Суҳбати Президенти мамлакат бо Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

48056838027_21e2d6162b_o13 июни соли 2019 дар Маҷ­мааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Президенти Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Абдул Ҳамидро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат меҳмони олиқадр­ро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба робитаҳои зичтар, тақвият бахшидани муносибатҳои дуҷониба бо Бангладеш ҳавасманд мебошад ва нақши ин кишварро дар тавсеаи ҳамкории минтақавӣ назаррас арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба истифодаи самараноки имкониятҳои мусоиди ҳамкорӣ ба манфиати кишварҳо дар бахшҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, саноат, сайёҳӣ, маориф ва сармоягузориҳои мустақим омодагӣ иброз доштанд.

Таъкид гардид, ки истифодаи таҷрибаи бойи Бангладеш барои рушди саноат дар Тоҷикистон, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва Шӯрои соҳибкорон, имзои созишномаҳои нави ҳамкорӣ, барои ҳар ду ҷониб судманд хоҳад буд.

Инчунин, ҳамкории кишварҳо дар доираи ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир баррасӣ гардида, муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналмилалӣ ва ифротгаройӣ ва имзои созишнома оид ба ҳамкории амниятӣ ва таъсиси гурӯҳи муштараки корӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

 www.president.tj