Суҳбатҳои телефонӣ

№120 (4070) 08.10.2019

Панҷуми октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ намуданд.

Президенти Ӯзбекистони дӯст Сарвари давлати моро бо таманниёти сидқии сиҳатмандии бардавом, комгорӣ дар фаъолият ва хушрӯзии комил бо ҷашни зодрӯзаш самимона ва бародарвор табрику муборакбодӣ карда, дар симои ӯ ба мардуми Тоҷикистон шукуфоӣ ва сулҳу субот орзу намуд.

Зимни суҳбат, ҳамчунин, ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати фаъолияти ҳадафмандонаи муштарак баҳри густариши минбаъдаи муносиботи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ иброз доштанд.

 Панҷуми октябри соли 2019  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ доштанд.

Сарвари давлати ба мо дӯсти Қазоқистон бо таманниёти беҳтарин Президенти Тоҷикистонро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуд.

Қосим-Жомарт Токаев саҳми назарраси Президенти Тоҷикистонро дар эҳёи сулҳу ваҳдати миллии кишвар, таъмини рушди пойдори  иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ махсус қайд кард.

Сарони давлатҳо атрофи ҳолати имрӯзаву дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои густариши онҳо низ мубодилаи афкор намуданд.

Нисбат ба масоили минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳам ибрози назар карда шуд.

5 октябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Президенти Қирғизистон Роҳбари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик гуфт.

Сипас, ҷонибҳо  паҳлуҳои муҳими равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд, ки зимни он оид ба саъю кӯшишҳои минбаъда ҷиҳати татбиқи амалии зарфиятҳои созандаи муносибатҳои дӯстона, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон ибрози назар карда шуд.

Панҷуми октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ намуданд.

Сарони ду давлат ҷанбаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро дар қолаби шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, таманниёти некашро баён дошт.

Суҳбат дар фазои самимият ва ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифт.

 Панҷуми октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ баргузор карданд.

Александр Лукашенко бо беҳтарин таманниёт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзашон табрику муборакбодӣ намуданд.

Сарвари Беларус нақши бузурги Президенти Тоҷикистонро дар истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, таъмини рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ  таъкид карданд.

Сарони ду давлат атрофи ҳолати кунуниву роҳҳои густариши маҷмӯи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус мубодилаи афкор намуданд, ки зимни он ба рафти иҷрои  мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқотҳои қаблии сарварони ду кишвар бадастомада диққати махсус дода шуд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Беларус, ҳамчунин, масъалаҳои алоҳидаи минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

 www.president.tj