Суҳбати Пешвои миллат бо Мирослав Лайчак

№58 (4008) 23.05.2019

47848186702_94a93e267b_o21 май дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Словакия, раиси амалкунандаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо Мирослав Лайчакро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Словакия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, хусусан, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, роҳу нақлиёт, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва варзишу сайёҳӣ баррасӣ шуданд ва ҷонибҳо барои таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикис­тон ва Словакия омодагию ҳавасмандии худро таъкид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз ҳавасмандии Тоҷикистон барои рушду тавсеаи муносибатҳои шарикӣ бо Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ёдоварӣ ва таъкид карданд, ки бояд созмон барои таъмини амнияту субот қарорҳои муҳим қабул намуда, тадбирҳои бетаъхир андешад.

Баргузории Конференсияи сатҳи баланд дар масъалаи терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил дар шаҳри Душанбе, аз тадбирҳои муҳими байналмилалӣ дар мубориза бо ин вабои аср арзёбӣ гардид ва изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои конференсия дар оянда барои таъмини амнияту субот дар давлатҳои минтақа ва ҷаҳон мусоидати фаъол хоҳанд намуд.

Таъкид шуд, ки дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикис­тон бо САҲА дар самтҳои асосӣ, аз ҷумла, ҳарбӣ — сиёсӣ ва иқтисодию экологӣ, натиҷаҳои назаррас ба даст омадаанд ва ин раванд дар оянда низ идома дода мешавад.

Бо итминон зикр гардид, ки давлатҳои ҷаҳон дар мубориза ба терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккилу фаромилӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, барои ҳалли мушкилоти сайёра аз сиёсати «меъёрҳои дугона» кор намегиранд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

www.president.tj