Шиносоии Президент бо фаъолияти шифохонаи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ

№55 (3201) 28.05.2014

IMG_6948

Бисту шашуми майи соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди таъмири пурра мавриди истифода қарор дода шуд.

Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сарбозон ва афсарону аҳли оилаи онҳо хизмат мерасонад.

Ҳангоми боздиди Сарвари давлат аз ҳуҷраҳои беморхонаи ҳарбӣ таъкид гардид, ки сол ба сол хизматрасонии тиббӣ ба сарбозону афсарон беҳтар мегардад. Ин муассисаи тиббӣ, ки аз чор бинои сеошёна иборат аст, бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъмири пурра бароварда шуда, дар он шароити зарурии ташхису табобат фароҳам шудааст.

Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳашт шуъба иборат буда, дорои 160 кати хоб мебошад. Дар дармонгоҳи шифохона дар як баст то ба 150 нафар хизмати тиббӣ расонида мешавад.

Дар ҳамаи шуъбаҳо навтарин дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ насб гардидааст. Аснои шиносоӣ бо шароити шифохона Сарвари давлат ба масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дод, ки барои табобати пурраи афсарону сарбозон ҳамкориро бо ин муассисаи табобатӣ ба роҳ монанд. Президенти мамлакат бо сарбозон дар ин шифохона суҳбат карда, онҳоро ба хизмати садоқатмандона ҳидоят намуд.

Дар Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 147 табибу дигар кормандон фаъолият карда, барои ташхису табобати беморон аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамоянд. Кормандони Шифохонаи ҳарбии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхорӣ миннатдорӣ баён намуда, таъкид доштанд, ки барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ тамоми неруи худро равона менамоянд.

www.president.tj