Сохтмони биноҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи нав оғоз ёфта, бинои иловагии таълимии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ифтитоҳ шуд

№66 (3212) 21.06.2014

IMG_6137

Субҳи рӯзи 20 июни соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони биноҳои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар ҷойи нав оғоз бахшида, бинои иловагии таълимии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро ифтитоҳ намуд.

Тавре зикр гардид, бо сохтмони биноҳои нави Академияи Вазорати корҳои дохилӣ шумораи донишҷӯёни он аз 2,5 ҳазори ҳозира оянда то ба 5 ҳазор расонда мешавад.

Дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа бошад, бо сохтмони биноҳои нав ва муҳайё намудани шароити муосири таълимӣ оянда шумораи донишҷӯён то ба 2 ҳазор хоҳад расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои дар сатҳи баланд ва мутобиқ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир омода кардани афсарону мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот тамоми шароити зарурӣ бояд муҳайё карда шавад.

www.president.tj