҳо намуд гулу буттаҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Дар боғ 100 адад чароғ бо сутунпояи 6 — метра, 82 адад 10 — метра ва 2 адад 15 — метра насб гардида, ду даромадгоҳ дорад, ки бо санъати меъмории миллӣ оро ёфтаанд. Роҳравҳои он дар масоҳати 12 ҳазор метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудаанд.

Дар он ҷо барои истироҳату фароғати кӯдакону наврасон 15 намуди атраксион насб гардида, 18 фаввораи хурду бузург зебу зинат мебахшанд.

11 сенятбри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Саман» — ро, ки дар деҳоти «Кӯлоб» бо саҳми соҳибкор Масидиқ Одинаев сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар он, ки барои парвариши 200 ҳазор сар паранда пешбинӣ шудааст, марҳилаи аввал парвариши 50 ҳазор сар парандаро ба роҳ мондаанд ва бо технологияи муосир муҷҷаҳаз мебошад.

Масоҳати умумии фабрика 5,05 гектарро ташкил медиҳад ва дорои се мурғхона ва анбори нигоҳдории тухм аст. Дар сурати пурра фаъолият намудан иқтидори истеҳсолиаш зиёда аз 150 ҳазор дона тухм дар як рӯзро ташкил хоҳад дод. Сарвари давлат ба технологияи муосири он баҳои баланд доданд, ки аз Туркия ба маблағи 5 миллион сомонӣ харидорӣ шуда, ба таври автоматӣ идора мешавад.

Корхона дорои як қатор иншооти ёрирасон низ мебошад, ки аз рӯи лоиҳа бунёди инфрасохтори он 12,9 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар сохтмони фабрика зиёда аз 30 нафар мутахассис ва коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои он, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ҷойгир аст, аз ду ошёна, 6 ҳуҷраи корӣ, қабулгоҳ, толори маҷлис, толори хурд, меҳмонхона ва ғайра иборат мебошад. Сохтмони иншоот дар доираи ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон амалӣ гардидааст. Утоқҳои кории он бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд.

Зимни шиносоӣ Сардори давлат ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд ва ба масъулон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти Ҳукумати мамлакат изҳори сипос карданд.

Сипас, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормондони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кӯлобу Леваканд ва ноҳияи Фархор се автомашинаи хизматӣ туҳфа карда шуд.

Дар кӯчаи ба номи Сангак Сафарови шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат бинои 13 — ошёнаи истиқоматиро, ки бо маблағгузории ҶДММ «Комил — 2010» бунёд гардидааст, ба истифода супурданд, ки дорои таҳхона, таваққуфгоҳ, маркази тиҷоратию фароғатӣ, тарабхона ва хонаҳои истиқоматӣ мебошад.

Дар як қисмати он бо дарназардошти «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои сайёҳон хонаҳои алоҳида бо тамоми шароит ҷудо карда мешавад.

Дар сохтмони бино зиёда аз 250 нафар мутахассис ва коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда буданд. Корҳои сохтмониро ҶДММ «Комил-2010» ба зимма дошт.

Баъди ифтитоҳи бинои истиқоматӣ дастурхони идона ороста шуд ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 190 нафар кӯдаки ятим туҳфаҳои идона тақдим карданд.

Ҳамчунин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи  ба номи Сангак Сафаров бо саҳми фаъолонаи соҳибкор Алишер Акрамов бинои баландошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки ҳаштошёна буда, дорои таҳхона ва таваққуфгоҳ мебошад. Дар ошёнаи якум маркази савдою хизматрасонӣ, тарабхона ҷойгир шудаанд. Ошёнаҳои боқимондаро хонаҳои истиқоматӣ дар бар мегирад. Иншоот бо харҷи 20 миллион сомонӣ бунёд гардида, дар рафти сохтмони он 80 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шудаанд. Корҳои сохтмониро ҶДММ «АР — СОХТМОН» бо сифати баланд анҷом додааст.

Ҳамчунин, дар он ҷо хатнасури 60 нафар кӯдаки нимятим ва оилаҳои камбизоат гузаронида, ба онҳо аз ҷониби Пешвои миллат туҳфаҳо тақдим карда шуд.

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Шамсиддин Шоҳин Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» — ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои он сеошёна буда, дорои ошхона барои 100 ҷойи нишаст, маркази дилхушии кӯдакона, толори либосҳои миллии арӯсӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, маҳси бадан ва толори варзишии занона мебошад.

Дар саҳни бинои марказ ҳуҷраи махсуси ултрасадо барои модарон бо тамоми шароит мавҷуд аст. Инчунин, дар саҳни бино барои кӯдакону наврасон сехи хурди истеҳсоли яхмос фаъол гардонда шудааст.

Бинои марказ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба талаботи замон бунёд гардида, макони истироҳатии хуб барои модару кӯдак мебошад.

Таҷҳизоти дар марказ истифодашаванда аз ширкатҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар дастрас гардидааст. Дохил ва беруни бино бо тарҳи миллӣ ва аврупоӣ ороиш ёфтааст.

Бунёд гардидани чунин марказҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ба таъмини солимии модару кӯдак мусоид мекунад.

Дар марказ 40 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» — ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосири тиббии ултрасадои дил, велергометрия, сабти барқии дил, дефибрилятор, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, набзченкунӣ, фишорсанҷӣ ва кардиомонитор муҷҷаҳаз аст.

Дармонгоҳи нав дорои шуъбаҳои машваратию ташхисӣ, ташхиси ултрасадо эҳё ва наҷот, бемориҳои ишемявии дил, фишорбаландии шараёнӣ ва гӯшаи гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, бо масъулини соҳаи тиб суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд ва ба муассиса мошини ёрии таъҷилӣ тақдим карданд.

Дар кӯчаи Сайфиддин Сангови шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди азнавсозӣ Коллеҷи ҷумҳуриявии санъати ба номи Кароматулло Қурбоновро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои он дуошёна буда, аз таҳхона, толори рақс, навозиш, синфхонаи компютерӣ, утоқҳои кории устодон ва синфхонаҳо барои донишҷӯён иборат аст.

Дар рафти сохтмони иншоот 30 нафар сокини маҳаллӣ бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Бино дорои 15 синфхона аст, ки бо айёнияти дарсӣ ва асбобҳои мусиқӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Аснои шиносоӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, донишҷӯёнро барои аз худ кардани нозукиҳои навозандагиву сарояндагӣ ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45-ро, ки дар маҳаллаи Борбад ҷойгир аст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар он ҷо аз ҷониби устодони ҷавони муассисаи таълимӣ суруди умумӣ дар васфи Ватан бо санъати воло иҷро карда шуд.

Муассисаи таълимӣ дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи замон бунёд ёфтааст.

Бинои он аз 3 ошёна иборат буда, дорои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бо дарназардошти синфхонаҳои фаннӣ, аз ҷумла, кабинетҳои физика, химия, биология, нуҷум, компютерӣ, таълими меҳнат, синфхонаҳои шоҳмот, ҳуҷраҳои инкишофи кӯдак, тиббӣ, толори варзиш бо 60 ҷой, маҷлисгоҳ бо 220 ҷойи нишаст, ошхона бо 48 ҷой ва китобхона мебошад.

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар таълимгоҳ ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд ва ба муассисаи таълимӣ асбобҳои мусиқӣ тақдим карданд.

Ҳамчунин, муассиса дорои майдончаи ҳарбӣ барои гузаронидани омодагии ибтидоии ҳарбӣ, буғхона барои дар фасли зимистон тавассути он синфхонаҳоро бо ангишт гарм кардан мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хонандагони даргоҳи илму маърифат суҳбати озоду самимӣ намуда, онҳоро ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.

Устодон барои ғамхориҳои беназирашон ба Сарвари маорифпарвари мамлакат изҳори миннатдорӣ намуда, иброз доштанд, ки бо фароҳам гардидани шароити муосир дар таълиму тарбияи хонандагон саҳми бештар хоҳанд гузошт. Онҳо ифтитоҳи муассисаи наву замонавиро туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Борбади шаҳри Кӯлоб Маркази минтақавии перинаталиро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар мамлакат нахустин буда, дар минтақа назир надорад ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Барномаи «Ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва ёрии таъҷилӣ» бунёд гардидааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки марказ ҳамчун муассисаи таваллудии зинаи 3-юм ба шумор рафта, ба меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, ба талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, ҷавобгӯ мебошад. Иншооти мазкур, ки дар назди Беморхонаи вилоятӣ бунёд ёфтааст, аз 3 ошёна иборат ва дорои шуъбаҳои қабул, машваратию ташхисӣ, аворизҳои ҳомиладорӣ, бемориҳои занона, таваллуд, табобати интенсивӣ ва эҳёгарии навзодон, бемориҳои навзодон, ҷарроҳии навзодон, бахши озмоишӣ ва азхудкунии малакаҳои касбӣ буда, ба аҳолии 11 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон хизмати тиббӣ мерасонад.

Инчунин, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ — рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои ташхиси ултрасадо, таҷҳизот ва асбобҳои ҷарроҳӣ, дастгоҳҳои беҳушкунию нафасдиҳӣ ва ғайра муҷаҳҳаз гардида, дорои 106 кати хоб ва 225 утоқи кориву ҳуҷраҳои беморон аст. Дар он иншооти ёрирасон, аз ҷумла, ошхона, системаи берунии барқ, шабакаи обрасонӣ низ бунёд гардидааст.

Барои таъмини бехатарӣ дар дохил ва беруни иншоот 40 камераи назоратӣ насб шудааст.  Ҳамчунин, ба кормандони муассиса аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон автомашинаи ёрии таъҷилӣ туҳфа карда шуд.

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони роҳи мошингарди «Кӯлоб — Қалъаи Хумб» дар қитъаи «А», ки шаҳри Кӯлобро бо ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мепайвандад, оғози расмӣ бахшиданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дарозии қитъаи роҳи автомобилгарди «Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин» 32,7 километр буда, он тибқи талаботи замони муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ сохта мешавад.

Дар асоси лоиҳаи таҷдиди қитъаи роҳи мошингард сохтмони 3 пул дар мавзеъҳои кӯҳӣ дар назар аст.

Тибқи лоиҳа, дар роҳ инфрасохтори зарурӣ — қубурҳои обгузар, ҷӯйборҳои бетонӣ, такядеворҳо, воситаҳои иҳотакунанда, хатҳои уфуқӣ, аломатҳои роҳ ва ғайра бунёд карда мешаванд.

Зимни муаррифии лоиҳа Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ба роҳсозон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дастур дода шуд, ки зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ 90 фоизи коргарон аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шаванд.

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ оғоз бахшиданд.

Нахуст дар маҳали сохтмони роҳҳои мошингард Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи азнавсозӣ шинос шуданд.

Бояд гуфт, ки роҳҳои дохилишаҳрии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон аз ҳисоби маб­лағҳои грантии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин аз тарафи Ширкати роҳсозии чинии «Чайна Роуд» амалӣ карда мешавад.

Дар навбати аввал, барқарорсозии 11,5 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб, 1 пули 39 — метра дар роҳи Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб ва равшаннамоии 16 километр ба нақша гирифта шуд. Бо дарназардошти саҳми арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи рушду густариши муносибатҳои шарикии стратегӣ, дӯстӣ ва ҳамҷавории Тоҷикистону Чин, ҳукумати кишвари ҳамсоя иловатан барқарорсозии боз 10 километр роҳро ҳамчун туҳфа ба сокинони шаҳри Кӯлоб ба уҳда гирифт.

Ҳамин тавр, бо маблағҳои кумаки бебозгашти Чин 21 километр роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб пурра ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳо таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои иқдом ба роҳсозон изҳори сипос карда, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҷалби сокинони маҳаллӣ дар амалисозии лоиҳаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои дохилишаҳрии шаҳри Кӯлоб ҳидоят карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб қисми аввали бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43-ро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ бахшиданд.

Бинои мактаб аз 3 ошёна иборат буда, барои 1250 нафар дар ду баст пешбинӣ шудааст. Он бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфрасохтори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад.

Мактаб аз 3 ошёна ва 28 синф­хонаи фаннӣ иборат буда, дар он шароити беҳтарини донишомӯзӣ муҳайё карда шудааст.

Тибқи маълумоти шахсони масъул, дар марҳилаи ояндаи лоиҳа ошхона, толорҳои маҷлис ва варзиш сохта мешавад.

Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №43 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорон суҳбати самимию созанда доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгоронро ба беҳтар намудани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халқ ва муқаддасти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон ҳидоят карданд.

Дар шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маркази истироҳативу фароғатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он, туҳфаи арзандаи соҳибкорони ватанӣ ба сокинону меҳмонони шаҳри Кӯлоб дар «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» буда,  дорои меҳмонхона бо 20 кати хоб, тарабхона, чойхонаи миллӣ, фаввора ва ҳавзи шиноварӣ мебошад. Баъди ифтитоҳи иншоот 20 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд.

Дар марказ имкони қабули меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ фароҳам аст. Барои ба стандартҳои ҷаҳонии хизматрасонӣ мутобиқ кардани маҷмаа саҳни ҳавлӣ, бино ва ҳуҷраҳои он бо нақшу нигори миллӣ ва дигар ороишоти хос сох­та шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои обод кардани диёр ба соҳибкорон изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи тадбирҳои созанда ҳидоят намуданд.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи сазовори ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз ҷониби соҳибкорони бонангу номус сохтмони даҳҳо иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки чанде аз онҳо дар доираи сафари кории Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Шоми 11 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии идона ба ифтихори солгарди 28 — уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони бонангу номус, далеру қавиирода ва сарбаланду боҳиммати шаҳри бостонии Кӯлобро ба муносибати ҷашни истиқлол ва ба кор андохтани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат оид ба дастовардҳои арзандаи даврони соҳибистиқлолӣ, хоҳишу талошҳои мардум баҳри таъмини сулҳу субот дар кишвар андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ, ҳимояи давлати навини тоҷикон ва наҷот бахшидани миллат аз парокандагӣ саҳми сокинони сарбаланди шаҳри Кӯлоб бисёр арзишманд мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз таърихи бою қадимаи шаҳри бостонӣ ва мардуми ҳунарманду орифи шаҳри Кӯлоб ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки сокинони шарафманди он бо ифтихор аз таърихи гузашта ва бо эҳсоси гарми ватандорӣ сиёсати созандаи Давлат ва Ҳукумати мамлакатро ҷонибдорӣ намуда, дар замони соҳибистиқлолӣ барои рушду тараққиёти шаҳр хеле корҳои шоиста ва назаррасро ба анҷом расонидаанд.

Таъкид шуд, ки айни ҳол бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, коммуналӣ ва кишоварзӣ идома дорад, ки аз ин ҳисоб ба маблағи қариб 120 миллион сомонӣ корҳо иҷро шудаанд.

Тибқи нақшаи корҳои ободонӣ, ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва таъмиру азнавсозии қариб ҳазор иншоот пешбинӣ гардидааст.

Президенти мамлакат бо итминон изҳор доштанд, ки бо татбиқи тадбирҳои созанда, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мушкилоти соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бартараф ва барои сокинон тамоми шароити зарурии кору зиндагӣ муҳайё карда мешавад.

Баъд аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори солгарди 28 — уми Истиқлолияти давлатӣ барномаи рангини консертӣ бо иштироки устодони санъат ва санъаткорони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, ки хеле хотирмон буд.

12 сентябри соли 2019 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб бо самимияти хоса ва садоқати бепоён гусел карданд.

www.president.tj