Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

№81 (3718) 08.07.2017

2017-07-06afШашуми июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Пугус» бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот намуданд.

Дар мулоқот, ки бо иштироки ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Афғонис­тон баргузор гардид, вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Боздиди навбатии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  қадами устувору боварибахш дар роҳи густариш ва тақвияти равобити нек, дӯстии таърихии мардуми Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки тамосҳои мунтазами сиёсии ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ  дар давоми 25 соли барқарории робитаҳои дипломатӣ хислати мунтазамро касб намуда, пур аз дастовардҳои воқеан таърихӣ мебошанд.

Ҳамдастию ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи таърихии CASA-1000 намунаи барҷастаи робитаҳои сатҳи олӣ номида шуд ва иштироки бевоситаи роҳбарияти Афғонистон дар нишасти онрӯза боз як далели дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Афғонистон аз ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ ­маънидод гардид.

Ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Афғонистон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории мустақим, инфрасохтори энергетикӣ, роҳҳои нақлиёт ва оҳан, инчунин истифодаи имкониятҳои муштараку минтақавии транзитӣ аз ҷумлаи ­масъалаҳои дигари ин сӯҳбат буданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин доир ба ҳам­дастии минбаъда дар роҳи таъмини амнияту суботи комил дар Афғонистон, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими сарҳади байнидавлатӣ табодули афкор намуданд.

Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои пайваста дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомии Афғонистон, дастгирии ин кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон арзи сипосу миннатдорӣ карда, таъкид доштанд, ки ҷониби Афғонистон дар ҷавоб ба ин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҷониби Тоҷикистон пайваста талош хоҳад кард, ки сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба таври доимӣ ҷавобгӯ ба манфиатҳои миллии ҳар ду давлат бошад.

www.president.tj