Суҳбати Пешвои миллат бо Сума Чакрабарти

№79 (4029) 02.07.2019

48167262597_2e444661b5_oЯкуми июли соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи бонуфузи молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мулоқот имконоти густариши ҳамкорӣ ва самтҳои нави онро байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд фароҳам меорад.

Сума Чакрабарти ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон барои пешбурди сиёсати бобарори иқтисодӣ, ҷорӣ кардани ислоҳоти муваффақ дар ҳама бахш ва рушди бонизоми кишвар баҳои баланд дод.

Ҷонибҳо, инчунин, рушди энергетика ва истифодаи босамари неруи барқ, ташаккули инфрасохтори ҳамлу нақл бо мақсади тавсеаи ҳамкории минтақавӣ, дастгириии бахши хусусӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, рушди боэътимоди бозори молиявии мамлакат, дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ, махсусан, дар самти коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнокро, баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки дар доираи ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикис­тон ба маблағи 755 миллион доллар 127 лоиҳа татбиқ гардид.

Аз он изҳори қаноатмандӣ шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 22 лоиҳаи сармоягузорӣ тавассути маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи беш аз 520 миллион доллар амалӣ гардида истодааст.

Дар мулоқот, ҳамчунин, ҳамкорӣ дар самти татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва ҷудо кардани маблағҳои грантӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

www.president.tj