Суҳбатҳои телефонӣ

№9 (4429) 11.01.2022

7 январи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманис­тон, Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД муҳтарам Никол Пашинян доир гардид.

Ҷонибҳо оид ба раванди рушди вазъият дар Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор намуда, аз талошҳои роҳбарияти кишвари дӯст ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ ҷонибдорӣ карданд.

Ҳамчунин, ҷараёни татбиқи қарори СААД-ро дар бораи ирсоли ҳайати муттаҳидаи сулҳофари СААД ба Қазоқистон барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот баррасӣ намуданд.

8 январи соли 2022 суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Тоқаев баргузор гардид.

Зимни он сарони давлатҳо раванди рушди вазъият дар Қазоқис­тонро баррасӣ намуданд.

Муҳтарам Қосим — Жомарт Тоқаев ба Пешвои миллат дар бораи андешидани тадбирҳои амалӣ бо мақсади таҳти назорат гирифтани вазъият, барқарор намудани сулҳу оромӣ ва ҳамчунин, ҳадафҳои ниҳоии саркардагони рӯйдодҳои фоҷиабор ҷиҳати ғасби ҳокимият дар кишвар ба таври муфассал маълумот доданд.

Дар ин зимн, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои дастгирӣ ва ирсоли ҳайати маҳдуди низомиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қазоқистон дар қатори неруҳои муттаҳидаи сулҳофари СААД барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот изҳори сипос намуданд.

10 январи соли 2022 пас аз анҷоми ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар шакли маҷозӣ баргузор гардид, суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам ­Владимир Путин доир гардид.

Сарони ҳар ду давлат вазъиятро дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон баррасӣ карда, доир ба рушди вазъият дар Афғонистон низ мубодилаи афкор намуданд.

Ҷонибҳо вобаста ба масъалаҳои зикршуда ҷиҳати идомаи тамосҳо дар сатҳи гуногун ба мувофиқа расида, зарурати таҳкими минбаъдаи ҳамкориро дар соҳаи амният таъкид карданд.

www.president.tj