Суҳбатҳои телефонӣ

№1 (4107) 01.01.2020

30 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

Сарони ду давлат дар фазои дӯстона якдигарро бо фарорасии Соли нав самимона табрик ва ба мардуми бародари тоҷику ӯзбек бурдборӣ, сулҳ ва шукуфоӣ  орзу карданд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз суръати баланди рушди босамари муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикис­тону Ӯзбекистон бо дарназардошти манфиатҳои бунёдии ду халқи наздик ва тамоми минтақа бо қаноатмандӣ ёдовар шуданд.

Президенти Тоҷикистон ба минбаъд идома ёфтани муносибатҳои ду кишвар изҳори итминон  ва  омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои фаъолияти муштарак дар ин самт таъкид намуданд.

Ҷонибҳо, инчунин, як қатор масъалаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

 30 декабри соли 2019, ҳамчунин, миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Сарони давлатҳо якдигарро бо фарорасии Соли нав табрик гуфта, ба мардумони ҳар ду кишвар таманниёти нек орзу намуданд.

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон барои рушди минбаъдаи қобили мулоҳизаи муносибатҳои тоҷикону қирғизҳо ибрози назар карда, қадамҳои устувору мусбати ҷонибҳоро дар ин самт таъкид  сохтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақсади ҷониби Тоҷикистонро барои минбаъд низ равона намудани кӯшишҳои зарурӣ ҷиҳати таҳким бахшидани муносибатҳои неки ҳамсоядории тоҷикону қирғизҳо бо иқдоми нави амалӣ мутобиқ ба манфиатҳои дарозмуддати ду халқи бародар зикр карданд.

Миёни ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

www.president.tj