Суҳбатҳои телефонӣ

№58 (4164) 14.05.2020

Ҳаштуми майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Федератсияи Россия ва мардуми бародари русро бо солгарди 75-уми Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ самимона табрик намуда, ба кишвари дӯст барору комёбӣ ва шукуфоӣ орзу карданд.

Таъкид гардид, ки ин ғалаба бо шарофати муттаҳидӣ ва шуҷоати тамоми мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба даст омад.

«Рӯзи Ғалаба — иди муштараку мунаввари мост ва он барои қалбҳову ёдҳо пурарзиш мебошад», — таъкид намуданд Сарвари давлат.

Зимни суҳбат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки падарону бобоёни мо бо қаҳрамонии бемисл ва меҳнати зарбдори худ дар майдонҳои набард ва ақибгоҳ бароямон ҳисси доимии ифтихор, зиндагии пурсаодатро муҳайё карда, ба наслҳои оянда сулҳу озодиро фароҳам сохтанд.

Қаҳрамонию ҷоннисории пуршарафи онҳо ҳамеша дар хотираи мо ҷовидон хоҳад монд. Итминон дорам, ки Рӯзи Ғалаба минбаъд низ барои рушди муназзами муносибатҳои Тоҷикистону Россия хизмат хоҳад кард.

Дар рафти суҳбати самимӣ сарони давлатҳои Тоҷикистону Россия ҳамчунин як қатор масъалаҳои ҷории ҳамкории дуҷониба ва ҳалталаби шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро мавриди баррасӣ қарор доданд.

******

Ҳаштуми майи соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Зимни он роҳбарони ҳар ду давлат дар фазои дӯстӣ ба муносибати 75-солагии Рӯзи Ғалаба унвонии мардуми Тоҷикистону Беларус табодули табрикоти гарм, таманниёти некуаҳволӣ, сулҳ ва шукуфоӣ намуданд.

Аснои мубодилаи андешаҳо вобаста ба мавзӯи зуҳуроти глобалии буҳронии муосир ҷонибҳо ба ҳамдигар оид ба вазъе, ки бар асари паҳншавии фарогири коронавирус дар ҳар ду кишвар ташаккул ёфта истодааст, иттилоъ доданд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Беларусро таъкид намуданд.

Қайд гардид, ки ин ба манфиати аслии ду халқи бародар ҷавобгӯ мебошад.

Вобаста ба ин ҳамоҳангсозии минбаъдаи талоши ҷонибҳо ҷиҳати бартараф кардани таъсири манфии оқибатҳои пандемия ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус муҳим дониста шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори итминон намуданд, ки муносибатҳои ду кишвар минбаъд низ идомаи мантиқии худро хоҳанд ёфт ва зимнан омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар ин самт қайд карданд.

Ҷонибҳо, инчунин, як қатор масъалаҳои умдаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.

www.president.tj