Шиносоии Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои барқарорсозӣ дар НБО-и «Роғун»

№ 05.08.2016

28475083680_191ff62bff_oЗимни боздид аз Неругоҳи барқи обии «Роғун» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита бо 3 толори мошинҳои неругоҳ, ки майдончаи асосии васлгарии таҷҳизоти тавлидкунандаи барқро ташкил медиҳад, шинос гардид.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст тарҳи асосии механизми кори агрегатҳо ва тавлидоти барқ, низоми минбаъдаи кори мошинҳо, хоса сохтори он бо натиҷаи охирини корҳои иҷрогардида муаррифӣ карда шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳа ба татбиқи сифатноки корҳо, ҳисси баланди масъулиятшиносии мутахассисону сохтмончиёни ин қитъаи сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, масъулинро ба иҷрои бетамдиди ҷадвали корӣ ҳидоят кард.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои омодасозӣ, бетонрезӣ ва мустаҳкамкунии иншоот, бахусус инфрасохтори зарурии хизматрасон барои агрегату дигар таҷҳизоти танзимкунанда дар ин қитъаи сохтмонӣ, мувофиқи нақша бо сифати баланд амалӣ карда шудааст, ки ба меъёрҳои байналмилалии сохтмонӣ мутобиқ мебошанд.

Дар майдончаи васлгарӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон толори асосии иншооти аср -Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро, ки дар он агрегатҳои тавлидкунандаи барқ насб хоҳанд шуд, аз назар гузаронд.

Дар ин қитъаи сохтмонии толори мошинҳо ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми корҳои иҷрошуда, сохтори устуворкунандаи деворҳо, механизм ва тартиби насби агрегатҳо, аз ҷумла пайвандкунии он ба дастгоҳҳои қабулкунандаи қувваи барқ муаррифӣ гардид.

Барои ҷойгиркунии 6 агрегат, ки иқтидори комили он 3 ҳазору 600 мегават мебошад, дар ин мавзеъ корҳои омодасозӣ ва гузоштани лавозимоти зарурӣ идома дорад. Баъди анҷоми пурраи корҳои омодасозӣ, яъне ҷузъиёти давраи ҷойгиркунии нахустин агрегатҳо, ки дар асоси нақшаи аввали фаъолияти неругоҳ амалӣ мешавад, дар марҳилаи ниҳоӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он љо, ҳамзамон аз сехи васлкунии трансформаторҳо, ки дар заминаи пойгоҳи фармоишгар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии «Роғун» бунёд шудааст, ошно шуд.

Тавре аён гардид, дар ин нуқтаи муҳими васлгарӣ аллакай ду трансформатори қувватнок бо тавоноии пурраи 700 ҳазор киловолт-ампер омода шудааст.

Тибқи нақша дар сехи васлгарӣ дар як моҳ як трансформатори пуриқтидор омода карда мешавад.

Дар асоси дурнамои фаъолият дар баробари васлу насби трансформаторҳои Неругоҳи барқи обии «Роғун» ин коргоҳ оянда барои ҷамъоварӣ ва омодасозии трансформаторҳои дигар неругоҳҳои хурду бузург низ хизмат хоҳад расонд.

www.president.tj