Сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд

№78 - 79 (4184 - 4185) 30.06.2020

50060886026_7d28c303c2_o30 июни соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафари корӣ намуданд.

Дар ҷараёни он дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти нав иштирок намуда, бо рафти корҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, роҳу усулҳои истифодаи мақсадноки заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ шинос шуда, бо аҳли заҳмату сокинони вилоят мулоқоту вохӯриҳо анҷом медиҳанд.

Хотиррасон бояд шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳ ва дастгирию ғамхориҳои доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баҳри пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ нақшаву барномаҳои мукаммал амалӣ гардида истодаанд. Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои ободониву бунёдкорӣ бомаром идома доранд.

50060661297_c68d194f24_oНахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, дар деҳоти «Хистеварз» ба фаъолияти Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» оғози расмӣ бахшиданд.

Бинои хуштарҳу замонавии марказ, ки ба истиқболи ҷашни фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Самадов бунёд гардидааст, дорои беҳтарин шароиту имконияти ташхисию табобатӣ мебошад.

Корҳои сохтмонӣ дар ин бинои сеошёна, ки дар масоҳати 0,60 гектар соли 2018 оғоз гардида буданд, дар муҳлати пешбинишуда бо сатҳу сифати баланд анҷом ёфтанд. Дар ошёнаи якуми бино дорухона бунёд гардидааст, ки дар он танҳо дорувории аз алаф ва гиёҳҳои табиӣ омодашуда ба мизоҷон пешниҳод карда мешавад. Барои таъмин намудани дорухона бо дорувории гиёҳӣ масъулон бо олимону донишмандон, гиёҳшиносон ва ширкатҳои истеҳсолӣ ҳамкориро ба роҳ мондаанд.

Дар ошёнаи якуми бинои Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат», ҳамчунин, намоиши молу маҳсулоти тиббӣ ташкил карда шуд, ки дар он ширкатҳои истеҳсолии дохилию хориҷӣ дастгоҳу таҷҳизот ва асбобу анҷоми тиббиро ба тамошо гузоштанд. Ба Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол дар вилояти Суғд даҳҳо ширкату корхона ба истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ машғуланд ва талаботи муассисаҳои тиббии вилоятро қисман бо асбобҳои зарурӣ таъмин карда метавонанд. Аз ҷумла, беморхонаҳо бо кату рахтҳои хоб, дастгоҳҳои ташхисӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ пурра аз ҳисоби ширкатҳои ватанӣ таъмин карда мешаванд.

Тибқи иттилои масъулони Раё­сати тандурустии вилоят, бо истифода аз шароиту имкониятҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаи тандурустӣ ва солимии аҳолӣ фароҳам овардааст, бахши хусусӣ дар соҳаи тандурустӣ ҳар чӣ бештар фаъол мегардад. Маркази ташхисию табобатии «Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров чорумин иншооти тиббии хусусӣ ба ҳисоб меравад, ки дар доираи дастгириҳои давлатӣ бунёд ёфтааст.

Дар ошёнаҳои дуюм ва сеюми бино шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси фаросавтӣ, таҳлилгоҳ, утоқҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ ҷой гирифта, барои беморон 10 кати хоб низ мавҷуд аст. Инчунин, 35 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маош таъмин гардидааст. Дар саҳни бинои марказ барои 20 автомашинаи сабукрав ва нақлиёти тиббӣ таваққуфгоҳ бунёд карда, ҳавлӣ ва гирду атрофи он сафолакпӯш ва бо гулу буттаҳои гуногун оро дода шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароити марказ ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат изҳори сипос карда, ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва раёсати он дар вилояти Суғд дастур доданд, ки фаъолияти бахши хусусиро дар соҳаи тандурустӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.

30 июни соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Хистеварз» иншооти тиббии дигар-бинои дуошёнаи беморхонаи сироятии ноҳиявиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ки сохтмони он соли 2018 оғоз гардида буд. Корҳои сохт­мониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файз» анҷом додааст.

Деҳоти «Хистеварз» аз калонтарин минтақаҳои аҳолинишини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба шумор меравад ва зарурати бунёди беморхона солҳо боз ба миён омада буд. Аз ин хотир, бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он сохта, ба истифода дода шуд.

Дар беморхона, ки 56 воҳиди корӣ ташкил карда шудааст, ба бештар аз 63 ҳазор аҳолии деҳот 2 табиби сироятшинос, 11 ҳамшираи шафқат ва 5 корманди хурди техникӣ хизмат мерасонанд. Он дорои 40 кати хоб, 10 ҳуҷраи табобатӣ ва 12 ҳуҷраи ёрирасон мебошад. Утоқҳои табобатӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхис ва муолиҷаи бемориҳои сироятӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Аз ҷумла, бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия беморхона бо 2 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 2 оксигенератор, 4 кардиомонитор, 2 инфузомат, 1 дефибриллятор, 1 рентгени сайёр, нуқтаҳои оксигени табиӣ ва дигар таҷҳизоти барои ташхис ва табобати бемориҳои хавфноки сироятӣ таъмин гардидааст.

Саҳни беморхона сафолакпӯш карда, даромадгоҳ ва ҳавлии он бо гулҳои рангоранг ва буттаву дарахтони ороишӣ зебо карда шудаанд.

Ҳангоми боздиди Пешвои миллат аз беморхона табибон ба Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориашон нисбат ба кормандони соҳаи тиб, махсусан, дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд. Бояд зикр кард, ки чун дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ, вируси нави COVID-19 дар деҳоти «Хистеварз» низ асар гузошт. Шумораашон зиёд набошад ҳам, қисме аз сокинони деҳот ба маризии хавфнок сироят шуданд. Тадбирҳои саривақтии аз ҷониби Ҳукумати мамлакат андешидашуда, аз ҷумла ба роҳ мондани назорати ҷиддӣ дар сарҳади давлатӣ, маҳдуд кардани рафтуомади шаҳрвандон ба кишварҳои хориҷӣ, дастгирии амиқ ва ҳамаҷонибаи кормандони соҳаи тиб аз тарафи давлат ва ҷомеа, таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо лавозимоти тиббӣ ва ғайра боис гардиданд, ки пеши роҳи паҳншавии беморӣ дар кишвар ба зудӣ гирифта шавад. Табибони ноҳия ин нуктаро дар суҳбат бо Пешвои миллат баён намуданд ва ба роҳбарияти Давлату Ҳукумати кишвар арзи сипос карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табибонро даъват намуданд, ки ҳангоми табобат бо беморон, пеш аз ҳама, хушмуомила бошанд, зеро бемор беш аз дигарон ба муомила ва сухани хуб муҳтоҷ аст. Табиб на танҳо бо дорую дармон, балки бо рафтору гуфтор низ беморро муолиҷа мекунад.

Тибқи иттилои масъулони соҳаи тандурустии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар 12 деҳоти ноҳия беморхонаву марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ мавҷуд аст. Дар муассисаҳои танду­рустӣ норасоии кадрӣ эҳсос намегардад. Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи махсусгардонидашудаи сироятӣ бошад, дар оянда кори табибонро ҷиҳати пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи маризиҳои хавфноки сироятӣ боз ҳам босамар хоҳад кард.

Дар деҳоти «Хистеварз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бардоштани парда аз болои лавҳа Майдони Парчами давлатии Тоҷикис­тонро ба истифода доданд.

Иншооти мазкур, ки дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд гардидааст, 0,45 гектар заминро дар бар мегирад. Баландии Парчами давлатии Тоҷикис­тон бо таҳкурсияш 50 метрро ташкил медиҳад. Таҳкурсии иншоот бо сангҳои гуногун оро ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар майдон ва сутунпояи Парчами давлатӣ соли 2019 оғоз гардида буданд.

Атрофи иншоот бо шаклу услуби хоси меъморӣ оро ёфтааст. Дар майдон гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд. Дар ду тарафи Парчами давлатӣ фаввораҳои зебо бунёд ва майдони Парчам ба пуррагӣ чароғон карда шудааст. Бояд қайд кард, ки сохтмони майдону парафшон намудани Парчами давлатӣ ба хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии мардум дар шаҳру ноҳия ва марказҳои деҳот сурат гирифтааст. Аз ҷумла, дар чанд соли охир дар аксари деҳот ва маҳаллаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парчами давлатӣ қомат афрохтааст.

Ҳамчунин, дар доираи корҳои ободонӣ дар деҳоти «Хистеварз», роҳҳои гирду атрофи Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон мумфарш карда шудааст. Сокинон бо вусъати корҳои ободониву созандагӣ ҳадаф доранд, ки 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо даст­овардҳои чашмрас истиқбол гиранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, барои нигоҳубини дурусту ҳифзи маконҳои фароғатӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Хис­теварз» Маҷмааи хизмат­расонии «Гулистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сарвари давлат бо шароити дар он фароҳамгардида шинос шуда, бо кормандон ҳамсуҳбат гардиданд.

Иншооти нав, ки дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдусамӣ Раҳмонов бунёд гардидааст, аз чор ошёна иборат мебошад. Ошёнаи аввал барои хизматрасониҳои бонкӣ пешбинӣ гардида, мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонии бонкдорӣ ҷиҳати қабули мизоҷон, расонидани хизмат ба онҳо ва анҷом додани дигар амалиёти бонкӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Инчунин, Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон» дорои ду тарабхона бо 100 ҷойи нишаст ва барои гузаронидани базму чорабиниҳои гуногун мутобиқ аст. Дар ошёнаи сеюм меҳмонхона бо утоқҳои як, ду ва сенафара сохта шудааст. Дар маҷмӯъ, меҳмонхонаи Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон» имконият дорад, ки дар як вақт ба 20 нафар мизоҷ хизмат расонад. Иброз гардид, ки ифтитоҳи иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба баланд гардидани сатҳи хизматрасонӣ, дастрасӣ пайдо кардани аҳолии минтақаҳои дурдаст ба хизматрасониҳои замонавӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Феълан дар Маҷмааи хизматрасонии «Гулистон» 25 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардидаанд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкоронро намунаи ибрат ва боиси дастгирӣ хонданд.

Дар он ҷо Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони оилаҳои камбизоат ва ятимон мулоқот намуда, ба 50 кӯдаки ятим туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.

Бояд зикр намуд, ки Сарвари давлат зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳамеша бо ятимону бепарасторон ва нафарони эҳтиёҷманд вохӯрӣ намуда, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ва таҳсили онҳо тадбирҳои судманд меандешанд.

Аснои суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон иброз доштанд, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаи эҳтиёҷманди ҷомеа мебошад. Қайд гардид, ки минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки вазъи зиндагии ятимону бепарасторон беҳтару хубтар гардад. Инчунин, кӯдакону наврасонро даъват карданд, ки бештар хонанд, илму ҳунар омӯзанд, то дар оянда тавонанд рӯзгорро пеш баранд ва дар рушди кишвар саҳмгузорӣ намоянд.

50060302018_8b8ce9b351_o30 июни соли 2020 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ дар Хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов»-и деҳоти «Хистеварз» шинос шуданд.

Хоҷагӣ, ки аз соли 2007 фаъолият дорад, бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми назаррас мегузорад. Ҳамчунин, кишоварзони хоҷагӣ ҳар сол ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногунро ба хориҷи кишвар содирот мекунанд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов» дар майдони 10 гектар замини корами обӣ таъсис ёфтааст, ки дар 2 гектари он боғ бунёд шудааст. Имсол дар 3 гектар замини ин хоҷагӣ пахта, 4 гектар помидор ва дар боқимонда хӯроки чорво кишт гардидааст. Тибқи дурнамо, ҳосилнокии пахта бояд на камтар аз 30 сентнерро ташкил диҳад. Ҳосили интизории помидор бошад, ба 140 тонна аз як гектар баробар аст.

Самти асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Абдуғаффор Ҷабборов» парвариши сабзавот, аз ҷумла, помидор, мебошад. Ҳамчунин, ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин дар хоҷагӣ ба рушди боғу токзор низ диққати махсус дода мешавад. Аз ҷумла, аз 2 гектар замине, ки барои боғу токзор пешбинӣ гардидааст, дар майдони 1,7 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда бунёд шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба саҳмдорон барои пайгирии ҳадафҳои Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти деҳқонон баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи зироатҳои кишоварзии ноҳия дидан намуда, бо натиҷаи заҳмати хоҷагидорону соҳибкорон шинос гардиданд ва аз саҳми хоҷагидорон дар таъмини амнияти озуқавории кишвар ва рушди соҳаи боғу токпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид карда шуд, ки кишоварзони ноҳия соли равон дар майдони 25 ҳазору 872,1 гектар зироатҳои гуногун кишт намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 210 гектар зиёд мебошад.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади амалисозии барномаҳои давлатӣ оид ба васеъ гардонидани заминҳои корам ва иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба истифодаи самараноки замин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тадбирҳои зиёд амалӣ гардида истодаанд. Аз ин ҷост, ки аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз, помидор ва дигар зироатҳои ғалладонагию полезӣ зиёд карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани маҳсулот ва содирот кардани он ба кишоварзон ва масъулони хоҷагиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Хоҷагидорон аз дастгириҳои фаровони Давлату Ҳукумат нисбат ба дастрасии деҳқон ба замин изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Сарвари давлат кӯшиш мекунанд, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.

Дар идомаи сафар ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фермаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чӯҷаи Байзо»-ро ифтитоҳ намуданд, ки аз ҷониби соҳибкори ҷавон Азимҷон Пӯлодов бунёд гардидааст.

Он, ки аз 7 қисм иборат мебошад, дар масоҳати 1,48 гектар доман густурдааст. Дар корхона, ки дар вилояти Суғд яке аз калонтарин коргоҳҳои хушзоткунии паранда ба ҳисоб меравад, дар як моҳ 100 тонна гӯшти мурғ истеҳсол мегардад. Инчунин, дар он муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ насб гардидааст ва ҷараёни нигоҳубини чӯҷаҳо, мурғҳои гӯштӣ ба таври автоматӣ назорат карда мешавад.

Гӯшти мурғ дар кишвар аз маҳсулоти серталабот ба шумор меравад. Аз ин хотир аст, ки ҷиҳати густариши соҳа аз ҷониби Давлату Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳо қабул гардидаанд. Натиҷаи татбиқи барномаҳои давлатӣ аст, ки ҳоло дар мамлакат теъдоди корхонаҳо тадриҷан зиёд карда мешавад.

Бино ба маълумоти оморӣ, агар дар вилояти Суғд дар 5 моҳи соли 2019 — ум 586,6 тонна гӯшти парҳезии мурғ истеҳсол шуда бошад, ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2020 ба 3062,4 тонна баробар гардидааст. Яъне, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон вобаста ба ин масъала, ки бахши муҳими амнияти озуқаворист, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

Сипас, Сарвари давлат маҳсулоти истеҳсолнамудаи Фермаи парандапарварии «Чӯҷаи Байзо» — ро аз назар гузаронида, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки соҳибкорону кишоварзон вобаста ба вазъияти баамаломада бояд масъулияти бештар ҳис кунанд ва барои таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳми назаррас гузоранд.

Парандапарварон ваъда доданд, ки дар доираи ҳидоятҳои Пешвои миллат корро дар ин самт ҷоннок намуда, то истиқболи ҷашни 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди коргоҳ сехи коркарди хӯроки паранда ташкил менамоянд ва ба ин васила шумораи кормандонро зиёд ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хушсифатро афзоиш медиҳанд.

30 июни соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, намоишгоҳи зардолу ва асалро тамошо карданд.

Дар он деҳқонони меҳнатқарини вилояти Суғд меваҳои шаҳдбор, аз ҷумла, 35 навъи маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, ба монанди «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», Тоҷибой», «Рӯҳи ҷавони сурх», «Лола», «Бобо ғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Учмаи сафед», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраро ба намоиш гузош­танд.

Таъкид шуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғи зардолу ва дигар навъи меваҳо бунёд ёфта, масоҳати калони боғу токзори куҳна барқарор гардидаанд. Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят наздик ба 800 гектар ва имсол 586 гектар боғи нав бунёд карда шудааст. Дар боғҳои нав асосан ниҳолҳои дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда шинонида шудаанд.

Дар маҷмӯъ, ҳоло дар вилоят 70 ҳазор гектар боғ мавҷуд аст, ки 50 ҳазору 542 гектараш ҳосилдиҳанда мебошад.

Майдони боғҳои зардолу низ тайи солҳои охир васеъ гардидааст ва кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам аз онҳо ҳосили фаровон ҷамъоварӣ менамоянд. Метавон гуфт, ки дар самти бунёди боғ ва истеҳсоли зардолу таҷрибаи хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров шоистаи омӯзиш аст.

Алҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 50 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ҳосили 38 ҳазор гектари он ҳам ба шакли тар ва ҳам ба тарзи бандубасти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда мешавад.

Соли гузашта аз вилоят ба хориҷи мамлакат 18 ҳазору 828 тонна мева, аз ҷумла, беш аз 4 ҳазору 554 тонна меваи тар, содирот шудааст. Дар шаш моҳи соли равон бошад, ҳаҷми содироти мева ба 13 ҳазору 516 тонна расидааст, ки тақрибан 3 ҳазору 300 тоннааш зардолу мебошад.

Имрӯзҳо дар боғҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварии ҳосили зардолу идома дорад. Тибқи ҳисоби пешакии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, то охири мавсим бояд, дар маҷмӯъ, 107 ҳазору 880 тонна зардолу ҷамъоварӣ карда шавад.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан, васеъ намудани зардолузор, ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикис­тон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Таъкид гардид, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла, зардолу, баҳои баланд додаанд.

Ба ин хотир, солҳои охир бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят чанд корхонаву коргоҳи коркард ва бандубасти меваи хушк мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки маҳсулоти истеҳсолкардаи онҳо дар бозори ҷаҳонӣ харидор дорад. Бо таваҷҷуҳ ба рушди соҳа, ҳар сол соҳибкорон хатҳои технологии нав ворид намуда, дар самти истеҳсоли маҳсулот аз меваҳо, бандубасти меваи хушк, шарбат ва афшураҳои гуногун ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд. Тибқи маълумоти масъулон, ҳоло дар вилоят зиёда аз 30 корхонаи коркарди мева фаъолият дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаҳо баҳои баланд ва ба соҳибкорон маслиҳат доданд, ки ба дастовардҳои ноилгардида қаноат накарда, дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои корӣ саҳми арзанда гузоранд. Амалӣ намудани ин иқдом, пеш аз ҳама, дар рушди иқтисоди миллӣ ва сатҳи зиндагии сокинон, хусусан, онҳое, ки ба боғпарварӣ машғуланд, нақши бориз хоҳад гузошт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз зардолузори «Боғи миллии Ваҳдат» дидан намуда, бо боғпарварони соҳибтаҷрибаи он суҳбат анҷом доданд ва таҷрибаи онҳоро дар самти рӯёндани навъҳои беҳтарини зардолу намунаи омӯзиш арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат зимни шиносоӣ бо тарзи чидану хушк кардани зардолу ба масъулон оид ба таъсиси коргоҳҳои хушксозӣ ва бастабандии мева мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ, ки асоси якчанд маротиба зиёд шудани даромад аз соҳаи боғу токпарварӣ аст, маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҳамчунин, аз ҷониби занбӯриасалпарварони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навъҳои гуногуни асал ва прополис (муми занбӯри асал) ба намоиш гузошта шуд.

Иттилоъ доданд, ки соли гузашта занбӯриасалпарварони вилоят аз 56 ҳазору 482 оилаи занбӯри асал 1 ҳазору 417 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол бошад, ният доранд, ки ин нишондодро зиёд намоянд, зеро шароит ва иқлими ноҳияҳои кӯҳистони вилоят барои рушди ин соҳаи камхарҷу сердаромад басо мувофиқ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба занбӯриасалпарварон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.

Тавре занбӯриасалпарварон мегӯянд, бо татбиқи барномаҳои давлатӣ ва дар ҳамин замина пешбинӣ намудани имтиёзҳо барои фаъолияти пурсамари онҳо, шумораи оилаҳои занбӯри асал ва истеҳсоли асали аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки ҳоло дар бозори дохил ва хориҷ талабот ба он зиёд аст, сол то сол бештар мегардад, зеро дар ноҳияҳои кӯҳистон мардум ба ин шуғли манфиатовар зиёдтар машғул хоҳанд шуд. Қайд гардид, ки соли равон дар вилоят шумораи оилаҳои занбӯри асал ба 60 ҳазору 274 адад расонида шудааст.

Ҳамчунин, дар ҷойи баргузории чорабинӣ нуқтаҳои гирифтани асал ва ташкили корҳои мубориза бар зидди касалиҳои занбӯри асал ба назар мерасид.

www.president.tj