Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Жан — Батист Лемуан

№44 (3994) 20.04.2019

46912024474_527218aeec_o18 апрели соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан — Батист Лемуанро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Франсия ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар доираи шарикӣ бо Иттиҳоди Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, доир ба нақшаву ниятҳои тақвиятбахши муносибатҳои шарикии дуҷонибаву бисёр­ҷониба табодули афкор намуданд.

Таҳкими муколамаи доимии сиёсии байниидоравӣ, равобити пайваста дар ­масъалаи таъмини амнияту суботи минтақавӣ, ҳифзи сарҳад, ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, илму маориф ва фарҳангӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқот буданд.

Жан-Батист Лемуан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон паёми Президенти Франсия ­Эммануэл Макронро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Франсия супориданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онро боз як нишони таваҷҷуҳи роҳбарияти Франсия ба масъалаҳои пешбурди минбаъдаи ҳамёрии ду кишвар арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба ҷониби Франсия барои дастгирии доимии Тоҷикис­тон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ, бахшҳои хусусӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин, ҷонибдории ташаббус ва тадбирҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, бахусус, оид ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ ва мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ, изҳори миннатдорӣ намуданд.

Соҳаҳои сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ, энергетика, фаъолияти муҳандисию машваратӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия ва кишоварзӣ барои ҳамкориҳои ояндаи дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия муҳим шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки ташкили хатсайри ҳавоӣ байни ду кишвар ва баргузории намоишгоҳи нигораҳои таърихию фарҳангӣ, дар баробари мусоидат ба рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ метавонад ба афзоиши рафтуомади шаҳрвандон ва рушди сайёҳӣ низ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҳамчунин, доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар доираи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои давлатҳои Осиёи Марказӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.

Масъалаҳои вобаста ба тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллию муташаккил, мусоидат ба раванди таҳкими амнияту субот дар минтақа ва Афғонистон низ мавриди баррасӣ қарор дода ­шуданд.

www.president.tj