Сафари Пешвои миллат ба вилояти Хатлон

№97 (4047) 09.08.2019

Ноҳияи Ховалинг

48477939711_076c6ee4f2_o7-уми августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон сафари корӣ намуданд.

Сокинони сарбаланди ноҳия Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият ва рӯҳияи болида истиқбол гирифтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4-ро дар деҳаи Лоҳутии деҳоти «Лоҳутӣ»-и ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар доираи иқдомҳои созанда ва пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни умумимиллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.

Аснои шиносоии Роҳбари давлат бо шароити даргоҳи илму маърифат иттилоъ дода шуд, ки муассиса аз 13 синфхона иборат буда, барои 920 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо хонандагон иброз доштанд, ки роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ барои насли ояндасози миллат тадбирҳои муассир андешиданд ва дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд. Насли наврасро зарур аст, ки аз имкониятҳои фароҳамоварда самаранок истифода бурда, ­илмҳои муосирро аз худ намоянд ва барои пешрафти мамлакат саҳми арзишманд гузоранд.

Бинои нави таълимӣ аз ду ошёна иборат аст ва дар баробари синфхонаҳои компютерӣ, химия, биология, физика, ҳамчунин, дорои толори барҳавои варзишӣ бо муосиртарин лавозимоти машқу тамрин ва обутоби бадан барои хонандагон, толор бо 200 ҷойи нишаст барои баргузории чорабиниҳои гуногуни мактабӣ ва ошхона бо 60 ҷойи нишаст мебошад.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки моҳи сентябри соли 2018 оғоз ёфт, беш аз 90 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Мактаби пешинаи деҳаи Лоҳутӣ солҳои 70-уми асри гузашта бунёд ва барои 240 хонанда пешбинӣ гардида буд, вале дар он 426 нафар таҳсил менамуданд.

Аз ин хотир, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва саҳми шахсони ватандӯст дар давраи кӯтоҳ муассисаи наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуд ва мушкилоти норасоии ҷойи нишаст ба пуррагӣ рафъ гардид.

Устодону хонандагон ифтитоҳи бинои наву замонавиро туҳфаи арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои истиқбол аз ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон маънидод карданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар деҳаи Лоҳутии деҳоти «Лоҳутӣ» маркази хизматрасониро, ки дар масоҳати 150 ­метри мураб­баъ қомат афрохтааст, ифтитоҳ бахшиданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои маркази хизматрасонӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Он аз ду ошёна иборат буда, дар дохилаш барои дӯхти сарулибос, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар намуди хизматрасонӣ ба сокинон шароит фароҳам оварда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бино толори намоиш, фурӯши сарулибос, сартарошхона, ошхона, дар ошёнаи дуюм коргоҳи дӯзандагӣ ҷойгир шудаанд. Дар коргоҳи дӯзандагӣ наздик ба 30 мошинаи дарздӯзӣ ва дигар дастгоҳҳои зарурӣ барои дӯхти сарулибос насб гардидааст. Инчунин беш аз 30 нафар бонуи маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Қобили зикр аст, ки то мавриди истифода қарор гирифтани марказ 10 нафар аз ҷумлаи занону духтарони деҳаи Лоҳутӣ дар пойтахти мамлакат ба курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ ҷалб гардида, нозукиҳои касб омӯхтанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити маркази хизматрасонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ хонданд ва занони соҳибкасбро даъват намуданд, ки дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби духтарон ба касбомӯзӣ саҳми хешро гузоранд.

DCIM100MEDIADJI_0003.JPG Дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Беморхонаи минтақавии №2 оғоз бахшиданд.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкур, ки аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст, ба маблағи 1,2 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст.

Дар рафти сохтмони бино беш аз 20 нафар мутахассис ва коргар аз ҳисоби ҷавонони маҳаллаҳои аҳолинишини деҳоти «Лоҳутӣ» ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар таҳхонаи бинои беморхона таҳлилгоҳ, ҳуҷраи физиотерапевтӣ ва ҳуҷраи дандонпизишк ҷойгир карда шудаанд. Дар ошёнаи якум бошад, утоқҳои корӣ, ҳуҷраҳои хатна, муоинаи ултрасадоӣ, ташхиси бемориҳои занона ва қайдгоҳ мавҷуд мебошад. Ҳуҷраҳои табиби оилавӣ, табобати рӯзонаи калонсолон ва кӯдакон бо 13 кати хоб дар ошёнаи дуюм пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорони деҳаро шоистаи таҳсин хонда, кормандони соҳаи тибро даъват намуданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва шароите, ки дар беморхона муҳайё карда шудааст, хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтару хубтар ба роҳ монанд ва дар таъмини солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.

Дар ноҳияи Ховалинг бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Лоҳутӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Он бо маб­лағгузории соҳибкорони маҳаллӣ ба тариқи ҳашар қомат афрохтааст.

Бинои нави маъмурӣ бо мизу курсӣ ва дигар лавозимот таъмин ва дорои имконоти муосири кору фаъолият мебошад.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум утоқҳои корӣ, дар дуюм маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст ва дигар иншооти ёрирасон ҷойгир карда шудааст. Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҳуҷраҳои корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам хубтар ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба сокинон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат сокинон ва кормандони ҷамоатро ба муносибати мавриди истифода қарор гирифтани иншоот табрику таҳният гуфта, онҳоро барои татбиқи босамари сиёсати роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои садоқатмандонаи масъулияти базиммадошта ҳидоят намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиро аз назар гузаронида, бо ҷараёни парвариши зироат дар Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» -и деҳаи Доробии деҳоти «Ҷомбахт» шинос шуданд.

Зимни шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти дар намоишгоҳ пешниҳодшуда қайд гардид, ки дар роҳи расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун яке аз чор ҳадафи стратегии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон саҳми заҳматкашони ноҳияи Ховалинг низ назаррас мебошад.

Қобили зикр аст, ки кишоварзони ноҳия тайи солҳои 2018 — 2019 дар майдони 8 ҳазору 161 гектар кишти тирамоҳӣ ва баҳориро дар асоси маслиҳати мутахассисон ва интихоби тухмиҳои баландсифат анҷом дода, ба гирифтани ҳосили дилхоҳ ноил гардиданд.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки меҳнаткашони ноҳия соли равон 751 тонна картоша, 146 тонна сабзавот, 302 тонна гӯшт, 1709 тонна шир, 2,6 тонна пилла, зиёда аз 7 ҳазору 276 тонна хӯроки дурушти чорво ба даст оварданд ва ҷамъоварии ҳосил ҳоло низ идома дорад.

Ховалинг бо меваҳои хуштаъму лазиз ва асали табиии аз ҷиҳати экологӣ тозаю табобатӣ низ дар дохил ва хориҷи мамлакат шуҳрат пайдо кардааст.

Айни замон дар ноҳия масоҳати боғҳо ба 3 ҳазору 42 гектар мерасад, ки 87 гектараш токзор мебошад. Боғпарварон соли гузашта аз 1630 гектар боғ 6 ҳазор тонна мева истеҳсол ва пешниҳоди сокинон карданд.

Аҳли заҳмат дар заминаи тадбирҳо дар самти истифодаи пурсамари талу теппаҳо ҳар сол майдони боғҳоро васеъ мекунанд. Аз ҷумла, соли равон 137 гектар боғи нав бунёд карданд.

Ҳангоми шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастранҷи занбӯриасалпарварон зикр гардид, ки шумораи оилаҳои занбӯри асал дар ноҳия ба 4 ҳазору 143 адад ва истеҳсоли асали хушсифат дар як сол то ба 60 тонна мерасад.

Соли равон занбӯриасалпарварон 35 тонна асал ба даст овардаанд ва ният доранд, ки бо гирдоварии пурраи маҳсулот ин нишондодро то ба 70 тонна расонанд.

Тайи солҳои охир ба рушди моҳипарварӣ низ дар ноҳияи Ховалинг таваҷҷуҳ зиёд гардидааст. Феълан дар 6 гектар ҳавз парвариши навъҳои ширмоҳӣ, гулмоҳӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо навъи моҳиҳое, ки аз ҷониби Хоҷагии деҳқонии «Меҳринигор» ба намоиш гузошта шуданд, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани соҳа ва афзун намудани истеҳоли маҳсулоти моҳӣ ба масъулин дастур доданд.

Дар намоишгоҳ, ҳамчунин, чорвои хушзот ба тамошо гузошта шуд ва тавре зикр гардид, дар се соли охир саршумори чорвои калон дар Ховалинг ба 23 ҳазору 390 ва моли майда ба 34 ҳазору 298 сар расидааст.

Пешвои миллат бо таваҷҷуҳи хоса ба парвариши чорвои хушзоти хурду калон дастур доданд, ки саршумори зотҳои манфиатовар афзун ва парвариши онҳо васеъ ба роҳ монда шавад.

Зимни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз Кооперативи тиҷоратии «Суруш-1» иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ соли 1994 дар майдони 5 гектар замин таъсис ёфтааст ва ҳоло дорои 21 гектар замин мебошад.

Аз майдони умумии заминҳои кооператив 10 гектарашро обӣ, 9 гектар лалмӣ ва ду гектари дигарро чарогоҳ дар бар мегирад.

Заҳматкашони «Суруш-1» аслан ба зироаткорию боғпарварӣ машғуланд. Онҳо соли равон дар майдони 5 гектар картошка кишт карданд ва ният доранд, ки то 300 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид аз рафти парвариши сабзавоти гуногун дар кооператив ҷиҳати истифодаи пурсамари замин, кишту парвариши зироати ба обу иқлими ноҳия мувофиқ ва интихоби тухмиҳои серҳосил ба хоҷагидорон дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.

Зикр гардид, ки меҳнаткашони кооператив дар парвариши дигар навъи зироат, аз ҷумла, гандум, пиёз, зироатҳои техникӣ, полезӣ ва боғпаварӣ низ таҷрибаи хуб доранд.

Дар он зиёда аз 10 нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг бо бардоштани парда аз болои лавҳа Боғи фарҳангӣ-фароғатиро, ки дар ҳудуди он пояҳои Нишон ва Парчами давлатӣ ҷойгир мебошанд, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо дарназар­дошти нақшаи меъморӣ дар масоҳати 2,35 гектар бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва саҳми соҳибкорони ноҳия бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд ёфтааст. Ба таъкиди масъулин, корҳои сохтмониро дар иншоот ҶСК «Спес­техника» тайи қариб як сол бо ҷалби беш аз 60 мутахассис ва сохтмончии маҳаллӣ ба анҷом расонидааст.

Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, барои сохтмони Боғи фарҳангӣ — фароғатӣ, бо дарназардошти Нишон ва Парчами давлатӣ, 1,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Ҳамчунин, дар ин макони зебову обод Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо баландии 24 метр қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз боғи мазкур дар шафати Нишони давлатӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро низ, ки бо баландии 53 метр қомат афрохтааст, мавриди истифода қарор доданд. Ба иттилои ­масъулин, паҳноии Парчами давлатӣ 7 ва дарозиаш ба 14 метр баробар аст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ дар Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани Нишон ва Парчами давлатиро дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори насли ояндасози кишвар иқдоми саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар боғи мазкур ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон 58 адад чароғаки равшанидиҳанда, фаввора, айвон, 30 курсӣ, 3 туннели бо чароғакҳои ранга муҷаҳҳаз, 500 адад обпошак барои сабзу хуррам гардонидани майдони иншоот насб карда шудаанд.

Илова бар ин, бо дарназардошти лоиҳаи иншоот дар дохили боғ дар масоҳати умумии 7,5 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳо сохта, майдони 18 ҳазор метри мураббаъ сабзапӯш карда шудааст. Ба хотири зебогии боғ, инчунин, 200 ҳазор адад гулҳои мавсимӣ ва 400 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинг майдончаи хурди варзишиеро, ки дар масоҳати 800 метри мураб­баъ бунёд ёфтааст, мавриди истифода қарор доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, иншооти мазкур аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 20 нафар сохтмончии маҳаллӣ сохта шудааст.

Он, ки танҳо барои бозии футбол пешбинӣ гардидааст, дорои беҳтарин шароит мебошад. Дар майдонча 35 таҷҳизоти хурду бузурги равшанидиҳанда насб гардидааст. Илова бар ин, барои зебогии гирду атрофи иншоот дарахтони ороишиву сояафкан ва дар масоҳати 60 метри мураббаъ гулҳои зебои мавсимӣ шинонида шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонии майдонча баҳои баланд дода, мавриди истифода қарор гирифтани онро барои наврасону ҷавонон беҳтарин туҳфа арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, Роҳбари давлат насли ояндасози кишвар ва варзишгарони ноҳияро даъват карданд, ки аз имкониятҳои фароҳамовардаи Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ истифода баранд, то ки варзиш дар ҷумҳурӣ рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.

48478840772_3a11ac4ba0_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар маркази ноҳияи Ховалинг бинои нави Маркази ҷавононро, ки дар масоҳати умумии 1200 метри мураббаъ бо тарҳи хеле зебо сохта шудааст, бо бардоштани парда аз болои лавҳа ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот, ки моҳи майи соли 2018 оғоз гардидааст, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қуд­ратӣ»-и ноҳияи Данғара бо сифати баланд, ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ва санъа­ти хоси меъмории миллӣ ба анҷом расонда шудаанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷом­ёфта баҳои баланд дода, барои мақсаднок истифода намудани иншооти навбунёд ба масъулин дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Бинои мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат аст. Дар қабати якуми он бахши омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла, забони русӣ ва англисӣ, технологияи информатсионӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.

Дар ошёнаи дуюм утоқҳои корӣ, нуқтаи хизматрасонӣ, бахшҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва китобхона ҷой гирифтаанд.

Дар таҳхонаи Маркази ҷавонон ошхона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, дӯкони заргарӣ ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъди ошноӣ бо шароити иншооти мазкур аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки бо истифода аз имкониятҳои он ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд, то ки онҳо дар оянда мавқеи сазовори худро дар ҷомеа пайдо намуда, дар таҳкими аркони давлатдорӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, рушду пешрафти мамлакат саҳмгузор бошанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳиро аз назар гузаронданд.

Дар он гӯшаи имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Ховалинг, харитаи хатсайри сайёҳии он бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» муаррифӣ гардид. Инчунин, иштирокдорон бо лоиҳаи «Консепсияи рушди сайёҳии ноҳия барои солҳои 2019-2025», аз ҷумла «Эко-туризм дар Ховалинг», ки дар он маълумот оид ба мавзеъҳои таърихӣ ва табиати дилангези ноҳия ҷой дода шудааст, шинос гардиданд.

Дар маҷмӯъ, боигариҳои табиию таърихӣ ва фарҳангии Ховалинг, ки маркази сайёҳӣ ва яке аз гӯшаҳои бостонӣ ва зебои табиати кишвар аст, васеъ муаррифӣ гардид.

Маълум гардид, ки дар ноҳияи Ховалинг касбу ҳунарҳои зиёди мардумӣ, аз қабили заргарӣ, оҳангарӣ, чармгарӣ, дутортарошӣ, табақтарошӣ, қамчинбофӣ, намадбофӣ, сабадбофӣ, рафидадӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, ҷӯроббофӣ, қолинбофӣ аз нав эҳё шуда, густариш ёфтааст.

Дар чорабинӣ, ҳамчунин, аз ҷониби кадбонуҳои ноҳия даҳҳо навъи нони миллӣ, аз ҷумла, чапотӣ, фатир, кулча, қалама, гирдача, орзуқ, чагалдак, таомҳои миллӣ, аз қабили умоч, ширкаду, шакароб, қурутоб, шӯла, ширбиринҷ омода ва пешкаш гардид.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба маҳсули ҳунармандон ва маҳорати кадбонувон баҳои баланд дода, онҳоро ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ ва тарғиби онҳо дар миёни ҷомеа ҳидоят намуданд.

Дар идомаи сафар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои замонавии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалингро мавриди истифода қарор доданд.

Он аз ду ошёна иборат буда, дорои 40 кати хоб ва ҳуҷраҳои муҷаҳҳаз бо дастгоҳҳои муосири тиббӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби Кооперативи истеҳсолӣ – тиҷоратии «Нигини Сулаймон» амалӣ шудааст ва дар ҷараёни он 50 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Дастгоҳу таҷҳизоти шуъбаҳои нави беморхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон харидорӣ ва аз ҷониби мутахассисони соҳа васлу насб шудаанд.

Тавре таъкид шуд, бо мавриди истифода қарор гирифтани шуъбаҳои нави беморхонаи марказӣ шароит барои ташхису табобат ва анҷоми амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ дар ноҳия пурра фароҳам гардид. То ин дам ниёзмандону беморон барои ташхису табобат ва гузаронидани амалиёти гуногуни ҷарроҳӣ ба шаҳри Кӯлоб ва пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе мерафтанд, ки харҷи зиёди маблағ ва вақтро талаб мекард.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати самимӣ бо кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Ховалинг ифтитоҳи шуъбаҳои навро туҳфаи арзишманди Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ маънидод карда, ҷиҳати истифодаи пурсамар аз имконоти муҳайёгардида дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Масоҳати умумии бинои шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдакона наздик ба 1 гектарро дар бар мегирад. Атрофи иншоот сабзу хуррам гардонида шудааст. Ҳамчунин, дар саҳни бино ду айвончаи зебо низ мавҷуд аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази Ховалинг бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияро ифтитоҳ бахшиданд.

Он дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат дар масоҳати 240 метри мураббаъ, бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон баъди аз назар гузарондани сифати корҳои сохтмонӣ дар бино ба ҳиммати соҳибкорони ватанӣ баҳои арзанда дода, иқдоми онҳоро шоистаи дастгирӣ ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Бинои хуштарҳу замонавӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои фаъолият, аз ҷумла, технологияи муосир, таъмин мебошад ва аз 5 утоқи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Дар рафти корҳои сохтмонии иншоот 44 сокини маҳаллӣ бо шуғл ва маоши хуб таъмин шудаанд.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар қабати якуми он маҷлисгоҳ ва утоқи корӣ, дар ошёнаи дуюм 4 утоқи корӣ барои кормандон мавҷуд аст.

Ба Роҳбари давлат иттилоъ дода шуд, ки аксари кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалингро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо аз технология ва илмҳои муосир ба хубӣ бархӯрдоранд.

Дар се шуъбаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон ҷавонони лаёқатманд кор мекунанд, ки баҳри тарғибу ташвиқи сиёсати созандаи Давлату Ҳукумати Тоҷикистон пайваста дар талошанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо фаъолият ва имконоти муосир дар бинои нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг кормандонро ба хидмати содиқонаву софдилона ҳидоят намуданд.

Инчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ҳизб дар ноҳияи Ховалинг нақлиёти сабукрави замонавӣ туҳфа намуда мавриди истифода қарор гирифтани иншооти навро ба онҳо табрик гуфтанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо натиҷаи заҳмати аҳлонаи сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун бо фаъолон ва роҳбарони ноҳияи Ховалинг мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

Дар оғоз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони ноҳияро бо фарорасии ҷашни фархундаи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ифтитоҳи як қатор иншооти нави маъмурию хизматрасонӣ табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки ифтитоҳи иншооти муҳим дар марказ ва деҳоти ноҳия нишона аз татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони бонангу номуси ноҳияи Ховалинг дар оянда низ дар татбиқи сиёсати созанда ва бунёд­коронаи Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо неруи тозаву ғайрати дучанд иштирок намуда, барои истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ заҳмат мекашанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ба роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сокинони ноҳия изҳор доштанд, ки дар доираи дастуру супоришҳо ва дар ивази таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ баҳри ободию пешрафти бештар меҳнат хоҳанд кард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Ховалинг меҳмонхонаи «Чилчанор»-ро, ки бо тарҳи зебо бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Қаюм Каримов бунёд ёфтааст.

Дар бинои меҳмонхона, ки бо фарогирии иншооти ёрирасон дар масоҳати 2 гектар доман афрохтааст, шароити муосири қабулу гусели меҳмонон фароҳам мебошад.

Корҳои сохтмонии меҳмонхона моҳи марти соли равон оғоз гардида, дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.

Дар рафти сохтмон 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Меҳмонхона аз 2 ошёна иборат буда, бо 9 ҳуҷра дар як вақт имкон дорад то 18 нафарро қабул намояд. Ин иншоот, ки бо усули замонавӣ ва унсурҳои миллӣ оро дода шудааст, ба маркази шаҳрак ҳусни тоза бахшидааст. Барои истироҳату фароғати мизоҷон дар назди меҳмонхона варзишгоҳ ва 3 суҳбаткада низ бунёд ёфтаанд, ки инфрасохтори маҷмааи мазкурро такмил медиҳанд.

Пешвои миллат аснои шиносоӣ бо шароити меҳмонхона ба сифати корҳо баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки бунёди меҳмонхонаҳо боиси боз ҳам рушд ёфтани соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат мегардад.

Саҳни меҳмонхона чароғон карда шудааст, ки шабонгоҳ хеле ҳам зебову диданӣ ба назар мерасад. Фаввораҳо ва дарахтони сояафкан, ки дар саҳни меҳмонхона ва шафати он мавҷуданд, ҷузъе аз зебогии меҳмонхона мебошанд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхонаи «Чилчанор» дар маркази ноҳияи Ховалинг 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар баробари утоқҳои истироҳатӣ, ҳамчунин, дар меҳмонхона дигар биноҳои ёрирасон, аз қабили ошхона ва ҳаммом мавҷуд аст.

Роҳбари давлат зимни суҳбат бо кормандону масъулони меҳмонхона таъкид намуданд, ки бо мизоҷон хушмуомила бошанд ва одоби меҳмондории тоҷиконаро ба сайёҳони дохиливу хориҷие, ки барои саёҳат ташриф меоранд, муаррифӣ созанд.

Соҳибкор Қаюм Каримов боз тасмим гирифтааст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати меҳмонхона бинои иловагии 5-ошёна бо 100 ҷойи хоб бунёд намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Амфитеатрро, ки барои ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур бо тарҳи зебову муосир дар масоҳати 4 ҳазор метри мураббаъ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Саймумин Юсупов бунёд шудааст.

Дар рафти корҳои сохтмонии иншоот, ки моҳи марти соли 2019 оғоз гардидааст, 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Аснои шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ифтитоҳи иншооти фарҳангиро муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд ва масъулинро ҷиҳати истифодаи пурсамар аз шароити дар он муҳайёгардида, ташкили барномаҳои гуногуни фарҳангию фароғатӣ барои сокинон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Атрофи иншооти фарҳангию фароғатӣ бо завқи баланди зебоипарастӣ гулкорӣ шуда, дар доираи корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст ва туҳфаи арзандаест барои сокинони ноҳияи Ховалинг.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг, ҳамчунин, Маҷмааи варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он дар доираи иҷрои дастуру ҳидоят­ҳои Пешвои миллат ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш байни ҷавонон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Зафар Сафаров дар муддати кӯтоҳ бо сифати баланд сохта, ба истифода дода шуд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки маҷмаа дорои се майдончаи варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва ҳавзи шиноварӣ мебошад.

Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомдода баҳои баланд дода, иқдоми соҳибкорро намунаи хуби ватандӯстӣ ва саҳм гузоштан дар ободии Ватан арзёбӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки дар оянда низ чунин тадбирҳоро бештар анҷом дода, шароити муосири машғул шудан ба варзишро барои ҷавонони маҳаллӣ муҳайё намоянд.

Мавриди зикр аст, ки тадбири мазкур ба татбиқи нақша — чорабиниҳо бахшида ба «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мусоидат намуда, боиси боз ҳам такмил ёфтани инфрасохтори варзишӣ дар деҳот мегардад.

Атрофи майдончаҳо чароғон карда шудааст ва ин имкон медиҳад, ки ҷавонон ҳатто шабона ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.

Дар маҷмаа ду ҳавзи болопӯшида низ мавҷуд аст, ки якеаш барои калонсолон ва дигараш барои хурдсолон пешбинӣ шудааст.

Роҳбари давлат ба фаъолияти ду ҳавзи шиноварӣ низ оғози расмӣ бахшиданд.

Дар назди маҷмааи варзишӣ, ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкори ватандӯст ҳаммоми замонавӣ бунёд ёфтааст. Он, ки дар масоҳати 15 садяк замин бунёд гардидааст ва дорои шароити муосири хизматрасонӣ мебошад, имкон дорад, дар як вақт 25 нафарро қабул намояд.

Дар ҳаммом 10 ҳуҷра, аз ҷумла, хазина, утоқи истироҳати кормандон, 2 утоқ барои истироҳату фароғати мизоҷон, утоқи иваз намудани сарулибос, 2 ҳуҷра барои шустушӯй ва 2 буғхона мавҷуд аст.

Ба корҳои сохтмонии иншоот, ки моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардидааст,10 нафар бо маоши аз 1000 то 1500 сомонӣ ҷалб шуда буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматрасонӣ баҳои баланд дода, барои саҳм гузоштан дар ободии макон ба соҳибкор изҳори миннатдорӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг дар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Шоми Ховалинг» бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор сокини сарбаланду меҳнатдӯст баргузор гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ нахуст миннатдории Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба мардуми меҳнатдӯсту сарбаланди ноҳияи Ховалинг барои ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат баён доштанд.

Таъкид гардид, ки бо заҳмати пайвастаи сокинон, аз ҷумла, соҳибкорони бонангу номуси диёр, маркази ноҳияи Ховалинг дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бамаротиб ободу зебо гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти нави хидмативу маишӣ ва варзишию фарҳангиро, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат гирифтаанд, намунаи ибратбахш арзёбӣ карданд.

Дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро низ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи хушбоду ҳавои Дараи Мухтор, зодгоҳи шахсияти бузурги миллати тоҷик, сохта шудааст.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иқдоми созанда ба соҳибкорону шахсони ватандӯст миннатдорӣ намуда, бунёди чунин иншооти фарҳангиро, ки дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» сурат гирифтааст, туҳфаи арзишманд барои мардуми ноҳия маънидод карданд.

Бинои осорхона аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад, ки дар онҳо нигораҳо замонавӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки айни ҳол дар он ҷо 1893 нигора — 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон мавҷуд аст.

Дар рӯ ба рӯи бино пайкараи қаҳрамони халқи тоҷик бо баландии 6 метр гузошта шудааст, ки нишонаи эҳтироми баланд ба гузаштагони миллат мебошад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 2015 осорхона мақоми ҷумҳуриявӣ касб кард ва он Муассисаи давлатии «Осорхона — мамнӯъгоҳи ҷумҳуриявии ба номи Восеъ» номгузорӣ шуд.

Дар муассиса, ҳамчунин меҳмонхона барои қабули 28 нафар дар як вақт бунёд гардидааст.

Навсозии мавзеъ барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба маконҳои таърихию фарҳангӣ ва шиносоии бештари онҳо ба тамаддуни пурғановати миллат замина фароҳам хоҳад овард.

8-уми август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг дар Мамнӯъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ меҳмонхонаи «Султон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Меҳмонхонаи «Султон» дар ҳудуди ин макони таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии кишвар бо тарҳи зебо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Исмоил Садиров ва Маҳмадалӣ Раҳимов дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 9 моҳ сохта шудааст.

Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар як вақт имкони хидмат расонидан ба 16 нафарро дорад. Бо ифтитоҳи он 10 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо рафти корҳои анҷомшуда ва шароити хидматрасонии меҳмонхона ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд.

Таъкид гардид, ки шароити хидматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ дар мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии мамлакат сол аз сол бо дастгирии роҳбарияти олии кишвар ва иқдоми соҳибкорони ватандӯст беҳтару хубтар мегардад.

Меҳмонхонаи «Султон», ки бо харҷи 1,3 миллион сомонӣ сохта шудааст, дорои 8 ҳуҷра бо шароити муосири хидматрасонӣ мебошад.

Масоҳати меҳмонхона 169 метри мураббаъро дар бар мегирад. Атрофи он сабзу хуррам гардонида шудааст. Ҳамчунин, дар ҳудуди иншоот 3 айвонча бунёд гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи соҳибкорони маҳаллӣ баҳои арзанда дода, масъулинро ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар намудани шароит ва муаррифии меҳмоннавозии хоси тоҷикона ба сайёҳони хориҷӣ муваззаф намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи меҳмонхона оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат ва бо қироати оятҳо аз «Қуръон»-и маҷид барои суботу оромии мамлакат ва садоқатмандию сарбаландии мардуми шарифи ҷумҳурӣ дуо карданд.

Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷикро, ки дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрор  мавқеъ гирифтааст, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна, аз 400 то 500 сайёҳи дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.

Тибқи маълумоти масъулин, танҳо соли гузашта, оромгоҳро зиёда аз 20 ҳазор нафар зиёрат намуда, аз табиати нотакрори он ҳаловат бурданд.

Тавре таъкид гардид, мамнӯъгоҳ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ хеле ободу зебо гардид. Танҳо соли равон ба масоҳати 10 ҳазор метри мураббаъ роҳравҳои он сафолакпӯш карда шудаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон дастуру ҳидоят доданд.

Бо ҳамин сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг анҷом ёфт.

www.president.tj