Сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№81 (4187) 04.07.2020

(Идома аз шумораҳои гузашта)

50068568602_2887457562_oДар ноҳияи Ҷаббор Расулов Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои сабзавот дар хоҷагии деҳқонии «Холмамат» шинос шуданд.

Хоҷагии деҳқонии «Холмамат», ки соли 2019 ташкил гардидааст, 4,3 гектар замини корами обӣ дорад. Хоҷагидорон дар 2,3 гектар помидор шинонидаанд, ки аллакай ҳосили онро ҷамъоварӣ карда истодаанд. Тибқи маълумоти саҳмдорон, дар ҳар чинак то як тонна ҳосил ҷамъоварӣ мегардад.

Дар ҳар қатори ниҳоли помидор барои дон ҷуворимакка шинонида шудааст, ки дар баробари ҳосилбандӣ, бо таъмини соя ба серҳосилии помидор мусоидат мекунад. Ниҳолҳои помидорро моҳи март шинонидаанд ва аз ҳосили он кишоварзон қаноатманд мебошанд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Холмамат» дар як гектар бодиринг, 0,50 гектар помидор ва 0,50 гектар карам кишт кардаанд. Саҳмдорон қаблан дар масоҳати 1,5 гектар картошка ва 0,50 гектар карам кишт намуда, аз он ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намудаанд. Ҳосили картошка аз кишти асосӣ ба 35 ва карам ба 25 сентнер расидааст, ки ин нишондод ба талаботи соҳа дар иқлими ноҳияи Ҷаббор Расулов мутобиқ аст.

Соли равон кишоварзон парвариши занбӯри асалро низ ба роҳ монданд. Айни замон хоҷагӣ дорои 20 оилаи занбӯри асал мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти саҳмдорон, хоса истифодаи самараноку оқилонаи замин дар хоҷагии деҳқонии «Холмамат» баҳои баланд дода, ба кишоварзон барои саҳми арзанда гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ изҳори миннатдорӣ карданд.

Сипас, Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар хоҷагии деҳқонии «Холмамат» ташкил шуд, дидан намуданд.

Ба иттилои масъулони соҳа, ҳоло дар ноҳияи Ҷаббор Расулов зиёда аз 2400 хоҷагии кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз масоҳати заминҳои корами обии онҳо — 12167 гектар, лалмӣ — 2184, боғ — 1404 ва токзор 60 гектарро ташкил медиҳад.

Дар намоишгоҳ аз 6 ҷамоати деҳоти ноҳия хоҷагидорон иштирок намуда, дар ду пирамида, 10 хайма ва растаҳо маҳсулоти нонию кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ, меваҳои шаҳдбор ва асали табииро ба тамошо гузоштанд. Зикр гардид, ки алҳол дар ноҳия 2780 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст.

Фаровонии маҳсулоти кишоварзиро дар намоишгоҳ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба меҳнати пайвастаи сокинон, хоса, хоҷагидорони ноҳияи Ҷаббор Расулов марбут дониста, таъкид намуданд, ки масъулияту маданияти баланд ва истифодаи самараноку оқилонаи замин аз ҷониби кишоварзон дар таъмини пурраи бозори истеъмолии мамлакат замина хоҳад гузошт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи «Заркор»-и деҳоти «Деҳмой» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ­қитъаи замини наздиҳавлигии Ғулом Тӯрабоев шинос шуданд.

Ғулом Тӯрабоев 0,18 гектар замин дорад ва дар масоҳати 0,09 гектар гармхона ташкил намуда, дар 0,03 гектар лимӯ, 0,03 — помидор ва 0,03 гектар бодиринг кишт намудааст. Қитъаҳои дигари замини наздиҳавлигӣ низ самаранок истифода мегардад.

Ғулом Тӯрабоев бо хонаводааш, ҳамчунин, ба чорводорӣ машғул буда, 13 сар чорвои хушзот парвариш менамояд ва аз ин ҳисоб манфиати зиёд мебинад.

Деҳқони соҳибтаҷриба, бо мақсади истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ, дар байни қаторҳои ниҳолҳои лимӯ, ки дар гармхона парвариш меёбанд, маҳсулоти лӯбиёӣ кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.

Дарвоқеъ, хоҷагидорону сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо истифода аз имконияти мавҷуда ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзию наздиҳавлигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд ва аз ин ҳисоб даромади хуб мегиранд.

Аснои шиносоӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи деҳқони асил дар истифодаи замин баҳои баланд дода, оид ба муҳим будани захираи маҳсулоти ғизоӣ барои ду сол, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва таъмини рушди соҳаи кишоварзии мамлакат дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода бурдани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Ғулом Тӯрабоев лавозимоти рӯзгор, аз қабили яхдон, телевизор ва дигар туҳфаҳои арзишманд тақдим намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба фаъолияти корхонаи мавсимии «Баракат» шинос шуданд.

Корхонаи мавсимии «Баракат», ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Мирҷамол Ҷамолов дар масоҳати 1,17 гектар замин таъсис дода шудааст, аз ду қитъа иборат мебошад: яке 0,49 ва дигаре 0,68 гектарро дар бар мегирад. Дар корхонаи мавсимӣ асосан пиёз бо усули муосир тоза ва коркард карда, дар халтаҳо гирифта, барои фурӯш ва содирот пешниҳод мешавад.

Дар давраи коркарди пиёз, ки 2 моҳ идома меёбад, беш аз 500 нафар зан ба кор ҷалб мегарданд.

Соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорону кишоварзони ноҳия моҳҳои май ва июни соли ҷорӣ ба кишварҳои хориҷӣ беш аз 10800 тонна пиёз содирот ва барои зимистонгузаронӣ дар анборҳо боз 1000 тонна захира кардаанд.

Дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 14609 гектар замини корам мавҷуд аст, ки 12522 гектарашро заминҳои обӣ ва 2087 гектарашро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд.

Хоҷагидорону кишоварзон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати муваффақонаи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини сокинон бо маҳсулоти ниёзи аввалу аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар масоҳати 541 гектар кишти пиёз гузаронидаанд.

50067701003_24b3f2c0f2_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо тарзи парвариши қаламфури булғорӣ дар хоҷагии деҳқонии «Нарзулло» шинос шуданд.

Хоҷагӣ, ки аз соли 2008 фаъолият дорад, дорои 8 гектар замин мебошад, ки аз он 5 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол 9 нафар дар хоҷагӣ ҳамчун саҳмдор фаъолият доранд. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосил тақрибан 20 нафари дигар ба кори мавсимӣ ҷалб мегарданд.

Имсол хоҷагидорон майдони кишти қаламфури булғориро аз 2,3 га ба 3 га расонидаанд. Ҳамчунин, парвариши помидору қаламфури тунд, пиёз, боимҷон ва пахтаро низ ба роҳ мондаанд. Таъкид гардид, ки хоҷагии деҳқонии «Нарзулло» дар вилоят яке аз хоҷагиҳои фаъол дар самти парвариш ва истеҳсоли қаламфури булғорӣ ба ҳисоб меравад ва дар таъмини бозори дохилӣ бо ин навъи маҳсулот саҳми арзанда дорад. Тавре мушоҳида гардид, ҳосили имсолаи қаламфур хеле зиёд аст. Аз ин хотир, кишоварзон нақшаи содирот кардани ин маҳсулотро тарҳрезӣ намуда истодаанд.

Маврид ба зикр аст, ки кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов имсол майдони кишти зироатҳои гуногунро ба 14 ҳазору 709 га расонидаанд, ки 12 ҳазор гектараш замини корами обӣ ва 2 ҳазору 187 гектараш замини лалмӣ мебошад. Тибқи иттилои Идораи кишоварзӣ, аз маҷмӯи заминҳои киштгардида, бо дарназардошти заминҳои наздиҳавлигӣ, дар ноҳия 60 гектар қаламфури булғорӣ кишт шудааст.

Аснои шиносоӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муассиси хоҷагии деҳқонии «Нарзулло» барои дастгирии сиёсати Давлату Ҳукумати кишвар дар самти истифодаи мақсадноки замин изҳори сипос карда, барои дар оянда зиёд намудани майдони кишти қаламфури булғорӣ ва содироти он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бино ба таъкиди Пешвои миллат, ҳоло бояд деҳқонон нисбат ба солҳои гузашта бо масъулияти баландтар меҳнат намоянд ва дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми назаррас гузоранд, зеро хурӯҷи бемории коронавирус мардуми сайёраро, пеш аз ҳама, ба мушкилоти ғизоӣ рӯ ба рӯ намудааст.

Кишоварзон ҷиҳати амалӣ намудани дастурҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда доданд, ки кӯшиш менамоянд истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш дода, бозорҳои дохилиро бо маҳсулоти ғизоии хушсифат ғанӣ гардонанд.

50067831168_24151faf85_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон», ки дар соҳили «Баҳри Тоҷик» воқеъ аст, шинос шуданд.

Бунёди иншооти нави истироҳатӣ аз тадбирҳои навбатии роҳбарияти ҶДММ «Баҳористон» мебошад, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолият, ҷалби ҳар чӣ бештари меҳмонон, истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани шароити муосиру замонавӣ анҷом дода мешавад.

Бинои мазкур, тибқи лоиҳа, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат хоҳад шуд. Ҳуҷраҳо дорои муосиртарин шароиту имконияти истироҳатию фароғатӣ ва табобатӣ буда, барои то 80 нафар пешбинӣ шудаанд. Дар бинои нав, ҳамчунин, меҳмонхона ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардида, гирду атрофи он бо гулгашту фаввораҳо зеб бахшида мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои бунёдӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сохтмончиён ҷиҳати ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ сохтани иншоот дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бунёди иншооти истироҳативу сайёҳӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар вилояти Суғд солҳои охир даҳҳо иншоот дар ин самт бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода дода шудаанд.

Осоишгоҳ бо инфрасохтори замонавӣ, имконияти муосири ташхисию табобатӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ шинохта шудааст. Минтақаи сабзазору хуррами осоишгоҳ 22 гектарро дар бар мегирад. Тарҳи зебои биноҳои истироҳатию табобатӣ, пайроҳаҳои зебову чароғон, гулҳои рангоранг, фаввораҳо, айвонҳои бо кандакории миллӣ сохташуда, гӯшаҳои кӯдакона, чаманзорҳои сабзу хуррами осоишгоҳ солҳост, ки диққати сайёҳону истироҳаткунандагони дохиливу хориҷиро ҷалб намудааст.

Бо мақсади қабули меҳмонон 6 бинои истиқоматӣ бо ҳуҷраҳои гуногундараҷа ва шабакаи ягонаи муътадилкунандаи ҳарорат бунёд гардидаанд. Дар маҷмӯъ, Осоишгоҳи «Баҳорис­тон» дорои 10 коттеҷи бо тарҳи нодир сохташуда барои 40 нафар, ду коттеҷи ВИП,  ошхона барои 880 нафар, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, фитнес — клуб, толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварии тобистонаву зимистона, минтақаи обутоби бадан, 2 майдони варзишӣ, корти теннис, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва кӯли сунъӣ мебошад. Шароити табиии мувофиқ ва имконияти муосири ташхисию табобатӣ бо сатҳи баланди хизматрасонӣ боиси сол то сол зиёд шудани теъдоди истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар маҷмааи солимгардонӣ гардидааст.

www.president.tj