Сафари расмии Президенти мамлакат ба Ҷумҳурии Қазоқистон

№35 (3829) 17.03.2018

25945439287_12f4e2df13_o14 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шаҳри Остона — пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон ворид шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Остона намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқис­тон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

14 марти соли 2018 маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қас­ри «Оқ – Орда» сурат гирифт.

Ба хотири истиқболи меҳмони олимақом — Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони истиқболи расмӣ бо парчамҳои давлатии ду кишвар идона оро ёфта, горд ва оркестри фахрӣ саф кашида буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев самимона пешвоз гирифтанд.

Пеш аз оғози маросими расмии истиқбол сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват карданд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаш­ти сарони давлатҳо аз назди сарбозон, ба ҷо овардани эҳтиром ба Парчами давлатии Қазоқистон ва гузашти низомии сарбозони Горди фахрӣ сурат гирифт.

Баррасии масоили муҳими муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории шарикию стратегии Тоҷикистону Қазоқистон бо мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев оғоз гардида, дар музокироти ҳайатҳои васеи ҳар ду ҷониб идома ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хайра мақдам гуфта, барои саҳми муносиб дар рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар вазъияти тантанавӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ордени давлатии «Парасат» (Фаросат) — ро тақдим намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ, пазироии самимии роҳбарият ва мардуми Қазоқис­тон, инчунин барои бо мукофоти давлатии Қазоқистон сарфароз гардиданашон, ба Нурсултон Назарбоев изҳори сипос намуда, бо итминон иброз доштанд, ки сафар ва натиҷаҳои он баҳри таъмиқу тавсеаи равобити дуҷонибаи барои мардуми ду кишвар судманд заминаи мусоид фароҳам меорад.

- Муносиботи ҳамкорӣ бо Қазоқистон дар сиёсати хориҷии мо мавқеи асосӣ дорад ва минбаъд низ барои рушди онҳо манфиатдорем. Дар соли таҷлили 25 — солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки дар ин муддат байни кишварҳоямон равобити боэътимоди сиёсӣ роҳандозӣ гардид ва мо заминаҳои муҳими ҳуқуқию меъёрии дуҷонибаро фароҳам овардем, — таъкид доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки бо такя ба ин дастовардҳо мо тавонистем ҳамкориҳоямонро ба сатҳи шарикии стратегӣ барорем.

Таъкид гардид, ки ҳамаи дастовардҳои мардуми Қазоқистон бо шарофати сиёсати хирадмандона ва ояндадори муҳтарам Нурсултон Назарбоев ба даст омадааст.

Ҷонибҳо аз ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои умумиҷаҳонӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҷонибдории мавқеъ ва ташаббусу ибтикороти якдигарро дар рушди ҳамкории байниминтақавӣ ва таъмини амнияту субот мутобиқи манфиатҳои тамоми кишварҳои минтақа махсус таъкид намуданд.

Баргузории мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Остонаро шакли нави ҳамкориҳои минтақавӣ номида, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев изҳор доштанд, ки ташаб­бусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳалли ­мас­ъа­лаҳои марбут ба оби ошомиданӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. — Ҷониби Қазоқистон дар Конфронси байналмилалӣ оид ба оғози татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» дар Тоҷикистон фаъолона иштирок хоҳад кард, — афзуд ӯ.

Ҳар ду ҷониб аз мавқеи ҳамсон ва ҳамгироии давлатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай ёдовар шуданд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистон омодааст раисиро дар Машварат оид ба ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ба уҳда гирад.

Дар ҷараёни мулоқоти ҳайатҳои расмии ду кишвар маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Пеш аз ҳама, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ ва татбиқи ҳадафҳои он баҳри пешбурди ҳамгироӣ дар самтҳои муҳим, бахусус тиҷорат, саноати кӯҳию сохтмонии бахши саноат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ ва алоқа, муносибатҳои молиявию қарзӣ ва ғайра зарур шуморида шуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин аз афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар, ки соли гузашта зиёда аз 800 миллион долларро ташкил дод ва таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Таъкид гардид, ки Қазоқистон аз рӯйи гардиши мол бо Тоҷикистон дар байни шарикони тиҷоратии хориҷӣ мавқеи дуюмро соҳиб аст.

Саҳми арзандаи Нурсултон Назарбоев дар самти ба даст овардани тавофуқот оид ба афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон махсус таъкид гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки бо ин роҳ ҳаҷми гардиши молро то ба ҳадди миллиард доллар мерасонанд.

Барои ин таклиф ба миён омад, ки баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти ду кишвар, бизнес — форумҳо ва ба роҳ мондани робитаҳои мус­тақими иқтисодию маблағгузорӣ, робитаҳои байни минтақаҳо ва субъектҳои хоҷагидории ҷонибҳо ба роҳ монда шавад.

Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ва шарикиро дар дигар соҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла нақлиёт, сиёсати таруфаҳои нақлиётию транзитӣ, афзоиши боркашонӣ тавассути роҳҳои заминии Қазоқистон, ифтитоҳи хатсайрҳои мустақим байни пойтахтҳои ду кишвар баррасӣ карданд.

Бо дарназардошти мавқеи пешбарандаи Тоҷикистон дар самти истифодаи захираҳои об, ҳамгироӣ баҳри ҳифзи муҳити зист, таъмини истиқлолияти энергетикӣ таклиф карда шуд, ки ҳар ду кишвар барои содироти неруи барқ аз Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳамкории судмандро густариш диҳанд.

Ҳамкории сармоягузорӣ низ аз самтҳои афзалиятнок ва манфиатбори ду кишвар арзёбӣ шуд. Таъкид гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон зиёда аз 80 корхонаи муштарак фаъолият дорад ва дар Қазоқистон ҳам чунин корхонаҳо бо иштироки сармоягузорони тоҷик мавҷуд аст. Ҷоннок кардани ин ҳамкориҳо барои эҷоди фазои мусоиди сармоягузорӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ мусоидати фаъол хоҳад кард. Ба роҳ мондани коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва содироти он ба кишварҳои дигар низ ба манфиати иқтисоди Тоҷикистону Қазоқистон арзёбӣ гардид.

Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳангию башарӣ, тандурустӣ, илму маориф, тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар соҳаи низомӣ, равобити ­ҷам­ъи­ятҳои тоҷикону қазоқҳо, имзои санади байниҳукуматӣ оид рафтуомади мутақобил ва низоми будубоши шаҳрвандони ду давлат дар қаламрави ҳамдигар, аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо вобаста ба онҳо тасмимоти мушаххас гирифтанд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин оид ба ҳалли масъалаҳои мубрам ва доғи ҷомеа, рафъи хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳамкориҳои зичи амниятӣ табодули андеша ва пешниҳодҳо карданд.

Зимни мулоқот аз вазъи мураккаби сиёсӣ дар як қатор кишвари ҷангзада, аз ҷумла нооромӣ дар баъзе маҳалҳои Афғонистон, ки ба амнияти минтақа таҳдид мекунанд, изҳори нигаронӣ карда шуд. Вобаста ба тезутунд шудани рақобати дохилисиёсӣ ва афзоиши шумораи неруҳои ҷангиёни давлати бо ном исломӣ дар қисми шимолии Афғонис­тон пешниҳод гардид, ки иқтидори неруҳои сарҳадии Тоҷикистон ҳамчун кишвари пешгоҳи муқовимат ва хатар пурқувват карда шавад.

Ҷонибҳо бори дигар оид ба мавқеи устувор ва тағйирнопазири худ баҳри мубориза бар зидди ҳама гуна хатару таҳдид, мусоидати фаъол ҷиҳати рушди иқтисодиёти ин кишвари ҳамсоя,  истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон омодагии худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин вобаста ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули андеша сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сурат гирифт.

Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев Эъломияи муштаракро имзо карданд.

Ҳамчунин, санадҳои зерин ба имзо расиданд:

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия;

Протоколи иҷроияи тартиби тат­биқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба реадмиссия;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2018 — 2019;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба нияти ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ;

Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба нияти ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

Ҳамчунин, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон 5 санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорат оид ба корҳои дин ва ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Қазоқистон;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон;

Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди миллии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати зиддинҳисорӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷамъияти саҳомии Ширкати миллии «Казах Туризм»;

Ёддошти тафоҳум байни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба корҳои хизмати давлатӣ ва муқовимат бо коррупсия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ.

Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкории дуҷониба сарони давлатҳо муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯрии сатҳи олиро барои таҳкими муносибатҳои шарикию стратегӣ ба манфиати мардуми ду кишвар неку бобарор арзёбӣ карданд.

 14 марти соли 2018 дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба «Маркази Назарбоев» ташриф оварданд.

Сарони давлатҳоро дар даромадгоҳи бино роҳбарияти ин маркази калони илмию маърифатӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҷмаа ҳамчун маркази муосири илмӣ, маърифатию фарҳангӣ соли 2014 таъсис ёфтааст. Ҳадаф аз бунёди он омӯзиши нақш ва мақоми аввалин Президенти Қазоқистон дар таърихи миллӣ ва ҷаҳонӣ, саҳми он дар бунёди давлатдории навин, ҳифз ва ба насли оянда мерос мондани анъанаву муқаддасот мебошад.

Фаъолияти марказ ба панҷ самт равона гардида, аз бахшҳои китобдорӣ, бойгонӣ, осорхона, кори таҳлилӣ ва маърифатӣ иборат аст.

Таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар марказ бахши китобдорӣ бештар ҷалб кард, зеро дар он шумораи зиёди асарҳои нависандагони классику муосири ҷаҳон, аз ҷумла, қазоқу тоҷик, адабиёти соҳавӣ оид ба бахшҳои иқтисодиёт, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, амният, таърих ва фарҳангшиносӣ ҷамъ оварда шудааст.

Як бахши осорхона нигораҳо ва ҳуҷҷатҳои давраи роҳбарии Нурсултон Назарбоевро дар  солҳои 1997 — 2004 дар бар мегирад.

Баъди китобхона мавқеи асосиро дар марказ бахши таҳлилӣ ишғол мекунад, ки дар он коршиносон ва худи Роҳбари давлат ба таҳлилу омӯзиши мушкилоти мубрами ҷомеа машғул мешаванд.

Дар як гӯшаи дигари марказ унвонҳо, ҷоизаҳои роҳбарони давлатҳои хориҷ, ки Нурсултон Назарбоев барои саҳми муносиб дар таҳкими дӯстии мардуми кишварҳо сарфароз гардидааст, ҷой дода шудааст.

Баъди тамошои «Маркази Назарбоев» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби меҳмонони фахрӣ бо орзуву ниятҳои нек соядаст гузоштанд.

 14 марти соли 2018 Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»-ро нашр намуд, ки тавсияҳои ПСБМО ва ташаб­бусҳои он дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ, минтақавӣ ва Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст.

Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об соли 2016 бо ташаб­буси котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид ва президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст. Ба он сарони 11 давлат ва ҳукумат, аз ҷумла, Маврикий, Мексика, Австралия, Бангладеш, Венгрия, Урдун, Нидерландия, Перу, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал ва Тоҷикистон, инчунин мушовири махсус — доктор Ҳан Сеунг — Соо, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея шомил гардидаанд.

Бо дарназардошти нақши фаъол ва хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешниҳоди мушкилоти вобаста ба соҳаи об ба Рӯзномаи ҷаҳонӣ, аз ӯ даъват карда шуд, ки аъзои ин Панел гардад ва саҳми арзишманди худро дар идораи захираҳои обии ҷаҳонии ба ҳамкории муштарак асосёфта гузорад.

Ҳуҷҷати ҷамъбастии ПСБМО тавсияҳои асосӣ ва ташаббусҳои наверо, ки аъзои ПСБМО таҳия кардаанд, дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, ин тавсияҳо ба муносибати ҳамаҷониба ва маҷмӯӣ нисбат ба таъмини дастрасӣ ва идоракунии устувори захираҳои об ва беҳдошт барои ҳама (ҲРУ 6), инчунин барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дигари рушди устуворе, ки бо захираҳои об алоқаманданд, мусоидат мекунанд.

Тавсияҳо, дар мадди аввал, ба роҳбарони сиёсӣ ва шахсоне, ки афкори ҷамъиятиро ташаккул медиҳанд, инчунин намояндагони  бахшҳои давлатию хусусӣ, ки метавонанд сиёсатро дар самти масъалаҳои об муайян намуда, ба он таъсир расонанд, равона гардидаанд.

Ҳуҷҷати ҷамъбастии ПСБМО аз се қисм иборат аст: 1) Асос барои амал; 2) Рӯзномаи ҳамгироӣ барои амалҳо дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ; 3) Суръат бахшидани тағйирот, ба роҳ мондани шарикӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ.

Тавсияҳои Панели сатҳи баланд муҳимияти масъалаҳои арзиши об ва фаҳмиши арзиши иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва табиии он, муносибати маҷмӯӣ ҷиҳати идораи захираҳои об, баланд бардоштани ҳаҷм ва самаранокии сармоягузорӣ ба инфрасохтори об, пешбурди инноватсияро махсус қайд намуда, густариши ҳамкории байналмилалӣ бо истифода аз ташаббусҳои Панел, аз ҷумла, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» — ро ба сифати майдони муколама оид ба масъалаҳои таҳияи сиёсат, табодули таҷрибаи пешқадам ва таъсиси шарикии ҷаҳонӣ истифода менамояд.

Ташаббуси Тоҷикистон дар доираи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» ҳамчун яке аз ташаббусҳои муҳим аз ҷониби Ассамблеяи генералии СММ қабул гардид, ки барои татбиқи тавсияҳо ва ташаббусҳои дигари Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об заминаи саривақтӣ мебошад.

Тавсияҳои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои соҳаи об, инчунин ҷонибҳои манфиатдорро даъват мекунад, ки дар таҳияи тадбирҳо оид ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва тақвияти корҳо дар ин самт, ки аллакай дар як зумра кишварҳо оғоз ёфтаанд, муттаҳид шаванд. Ҳукуматҳо дар ҳалли ­мас­ъа­лаҳои вобаста ба об, аз ҷумла, ҷанбаҳои ҳамкории фаросарҳадӣ, нақши муҳим мебозанд. Ҳамчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар доираи ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ нақши муҳим доранд.

Ҳуҷҷати мазкур, ҳамчунин ҳуқуқи инсонро барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва беҳдошт махсус таъкид карда, зикр менамояд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» барои сафарбар намудани захираҳои молиявӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои вобаста ба об, таъсиси майдони ҳамкорӣ ва шарикӣ дар ҳама сатҳ бо мақсади мусоидат ҷиҳати  расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дар сатҳи байналмилалӣ оид ба  захираҳои об мувофиқашуда имкон медиҳад.

Аъзои Панел ва кишварҳои иштирокдор уҳдадории худро оид ба фаъо­лият дар соҳаи об эълон мекунанд ва роҳбарон, сиёсатмадорон, роҳбарони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусиро барои роҳҳои ҷустуҷӯ ва ҳалли муштарак даъват мекунанд.

15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаев мулоқот намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо раванди рушди бонизоми муносибатҳои шарикию стратегии кишварҳоро, ки ба манфиати мардуми Тоҷикистону Қазоқистон равона гардидааст, махсус қайд карданд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати муносибатҳои шарикӣ дар давоми 25 соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, имзои 12 санади нави зимни сафари расмӣ баимзорасидаро қадами устувор дар самти таъмиқу густариши муносибатҳои ҳамкорӣ ва баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашудаи робитаҳои дуҷониба маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки айни ҳол мо дар арафаи болоравии сатҳи ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ, фарҳанг, илм ва амният қарор дорем ва бояд аз ин имконият ба манфиати ҳар ду ҷониб самаранок истифода барем.

Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноати кӯҳӣ, саноати сабук, нақлиёту транзит, энергетика, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ғайраро баррасӣ карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бакитҷан Сагинтаевро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон мувофиқ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

15 марти соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтиром ба таъриху фарҳанг, маданият ва фарзандони барӯманди халқи қазоқ дар назди Муҷассамаи «Ҳимоятгари ватан» гулчанбар гузоштанд.

Бо гузоштани гулчанбар ва гиромидошти қаҳрамонони халқи Ҷумҳурии Қазоқистон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳи шаҳидони роҳи озодиро шод намуданд.

Дар маросими гулчанбаргузорӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамроҳӣ карданд.

www.president.tj