Суҳбати телефонӣ

№121 (3915) 06.10.2018

5 октябри соли 2018 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ сурат гирифт.

Сарони давлатҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро дар ҳама сатҳ баррасӣ ва аз натиҷаи сафарҳои ҷавобии давлатӣ, имзои санадҳои нав, хоҳишу талошҳои мардум барои таҳкими дӯстию бародарӣ, вазъи имрӯзаи робитаҳои ҳамдастии ду кишвар дар бахшҳои муҳим изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҳамчунин, омодагии ҷонибҳо ва саъю талошҳои муштарак барои ба сатҳи сифатан нав боло бурдани муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардуми онҳо таъкид гардид.

Сарвари давлати Ӯзбекистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик намуданд.

www.president.tj