Сиву се қонун ба имзо расид

№1 (3795) 04.01.2018

Дуюми январи соли 2018 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33 қонун, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар таҳрири нав қабул гардидааст, мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва хусусиятҳои хоси идоракунии онро ҳамчун маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илму тамаддун ва таърихию фарҳангии кишвар муайян менамояд.

Мувофиқи қонуни номбурда пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе дорои мақоми махсуси давлатӣ буда, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷойгир шудаанд. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе, маҳалли нигоҳдории нусхаи аслии матни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муқаддасоти милливу давлатӣ мебошад.

Дар қонун, мусоидати мақомоти давлатӣ ба шаҳри Душанбе дар иҷрои вазифаҳои он ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳдудиятҳо дар истифодабарии ҳудуди он, ваколатҳои Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти ­меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон, таъмини бехатарӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва паҳлуҳои дигари ҳаёти пойтахт, роҳҳои амалӣ намудани онҳо муайян карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, тартиби будубош, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку», ки низ дар таҳрири нав қабул гардидааст, асосҳои ташкилию ҳуқуқии маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба истифода, истеҳсол, воридот, содирот ва фурӯши маҳсулоти тамоку танзим менамояд.

Қонуни мазкур фурӯш ва истифодаи маҳсулоти тамоку, аз ҷумла чилим, нос ва сигори электрониро дар дохили бино ва ҳудуди муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, илмию таълимӣ, биноҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, тарабхона, ошхона, чойхона, қаҳвахона, бинои осоишгоҳҳо, меҳмонхона ва хобгоҳҳо, дар нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла таксӣ, дар ҳудуди фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳан, нақлиёти шахсӣ, ки дар он кӯдакони то 16-сола ҳузур доранд, майдончаҳои кӯдакон даромадгоҳҳои биноҳои истиқоматӣ, лифт, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва биною иншооти дигаре, ки барои одамон дастрас мебошанд, манъ менамояд. Инчунин, танзими паҳлуҳои дигари ин масъала дар қонуни номбурда пешбинӣ шудааст.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои саркашӣ кардани фарзанд аз таъмини иҷтимоии падару модар ва дар навбати худ саркашӣ кардани падару модар аз таъмини иҷтимоии фарзанд дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ, инчунин барои риоя накардани қоидаҳои зиддисӯхтор пурзӯр намудааст. Мувофиқи тағйиру иловаҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» воридгардида, ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро мувофиқи даъват адо менамоянд ва дар ақди никоҳи ба қайди давлатӣ гирифташуда қарор доранд, тибқи тартиби муқарраргардида рухсатии асосӣ қисм ба қисм, вале на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ дода мешавад.

Қонунҳои ба имзорасида ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо, танзими бозори истеъмолӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, мубориза бо ҷинояткорӣ ва таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, рушди фаъолияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа равона шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешавад.

 www.president.tj