Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд

№132 (3926) 03.11.2018

44761701615_fc0629aef8_o2 ноябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Сауд мулоқот намуданд.

Зимни суҳбат масоили марбут ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла, муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба пойдории  сулҳу субот,  фароҳам овардани шароит барои пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Тавре таъкид шуд, Тоҷикистон ба рушду тавсеаи робитаҳои гуногунсамта бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики муҳим медонад.

Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар фазои эътимод ва ҳусни тафоҳум ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Тарафҳо ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амниятӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар ин замина, муҳимияти ҳамгироии давлатҳо дар раванди ба эътидол овардани вазъи сиёсию амниятӣ дар Афғонистон,таъмини амнияту субот дар кишварҳои олами ислом ва араб, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар шароити кунунӣ зарур аст, мазмуну мундариҷаи сифатан нави муносибатҳои ҳамкориро таъмин карда, ба ниёзҳо ва манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар  комилан созгор намоем.

Барои муборизаи муштарак бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ  Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ки соли 2016  дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имзо шудааст, заминаи хуби ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.  Таъкид шуд, ки  дар доираи муқаррароти он имкон ҳаст, ки ҳамкориҳои байни  идораҳои амниятӣ, мақомоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва прокуратураҳо дар шакли барои ҷонибҳо мақбул тавсеа бахшида шаванд.

Аз  мусоидати пайвастаи Маркази Шоҳ Салмон  дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва идомаи самарабахши ҳамкориҳо дар ин самт тибқи мувофиқаҳои бадастомада таъкид гардид.

Дар мулоқот, ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, техникиву фарҳангӣ ва дар ҳошияи он доир намудани ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳрҳои Риёз, Ҷидда ва Рӯзҳои фарҳанги Арабис­тони Саудӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ ва  иҷтимоиву фарҳангӣ  имкониятҳои фаровони ҳамкориҳои судмандро доро мебошанд.

www.president.tj