Сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№80 (41860 02.07.2020

(Идома аз шумораи гузашта)

50064203321_e81077a9f8_oЯкуми июли соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Нофароҷ»-и шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Хати муосири технологӣ дар корхонаи пуриқтидори истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ширкатҳои бонуфузи хориҷи мамлакат дастрас ва васлу насб гардидааст, ки дар Осиёи Марказӣ беназир аст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки номгӯи маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона сифати баланд дошта, ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳоло дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ фаъолият мекунанд, ки бо маоши баланд таъмин мебошанд.

Иқтидори истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол», ки соли 2000-ум таъсис ёфтааст, марҳила ба марҳила зиёд мегардад. То ин дам дар корхона чор хати технологӣ мавҷуд буд. Бо илова шудани боз ду хати нави истеҳсолӣ ба самти афзоиши истеҳсоли маҳсулоти босифат, хусусан, ғизои кӯдакона, қадами устувор гузошта шуд.

Корхона фаъолиятро бо истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани газдор ва бегази брендҳои «RC» ва «Оби Зулол» дар зарфҳои 0,33, 0,5, 1,0 ва 1,5-литра шурӯъ кардааст. Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ дар як соат аз 14 то 20 ҳазор ва солона 82,8 миллион литр нӯшокиро ташкил медиҳад.

Тавлидоти афшура ва шарбат аз меваҳои шаҳдбори диёр, аз ҷумла зардолу, биҳӣ, олуча, себ, анор, нок, шафтолу, олу, гулчини меваҳо дар қуттии яклитра анҷом дода мешавад. Иқтидори истеҳсолӣ дар як соат 5 ҳазор қуттӣ мебошад.

Дар хати дигари технологӣ (зарф­ҳои калонҳаҷм) дар як соат аз 5 то 7 ҳазор килограмм мева коркард мегардад. Иқтидори солонаи коргоҳ коркарди 25 ҳазор тонна мева аст.

Хати муосири технологӣ, ки барои истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураву шарбат пешбинӣ шудааст, дар зарфҳои шишагии 0,33 ва 0,5-литра бо усули резиши гарм ва хунук фаъолият менамояд ва иқтидори истеҳсолиаш 5 ҳазор адад зарфи шишагӣ дар як соат, 8,4 миллион литр дар як сол мебошад.

Дар хати технологии истеҳсоли ғизои кӯдакона дар як дақиқа 88 қуттӣ ва дар як сол 12 миллион қуттӣ шаҳду шарбат ва мураббои мевагӣ аз хамираи мева дар зарфҳои нарм дар ҳаҷми аз 90 то 220 грам истеҳсол мешавад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки 60 дарсади маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи кишвар содирот мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббуси масъулони ширкат ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти босифати ғизоӣ барои кӯдакон изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро ҷонибдории амиқ аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии Давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуданд.

Таъкид шуд, ки ҳадаф аз тавлидоти маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза таъмини кӯдакон бо ғизои босифату дорои унсурҳои бойи табиӣ мебошад. Бояд гуфт, ки чунин навъҳои маҳсулоти ғизоӣ барои кӯдакон дар ҷумҳурӣ бори нахуст истеҳсол мегардад.

Дар маҷмӯъ, бо фаъол гардидани хатҳои нави технологӣ истеҳсоли беш аз 100 номгӯи маҳсулот ба роҳ монда мешавад. Дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» оби маъданӣ асосан аз ду чоҳ, аз умқи 170 ва 220 метр кашида, тавассути дастгоҳу таҷҳизоти махсус полонда мешавад.

Дар ташхисҳои озмоишгоҳӣ муайян шудааст, ки оби коргоҳ сифати баланд дошта, дар баробари хуштамъ будан, дорои унсурҳои зиёд мебошад.

Сифати баланди маҳсулот ва фаъолияти пурсамар боис шудааст, ки нуфузи ширкат дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, тавлидоти ватанӣ ба таври шоиста муаррифӣ гардад.

Баъди ба кор даровардани хатҳои нави технологии истеҳсолӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи маҳсулоти ғизоиро аз назар гузаронданд, ки дар он ҳама намуди маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона ва дастовардҳои он муаррифӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати боз ҳам зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинон ва содироти бештари маҳсулоти саноатӣ ба хориҷи мамлакат дастуру супоришҳо доданд.

Зикр шуд, ки то 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз як хати нави технологӣ аз хориҷи мамлакат ворид ва васлу насб мегардад, ки барои коркарди ангур, истеҳсоли шарбату афшура ва қанди моеъ пешбинӣ шудааст.

50064459302_9a3024e95e_oМасоҳати умумии корхона 10, 4 гектар мебошад, ки дар 3 гектари он биноҳои истеҳсолӣ ҷойгир аст. Дар назди корхона иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои нигаҳдории маҳсулоти тайёр ва хом бунёд гардидаанд, ки дар пешрафти истеҳсолот нақши муҳим доранд.

Дар ҳудуди корхона дар масоҳати наз­дик ба 5 гектар боғ бунёд карда, корҳои ободонию гулзоркунӣ анҷом дода шудааст.

Ҳамчунин, ба масофаи 500 метр роҳ то ҳудуди корхона мумфарш гардидааст.

Масъулони Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Оби Зулол» азм доранд, ки ҷиҳати афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва рушди саноат дар ҷумҳурӣ бо шарикони рушд ҳамкории судмандро тавсеа бахшида, истеҳсоли маҳсулоти ватаниро боз ҳам афзоиш диҳанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Далёни поёни ноҳияи Деваштич бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ Беморхонаи ноҳиявии №5-ро ифтитоҳ намуданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки бинои беморхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Садрӣ Файзиев бо дастгирии дигар шахсони саховатпеша дар муҳлати муайянгардида бо тарҳу намои зебо сохта шудааст. Дар он барои 60 нафар шароити корӣ фароҳам гардидааст.

Беморхонаи чорошёна аз шуъбаҳои таваллуд, қабул ва таҳлилгоҳ бо маҷмӯи гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, утоқи хатнаи кӯдакон, касалиҳои узвҳои дарунӣ ва бачагона иборат мебошад.

Маркази саломатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), кардиомонитор, дастгоҳи ташхиси ултрасадо ва дигар технологияи муосири ташхису табобат ҷиҳозонида шудааст.

Дар баробари васлу насби беҳтарин технологияи тиббӣ, инчунин, дар ошёнаҳои якум ва дуюми беморхона гӯшаи гиёҳдармонӣ фаъолият менамояд, ки мутахассисон бо истифода аз гулу растаниҳои шифобахши ватанӣ имкон доранд маризонро ба табобат низ фаро гиранд.

Ҳуҷраҳои беморхона маҷмӯан дорои 75 кат мебошанд, ки барои бе мушкилӣ гузаронидани мавсими сармо ҳар яке бо шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ ва хати озоди барқ пайваст карда шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити кору фаъолият дар беморхона, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, қомат афрохтани бинои хуштарҳро барои сокинони деҳоти «Далёни боло»- и ноҳияи Деваштич ва атрофи он туҳфаи арзишманд дар солгарди Ваҳдати миллӣ арзёбӣ намуда, мутахассисони беморхонаро ба расонидани кумаки босифати тиббӣ ба сокинони ноҳия ҳидоят карданд.

Бояд гуфт, ки масъулияти баланди худшиносии миллӣ ва дар иҷрои ин амал камари ҳиммат бастани соҳибкорони деҳоти «Далёни боло»- и ноҳияи Деваштич аз иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Қомат афрохтани бинои хуштарҳу замонавӣ ва дастрасии бештар аз 26 ҳазор сокини деҳот ба хизматрасонии тиббӣ натиҷаи ҳамин пайравӣ ба ташаббусҳои созандаи Роҳбари давлат аст.

Тарҳи зебои иморати навсохт, роҳравҳои сафолакпӯш, фаввораҳои ранга ва саҳни бо дарахтони сояафкану гулҳои ороишӣ зинатёфтаи муассисаи тандурустӣ ба ҳусни деҳот шукӯҳи хоса бахшидааст. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки муассисаи тандурустии навсохту замонавӣ ба тавозуни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич гузаронида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои оилаи соҳибкор Садрӣ Файзиев ва дигар шахсони ватандӯсти деҳот, ки бо бунёди беморхонаи замонавӣ шароити мусоиди фаъолият ва дастрасии сокинон ба хизматрасонии тиббиро таъмин кардаанд, изҳори сипосу миннатдорӣ ва анҷоми эҳсонкориҳоро ба нафъи миллату ҷомеа ва амали ҷавонмардона арзёбӣ намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Дал­ёни боло» — и ноҳияи Деваштич аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» боздид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзии аҳли заҳмати хоҷагиро аз назар гузарониданд. Дар он анвои беҳтарини меваю сабзавот ва полезиҳо муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дар ихтиёр 17,5 гектар замин дорад, ки 9 гектари он корам, 3 гектар чарогоҳ, 5,5 гектар боғ, аз ҷумла, 4 гектар боғи мевадиҳандаи себ, шафтолу, гелос, олуча ва нок мебошад.

Аз сабаби он ки иқлими мавзеи Далёни боло нисбатан сард аст, дар он кишти пиёз ба роҳ монда намешуд. Имсол бошад, аҳли заҳмат барои таҷриба бори аввал дар масоҳати 1,5 гектар кишти пиёзи навъи «Бангкок»-ро ба роҳ мондаанд ва ҳосили хубро интизоранд.

Ҳамчунин, дар байни қатори пиёз чормағзи заминии навъи туркӣ шинонидаанд, ки таҷрибаи нав дар соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад.

Инчунин, аҳли заҳмати хоҷагӣ дар масоҳати 4 гектар гандум кишт кардаанд, ки рӯзҳои наздик дарави он шурӯъ мешавад.

Масоҳати кишти картошка дар заминҳои хоҷагӣ 4 гектарро ташкил медиҳад.

Дар як гектар парвариши помидор ва дар 50 садяк кишти навъҳои гуногуни зироат ба роҳ монда шудааст.

«Шердил» соли 2003 ташкил ва соли 2014 таҷдид гардидааст. Оби полезӣ барои заминҳои хоҷагӣ аз умқи 100 метр кашида мешавад.

Ба ақидаи картошкапарварони хоҷагӣ, обу ҳавои минтақа ба истеҳсоли навъҳои босифати картошка мувофиқ аст ва интихоби тухмии хуб имкон медиҳад, ки ҳосили фаровон ба даст оранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Шердил» барои истифодаи босамари замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, таъмини бозорҳои дохилӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

 50064355046_ddece56181_oДуюми июли соли равон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бо фаъолияти корхонаи коркарди мева, истеҳсоли афшура, хамира, қайла ва нӯшобаҳо аз меваҳои мансуб ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сирдарё» шинос шуданд.

Он, ки соли 2009 бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мансур Каримов таъсис ёфтааст, дар коркарди анвои гуногуни мева ва истеҳсоли маҳсулоти мевагӣ дар бозори истеъмолӣ мавқеи хос дорад.

Корхона дар масоҳати 0,58 садяк замин бунёд шудааст. Масоҳати коргоҳҳои истеҳсолӣ 0,48 садякро дар бар мегирад. Дар ҳамин ҳаҷми хурди масоҳат бо ҷойгир намудани 6 хату таҷҳизоти технологӣ, яъне, истифодаи оқилонаи иншооти мавҷуда, истеҳсоли ҳаҷму номгӯи зиёди маҳсулоти консервӣ аз меваю сабзавот ба роҳ монда шудааст. Хатҳои технологии коркарди меваю сабзавот амалиёти рехтану бандубасти маҳсулот ба зарфҳои шишагӣ ва зарфҳои тетрапаки ғунҷоишашон 200, 250 грамма, 1 литраро анҷом медиҳанд ва дорои коргоҳи истеҳсоли қуттиҳои қоғазию картонӣ мебошанд.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ хатҳои технологии муосири истеҳсоли давлатҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой васлу насб гардидаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватанӣ дар таъсиси корхонаи истеҳсолӣ ва нақши он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ баҳои баланд доданд.

Дар «Сирдарё» маҳсулоти дорои сифату стандартҳои ҷаҳонӣ — афшураҳои мевагӣ, афшураи помидор, хамираи меваҳо, хамираи помидор, нектарҳо, нӯшобаҳои мевагӣ, нӯшокиҳо бо таъми мева ва консерви сабзавот истеҳсол карда мешаванд. Дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти корхона бо нишони молии «Мерси Баку» мавқеъ пайдо намудааст.

Соҳибкорону мутахассисон дар баробари сифат, ба бандубасту истеҳсоли маҳсулот дар зарфҳои тетрапак ва шишагии ғунҷоишашон хурд ба дизайни ҷолибу хоса таваҷҷуҳ намуда, вобаста ба талаботи харидор шаклу тарзи нави пешниҳоди маҳсулотро ба роҳ мондаанд.

Ба маҳсулоти корхона харидорони хориҷӣ низ таваҷҷуҳ менамоянд ва афшураю нӯшобаҳои мевагии аз нигоҳи экологӣ тоза ба хориҷи кишвар, аз ҷумла Афғонистону Қирғизистон содирот карда мешаванд.

Дар корхона беш аз 40 нафар бо ҷои кор ва маоши баланд таъмин гардидаанд. Баъди васеъ намудани доираи фаъолият шумораи коргарону мутахассисон ба 60 нафар расонида мешавад.

Иқтидори истеҳсолии хатҳои технологӣ, бо дарназардошти коркарди мавсимии меваю сабзавот, дар як шабонарӯз наздик ба 10 тонна мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 13 — уми шаҳри Хуҷанд дар маросими ба истифода додани Маркази савдою хизматрасонии «Хуҷанд Плаза» иштирок намуданд.

Маркази савдою хизматрасонии «Хуҷанд Плаза» бо саҳму иқдоми соҳибкори ватанӣ Шавкат Аюбов бо харҷи 8 миллион сомонӣ бунёд гардидааст. Лоиҳаи иншоот, ки аз 2 қисми 4-ошёна ва таҳхона иборат мебошад, аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориён КС» таҳия ва бо қувваи коргарону мутахассисони ширкати «Нанотех М»-и шаҳри Хуҷанд бо тарҳу намуди хоса сохта шудааст.

Дар ошёнаи якуми марказ толори ҳусн, мағозаи фурӯши либоси тӯёна, қаҳвахона, дар ошёнаҳои дуюму сеюм тарабхонаҳо ҷойгир шудаанд. Дар ошёнаи чорум маркази бозию шуғли кӯдакон таъсис меёбад.

Дар толори қаҳвахонаи «Хуҷанд Плаза» нахустин чорабинӣ – мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 50 нафар кӯдаки ятим аз шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Пешвои миллат ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои молию пулӣ тақдим карданд ва ба масъулин бори дигар дастуру супориш доданд, ки рӯзгору таҳсили кӯдакони ятиму имконияташон маҳдудро то ба воя расиданашон таҳти назорату ғамхории доимӣ қарор диҳанд.

Сарвари давлат дархосту хоҳиши кӯдаконро гӯш карда, онҳоро дилпур сохтанд, ки ҳамеша дастгиру пуштибонашон мебошанд.

Дар маркази вилояти Суғд — бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани марҳилаи аввали он, ки дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» бо дастуру ҳидояти бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, зиёда аз 15 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди 4, 5, 14 ва 15-и шаҳри Хуҷанд бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин шуданд.

Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ татбиқ гардидааст. Дар марҳилаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва қубурҳои қутрашон гуногун бештар аз 16 миллион сомонӣ харҷ шудааст.

Дар доираи татбиқи марҳилаи аввали лоиҳа, ки асосан таҷдид ва зиёд намудани иқтидори истгоҳи рақами 4-и Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Хуҷандобуканал»-ро дар бар мегирад, дар муҳлати се сол 6 чоҳи амудӣ бо чуқурии 180 метр, 4 ҳавзи бузург бо ғунҷоиши 6 ҳазор метри мукааб об, пойгоҳи обкашӣ бунёд ва 2 ҳазору 900 метр қубурҳои қутрашон аз 355 то 500 миллиметра васл карда шудааст. Ҳамчунин, барои фаъолияти муназзами шабакаи муосири обрасонӣ ду трансформатори тавоноиаш 1000 киловолт-ампер насб ва аз масофаи қариб 14 километр бо истифода аз 46 пояи оҳану бетонӣ хати интиқоли неруи барқ кашида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ карда, ба масъулон барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида дастуру ҳидоятҳо доданд.

Барои татбиқи лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд», ки дар маҷмӯъ 4 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 100 миллион сомонӣ сарф мегардад.

Дар шаҳри Хуҷанд барои таъмини пурраи аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дигар лоиҳаҳо низ мавриди татбиқ қарор доранд.

Иттилоъ дода шуд, ки марҳилаи дуюми лоиҳаи «Хати обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд» бунёди ду ҳавзи бузург — ҳар кадом бо ғунҷоиши 3 ҳазор метри мукааб об, васлу насби қубурҳои ба фишори баланд тобовар ва тақсими оби нӯшокӣ дар дохили маҳаллаҳо бо истифода аз қубурҳои қутрашон аз 75 то 400 миллиметраро дар бар мегирад.

Дар марҳилаи сеюм ва чорум бошад, кашидани хати оби нӯшокӣ бо қубури қутраш 1000 миллиметра аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд дар назар аст, ки масофаи он 18 километрро ташкил медиҳад.

Бо татбиқи ҳамаҷонибаи лоиҳа, дар маҷмӯъ, 10 ҳавзи бузурги захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд, наздик ба 50 ҳазор аҳолии маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин карда мешаванд.

Сокинони шаҳри Хуҷанд ин иқдоми наҷибонаро ғамхории навбатии роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва самараи татбиқи сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ карданд.

Дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Суғдиён» шинос шуданд. 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки корхонаи дӯзандагӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» пурра таҷдиду навсозӣ ва бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагӣ, рангубори матоъ ва дигар лавозимот таъмин гардидааст. Дар корхона бо фароҳам овардани шароити мусоид дар як баст зиёда аз 200 нафар бону бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шудааст. Корхона дар асоси талаботи бозори дохилӣ ва фармоиши ташкилоту муассисаҳо дӯхти либосро васеъ ба роҳ мондааст.

Корхона соли 1992 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд ва ҳудуди он 4,26 гектарро ташкил медиҳад. Бо сабаби вазъияти ногувори солҳои баъдӣ он тамоман кор намекард, аксар кормандони муҳандисию техникӣ бекор мондаву дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагияш пурра корношоям гардида буданд.

Хушбахтона, роҳбарияти ҶСП «Корпоратсияи Сомон Суғд» дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади саҳмгузорӣ дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат корхонаи дӯзандагии «Суғдиён»-ро ба пуррагӣ барқарор намуда, дӯхти либосҳои гуногунро мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монданд.

Дар баробари васлу насби 180 дастгоҳи наву замонавии дӯзандагӣ, инчунин, коргоҳҳои шустушӯю пардоздиҳӣ ва рангуборкунии корхона ба таври муосир сохта шуданд. Дар назар аст, ки оянда кор дар он шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад ва боз 200 нафари дигар бо ҷойи кору маоши хуб таъмин мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҶДММ «Суғдиён» бо чанд ширкати маъруфи ҷаҳонӣ, ба монанди «Текстил трейд»-и Федератсияи Россия ва «Бил Бом Бо»-и Ҷумҳурии Беларус шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Яъне, дар оянда маҳсулоти дӯзандагии ин корхонаи калони шаҳри Хуҷанд ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Айни замон дар корхона баробари дӯхти либосҳои зебою шинам барои кӯдакон ва калонсолон, истеҳсоли ниқобу хилъатҳои муҳофизатии тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба сифати либосҳои дӯхташуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар шароити ҳозира ба бозор маҳсулоте роҳ меёбад, ки сифати баланд дошта бошад.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба дӯхти либоси босифат, пурра таъмин кардани бозор аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳамчунин, лоиҳаи корхонаҳои истеҳсоли шишаи сохтмонию маишӣ ва рангубори ресмони пахтагин, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Корпоратсияи Сомон Суғд» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешаванд, муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки онҳо бо харҷи 22 миллион доллар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд мешаванд. Дар корхона бояд дар як сол 7 миллиону 200 ҳазор ­метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ ва маишӣ истеҳсол карда шавад.

Корхонаи рангубори ресмони пахтагин бошад, дар заминаи бинои нотамоми ҳамшафати ҶДММ «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо харҷи 2 миллиону 500 ҳазор доллар бунёд хоҳад шуд. Тибқи лоиҳа, дар он дар як сол 3 ҳазору 600 тонна ресмони пахтагин рангубор карда мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров коргоҳи нави ҳасиббарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати Азизӣ»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Он, ки аз як бинои асосӣ, чор бинои ёрирасон ва ошхона иборат мебошад, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдуаҳад Самадзода бунёд гардидааст.

Баъди ба истифода додани коргоҳ 32 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардиданд. Маврид ба зикр аст, ки пеш аз оғози кор, мутахассисон аз курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат гузаронида мешаванд, то нозукиҳои фаъо­лият дар коргоҳҳоро аз худ кунанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, ташкили коргоҳро дар коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 20 корхонаи саноатӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то ба ҳол 8 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст. Коргоҳи мазкур, ки иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз аз 800 то 1000 килограмм маҳсулот аст, аз ҷумлаи иншооти ҷашнӣ ба ҳисоб меравад. Корхона бо маҳсулоти нотайёри дохилӣ айни ҳол 40 навъи ҳасиб истеҳсол менамояд.

Ширкат, ки ба бозори истеҳсоли ҳасиби кишвар соли 2015 ворид шуда буд, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва рақобатпазир тавонист мавқеъ пайдо намояд. Махсусан, пас аз он ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи парандапарварӣ имтиёзи андозиву гумрукӣ муқаррар намуд, фаъолияти ширкат чун дигар корхонаҳои ин соҳаи сердаромад тақвият ёфт. Аз ҷумла, барои дастрас намудани ашёи хом, яъне гӯшти мурғ, моҳи марти соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фермаи парвариши мурғи гӯштиро фаъол гардониданд. Ин имкон медиҳад, ки коргоҳи ҳасиббарорӣ дар ҳама фасли сол бо ашёи хом таъмин бошад.

Дар доираи дастгириҳои давлатӣ ва бо истифода аз имтиёзҳои муқарраргардида, масъулони ширкат, ҳамчунин, фабрикаи парвариши мурғи тухмдеҳро низ ба истифода доданд. Баъди ба тухм даромадани чӯҷаҳо, як қисми маҳсулот барои истеҳсоли ҳасиб истифода, қисми дигараш ба бозори истеъмолӣ бароварда мешавад.

Маҳсулоти тайёри корхона дар минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе харидори зиёд дорад. Масъулон дар оянда нақша доранд, ки бо баланд бардоштани сифати маҳсулот ба бозорҳои хориҷӣ низ роҳ ёбанд.

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои ниҳолҳои пахта дар Кооперативи тиҷоратии ба номи «Ҷаббор Расулов» шинос шуда, бо саҳмдорони он мулоқот намуданд.

Кооператив 6036 гектар замин дар ихтиёр дорад. Аз ин ҳисоб 1598 гектарашро замини обии корам ташкил медиҳад. Он аз бузургтарин ҷамъиятҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад ва 956 саҳмдор дорад.

Имсол хоҷагӣ дар масоҳати 710 гектар кишти пунбадона гузаронидааст. Дар он асосан навъи пахтаи «Дӯстӣ» парвариш меёбад, ки ба иқлим ва боду ҳавои минтақа мусоид мебошад. Қайд гардид, ки бо риояи меъёрҳои агротехникӣ ва нигоҳубини хуби майдони кишт, ҳар сол аз ҳар гектар замин бештар аз 30 сентнерӣ ҳосил ба даст оварда мешавад. Аз ҳисоби кишти пахта хоҷагӣ фоидаи хуб ба даст меорад. Дар майдони боқимондаи киштшаванда дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ парвариш карда мешавад.

Аҳли заҳмат дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҳар порча заминро самаранок истифода бурда, барои рӯёнидани якчанд ҳосил тадбирҳои судмандро амалӣ менамоянд. Ғайр аз пахта, дар масоҳати 200 гектар гандуми тирамоҳӣ, 110 гектар шолӣ ва 10 гектар картошка кишт шудааст. Дар қисмати боқимондаи заминҳои дарихтиёрдоштаашон кишоварзон пиёз, помидор, ҷуворимакка коштаанд. Кишоварзон ба масъалаи парваришу ҷамъоварии хӯроки чорво низ диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Аз ин ҷост, ки дар масоҳати 94 гектар замин ду навъи беда ва 36 гектари дигар барои хӯроки чорво кишти зироатҳои силосбоб анҷом дода шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагӣ дорои ду фермаи чорвопарварӣ мебошад ва ба пуррагӣ талаботи худро бо хӯроки чорво қонеъ мегардонад, ҳатто хӯроки чорворо ба фӯруш низ мебарорад. Дар кооператив ба нигоҳубину парвариши дарахтони мевадиҳанда низ диққати хоса зоҳир мегардад. Айни ҳол дар 156 гектар буттамевазор ва дар 29 гектар дарахтони тут бунёд гардидааст. Хоҷагӣ дар се минтақа – Ёва, Навобод ва Мараҷаб фаъолияти босамар дорад.

Кооперативи тиҷоратӣ 4 бошишгоҳи саҳроӣ дорад, ки бо таҷҳизот ва мошинолоти корӣ таъмин мебошанд. Имкониятҳои фароҳамшуда ва таҷрибаи зиёди корӣ боис гардидааст, ки кооператив пайваста фаъолиятро густариш дода, истеҳсоли номгӯй ва миқдори маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад.

Дар ҳамон ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи кишоварзони кооператив дидан карда, бо навъҳои тухмие, ки дар заминҳои хоҷагӣ истифода мегарданд, шинос шуданд. Аҳли заҳмат тухмии намудҳои гуногуни пахта ва беш аз 10 номгӯи дигари зироатҳои кишоварзиро ба намоиш гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки онҳо асосан барои кишти такрорӣ пешбинӣ гардидаанд. Имсол дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо дастури Пешвои миллат дар масоҳати 1447 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, сабзавот, намудҳои гуногуни сабзӣ, шолӣ, мош ва хӯроки чорво гузаронида мешавад.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки бо истифода аз тухмиҳои хушсифат ва мутобиқ ба иқлими кишвар кишти такрориро вусъат бахшанд, зеро тухмии хушсифат омили асосии ба даст овардани ҳосили фаровон аст. Ба ин васила метавон маҳсулнокии заминро низ баланд бардошт.

Сипас, Пешвои миллат ба аҳли заҳмати Кооперативи тиҷоратии ба номи «Ҷаббор Расулов» ҷиҳати истифодаи самараноки замин, рӯёнидани чанд ҳосил ва вусъат додани ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Дуюми июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба ноҳияи Ҷаббор Расулов ташриф оварда, дар деҳоти «Деҳмой» пойгоҳи обкашии «Деҳмой — 1»-ро, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмиру таҷдид гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Дар он, ки солҳои 60-уми асри гузашта дар маҷрои дарёи Сир бунёд шудааст, 6 агрегат ниёз ба таъмири пурра дошт ва ду агрегат умуман фаъолият намекард. Аз ин сабаб зимни обёрии заминҳои кишоварзӣ дар деҳоти «Деҳмой», «Гулхона», «Сомониён», «Ғулакандоз» ва қисман заминҳои деҳоти «Ҳаёти нав» мушкил ба вуҷуд меомад. Акнун ин мушкил аз байн рафт. Минбаъд тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» 7885 гектар замини кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо оби полезӣ таъмин мешавад, зеро 5 агрегати мавҷудаи пойгоҳ аз таъмири пурра бароварда, дар ҷойи агрегатҳои фарсуда ду муҳаррик ва ду дастгоҳи обкашии наву замонавӣ насб карда шуд.

Муҳаррикҳои нав имкони то 20 фоиз сарфа намудани қувваи барқро доро мебошанд ва ҳар кадом дар як сония то 1300 литр оби полезӣ интиқол медиҳад. Дар маҷмӯъ, иқтидори пойгоҳ дар як сония ба интиқоли 9,2 метри мукааб оби полезӣ баробар мебошад.

Ба Президенти мамлакат иттилоъ доданд, ки аз пойгоҳи «Деҳмой-1» ба канали магистралии Деҳмой, сипас, ба каналҳои Хоҷабоқирғон 2 ва 3 оби полезӣ равон карда мешавад.

Дар заминаи таъмиру барқарорсозии пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1», аз ҷумла, насби ду агрегати нав, таъминоти оби полезӣ дар мавзеи Рухак беҳтар мегардад. 400 гектар заминҳои корами ноҳияи Ҷаббор Расулов ва 210 гектар заминҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки қаблан аз сабаби норасоии об қисман кишт мешуданд, шодоб гардиданд.

Дар пойгоҳи обкашии «Деҳмой — 1» 13 нафар мутахассиси соҳа фаъолият доранд. Кафолати ба муҳлати тӯлонӣ коршоям боқӣ мондани агрегатҳои он таъмин аст.

Дар ҳамон ҷо ба Сарвари давлат Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон, марҳилаи 2 ва Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ ва идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон муаррифӣ карда шуд. Лоиҳаи миллии идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон, марҳилаи 2, ки мақсади татбиқаш беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолии деҳот дар қисми Тоҷикистонии ҳавзаи Сирдарё тавассути идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об мебошад, сад фоиз иҷро гардидааст. Дар ин доира пойгоҳҳои обкашӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ҷумла, таъмиру таҷдиди пойгоҳи обкашии «Деҳмой — 1», каналу қубурҳои асосии обгузари системаи ирригатсионии Оқсу дар ноҳияи Спитамен ва канали Хоҷабоқирғони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъмири пурра карда шуданд.

Таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳаз намудани бинои Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи Зарафшон ва Ассотсиатсияи истифодабарандагони об дар шаҳри Панҷакент, барқарорсозии 11 пойгоҳи обкашӣ, 20 чоҳи амудӣ, таъмиру таҷдиди 1000 километр ҷӯйборҳои дохилихоҷагӣ дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ аз ҷумлаи корҳое мебошанд, ки дар доираи Лоиҳаи барқарорсозии системаи обёрӣ ва идоракунии он дар ҳавзаи дарёи Зарафшон иҷро гардидаанд.

Татбиқи лоиҳа 80 фоизро ташкил медиҳад.

Ба хотири сари вақт тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо, шабакаҳои обгузар ва таъмини пайвастаи оби полезӣ, инчунин, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Ҷаббор Расулов техникаи махсуси пуриқтидору замонавӣ туҳфа карда шуд.

Сарвари давлат ҷиҳати истифодаи дурусти дастгоҳу таҷҳизоти мавҷуда, саривақт ва ҳар чӣ бештар обёрӣ намудани заминҳои кишоварзӣ тавассути пойгоҳи обкашии «Деҳмой-1» масъулонро муваззаф намуданд.

(Давом дорад)

 www.president.tj