Соли 2015 — cоли идомаи тадбирҳо барои рушди устувор

№35 (3515) 14.03.2016

(Охираш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта)

 Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки бевоситаи сарони ду давлат шаш санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Зимни нишасти матбуотӣ Нурсултон Назарбоев Тоҷикистонро «шарики муҳими стратегии Қазоқистон» номида, изҳор дошт, ки барои таҳким ва густариши минбаъдаи чунин шарикӣ аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда пурсамар истифода бояд кард.

24 октябр нахустин ташрифи Сарвазири Япония Синдзо Абэ ба Тоҷикистон, ки бо сафари расмӣ вориди шаҳри Душанбе шуд, бо баргузории маросими бошукӯҳи истиқболи расмӣ дар назди Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Синдзо Абэ оғоз ёфт.

Изҳори бовар карда шуд, ки боз­диди нахустини Сарвазири Япония аз Тоҷикистон ба фаъол гардидани робитаҳои ду кишвар ва таҳкими заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ мусоидат мекунад.

Доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоя­гузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва атрофи мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайвастаи ин кишвар аз рушди иҷтимоии Тоҷикистон изҳори сипос карда, зикр кард, ки бо кумаки техникию молиявии Япония дар Тоҷикистон беш аз 340 лоиҳаи иҷтимоӣ татбиқ шудааст. Ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кӯҳкорӣ, энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Рушди ҳамкории илмию техникӣ, аз ҷумла дар бахшҳои геология, гидрология, энергетика ва сейсмология судбахш номида шуд.

Дар робита ба мавзӯъоти вобаста ба Афғонистон доир ба имконоти иштироки якҷояи Тоҷикистону Япония дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ чун лоиҳаи энергетикии CASA-1000, лоиҳаҳои роҳсозӣ ва ғайра, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар ва минтақа нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ миёни ду кишвар ҳашт санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Изҳороти муштарак оид ба шарикӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония ба имзо расид.

Рӯйдоди аз ҳама муҳиму фараҳбахши соли 2015 қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» мебошад, ки 9 декабри соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Агар аз мавқеи соҳиб шудан ба Истиқлолияти давлатӣ назар андозем, ва марҳилаҳои тайкардаи онро таҳқиқ кунем, маълум мегардад, ки дар ҳар як саҳифа ва дар ҳар як лаҳзаи таърихӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи аввал меистад, чунки бо ибтикороте, ки пеша кардааст, ӯ Тоҷикистонро на фақат дар миёни кишварҳои ҷаҳон муаррифӣ кард, балки тавонист халқи худро зери як парчам муттаҳид карда, ба муваффақият комёб шавад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми  саривақтӣ ва муҳим буд ва он аз тарафи мардуми Тоҷикистон хеле хуш пазируфта шуд.

18 декабр аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» — ро ҷонибдорӣ карданд.

Соли 2015 бо талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста аз вазъи мураккаби иқтисодӣ ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, мардуми кишвар дар доираи корҳои ободонию созандагӣ нақбҳоро таъмиру таҷдид ва садҳо километр роҳҳои мошингард, даҳҳо адад кӯпрук, даҳҳо километр роҳи оҳан, хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, иншооти маишию маданиро бунёд карда, барои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ асос гузоштанд.

Соли 2015 барои боз ҳам мус­таҳкам гардидани пояҳои истиқлолият, таҳкими давлатдории миллӣ ва ваҳдату суботи ҷомеа силсилаи иқдому ташаббусҳои созанда амалӣ карда шуд.

Ифтитоҳи муассисаҳои таълимию тандурустӣ, қасрҳои фарҳангу толорҳои варзишӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ, меҳмонхонаҳо, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои беҳдошти шароити зиндагии мардум, паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз 85 фоизи соли 1992 то ба 31 фоиз дар соли 2015, аз натиҷаҳои бобарори фаъолияти соҳаҳо дарак медиҳад.

Баргузории чорабиниҳои гуногуни арзишманд бешубҳа, ба болоравии ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки ободкориву созандагии халқамон мусоидат кард.

Соли 2015 дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони маҳбуби мо на танҳо татбиқи силсилаи барномаҳои муҳими давлатие оғоз шуданд, ки рушди устувори минбаъдаи мамлакатро таъмин мекунанд, балки якчанд чорабиниҳои пураҳамияти сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардиданд, ки ҳар кадоми онҳо дар таърихи давлатдории халқамон саҳифаҳои навро боз намуд. 

Абдуфаттоҳ Шарифзода, Заробиддин Қосимӣ, Айниддин Самариддин