Шиносоии Сарвари давлат бо рафти сохтмонҳои нав ва иштирок дар ободонии боғҳои пойтахт

№160 (3145) 25.12.2013

IMG_8710

Бисту якуми декабри соли ҷорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бо рафти сохтмони биноҳои нави Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шинос шуда, дар маъракаи ниҳолшинонӣ ва аз нав обод намудани боғҳои фарҳангу фароғат, кӯчаю хиёбон ва гулгаштҳои пойтахт иштирок намуд.

Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳалли сохтмони бинои нави Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо тарҳи хеле зебо дар миёни меҳмонхонаи Тоҷикистон ва бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ бунёд меёбад, ташриф оварда, бо рафти сохтмони он шинос шуд.

Тавре зикр гардид, бино аз 12 ошёнаи асосӣ ва таҳхонаю болохона иборат хоҳад буд. Масоҳати умумии бино беш аз 22 ҳазор метри мураббаъ буда, қариб 200 утоқи корӣ, толорҳои барҳавои маҷлисию барои қабули меҳмонон, ошхона ва ҳуҷраҳои дигар иборат хоҳад буд. Дар таҳхонаи он таваққуфгоҳ барои беш аз 50 мошин пешбинӣ шудааст. Чунонки аён аст, бино аллакай пурра қомат рост намудааст ва танҳо ороиши дохилу берун ва васлу насби таҷҳизоти зербиноӣ ва дигар корҳо боқӣ мондааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои бо сифати баланд анҷом додани сохтмон ва ороиши дохилу беруни бино супоришҳои мушаххас дода, таъкид дошт, ки ин иморат бояд то охири соли 2014 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Дар паҳлуи дигари бинои нави Вазорати корҳои хориҷӣ бинои наву боҳашамати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд меёбад.

Зимни боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла аён гардид, ки ҳоло танҳо таҳхонаи ин бино дар ҳоли сохтмон аст.

Тавре зикр гардид, ин бино аз 14 ошёна ва қариб 23 ҳазор метри мураббаъ иборат хоҳад буд ва дар он ғайр аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи миллии олимпӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҷойгир карда мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҷудо намудани маблағҳои кофӣ ва тезонидани суръати сохтмон ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, таъкид бар он дошт, ки ин бино бояд то соли 2016 бо сифати баланди сохтмону ороиш омода карда шавад.

Сипас, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Боғи фарҳангу фароғати Рӯдакӣ ташриф оварда, дар шинонидани ниҳолҳои бузургҷуссаи ҳамешасабз бевосита иштирок намуд.

Чунонки зикр гардид, ҳар яке аз ин ниҳолҳои нодир беш аз бистсола буда, бо технологияи махсус канда шуда, интиқол меёбанд ва дар ҷойи нав шинонда мешаванд. Дар ин мавсими ниҳолшинонӣ беш аз се ҳазор адад ҳамин гуна ниҳолҳои нодири бузургҷусса дар боғҳои фарҳангу фароғати Рӯдакӣ, «Пойтахт», «Наврӯзгоҳ», «Дӯстии халқҳо», дар атрофи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон, хиёбонҳои Рӯдакию Айнӣ ва гулгаштҳои пойтахт шинонида мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки ҳоло дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунии муҳити зист ба роҳ монда шудааст, ки то моҳи майи соли оянда идома хоҳад ёфт. Дар ин мавсим беш аз як миллион бех ниҳолҳои зебои ҳамешасабзи ороишӣ ва сояафкан шинонида шуда, дар садҳо гектар боғу токзори нав бунёд меёбад ва боғҳои кӯҳна навсозӣ мешаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки фаъолу пайваста дар чунин маъракаҳо ташаббуси бевосита нишон дода, тамоми мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва ҳар як фарди имкондоштаро ба саҳмгузорӣ дар ободу зебо намудани сарзамини Тоҷикистон, беҳсозии муҳити экологии шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар тарғибу ташвиқ менамояд.

Тавре аён мегардад, дар натиҷаи чунин ташаббускории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мавриди дастгирию пуштибонии васеи мардум қарор гирифтани он симои зоҳирии аксари шаҳру деҳоти кишвар комилан тағйир ёфта, ободу зебо мегардад.

www.president.tj