Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№29 (3509) 03.03.2016

(Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

9-ПокистонЭмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Покистон изҳори сипосу хушнудӣ карда, доир ба аҳамияти муносиботи ду кишвар чунин гуфт: «Густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои кишвари мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ мегардад».

Чунонки таъкид гардид, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика масъалаи меҳварии робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон аст.

Сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, иштироки ҷониби Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқ, маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва барқарорсозии парвозҳои мустақим миёни ду кишвар аз соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номида шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ ҳашт санади нав ба имзо расид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистонро тақвият мебахшанд.

Зери Баёнияи муштарак оид ба натиҷаҳои сафари давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Навоз Шариф имзо гузоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари давлатӣ бо Президенти Покистон Мамнун Ҳусайн ва Раиси Ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ мулоқот кард.

Раиси Ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ, бахусус равобити миёни парлумонҳои ду кишвар бо итминон изҳор дошт, ки ин гурӯҳ метавонад барои ба сатҳи нав бардоштани ҳамкории байнипарлумонӣ нақши муҳим дошта бошад.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн зимни мулоқот ҳавасмандии амиқи Покистонро ба густариши робитаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки «Покистон дарҳои худро ба рӯи Тоҷикистон боз кардааст ва мо омодаем, ки бо ҳамкории зичу пурсамар муносибатҳои худро ба сатҳи баланд ва ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб барорем».

Пас аз мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Мамнун Ҳусайн дар қароргоҳи Президенти Покистон бо ҳузури намояндагони илму фарҳанг, роҳбарияти Донишгоҳи Қоиди Аъзам ва ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Покистон дар вазъияти тантанавӣ маросими супоридани унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод» — и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд.

Чунонки дар қарори Шӯрои академии донишгоҳ омадааст — «Бо дарназардошти талошҳои бузург, пешбурди ҳусни тафоҳуми байни тамаддунҳо, ҳамзистии динҳо, таҳаммулпазирӣ, озодӣ, демократия ва ҳуқуқи башар, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ таҷассум ёфтаанд, Донишгоҳи Қоиди Аъзами Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чун шахсияти арзанда бо камоли майл ва ифтихормандӣ аз номи муассисаи илмию таълимӣ ва олимони олиқадр бо унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод» сарфароз менамояд».

Шаҳодатномаи унвони фахрии “Доктори фалсафа ва иқтисод” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Покистон, ҳамзамон ректори Донишгоҳи Қоиди Аъзами Покистон Мамнун Ҳусайн дар вазъияти тантанавӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супорида шуд.

(Давом дорад)

Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин