Шоми дӯстӣ бо иштироки сарони давлатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ

№118 (3912) 29.09.2018

44041543925_7aa9ce9477_oШоми 27 сентябри соли 2018 дар Бӯстонсарои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои иштирокчии Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ шоми дӯстӣ ташкил карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ба сайругашти шомгоҳӣ баромада, намоишгоҳи неъматҳои табии диёрро аз назар гузарониданд.

Дар намоишгоҳи пуршукӯҳ меваю сабзавот, хушк­меваю асал ва дигар неъматҳои бебаҳои табиии кишвар ба тамошо гузошта шуда буд, ки ба меҳмонони олимақом хеле писанд омад.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон дар мавзеи зебою назаррабои Бӯстонсарои ҳукуматӣ ташкил ва дар роҳравҳои алоҳидаи он намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуби хос ва ороиши гуногун гузошта шуда буд.

Намоишгоҳ даҳҳо намуди мева, полезиҳо, хушк­меваҳои босифат, аз қабили мағзу бодом, мавизу писта ва ғайраро фаро гирифта буд. Меҳмонони олиқадр ба маҳсулоти олисифати кишоварзӣ ва таомҳои миллӣ баҳои баланд доданд.

Аснои шиносоӣ таъкид гардид, ки маҳсулоти боғу токпарварон аксаран содиротӣ ба ҳисоб мераванд ва Тоҷикистон омодааст, давлатҳои ҳавасмандро бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ таъмин намояд.

Шоми дӯстӣ ба сарони давлатҳо ва роҳбарони ҳайатҳои аъзои ИДМ хеле писанд омад.

www.president.tj