Шиносоии Пешвои миллат бо рафти корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе

№25 (3975) 05.03.2019

53080129_2499954160074755_1551059574172155904_o5 марти соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияҳои пойтахт бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи амалии нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти таъиноти гуногуни пойтахт, тадбирҳои бунёдкорию созандагӣ, кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ, ҳифзи муҳити зист ва омодагӣ ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, шинос шуданд.

Тавре мушоҳида мегардад, аз рӯзҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешрафти пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — шаҳри Душанбе ҳамчун маркази маъмурӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сарзамини аҷдодӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки солҳои охир Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таҳияи нақшаву чорабиниҳо, масъалаи ободонӣ ва таъмини шароити созгори зиндагӣ барои сокинони пойтахт аҳамияти махсус медиҳанд.

Аз рафти тадбирҳои созандагӣ дар ноҳияҳои пойтахт баръало мушоҳида мегардад, ки тавассути корҳои ободонӣ, таҳияи тарҳҳои муосир ҷиҳати сохтмони иншооти мухталиф, аз қабили мактабу бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонии маишию маданӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва чароғону гулзор кардани кӯчаву хиёбонҳо имрӯзҳо Душанбе ба як макони дилфиреб, шаҳри сулҳу ваҳдат, хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён мубаддал гардидааст.

Боғҳои фарҳангию фароғатии бо тарҳи зебо сохташуда таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб кардааст. Солҳои охир бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон навъҳои гуногуну нодири дарахтони бисёрсолаи ороишию сояафкан ворид карда, дар шоҳроҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва марказҳои фарҳангию фароғатии пойтахт шинонида мешаванд. Онҳо ба мавзеъ ва маҳалҳо ҳусни тоза мебахшанд ва барои саломатии инсон фоидаоваранд.

Дар ин рӯз Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маъракаи ниҳолшинонии назди Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе иштирок карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ва иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит шинос шуда, дар ҳудуди масҷид чанд ниҳоли «клён» шинониданд.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши Президенти мамлакат, дар асоси нақшаи сохтмони масҷиди ҷомеъ, дар ин ҷо дарахтони «магнолия», «магнолияи баргпарто», «каталпа», «клён», «ел», «сливаи ороишӣ» ва берёза шинонида шудааст.

Зимни ҳар як боздид аз Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми корҳои ободонию кабудизоркунии майдони назди он масъулинро вазифадор мекунанд.

Саҳни ҳавлӣ, роҳраву дигар мавзеъҳои атрофи иншоот бояд бо тарҳи хеле зебо оро дода шаванд. Барои ин бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаву тарҳи муосир таҳия гардидааст.

Баъди шинонидани ниҳолон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бештари корҳои ободонии ҳудуди масҷиди ҷомеъ ва даромадгоҳҳои иншоот ба мутахассисон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Бояд гуфт, ки 24 феврал Сарвари давлат бо иштирок дар маъракаи бунёди боғи нави интенсивӣ ва ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба мавсими корҳои баҳорӣ оғоз бахшиданд. Акнун шаҳрвандони мамлакатро зарур аст, ки бо истифода аз ҳар рӯзи мусоид баҳри истиқболи Наврӯз корҳои ободонӣ, созандагӣ ва ниҳолшинониро вусъат бахшанд.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт бо нашъунамои дарахтон ва корҳои ободонӣ шинос шуданд.

Боғи «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт дар масоҳати 146 ҳазор метри мураббаъ доман паҳн кардааст. Дарахтони зебою нодири сояафкан ва гулу гулбуттаҳое, ки аз гӯшаҳои гуногуни дохил ва хориҷи кишвар ба ин ҷо оварда шинонда шудаанд, аз қабили сосна, калина, туя, сирена, кедр, пихта, каталпа, можевелник, татум, магнолияи ҳамешасабз, чинор, берёзаи маҳаллӣ, каштан, барбарис, клёни сурх, лигуструм, кипарис, маҷнунбед ва гули садбарг, аз ороишоти асосии боғ ба шумор мераванд.

Сарвари давлат ба коргарони боғ супориш доданд, ки ба масъалаи тозагии атроф, нигоҳубини дарахтон ва корҳои ободонӣ диққати махсус диҳанд.

www.president.tj