Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия

№43 (3993) 18.04.2019

46707375485_7309597db2_o16 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин мулоқот намуданд.

Дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Муҳимияти шарикии стратегии Тоҷикис­тон ва Россия, ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи кори Комиссияи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ таъкид ва муносибатҳои байнипарлумонӣ асоси маҷмӯи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Россия арзёбӣ гардид.

Доир ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҳамкориҳои гуногунҷанба байни минтақаҳои Тоҷикистон ва Россия, ҷалби бештари сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбори дуҷониба дар соҳаҳои илму техника, фарҳангу иттилоот, тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи маориф ва забономӯзӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин, ҷонибҳо доир ба дарёфти роҳҳои нави рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбӣ, ҳарбӣ-техникӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ изҳори андеша намуданд.

Авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳу усулҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккил ва фаромиллӣ, аз масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо буданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россияро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оранд.

www.president.tj